JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 20 Феврали 2022 04:53

Фидоӣ

Муаллиф:

    (Паёми табрикии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори 70-солагии адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода)       

    Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал ба синни 70 қадам мениҳанд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарњангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ ќарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Саидзода ҳувиятсозӣ ва миллатшиносиро ба унвони мабодӣ ва принсипи ҳаётӣ пазируфта, хидмат ба миллатро вазифа ва рисолати хеш медонад ва иҷрои ин рисолатро қарзи виҷдонӣ талаққӣ мекунад.

     Устод Ҷамолиддин Саидзода дар баробари таҳқиқу пажӯҳиш ба тадрису таълими насли наврасу ҷавон машғул шуда, тайи умри азиз шогирдони зиёдеро дар рӯҳияи меҳанпарастию миллатдӯстӣ ва озодандешию хирадбоварӣ тарбият намудааст. Ба сухани дигар, устод он чи ки тайи имтидоду фосилаи замонӣ аз тариқи мутолеаи бардавоми мероси гаронмояи миллию башарӣ шинохта ва маърифат кардааст, ба шогирдону ихлосмандони адабиёту фарҳанги миллӣ бедареғ ҳадя намуда, бад-ин васила ҷаҳони фаҳмишу биниши насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикро рангину мутанаввеъ сохтааст. Гузашта аз ин, устод Саидзода ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ҳосили бардоштҳояшро аз муруру мутолеаи устураву ривоятҳо, достону қиссаҳо, ашъору манзумаҳо ва китобу рисолаҳо дар қолаби мақолоту гузоришоти илмию оммавӣ мунсаҷим сохта, тариқи матбуоти даврӣ нашру пахш карда, аз ин тариқа ба ҳаводорони илму адаб ва фарҳанги миллӣ расонидааст. Бавежа, дар замони соҳибистиқлолӣ ташаббусоту ибтикороти устод Ҷамолиддин Саидзода дар заминаи таблиғу муаррифии осори арзишманд ва чеҳраҳои саршиноси адабу фарҳанги аҷдодӣ, ки дар раванди зеҳниятсозии миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим маҳсуб мешаванд, вусъат пайдо намуд ва то имрӯз ҳазорон мақолаву матолиби ҷолиби илмӣ, адабӣ ва илмӣ-оммавии ин рӯшангари муосири тоҷик дар матбуоти даврии ватанӣ чоп шуда ва мешаванд. Ҳафтае нест, ки як матлаби илмӣ-оммавии устод Саидзода дар матбуоти даврӣ нашр нагардад ва ё ин ки устод бо ҳузури фаъоли худ сари мавзӯъҳои муҳимми адабӣ, фалсафӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ дар экранҳои телевизорҳои ватанӣ пайдо нашавад. Солҳост, аҳолии маҳаллию музофотӣ аз тариқи барномаҳои телерадиоӣ ин чеҳраи саршиноси миллиро мешиносанд ва суҳбату гузоришҳои ҷолиби ӯро, ки сари масъалаҳои умдаи миллӣ ироа мегарданд, хуш мепазиранду истиқбол мекунанд. Баъзан ҳангоми сафарҳо ба деҳоту музофоти ҷумҳурӣ мардуми маҳаллӣ аз мо, пеш аз ҳама, аз ҳолу аҳволи устод Ҷамолиддин Саидзода пурсон мешаванд. Ҳолпурсии мардуми маҳаллӣ аз устод Ҷамолиддин Саидзода маънои онро дорад, ки ин симои миллӣ миёни ҷомеаи тоҷикӣ аз ҷойгоҳу манзалати вежае бархӯрдор аст.  

     Нуктаи меҳварии омӯзишу пажӯҳиш, таълиму тадрис, муколимаву гуфтугӯ ва таблиғу ташвиқи устод Ҷамолиддин Саидзода бедории фикрӣ ва тақвияти рӯҳияву ҳувияти миллӣ мебошад, ки дар тамоми навиштору гуфтораш возењу равшан арзёбӣ мегардад. Бо итминон метавон арз дошт, ки устод Ҷамолиддин Саидзода сермутолеатарин, фаъолтарин ва сермаҳсултарин шахсияти миллӣ дар муҳити муосири ватанӣ ба шумор меравад.

    Хатти меҳварии осори адабӣ ва тањќиќии устод Ҷамолиддин Саидзода (аз ҷумла, таваҷҷуҳ шавад ба китобу рисолаҳои устод: Ҷалолиддин Балхии Румӣ. –Душанбе, 2008. -143 саҳ.; Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ. –Душанбе, 2009. -100 с.; Дар силсилаи Фиғонӣ. –Душанбе, 2010, -100 с.; Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист? - Душанбе: Дониш, 2011. - 108 саҳ.; Нақши Рӯдакӣ дар шеъри замони Сомониён. –Душанбе, 2011. -92с.; Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм. –Душанбе: Ирфон, 2011. -116 саҳ.; Калим – “халлоқулмаонии сонӣ”. –Душанбе: Ирфон, 2012. -100с.; Бозор Собир – тасвиргари моҳир. –Душанбе: Адиб, 2009. -130 саҳ.; Мевае нест беҳ зи озодӣ. –Душанбе, 2012. -100 саҳ.; Ақидаҳои педагогии Соиб. –Душанбе: Ирфон, 2012. -144 с.; Назаре ба шеъри муосири Эрон. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Назаре ба шеър ва мусиқии Афғонистон. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Иқбол дар роҳи бузургони Аҷам. - Душанбе: Бухоро, 2014. –174 с.;  “Шоҳнома” ва ҳувияти миллӣ. Нашри дувум. - Душанбе, 2015. -113 с.; Соиб – шоири халлоқулмазомин. –Душанбе: Адиб, 2015. -168 с.; Сайидзода, Ҷамолиддин. Нақди солим ва носолим. Китоби 1. –Душанбе, 2021. -200 саҳ.; Сайидзода, Ҷамолиддин. Хоқонӣ – ҳассони Аҷам. –Душанбе, 2021. -320 саҳ.; Сайидзода, Ҷамолиддин. Фирдавсӣ – шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ. –Душанбе, 2021. -292 саҳ.; Сайидзода, Ҷамолиддин. Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома” ва паёми ватандӯстонаи Фирдавсӣ. –Душанбе, 2021. -216 саҳ.; Сайидзода, Ҷамолиддин. Дигарон пайравони Рӯдакианд. Китоби 1. –Душанбе, 2021. -176 саҳ.; Сайидзода, Ҷамолиддин. Рӯ ба Ҳинд. Китоби 2. –Душанбе: Ирфон, 2021. -120 саҳ.) дар доираи меҳанпарастӣ, мардумсолорӣ, озодманишӣ, адабпарварӣ ва њувиятсозии миллї чарх мезанад.     

    Мо дар симои устод Ҷамолиддин Саидзода андешаманд ва равшангари миллиро мебинем, ки ба вазъи сиҳатӣ ва мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири дунёмадорӣ, миллатсозӣ ва давлатсолории миллӣ устуворона қадам бармедорад. Мањз аз тавонмандиҳои  фикрию эҷодӣ ва илмию ихтисосии чунин  равшангарон љомеаи миллӣ  ҳамеша истифода мебарад ва вуљуду ҳузури  ин гуна шахсиятњо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнӣ ва ифтихороти миллӣ дар минтақа мегардад. Аз фурсат истифода бурда, 70-солагии  устод Ҷамолиддин Саидзодаро шодбош гуфта, барояш дарозї, саодати умр, сињатию тандурустї, хонаободї, тавону қудратмандӣ, болидарўњї, љуръату љасорати мудавоми илмию эљодӣ ва иҷтимоию маданиро таманно мекунем.

      Аз номи аъзои маҳфил як манзума ва ду дубайтӣ, ки таманниёти манзуми маҳфилиёнро дар бар мегирад, хидмати устод Саидзода арз медорем:

 

Шукӯҳи ҷашни фарҳанг аст!

(ба истиқболи 70-солагии адабиётшинос ва равшангари варзидаи миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода)

 

Туӣ  парвардаӣ  хоку  ҳавою  оби  кӯҳистон,

Туро парварда шири модари маҳтоби кӯҳистон,

Ту аз пушти табори ориёансоби  кӯҳистон,

Зи насли Сому Золу Рустаму Суҳроби кӯҳистон,

Яқин донам, туӣ як тоҷики ноёби кӯҳистон,

Ватанарбоби кӯҳистон,

Куҳанодоби кӯҳистон,

Саидасҳоби кӯҳистон!

 

Ту аз хуни Курушу Дориюшу хуни Кушонӣ,

Давоми Ардашеру  Бобаку Баҳроми Сосонӣ,

Мисоли ҷуръати Яъқуби Лайсу ҷамъи гурдонӣ,

Чароғафрӯзи базми Оли Исмоили Сомонӣ,

Ғуруру нангу номи Ғуру Курту Сарбадоронӣ,

Ва аз Марву Ҳироту Балху Ғазнину Самангонӣ,

Дилу ҷони Хуросонӣ,

Садои набзи Эронӣ,

Бақои Тоҷикистонӣ!

 

Гар аз дарди Ватан-Миллат бигуфтӣ, абр гирён шуд,

Гар аз ноҷурии қисмат бигуфтӣ, ашк борон шуд,

Чун андар баҳри даъвӣ сар задӣ, дар баҳр тӯфон шуд,

Ба ҳар ҷое сухан гуфтӣ, фазо пуршеъру девон шуд,

Агар мухлис яке будӣ туро, ин дам ҳазорон шуд,

Аду аз ҳайбати шеъру каломат моту ҳайрон шуд,

Бурида раҳ гурезон шуд,

Фирорию парешон шуд,

Ҳам аз кардаш пушаймон шуд!

 

Саранҷоми талош аз баҳри миллатро сароғозӣ,

Чу мурғи бахт андар осмони мо ба парвозӣ,

Агар муъҷизае даркор бошад, соҳибэъҷозӣ,

Кунӣ огоҳ миллатро зи зулми ёғиву тозӣ,

Бикӯбӣ, ҳар кӣ ӯ бо қисмати мо мекунад бозӣ,

Ва бо Фирдавсию Айнию Турсунзода менозӣ,

Ту бо душман намесозӣ,

Дирафши мо барафрозӣ,

Ҷавонмарди сарафрозӣ!

 

Гузидӣ пешаву касби сухангӯйӣ  -- дабириро,

Сипардӣ дар раҳи миллат ҷавонӣ, даври пириро,

Ва бас омӯхтӣ ашъори Урфиву Назириро,

Ки то миллат биёбад худ бузургиву кабириро,

Ки то бар даст орад тоҷу дайҳиму саририро,

Ба ҷойи бардагӣ андӯзад ойини амириро,

Кунад тарк ӯ фақириро,

Ғуломиву асириро,

Сағириву ҳақириро!

 

Агарчи шишаи номусро таҳдиди ҳар санг аст,

Нишастангоҳи мо худ аждаҳоро дар фарочанг аст,

Агарчи давру бар бӯйи ғализи макру найранг аст,

Агар осори пирӣ дар ҷабин анбӯҳи ожанг аст,

Вале набзи ту бо шарёни хуни дил ҳамоҳанг аст,

Хушо, ҳафтод соли умри некат вақфаи нанг аст,

Талошу ҷуръату ҷанг аст,

Авасто, Занду Аржанг аст,

Шукӯҳи ҷашни фарҳанг аст!

 

 

Ҷамолиддин Саидзода фидоист!

(ба ифтихори зодрӯзи устод Ҷамолиддин Саидзода)

 

На ҳангоми нифоқу не ҷудоист,

Ки вақти иттиҳоду ҳамсадоист.

Яқин дар роҳи нангу номи миллат

Ҷамолиддин Саидзода фидоист!

 

На вақти ин куҷойӣ, он куҷойист,

Замону даври бо ҳам ошноист.

Ба захми рӯҳи мо чун нӯшдорӯ

Суханҳои Саидзода давоист!

  

         Зодрӯз муборак ва хуҷаста, рӯшангари миллӣ Ҷамолиддин Саидзода!

 

 Бо эҳтиром,

 аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 20 феврали 2022

 

Хондан 1133 маротиба