JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 02 Марти 2022 05:39

Пешрафти илмҳои табиию риёзӣ

Муаллиф: Номвар Қурбонов

  Доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Абдулло Ҳабибулло соли 1963 дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, пас хатми мактаби миёна (1985) факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо дипломи аъло хатм кардааст. Тӯли солҳои 1987-1992 ба сифати коромӯз, аспирант ва ходими илмии Институти математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Молдова фаъолият бурда, рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Ядра, линейность и уравнове-шенные тождества в квазигруппах» дар шаҳри Кишинев (1992) бомуваффақият дифоъ кардааст. Сипас, ба ҳайси муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1993-1995) фаъолият карда, аз соли 1996 то соли 1999 ҷиҳати пешбурди тадқиқоти илмӣ дар кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳамчун докторант таҳсил намудааст. Дар аввалин конференсияи илмии олимони ҷавон (1999) Раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон интихоб гардид.

  Солҳои 2003-2006 дар вазифаи мудири кафедраи математикаю информатикаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ фаъолият намуда, аз соли 2006 то соли 2010 ба ҳайси дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2010-2011 мудири шуъбаи математикаи Институти илмӣ-тадқиқотии ДМТ буд ва давоми солҳои 2011-2012 мудирии кафедраи математикаи олии ин донишгоҳро ба ӯҳда дошт.

  Соли 2008 (4 моҳ) дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва соли 2010 дар Донишгоҳи марказии Аврупо (Будапешт, 3 моҳ) пайи тадқиқоти илмӣ буда, натиҷаҳои бадастовар-даи илмиашро дар як қатор конфронсу анҷуманҳои илмии хориҷа, аз ҷумла, Русия, Чехия, Маҷористон ва Руминия маърӯза кардааст. Рисолаи докториашро дар мавзуи «Тождества и линейность квазигрупп» дар шаҳри Москва (2009) сарбаландона ҳимоя намудааст.

  Муаллифи беш аз 70 мақолаи илмӣ ва 9 дастури таълимӣ буда, барои дастовардҳои назаррас ва фаъолияти пурсамари илмӣ ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (1998) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006) муашрраф гардидааст.

  Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №421, аз 27.08.2012 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тайин гардида, ин вазифаи пурмасъулиятро то имрӯз бар дӯш дорад.

  Суҳбати котиби масъули маҷаллаи «Маорифи Тоҷикис-тон» Номвар Қурбон атрофи вазъи имрӯзаи илму маориф ва муносибат ба сиёсати давлат дар ин самт бо ректори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, профессор Абдулло Ҳабибулло баргузор гардид, ки муҳтавои онро пешкаш мегардонем.

- Муҳтарам, ректор, тавре маълум аст, ҳамасола Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш бо маърӯзаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз муассисаҳои нави таълимӣ оғоз меёбад. Соли хониши 2019-2020 Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш дар бинои навсохти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва Пешвои миллат зимни суханронии худ аз фаъолияти олимони кишвар изҳори нигаронӣ намуданд. Ба андешаи Шумо, барои амалинамоии сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф кадом тадбирҳо бояд андешида шаванд?

- Сараввал дуруди самимии ҳайати олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдул-лоҳи Рӯдакиро ба аҳли эҷоду хонандагони маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» мерасонам.

Мусаллам аст, ки ҳамасола дар оғози соли таҳсил дар ин ё он муассисаи таълимӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Рӯзи дониш» бо дарси сулҳ шуруъ мешавад, ки ба гуфтаи сарвари давлат: «Рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ - мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».

Дарвоқеъ, зимни суханронии имсола дар Рӯзи дониш таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба масъалаи пурзӯр намудани доираи фаъолият ва ҳамкориҳои илмии олимону донишмандон бо истеҳсолот изҳори нигаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки: «олимонро зарур аст, ки ҳамкориро бо истеҳсолот густариш бахшанд, навгониҳои илмиро дар истеҳсолот бештар ҷорӣ намоянд, барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ талош варзанд, ҷавононро ба илмҳои бунёдӣ васеъ ҷалб созанд ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа саҳмгузорӣ намоянд».

Ин таъкидҳои Пешвои миллат пешорӯи ҷомеаи илмии кишвар вазифаҳои пурмасъул, аз ҷумла фароҳам овардани заминаҳои устувори рушди илму инноватсия ва таҳлилу арзёбии бевоситаи натиҷаҳои илм ва самаранокии татбиқи онҳоро дар хоҷагии халқ мегузорад, зеро рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва такомули неруи инсонӣ ба ташаккули тафаккури илмии ҷомеа алоқамандии ногусастанӣ дорад.

- Ҳамчунин Пешвои миллат, дар маросими ифтитоҳи литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар пойтахти кишвар ширкат варзида, дар масъалаи дуруст назорат кардани омӯзгорон ба корҳои мустақилонаи хонандагон ва ба роҳ мондани машғулиятҳои иловагӣ махсусан таъкид доштанд. Дар замони муосир, ки гузариш ба низоми таҳсили босалоҳият талаботи ҷомеаи ҷаҳонист, барои тақвият бахшидани самаранокии корҳои мустақилонаи хонандагону донишҷӯён ва машғулиятҳои иловагӣ чӣ бояд кард?

- Дар замоне, ки технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ бо суръати кайҳонӣ рушд менамоянд ва насли наврас ва ҷавонон бештар аз воситаҳои техникӣ ва онлайнии муошират истифода мекунанд, дар аксар ҳолат ҷиҳати азхуд кардани барномаҳои таълимӣ ва иҷрои супоришҳои мустақилона ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Барои он ки машғулиятҳои иловагӣ самаранокии бештар дошта бошанд, омӯзгори замони муосир бояд на фақат бо дониши тахассусӣ мусаллаҳ бошад, балки ҳамқадами замон буда, аз истифодаи аёниятҳои техникии таълим бо хубӣ барояд. Ҳамзамон, набояд фаромӯш сохт, ки бедор намудани шавқи хонандагон ва донишҷӯён ба фанҳои таълимӣ ба маҳорату истеъдоди омӯзгор вобаста аст. Ба қавли шоир (Назирии Нишопурӣ – Н.Қ):

Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,

Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

Ҳатто диққати шогирди сустхон ва дарсгурезро ба воситаи дарси пурмазмун ва муносибати ҳирфавии омӯзгор ҷалб намудан мумкин аст, яъне тавассути дарси пурмуҳтаво ҳатто дар рӯзи истироҳат (рӯзи ҷумъа дар даврони пешин ҳамчун рӯзи истироҳат қабул гардида буд) шогирди дарсгурез ҳам майли мактабравӣ пайдо хоҳад намуд. Айни ҳол, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим дар доираи таълими босалоҳият ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи низоми кредитии таҳсилот амалӣ карда мешаванд, ба мавқеи асосӣ ва муҳимми омӯзгор дар раванди таълиму тарбия, компонентҳои иловагӣ зам мегарданд, яъне омӯзгору шогирд дар ҷараёни таълим акнун ҳамбозанд (партнёр), зеро муҳтавои таҳсилотро омӯзонидан ва аз ҳамдигар омӯхтан ташкил медиҳад. Дар ин росто, таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои корҳои мустақилона дода, омӯзгор вазифадор аст раванди назоратро дар ин самт пурзӯр намояд, то сифати таълиму тарбия таъмин гардад.

Дар ҳамин зимн, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи дониш таъкид намуданд: «Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад ва дар робита ба ин, роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва масъулини соҳаро зарур аст, ки тавассути татбиқи самараноки принсипҳои идоракунии сифат барои гузариш ба низоми муосири таъмини сифати таҳсилот замина муҳайё созанд».

Мо ҳам баҳри беҳтар гардидани сифати таҳсилот бо илҳом аз таъкидҳои Сарвари давлат пайваста аз тадбирҳои гуногун кор мегирем.

- Устоди гиромӣ, тавре медонем, Шумо, худ яке аз мутахассисони варзидаи илми риёзӣ, ба таъбири Гаусс «маликаи фанҳо» ҳастед ва дар вақти ҳимояи рисолаи докторӣ, ки дар шаҳри Москва сарбаландона дифоъ намудед, дар ҷумҳурӣ ҷавонтарин доктори илм дар ин ришта будед. Ба андешаи Шумо, ҳамчун олими соҳибмактаби соҳа сабаб ё иллати аслӣ дар чист, ки ҷавонони имрӯзаи мо ба илмҳои дақиқ ва табиию техникӣ, ба монанди математика, физика, химия, геология ва агрономия камтар таваҷҷуҳ менамоянд? Ҳол он ки чаҳор ҳадафи стратегие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш гузоштааст, мусалламан, ба омӯзиши илмҳои табиию техникӣ, ба монанди математика, физика, химия, геология ва агрономия алоқамандӣ доранд. Барои ҷалби ҷавонон ба илмҳои дақиқу табиию техникӣ ва дар оянда мутахассиси ин соҳаҳо гардидани онҳо чӣ бояд кард?

- Хушбахтона, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи устод Рӯдакӣ вобаста ба рушди илмҳои табиию риёзӣ таи солҳои ахир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, дар баробари фароҳам овардани заминаи моддию техникӣ, барои ҷалби ҷавонон ба илмҳои риёзию техникӣ беҳтарин ихтироъкорону навоварон дар Маркази истеъдодҳои ҷавон гирд оварда шудаанд, ки маҳсули тахайюлу эҷоди хешро ба озмунҳои сатҳи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳурявӣ пешниҳод намуда, лоиҳаҳои инноватсионии беҳтарин дастгирӣ карда мешаванд. Танҳо дар соли 2019 11 лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён, бо ифтихор-нома ва туҳфаҳои пулию молӣ қадршиносӣ шуданд. Миёни донишҷӯёни фаъолу ихтироъкор метавон Аминҷон Назаров, Саёҳат Ҳабибуллозода, Фазилат Барфакзода, Умеда Қурбонова ва дигаронро ном бурд, ки айни ҳол лоиҳаҳои худро барои гирифтани нахустпатент пешниҳод намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди илмҳои дақиқ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии дар донишгоҳ амалишаванда PAWER ва EXTEND, маркази татбиқи лоиҳаи EXTEND таъсис дода шуда, ба ин марказ аз ҳисоби маблағҳои ба ин лоиҳа ҷудонамудаи Иттиҳоди Аврупо ба маблағи умумии 238 ҳазору 33 сомонӣ 16 номгӯи таҷҳизот, аз ҷумла компютер, ноутбукҳо, принтери ранга, 3D принтер, 3D сканер, микроскоп, таҷҳизоти аксбардорӣ, проектор ва подиум-экран дастрас гардонида шуд. Инчунин, бо маблағгузорӣ аз суратҳисоби махсуси донишгоҳ дар Парки технологӣ лабораторияи ташхиси обҳои минтақаи Кӯлоб таъсис дода шуда, барои ин озмоишгоҳ ба маблағи 40 000 сомонӣ таҷҳизоти муосири таҳлили об харидорӣ карда шуд. Бояд қайд намуд, ки ба лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, 2 лоиҳа - як лоиҳа ба маблағи 40 000 евро барои беҳдошти вазъи бо кор таъмин гардидани духтарони курсҳои болоӣ, як лоиҳа ба маблағи 330 ҳазор евро дар самти таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ аз ихтисоси биология ва биотехнология пешниҳод гардида, дастгирӣ ёфтанд. Дар баробари аз худ гардидани маблағҳои ин лоиҳа низ барои ихтисосҳои биология ва биотехнология як озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир таъсис дода хоҳад шуд. Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон медиҳанд, ки ҳар чӣ бештар ҷавонони боистеъдоди мо ба корҳои илмию тадқиқотӣ дар самти илмҳои табиию риёзӣ ҷалб гардида, тавассути озмоишгоҳҳои муосир ҷиҳати татбиқи донишҳои назариявӣ дар амал ва истеҳсолот ба комёбиҳои назаррас ноил шаванд. Фикр мекунам, бо дастгирии ҷавонони боистеъдод ва шароит фароҳам овардан ба онҳо метавон ба дарёфти бозёфтҳои нав дар илму истеҳсолот муваффақ шуд.

- Вазъи имрӯзаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар бахшҳои мухталифи математика чӣ гуна аст ва риёзидонони кишвар, аз ҷумла Шумо, бештар ба кадом масоили математикии барои ҷомеаи мо зарурӣ тадқиқот мебаред?

- Ин ҷо атрофи мавзуъҳои илмӣ-фармоишии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маблағгузорӣ карда мешаванд, мехоҳем маълумоте пешниҳод намоем.

Таъкид кардан ба маврид аст, дар донишгоҳ олимону омӯзгорон аз рӯи 9 мавзуи илмӣ-фармоишӣ тадқиқот мебаранд, ки 5 мавзуъ ба самти илмҳои табиию риёзӣ ва техникӣ, 4 мавзуи дигар ба масъалаҳои мубрами таҳкими андешаи миллӣ ва тафаккури ҷомеа нигаронида шудаанд. Масалан, яке аз мавзуъҳои илмие, ки бевосита ба бахши илмҳои табиию техникӣ, дақиқан ба физикаи нимноқилҳо тааллуқ дорад, мавзуи «Коркарди технологияи ҳосил намудани маводҳои нави нимноқили самаранокии баланддошта барои сохтани элементҳои фаъоли датчикҳои ҳароратӣ» мебошад, муҳлати иҷрои он давоми солҳои 2015-2019-ро дар бар мегирад. Маълум аст, ки физика дар байни илмҳои табиатшиносию техникӣ илми пешбаранда буда, дастовардҳои онро дар тамоми соҳаҳои фаъолият ва зиндагӣ истифода кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, мавзуи мазкур ба коркарди технологияи ҳосил намудани маводҳои нави нимноқили самаранокиашон баланд ва сохтани элементҳои фаъоли датчикҳои ҳароратӣ бахшида шудааст, ки ба андешаи мо омӯзишу пажӯҳиши ин гуна масоил на танҳо барои Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бағоят муҳим аст. Зеро рушду техникаи муосир, самаранокии дастгоҳу таҷҳизот ва баландбардории коэффитсиенти кории онҳоро маҳз тавассути омӯзишу пажӯҳиш ва дар амал татбиқ намудани чунин мавзуъҳои илмӣ таъмин намудан, мумкин аст.

Дар бахши риёзӣ бошад, як гурӯҳ риёзидонон дар мавзуи «Масъалаҳои канории назарияи функсияҳои аналитикӣ ва функсияҳои аналитикии умумишуда бо сарбории иловагӣ ва алоқамандии он дар тайёр кардани математикони ҷавон» пайи тадқиқот мебошанд, ки муҳлати иҷроиши он низ солҳои 2015-2019-ро дар бар мегирад. Чун физика, химия, биология, дар математика низ масъалаҳои ҳанӯз ҳалнашуда бағоят бисёранд ва ҳатто, бештар аз онҳо. Ҳамин масъалаҳои канории назарияи функсияҳои аналитикӣ ва функсияҳои аналитикии умумишуда, аз масоили ҳанӯз ҳалнашудаи илми риёзӣ маҳсуб меёбанд. Пайдо кардани ҳал барои ин масъалаҳо на танҳо рушди математикаро нишон медиҳад, балки барои ҳалли як қатор масъалаҳои физикӣ, геометрӣ, техникӣ мусоидат менамояд.

Гурӯҳи дигари олимон ба моделкунонии компютерии ҳолати экосистемаи мамнуъгоҳи Даштиҷум машғул мебошанд. Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим дар замони муосир таъсири манфии худро ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳолати экосистемаҳо мерасонад. Чун Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим басо осебпазир аст, аз ин рӯ, ҳифз ва мутобиқнамоии олами наботот ба ин раванд, яке аз масоили хеле ҷиддӣ аст. Омӯзиши ҳолати экосистемаи мамнуъгоҳи Даштиҷум, ки ба мисли дигар мавзеъҳои ҳифзшавандаи ҳудуди ҷумҳурӣ аз таъсири мафнии ин раванд ва таъсироти антропогенӣ орӣ нест, муҳимтарин масъала дар бахши муҳити зист аст. Бо назардошти ин масоил гурӯҳи олимони донишгоҳ бо истифода аз моделҳои мухталиф динамикаи экосистемаи мамнуъгоҳи Даштиҷумро меомӯзанд ва дар асоси ин моделҳо барои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти он аллакай пешниҳодҳои мушаххаси илмӣ кардаанд.

Дар баробари мавзуъҳои илмҳои табиию риёзӣ олимон дар самтҳои ташаккули ҳисси табиатдӯстӣ, маърифати экологии хонандагону донишҷӯён, татбиқи рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар шароити фаъолияти инноватсионии низоми маориф, ташаккули тарбияи идеявӣ-сиёсӣ, мустаҳкам намудани арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳии омӯзгорону ҷавонон ва технологияи назорат ва танзими муноқишаҳои сиёсӣ низ пайи омӯзишу пажӯҳиш мебошанд. Ин масъалаҳо низ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир хеле аҳамияти бузург доранд.

- Аз нигоҳи Шумо, барои дар амал татбиқ намудани дастовард-ҳои олимони илмҳои табиию техникӣ, аз ҷумла риёзӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом монеаҳо мавҷуданд ва барои бартараф кардани онҳо чӣ бояд кард?

- Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВМИ ҶТ барои рушди илму маориф ва ҳавасмандгардонии дастовардҳои олимону омӯзгорон, бахусус муҳаққиқони ҷавон ҳама шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Баргузории озмунҳои мухталиф дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он, таъсиси ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, озмунҳои «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ» ва даҳҳо тадбиран-дешиҳоро номбар кардан мумкин аст, ки ба дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон нигаронида шудаанд.

Ба андешаи ин ҷониб, бояд механизми баргузории озмунҳо таҷдиди назар карда шавад, ки омилҳои инсонӣ камтар таъсиррасон бошанд, шаффофият таъмин бошад ва дар маҷмӯъ бояд коре кард, ки завқу истеъдоди ҷавонон воқеъ-бинона арзёбӣ гардад. Дигар «майдон аз далер хоҳад буд».

- Вақте дар илм истеъдод қурбони пул (пора) мегардад, фоҷеа аст. Шумо ба ин фикр розӣ ҳастед?

Ба ҳеҷ ваҷҳ бояд дар илм, истеъдод қурбони пул нашавад, ки ин воқеан фоҷеа аст. Ҳар як одами боистеъдод дар ниҳод як ҷавҳаре дорад, ки хоси танҳо худи ӯст ва ин истеъдоди воқеиро бояд эътироф ва қадр намуд. «Сиёҳро сиёҳ ва сафедро сафед» гуфтани доварони вақт амри виҷдони онҳост, ки андешаи ҷамъиятиро дар бораи шахсиятҳо ба вуҷуд меорад

Бознашр аз маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон»,

№10 октябри соли 2019, саҳ.11-14.

Хондан 891 маротиба