JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 20 Феврали 2022 04:53

Фидоӣ

Муаллиф:
(Паёми табрикии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори 70-солагии адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода) Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал ба синни 70 қадам мениҳанд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва…
(дар ҳошияи зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Ҷамолиддин Саидзода) Мо-кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи муосири Пойтахт” ҳамасола Рӯзи артиши миллиро ба унвони ҷашни фарогири расмӣ ботантана таҷлил мекунем ва бо истифода аз ҳузури шахсиятҳои барӯманди миллӣ ва чеҳраҳои саршиноси ватанӣ маҳфилу нишастҳои адабӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил менамоем. Басо рамзист, ки Рӯзи Артиши миллӣ бо солрӯз ва солгарди муҳаққиқ, адабиётшинос ва равшангари миллӣ, устод Ҷамолиддин Саидзода баробар аст. Ба сухани дигар, ду ҷашнвораи миллӣ – Рӯзи Артиши миллӣ ва 70-умин солгарди адабиётшинос ва меҳанпарасти забардасти тоҷик, устод Ҷамолиддин Саидзода ба ҳам тавъам шудаанд ва мо…
Чоршанбе, 09 Феврали 2022 05:59

Марде дар қаламрави таҳқиқи рӯшангарӣ

Муаллиф:
( ёдномае дар робита бо даргузашти муҳаққиқ ва файласуфи муосири тоҷик, доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммад Давлатович Ғоибов) Шаби 6-уми феврали соли 2022 қалби муҳаққиқ, файласуф ва омӯзгори варзидаи тоҷик, устод Муҳаммад Давлатович Ғоибов аз тапидан бозмонд ва нисфирӯзии 7-уми феврал устод ба хок супорида шуд. Устод Муҳаммад Давлатовичро ҷомеаи илмӣ ва фалсафии тоҷик, махсусан муҳити донишгоҳӣ (манзур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз дер боз мешинохтанду мешиносанд. Мо, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистонем ва бо тақозои омӯзишу таҳсилот ва пажӯҳишу таҳқиқот бо доираҳои илмию фалсафии миллию ватанӣ ошноӣ доштем, табиист, бо устод Муҳаммад Давлатович ҳам ифтихори…
Дӯст ва донишманди ҷавон, Номвари Қурбон! Шумо аз ҷумлаи ҷавонони пӯёву ҷӯёву тавонои тоҷикед, ки дар ростои хирадмеҳварӣ, манофеи давлатӣ, таҳкими раванди озодандешӣ ва ҳувияти миллӣ ибтикороти ҷиддие рӯй даст гирифтаед ва дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед.