JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 02 Майи 2022 03:59

Бонуи миллӣ дар роҳи пажӯҳиши худогоҳӣ

Муаллиф:

(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи муҳаққиқбонуи тоҷик Сафаргул Давлиёрова)

     Имрӯз -- 2 майи соли 2022 муҳаққиқбонуи тоҷик Сафаргул Давлиёрова зодрӯз доранд. Ин бонуи миллӣ солҳои зиёд аст, ки дар риштаи фалсафаи иҷтимоӣ пажӯҳиш карда, бо ташаббусоту ибтикороти илмӣ-эҷодии хеш саҳифаи тозаеро дар китоби фалсафаи миллӣ боз намудааст. Бону Сафаргул дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) солҳои дароз фаъолият карда, аз вазифаи лаборантӣ то ба симати мудирии Шуъбаи аспирантура ва магистатураи АМИТ ва ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо расидааст. Ҳанӯз дар замони фаъолият дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов бо бузургтарин донишмандону файласуфони аср, минҷумла устодон Иброн Шарифов, Мусо Диноршоев, Ғаффор Ашӯров, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Муҳаммадқул Ҳазратқулов, Абдусамад Самиев, Шоназар Шоисматуллоев, Хаёлбек Додихудоев, Муҳаммад Алӣ Музаффарӣ, Комил Бекзода ва дигарон ошно шуда, равиши илмӣ ва методологияи таҳқиқи масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва фалсафиро омӯхтааст.

   Омӯзиш ва пайравӣ аз мактаби фалсафии Иброн Шарифов, Мусо Диноршоев, Шоназар Шоисматуллоев, Муҳаммад Алӣ Музаффарӣ, Абдусамад Самиев роҳи бонуи муҳаққиқро барои таҳқиқоти густардаи масоили иҷтимоӣ ва фалсафӣ ҳамвортар намуд. Аз ҷониби дигар, Сафаргул Давлиёрова солҳо сари масъалаи худогоҳии миллӣ тамаркуз карда, ҷустуҷӯю бардоштҳояшро дар заминаи мавзӯи мазкур бо файласуфони миллӣ Мусо Диноршоев, Муҳаммад Алӣ Музаффарӣ, Абдусамад Самиев дар миён мегузорад ва мавзӯи “Худогоҳии миллӣ (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)”  -- “Национальная самосознания (социально-философский анализ”)-ро ба унвони мавзӯи рисолаи номзадӣ интихоб намуда, таҳти роҳбарии доктори имлҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Алӣ Музаффарӣ солҳо сари масоили марбута таҳқиқ мекунад. Бону Сафаргул натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ-таҳқиқиашро дар мавзӯи “Худогоҳии миллӣ (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)” соли 2007 ҷамъбаст намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ - 09.00.11 мегардад. Рисолаи илмии мазкур баъдан ба забони русӣ нашр гардид (таваҷҷуҳ шавад ба: Давлиёрова, С.Т. Национальная самосознания (социально-философский анализ).  –Душанбе, 2009.  -114 с.).

   Муаллиф дар рисолаи илмӣ, ки баъдан дар қолиби монографияи илмӣ нашр гардид (манзур монографияи: Давлиёрова, С. Национальное самосознание (социально-философский анализ). /Отв. ред. д.ф.н., Мухаммад-Али Музаффар, д.с.н., Н.Шоисматуллоев. –Душанбе: Академии наук Республики Таджикистан, 2009. -114 с.), дар доираи  ду боб (боби аввал “Худогоҳии миллӣ: ҷанбаи таърихӣ-фалсафӣ” ва боби дувум “Худогоҳии миллӣ: ҷанбаи иҷтимоӣ-фалсафӣ”) масъалаҳои мубрами фалсафӣ-ҷомеашиносӣ, аз ҷумла: пайдоиш-генезиси худогоҳии миллӣ (С.10-27), худогоҳии миллӣ ҳамчун падидаи фарҳангӣ-таърихӣ (С.28-46), механизмҳои ташаккул ва рушди худогоҳии миллӣ (С.47-59), вазифа ва сохтори худогоҳии миллӣ (С.60-84), худогоҳии миллӣ дар давраи истиқлолияти давлатӣ (С.85-99)-ро матраҳ мекунад ва натиҷаи омӯзишу таҳқиқро бо далелҳо хулосабандӣ менамояд (С.100-103). Монографияи мазкур дар омӯзиши масъалаи мубраму муҳимми фалсафӣ – худогоҳии миллӣ ва вежагиҳои ҳувиятӣ манбаи хуби илмӣ-таҳқиқӣ ба шумор меравад.

        Омӯзиши таҷрибаи илмӣ ва ҳамкорӣ бо устодони варзидаи фалсафаи иҷтимоӣ кори минбаъдаи илмӣ-таҳқиқии муҳаққиқбонуи миллӣ Сафаргул Давлиёроваро равнақи тоза мебахшад ва мавсуф сари масоили худогоҳии миллӣ, бархӯрдҳои муосири тамаддунӣ, хатарҳои глобалӣ, равандҳои муосири сиёсию иҷтимоӣ, шуури миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба шуури миллӣ, воқеиёти имрӯзӣ ва нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ташаккули худогоҳии миллӣ пажӯҳишро муваффақона идома медиҳад. Натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмию эҷодии Сафаргул дар матбуоти даврӣ ва маҷаллаҳои академӣ ва илмӣ-оммавӣ, ҳамчунин сомонаҳои интернетӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ пахшу нашр шудаанд, ки аз маҳорату салиқаи илмии муҳаққиқ дарак медиҳанд  (барои намуна, таваҷҷуҳ шавад ба матолиби илмӣ ва илмӣ-оммавии Сафаргул Давлиёрова, ки дар матбуоти даврӣ ва васоити интернетӣ пахшу нашр гардидаанд: Нақши худшиносии миллӣ алайҳи ташаннуҷот. //Минбари халқ, №8 (978), 28 июли соли 1999; Худшиносии миллӣ. Маҷалаи “Тоҷикистон”, №1 (978), 1 январи соли 1999; Влияние миграции на формирование национального самосознания таджиков в современном обществе. Дар китоби: Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Том 3. –Душанбе, 2013. С. 243-256; Пути формирования национального самосознания в условиях государственной независимости. //Известия Академии наук РТ, серия: философия и правоведение, №1-2, 2003. С.65–70; К вопросу о дефиниции национального самосознания как важнейшего компонента национального сознания. //Известия Академии наук РТ, серия: философия и правоведение, №3-4, 2004. С.79-86; Национальное самосознание: факты и проблемы. //Известия Академии наук РТ, серия: философия и правоведение, № 3-4, 2003. С. 43 -51; Фактор национального самосознания в совроеменном таджикском обществе: социокультурный аспект. //Известия Академии наук РТ, серия: философия и правоведение, №3-4, 2003. С. 43-51; Есть ли у нации характер? (В свете кантовских воззрений). //Известия Академии наук РТ, серия: философия и правоведение, № 3-4, 2004. С. 88 – 92; Дигаргуниҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ташаккули худшиносии халқи тоҷик. //Сомонаи ravshanfikr.tj, 19 марти соли 2019); Проблемы формирования национального самосознания в условиях углубления социального неравенства. //Сомонаҳои www.osiyoavrupo.tj, www.ravshanfikr.tj; Худшиносии миллӣ ва ваҳдати миллӣ. //Маҷаллаи “Мероси Ниёгон”-и Вазорати    фарҳанги Тоҷикистон №23, -Душанбе, 2021. С.25-27; Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба вазъи иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон. Дар китоби: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушд. –Душанбе, 2021. С.133-146).

       Як ҷанбаи кори таҳқиқии Сафаргул Давлиёроваро гузаронидани пурсишномаҳои ҷомеашиносӣ дар масоили доғи рӯз ташкил медиҳад. Ба ин маъно, мавсуф соли 2006 дар ҳаммуаллифӣ бо мутахассисону коршиносони масоили иҷтимоӣ натиҷаи таҳқиқоти ҷомеашиносиро дар робита бо худкушии занону бонувони ҷумҳурӣ дар шакли китоби алоқида ба нашр расонд, ки аз лиҳози тартиботи пурсишномавӣ, таҳқиқи таркиби иҷтимоӣ ва фарогирии маводи таҳлилӣ хеле ҷолиб буда, бо се забон -- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расидааст (таваҷҷуҳ шавад ба: Давлиёрова, С. ва дигарон. Худсӯзӣ (худкушӣ)-и занон, сабаб ва омилҳо. Пурсиши афкори умум. -Душанбе, 2006). Махсусан, монографияи илмӣ-таҳқиқии Сафаргул Давлиёрова “Худшиносии миллӣ” (муфассал ниг.: Давлиёрова, С.Т. Национальная самосознания (социально-философский анализ). –Душанбе, 2009.  -114 с.). Нашри чунин маводи омӯзишӣ-таҳқиқӣ, ки бар асоси таҷрибаҳои муваффақи назарсанҷиҳои ҷомеашиносӣ омода гардидааст, дар мушаххас кардани вазъи иҷтимоии занону бонувони минтақа, авомили танишу шикофҳои қишрӣ, уқдаҳои занситезӣ ва сатҳи рӯҳӣ-равонии ҷомеа барои доираи васеи мутахассисону коршиносон мусоидат менамояд.  

        Аз фурсати муносиб истифода бурда, рӯзи мавлуди муҳаққиқбонуи миллӣ Сафаргул Давлиёроваро шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ, илмӣ ва эҷодиаш барору комёбӣ таманно мекунем. Бигзор, фараҳу оромиш, тандурустию осоиш ва болидагию ромиш ҳамқисмати рӯзгори муҳаққиқбонуи тоҷик бошад.

 

      Зодрӯз муборак, Сафаргули гиромӣ!

 

 Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

 

 

 

 

 

 

 

 

Хондан 998 маротиба