JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Марти 2022 05:15

Риёзидони огоҳ аз таъриху фарҳанг

Муаллиф: Қурбонов Номвар

  Мутафаккирони бузурги форс (тоҷик), ба монанди Муҳаммади Хоразмӣ, Абуҷаъфар Хазинӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абдулвафо Бузҷонӣ, Асируддини Самарқандӣ, Алаббос Ҷавҳарӣ, Абулаббоси Найризӣ, Умари Хайём, Насриддини Тӯсӣ, Асириддни Алабхарӣ, Аҳмади Насавӣ, Шамсиддини Самарқандӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Ҷамшеди Кошонӣ, Алии Қушчӣ ва дигарон бо дастоварду комёбиҳои бузурги худ дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи илмҳои риёзӣ ва ҳандаса саҳми назаррас гузоштанд ва шуҳратманд буданд. Мутассифона, бархе аз муҳаққиқони таърихи илм ин хидмати бузурги донишмандони моро на танҳо сарфи назар мекунанд, балки онҳоро марбут ба халқияти дигар медонанд. Сарфи назар аз ин нодида гирифтану инкор карданҳо наҳзати рушди илми тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ва гузаштагонро тақвият бахшидани муосирон посухи амиқе ба бинишу фаҳмишҳои ғалат аст. Зеро бархе аз олимони тоҷик дар баробари пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи худ, инчунин майлу шавқ доранд, то дар ин самт ҷустор анҷом дода, решаҳои самти фаъолияташонро дар фарҳанги миллии хеш пайдо намоянд. Ин донишмандон ба ин восита хотираи таърихиро қавӣ мегардонанд, пайванди наслҳоро ба вуҷуд меоранд, раванди рушди илмро нишон медиҳанд ва масири онро муайян менамоянд.

  Берун аз самти фаъолияти илмии хеш даст задан ба пажӯҳиши мавзуоти дигар аз ҳар муҳаққиқе дониши баланд, ҷаҳонбинии фарохи илмӣ ва устуворию қавииродагӣ талаб менамояд. Зеро танҳо шахсияти дорои чунин сифатҳо метавонад, ки аз ӯҳдаи таҳқиқи масоили улуми мухталиф барояд. Яъне, дониши васеъ ва огоҳии амиқ аз дигар илмҳо дар омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои гуногуни илмҳои ҷудогона ҳамдигарро тақвият мебахшанд ва мукаммал мегардонанд. Азбаски натоиҷи риёзиро дар тамоми соҳаҳои илм ва фаъолияти ҷомеа истифода кардан мумкин аст, аз ин рӯ, нафари риёзидон нисбат ба намояндагони дигар улум бояд огоҳтар бошад.

 Яке аз риёзидонони воқеан огоҳу бедор, аз беҳтарин донандагони таърихи илми тоҷик, дӯстдори миллату меҳан, посдори фарҳанги миллӣ ва шахсияти миллӣ, мутахассиси варзидаи муодилаҳои дифференсиалӣ, пажӯҳишгари барҷастаи таҳлили функсионалии ғайрихаттӣ, ходими давлатӣ, риёзидони соҳибмактаб Мамадшо Илолович Илолов мебошад. Ба Рӯзи байналмилалии риёзӣ (14-уми март) рост омадани зодрӯзи устод М.Илолов далели бармалоест, ки ин марди наҷиб ва инсони шариф маҳз барои рушди илми риёзӣ зода шудааст.

 Чун сухан аз Рӯзи ҷаҳонии риёзӣ рафт, қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 14-уми март дар баъзе давлатҳо ба таври ғайрирасмӣ ҳамчун Рӯзи адади π ҷашн гирифта мешавад. Зеро мувофиқи системаи амрикоии навишти таърихи рӯз (моҳ/рӯз) ин сана ба намуди 3/14 навишта мешавад ва қимати адади π низ ба 3.14 баробар аст. Аз ин рӯ, аз ҷониби физики амрикоӣ Ларри Шоу (соли 1987) пешниҳод гардид, ки санаи 14-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии риёзӣ таҷлил карда шавад. Вале, танҳо дар нишасти 40-ум Ассамблеяи генералии UNESCO (26.11.2019) санаи 14-уми мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии риёзӣ эълон намуд.

 Устод Мамадшо Илолов 14 марти соли 1948 дар яке аз навоҳии баландкӯҳии кӯҳсори тоҷик – Шуғнон дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ аз овони наврасию ҷавонӣ аз кӯҳҳои устувору осмонбус қавииродагию пуртоқатӣ ва оромтинатию сарбаландӣ омӯхт ва то ҳол дар ин масир ҳаракат менамояд. Ҳамин аст, ки Мамадшои ҷавон ҳанӯз замони таҳсили дабистон ба «мушкилтарин» фанни мактабӣ дил баст ва қадамҳои нахустини хешро дар ин пайроҳаи пурпечутобу душворгузар маҳз он айём гузошт. Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек пас аз хатми дабистон ҷониби яке аз донишгоҳҳои бонуфузи ИҶШС (Россия) ва марказҳои бузурги илми риёзӣ – Донишгоҳи давлатии Воронеж, ки он ҷо яке аз нобиғаҳои риёзии тоҷик, олими ҷавонмарг Темур Сафарович Собиров (1940-1977) фаъолият мебурд ва шуҳрати ҷаҳонӣ дошт, роҳ пеш гирифт:

Пайи некмардон бибояд шитофт,

Ки ҳар к-ин саодат талаб кард, ёфт.

Вай дар донишгоҳи ёдшуда аз соли 1965 то соли 1970 таҳсил намуда, дар ин муддат аз кумаку дастгириҳои устоди зиндаёдаш Темур Собиров пайваста бархӯрдор буд. Устод Мамадшо Илолов ғамхориҳои доимии равоншод Т.С. Собиров нисбат ба ӯ ва дигар донишҷӯёну аспирантони тоҷик ҳамеша ба некӣ ёд мекунад ва аз он ифтихорманд аст, ки ба шогирдии ин олими шаҳир мушарраф гардидааст. Албатта, дониш ва фаҳмиши баланди худи Мамадшои ҷавон боис гардид, ки Т.С. Собиров ӯро эътироф ва ба шогирдӣ қабул намояд.

Пас аз хатми бомуваффақияти донишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори калони факултаи механикаю риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуд. Тавъам ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавони риштаи риёз бо роҳнамоии устодаш Т.С. Собиров ба корҳои илмию тадқиқотиро пеш бурдааст. Ҳайфо, ки умр ба касе вафо намекунаду қариб ба анҷоми рисолаи номзадии шогирди донишманди ояндадораш устод Темур Собиров дар синни 37-солагӣ аз марги мармуз ба абад мепайвандад. Марги ин феномени илми риёзӣ на танҳо шогирди содиқаш Мамадшоро ҳайратзадаву маҳзун кард, балки фоҷиаи азиме дар риёзии Шӯравӣ гардид.

Миллати фарҳангдӯсту тамаддунофари тоҷик аз азал ба илму дониш ва фарҳангу маърифат арҷ мегузорад ва омӯзгору тарбиятгарро сабаби рушду тараққии инсону ҷомеа медонад. Зеро гуфтору рафтори некро талқин намудан, илму донишро ба тифле, ки аз олами маънӣ хабар надорад омӯхтан, инсон сохтану ба сӯйи камолу ҷамол ҳидоят намудан саҳл нест. Бо дарки амиқи ин маъно, устод Мамадшо Илолов ҳамчун як намунаи шахсияти миллӣ то ҳанӯз аз марги нобаҳангоми устоди ҷавонмарги хеш Темур Собиров афсӯс мехӯрад ва ҳар лаҳза аз ӯ ба некӣ ёд мекунад, зеро:

Сабақро нағз хонданҳои шогирд,

Бувад вобаста бар таълими устод.

Мусаллам аст, ки ҳеҷ падидае ва ё раванде абадӣ нест ва наслҳо ҳам иваз мешаванд. Наслҳои баъдӣ бо илму дониши аз пешинагон андӯхтаи худ роҳи онҳоро идома медиҳанд ва ба ин восита ҳам номи гузаштагонро ҷовидона мегардонанд ва ҳам ба башарият хидмат менамоянд. Баъд аз ин талафоти бузург, устод Мамадшо Илолов тамоми неруи худро баҳри идома додани роҳи нотамоми устодаш Темур Собиров равона кард.

Сараввал, натиҷаҳои бо ҳамроҳии профессор Т.С. Собиров ва академик А.М. Самойленко (Украина) бадастовар-даашро дар мазӯи «К теории возмущений периодических решений дифференциально-разностных уравнений нейтрального типа» сарҷамъ сохта, дар Институти риёзиёти АИ ҶШС Украина (соли 1980) рисолаи номзадиашро сарбаландона дифоъ намуд. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ боз ба ДМТ баргашта, фаъолияташро ба ҳайси дотсент идома додааст.

Дар заминаи тадқиқоти беш аз 20-солааш устод Мамадшо Илолов дар мавзуи «Эволюционные уравнения с отклонением времени и с импульсными воздействиями» рисолаи докторӣ иншо намуда, онро соли 1992 дар муассисае, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя карда буд, бомуваффақият дифоъ менамояд.

Дар баробари таълиму тарбияи донишҷӯён устод Мамадшо Илолов солҳои 1990-1991 ба ҳайси сардори бахши илмию тадқиқотии ДМТ ва аз соли 1991 то соли 1992 дар вазифаи сардори шуъбаи илм ва нашри Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Кордонию корбарӣ ва фаъолияти пурсамару назаррасаш дар ин муддат ҳувайдо мегардад. Аз ин рӯ, баробари таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ (соли 1992) профессор Мамадшо Илоловро ректори ин донигоҳи навътасис тайин менамоянд, ки дар ин вазифа то соли 1995 фаъолият мекунад.

Дар солҳои ректорӣ ӯ на танҳо омӯзгор, олим ва роҳбар, балки ҳамчун як фарди ҳамдаму ҳамроз ва хидматгори беминнати мардум дар дилу дидаи ҳамагон маъво гирифт. Аз ин ҷост, ки дар интиботи соли 1995 Мамадшо Илоловро аз ҳавзаи Ғунд вакили парлумони кишвар интихоб карданд ва ӯ давоми солҳои 1995-2000 раисии Кумитаи Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавононро бар ӯҳда дошт. Устод Мамадшо Илолов дар интихоботи соли 2000 дуюм маротиба ваклили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.

Ҳамзамон, аз моҳи июни соли 2001 роҳбарии Ҷамъияти робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабирро ба зиммаи устод Мамадшо Илолов вогузор менамоянд. Соли 2003 бошад, ӯро ба вазифаи аз ин ҳам баланду масъулиятнок – Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайин менамоянд.

Чун устод Мамадшо Илолов шахсияти илмию фарҳангист, бинобар ин, соли 2005 ӯро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки роҳбарии махзани илмии кишварро то соли 2013 бар ӯҳда дошт. Ҳамзамон, дар ин давра узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд. Сипас, роҳбарии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро (солҳои 2014-2019) ба зимма мегирад. Аз моҳи августи соли 2019 ба ҳайси мудири шуъбаи амсиласозии риёзии равандҳои динамикӣ пайи омӯзишу пажӯҳиш мебошад.

Соҳаҳои фаъолияти илмию тадқиқотии устод М.Илолов хеле фароху доманадор буда, дар баробари пажӯҳишоти масоили мураккаби риёзӣ, ӯ дар алоҳидагӣ ва бо ҳаммуаллифӣ (Акбар Турсон, Искандар Асадуллоев) доир ба масъалаҳои фалсафа, фарҳанг, таърихи илм, дониш ва ғайра таълифоти зиёде иншо ва мунташир сохтааст. Аз ин рӯ, миқдори корҳои таълифнамудаи устод Мамадшо Илолов зиёд аз 400 адад, аз ҷумла 4 монографияро дар бар мегирад.

Барои дастовардҳои назарраси илмӣ, саҳми арзанда дар рушди илм, пешбурди корҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон устод Мамадшо Илолов ба унвонҳои баландии илмии узви вобаста (1997) ва узви пайвастаи (2005) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Қазоқистон (2005) ва узви хориҷии Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии исломии Эрон шарафёб гардидааст.

Ҳамчунин, хизматҳои бисёрсолаи академик Мамадшо Илолов бо орденҳои «Шараф» дараҷаи I, «Иттиҳод» (ИДМ) ва медалҳои «10-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Пушкин» (Россия) қадрдонӣ карда шудаанд.

Чун устоди гиромӣ, шахсияти камназир, олими номвар академик Мамадшо Илолов ҳамеша дар пайи хидмат ба миллату меҳан, дастгирии олимони ҷавон ва ҳамдаму ҳамсафи мардум аст ва баҳри худогоҳию худшиносии ҷомеа гом мебардорад, орзумандем хушгуфторӣ, нармдилӣ ва ҳама хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки вуҷудашро фаро гирифтаанд, доимо бо вай бошанд ва саломатии устод ҳамеша барҷо бошад.

Қурбонов Номвар

Дурахши ахтарони илм (Бахши аввал). - Душанбе: «Дониш», 2022. - 267 с 

Хондан 900 маротиба