JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 21 Феврали 2022 10:57

Зуҳурӣ – падидаи тозаи фарҳанги миллӣ

Муаллиф:

(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи дӯсти донишманд ва равшанфикри муосири миллӣ Абдухолиқ Зуҳурӣ )

  Имрӯз – 21 феврали соли 2022 дӯсти донишманду рӯшанфикри мо Абдухолиқ Зуҳурӣ зодрӯз доранд. Бо Абдухолиқ аз моҳи сентябри соли 2009 ифтихори ошноӣ пайдо кардем ва аз соли 2014 ба ин тараф мавсуф узвияти маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро дорад. Ҳанӯз аз замони донишҷӯйӣ бо афкори озодандешони миллӣ ошно шуда, аз тариқи осори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҷасорати фикрӣ пайдо намуда, минбаъд тавассути дӯстону ҳампешагон ба муруру мутолеаи адабиёти илмӣ-фалсафӣ машғул мешавад ва миёни доираҳои фаъоли донишҷӯйӣ ҷойгоҳу мақоми шоиста касб мекунад. Замони фаъолият дар кафедраи забони тоҷикӣ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти сарпарастии доктори илмҳои филологӣ, профессор Қурбон Восеъ сари мавзӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва ойини ҷавонмардӣ пажӯҳиши илмиро оғоз мекунад ва то имрӯз дар ин масир устуворона гом бармедорад.

  Мақола ва матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавии Абухолиқ Зуҳурӣ дар матбуоти даврӣ ва маҷмуаҳои гуногуни илмию адабӣ интишор ёфтаанд, ки ба мавзӯъ ва масоили миллӣ ихтисос ёфтаанд. Махсусан, Абдухолиқ Зуҳурӣ дар заминаи муҳтавои “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ ва мавқеъгириҳои миллии шоиру мутафаккир матолиби ҷолиби илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврӣ ба чоп расонидааст. Ҳамчунин Зуҳурӣ бо такя ба достонҳои калидии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва дастуроти илмӣ-методии ватанӣ барои доираи васеи тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва муҳассилини синни хурди мактабӣ (синфҳои ибтидоӣ)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ рисолаи мухтасаре таҳти унвони “Достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” (-Душанбе, 2014. -64 с.) таҳия намуд, ки аз лиҳози фарогирии маводи иттилоотӣ, вежагиҳои миллӣ, санъати тасвиргарӣ, ҳунари ороишӣ ва мутобиқат ба зеҳну тафаккури кӯдакону хонандагони синни хурди мактабӣ  хеле ҷолиб аст. Ба сухани дигар, Зуҳурӣ минҳайси донишманду равшанфикри миллӣ мехоҳад аз пахшу нашри маводи зарурию муассири миллӣ дар мисоли достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ зеҳниёти тарбиятгирандагони парваришгоҳҳо ва муҳассилини синфҳои ибтидоии муассисоти таҳсилоти миёнаи умумии ватаниро тағйир бидиҳад ва меҳанпарастию мавқеъгирии миллиро ба унвони қарзи виҷдонию имонии кӯдакону наврасон бозсозӣ намояд. Ба ин маънӣ, Зуҳурӣ талош меварзад, ки минбаъд низ аз тариқи омӯзишу таҳқиқу нашри мероси арзишманди ниёкон дар ростои тағйироту таҳаввулоти зеҳнию ақлонии насли наврасу ҷавони тоҷик иқдломоти ҷиддӣ рӯйи даст бигирад. Бешак, ин навъ ибтикорот, ки ба мавқеъгирии шахсию инфиродии Абдухолиқ Зуҳурӣ пайвандӣ дорад, шахсияти миллии дӯсти моро ба ҷилва меоварад ва боиси ҳамовозии ҷомеаи илмию миллӣ ва маданӣ ҳам мегардад. Дар ин роҳ ба Абдухолиқ Зуҳурӣ муваффақияту комёбӣ таманно менамоем.

 Аз фурсати мусоид истифода бурда, рӯзи мавлуди дӯсти донишманд ва равшанфикри миллӣ Абдухолиқ Зуҳуриро шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ ва эҷодиаш барору комёбӣ таманно мекунем. Бигзор, фараҳу оромиш, тандурустию осоиш ва болидагию ромиш ҳамқисмати рӯзгори Шумо ва хонаводаатон бошад.

       Зодрӯз муборак, Абдухолиқ Зуҳурии гиромӣ!

 Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

21 феврали соли 2022

Хондан 888 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Фидоӣ Пешрафти илмҳои табиию риёзӣ »