JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 18 Феврали 2022 04:24

Умре дар хидмати адабиёт ва фарҳанги миллӣ

Муаллиф: Аҳдия Ҷалолиддинзода

(дар ҳошияи зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Ҷамолиддин Саидзода)

     Мо-кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи муосири Пойтахт” ҳамасола Рӯзи артиши миллиро ба унвони ҷашни фарогири расмӣ ботантана таҷлил мекунем ва бо истифода аз ҳузури шахсиятҳои барӯманди миллӣ ва чеҳраҳои саршиноси ватанӣ маҳфилу нишастҳои адабӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил менамоем. Басо рамзист, ки Рӯзи Артиши миллӣ бо солрӯз ва солгарди муҳаққиқ, адабиётшинос ва равшангари миллӣ, устод Ҷамолиддин Саидзода баробар аст. Ба сухани дигар, ду ҷашнвораи миллӣ – Рӯзи Артиши миллӣ ва 70-умин солгарди  адабиётшинос ва меҳанпарасти забардасти тоҷик, устод Ҷамолиддин Саидзода ба ҳам тавъам шудаанд ва мо дар тавъамию ҳамоҳангӣ ин ду ҷашнро  таърихи 17-уми феврали соли ҷорӣ дар толори хониши Китобхона бо ҳузури соҳибҷашн устод Ҷамолиддин Саидзода, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода, курсантони Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ходимони Китобхона  таҷлил кардем.

   Маҳфили ҷашнӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ баргузор шуд ва устод Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи “Миллатпарастӣ ватандӯстист” гузориши хуби илмӣ ироа карда, дар заминаи масъалаҳои миллияту ҳувиятсозии миллӣ дар қолиби ашъори бузургони классикию муосири тоҷик иттилооти ҷолиби адабӣ ва илмӣ-оммавӣ пешниҳод намуд. Дар гузориш устод Саидзода атрофи мафҳумҳои калидии “миллат”, “ватан”, “ҳувият” ва “масъулият” таваққуф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки миллати тамаддунофари тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ, новобаста ба шебу фарози рӯзгор тавонист, ҳувияти хешро ҳифз намояд ва дар баробари таҳоҷумоти бегонагон ҷасурона воистад. Устод, ҳамчунин аз вазъи имрӯзаи сиёсӣ, ҳассосиятҳои замонӣ ва тазодҳои мафкуравӣ ёдовар шуда, тазаккур дод, ки дар шароити муосири бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ мебояд аз миллату ватан ҳимоят кард ва ҷиҳати исботи ҳувияти миллӣ аз ақлу мантиқ ва хирад кор гирифт.  

   Баъдан пажӯҳишгари масоили иҷтимоию фарҳангӣ, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода ҷашни Артиши миллиро ба ҳамагон табрик карда, аз баъзе мушаххасоти шахсиятию ахлоқӣ ва илмию мадании устод Саидзода ёдовар шуд. Алалхусус, мавсуф атрофи масъалаи шахсияти миллӣ ва мавқеъгирии ҷиддии устод Саидзода изҳори назар карда, дар анҷоми суханронӣ се дубайтии аъзои маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-ро, ки ба муносибати зодрӯзи устод ихтисос ёфта буданд, минҳайси табрикоту шодбошӣ дар ҳузури иштирокчиёни маҳфил қироат намуд. Дар ин матлаб зарур шуморидем, ки се дубайтиро, ки дар шинохти шахсияти миллии устод Саидзода ба хонанда кумак мекунанд, биоварем:

На ҳангоми нифоқу не ҷудоист,

Ки вақти иттиҳоду ҳамсадоист.

Яқин дар роҳи нангу номи миллат

Ҷамолиддин Саидзода фидоист!

 

На вақти ин куҷойӣ, он куҷойист,

Замону даври бо ҳам ошноист.

Ба захми рӯҳи мо чун нӯшдорӯ

Суханҳои Саидзода давоист!

 

На ҳар кӣ қуфл бикшода тавонад,

Сипардан роҳи ҳар ҷода тавонад.

Вале ҳаллу кушуди банду мушкил

Ҷамолиддин Саидзода тавонад.

 

    Пас аз суханронии Нозим Нурзода марҳилаи суолу ҷавоб ва музокира шуруъ шуд ва ҳозирини  маҳфил, махсусан курсантони Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи пурсишҳо назари устод Саидзодаро дар мавриди масъалаҳои китобхонию андешамандӣ, вазъи мафкурасозӣ ва рӯҳияи миллӣ шуниданд ва радду бадалҳои ҷолибе ҳам миёни гузоришгар ва ҳозирин сурат гирифт. Шеъру таронаҳои ватандӯстонаи чанд хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва сурудхонии устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода Ифтихор Дамдоров ба ҳусни маҳфил ҳусни дигар зам намуд. Хулоса, маҳфили ҷашнӣ дар сатҳи хуби ташкилӣ ва эҷодӣ доир гардид.

    Ростӣ, мо дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ мулоқотро бо ин чеҳраи саршиноси миллӣ (манзур устод Саидзода аст) ҳадафмандона ташкил намудем, зеро ки устод Саидзода намояндаи барҷастаи артиши фикрию ададбӣ ва фарҳангии миллати тоҷик аст ва хидматҳои ӯ ба ватану миллат камтар аз артишиён нестанд. Барои пурратар ошно кардани хонанда бо устод Ҷамолиддин Саидзода, ки аз се ду ҳисаи умри бобаракати худро сарфи омӯзишу пажӯҳиш дар ростои манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои ватанӣ кардааст, зарур медонем, ки чанд ҷумлае дар атрофи шахсияти ин чеҳраи шинохтаи ададбию илмӣ ва фарҳангию миллӣ ироа дорем.

    Адабиётшинос, андешаманд ва равшанфикри  муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал зодрӯз доранд ва ба синни мубораки 70  қадам мениҳанд.  Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои муҳимми адабӣ, бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва фарҳангӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии тоҷик бардамона қадам мезанад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурўъ намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо ба сифати мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, психологию иҷтимоӣ ва фарњангию маданӣ меъёри кору зиндагӣ ќарор дода, то имрўз дар ин шоҳроҳ беғаразона ҳаракат мекунад.

     Устод Ҷамолиддин Саидзода  аз ҷумлаи нафаррони саршиноси миллат аст, ки мутолеаи китобро асоситарин вазифаи миллию инсонии худ дониста, шабу рӯз ба мутолеаи китобҳои гуногунммуҳтаво машғул шуда, аз ин тариқ китобхонию китобдориро ба сифати асли зиндагӣ муаррифӣ мекунад. Китобхонаи шахсии устод Саидзода зиёда аз 10 ҳазор китобро дар бар мегирад ва устод тамоми осори адабӣ, бадеӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, таърихӣ, равоншиносӣ ва фалсафии дар китобхонааш ҷамъоваришударо бапуррагӣ мутолеа кардааст. Гузашта аз ин, устод Саидзода ҳар ҳафта маводи матбуоти даврии ватаниро варақ зада, аз ҳодисаҳои муҳимтарини ададбӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа ва ҷаҳон огоҳ мегардад.

    Ташаббус ва ибтикороти устод Ҷамолиддин Саидзода дар заминаи таблиғу муаррифии осори арзишманд ва чеҳраҳои саршиноси адабу фарҳанги аҷдодӣ, ки дар раванди зеҳниятсозии миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, дар замони соҳибистиқлолӣ вусъат пайдо намуд ва то имрӯз ҳазорон мақолаву матолиби ҷолиби илмӣ, адабӣ ва оммавии ин андешаманди муосири тоҷик дар матбуоти даврии ватанӣ чоп шуда ва мешаванд. Ҳафтае нест, ки як матлаби илмӣ-оммавии устод Саидзода дар матбуоти даврӣ нашр нагардад ва ё ин ки устод бо ҳузури фаъоли худ сари мавзӯъҳои муҳимми адабӣ, фалсафӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ дар экранҳои телевизорҳои ватанӣ пайдо нашавад.

    Нуктаи меҳварии омӯзишу пажӯҳиш, таълиму тадрис, муколимаву гуфтугӯ ва таблиғу ташвиқи устод Ҷамолиддин Саидзода бедории фикрӣ ва тақвияти рӯҳияву ҳувияти миллӣ мебошад, ки дар тамоми навиштору гуфтораш возењу равшан арзёбӣ мегардад. Бо итминон метавон арз дошт, ки устод Ҷамолиддин Саидзода сермутолеатарин, фаъолтарин ва сермаҳсултарин шахсияти миллӣ дар муҳити муосири ватанӣ ба шумор меравад.

     Хатти марказии осори адабӣ ва тањќиќии устод Ҷамолиддин Саидзода баланд бардоштани рӯҳияи тоҷикӣ, ҳифзи манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ мебошад. Устод дар ин замина  садҳо китобу рисолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ навиштаву чоп кардааст. Танҳо соли 2021 устод чанд китобу рисолаҳои арзишманд, аз ҷумла “Нақди солим ва носолим” (Китоби 1. –Душанбе, 2021. -200 саҳ.),  “Хоқонӣ – ҳассони Аҷам” (–Душанбе, 2021. -320 саҳ.), “Фирдавсӣ – шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ” (–Душанбе, 2021. -292 саҳ.), “Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома” ва паёми ватандӯстонаи Фирдавсӣ” (–Душанбе, 2021. -216 саҳ.), “Дигарон пайравони Рӯдакианд” (Китоби 1. –Душанбе, 2021. -176 саҳ.), “Рӯ ба Ҳинд” (Китоби 2. –Душанбе: Ирфон, 2021. -120 саҳ.) таълиф кард, ки дар тақвият ёфтани раванди бедории фикрӣ ва рӯҳияи миллӣ нақши асосӣ доранд.

   Мо дар симои устод Ҷамолиддин Саидзода андешаманд ва равшангари миллиро мебинем, ки ба вазъи сиҳатӣ ва мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири дунёмадорӣ, миллатсозӣ ва давлатсолории миллӣ устуворона қадам бармедорад. Мањз аз тавонмандиҳои  фикрию эҷодӣ ва илмию ихтисосии чунин  равшангарон љомеаи миллӣ  ҳамеша истифода мебарад ва вуљуду ҳузури  ин гуна шахсиятњо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнӣ ва ифтихороти миллӣ дар минтақа мегардад.

   Дар анҷоми матлаби иҷмолии худ аз номи кормандони Китобхонаи муосири Пойтахт устод Ҷамолиддин Саидзодаро ба муносибати 70-умин солгарди умр шодбош гуфта, барояшон дарозї ва саодати умр, сињатию тандурустї, хонаободї, тавону қудратмандӣ, болидарўњї, љуръату љасорати пурдавоми илмию эљодиро таманно мекунем.

     Зодрӯз муборак ва фархунда бод, устоди гиромӣ!

       

                                        Аҳдия Ҷалолиддинзода

                                        мудири Муассисаи давлатии “Китобхонаи муосири Пойтахт”

17 феврали соли 2022

Хондан 750 маротиба