JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 29 Апрели 2021 10:25

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур…(2 май ба зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода 110 сол пур мешавад)

Муаллиф: Шервони УМРИДДИН

  Санаи дуюми май ба зодрӯзи арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва тарҷумон, шоири шаҳир, устод Мирзо Турсунзода  110 сол пур мешавад.

  Ватан мавзӯи марказии осори   устод Мирзо Турсунзода мебошад. Ин аст, ки ҳангоми Ватан гуфтани кас ӯ ҳамчун фарзона ва фарзандони содиқи Ватан дар оинаи дилу фикр намудор мегардаду ба ҳис бисёр самимӣ ва фараҳбахш мерасад. Дар чунин ҳолат касе, ки заррае аз нури ишқи Ватан дар замири хеш дорад, мехоҳад, ки аз рӯҳи пурнури устод Турсунзода чун рамзи сипос бибӯсад. Чунки устод Турсунзода Ватанро, ки муқаддастарин мафҳум дар рӯи замин аст, бо неруи хирад ва санъати олии шоирӣ сароида аст. Дар воқеъ, агар офтоб бо нуру гармиаш дар сипеҳри зиндагӣ эътибор дошта бошад, устод Турсунзода бо ишқу муҳаббати Ва­тан ва тараннуми он дар ҷаҳон мақоми хос пайдо кардааст.

  Оре, устод Турсунзода чун гӯшту нохун бо Ватан буда, онро бо меҳри беандоза сароидааст. Устод барои он, ки дар ситоиши Ватан ба шеъраш ҷилои тоза диҳад ва дар адабиёт рӯйдоди муҳими адабӣ шавад, дар оташи ишқи Ватан месӯзад, то аз шароре гулхани тоза меофарад. Ин аст, ки шеъри ноби ватанхоҳонааш дар қалби хонанда машъал мешавад ва ӯро дӯстдори Ва­тан мегардонад. Барҳақ, ус­тод Турсунзода бе ёди Ватан нафас накашида ва бе амри он ба ҷое гом набардоштааст. Байти зерини устод Турсунзода аз достони «Ҷони ширин» гувоҳи фикри болост:

Мо сафар дорем бо амри Ватан,

Бо супоришҳои халқи хештан…

 Қалби устод Турсунзода, ки аз муҳаббати Ватан саршор аст, шеъри ноб менависад. Яъне ӯ оқилона ва шоирона аз нахи муҳаббат ва ишқи Ватан шеър мегӯяд. Ана ин гуна шеър хонандаро ба иҷрои ҳар амру фармони Ватан омода месозад. Шеърҳои ватанхоҳонаи устод Турсунзода аз лиҳози мазмуну маънии баланд ва услубу тарзи ҳусни баён чунон офарида шудаанд, ки кас гумон мекунад, шеър не, балки парниён аст.

 Шеъре, ки муҳаббати Ватанро, модарро, зиндагии воқеиро, ба дил ҷо карда, касро ба сӯи худшиносӣ мебарад, барҳақ, парниён аст. Устод Тур­сунзода ҳамеша бо Ватан буда, ба васфи он як умр чун парниён шеъри нафис мегуфт ва худ ба мафҳуми муқаддаси Ватан омезиш ёфта, дар охир мисли мафҳуми Ватан ҷовид гардидааст. Дуруст аст, ки эҳтироми Ватан – модар касро некном мегардо­над, некномӣ бошад, ба абадият, ба олами ҷовидонӣ меба­рад.

 Устод Мирзо Турсунзода, ки бо амри Ватан ба гӯшаҳои дури дунё сафар мекард, ҳангоми бозгашт ба сари хок ва марзи Ватан расидан онро гаштаю баргашта мебӯсад:

Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.

  Агар мо ба осори шоир устод Турсунзода чашм андозем, ба шеърҳое дучор мешавем, ки дар онҳо дилбастагии шоирро ба кӯҳу дарёҳо, ба обҳое, ки як пора ё як ҳиссаи Тоҷикистони азизанд,   эҳсос   карда мешавад. Устод Мирзо Турсунзода дилдодаи дарёи Варзоб аст, ҳамон рӯде, ки cap ба санг зада, сӯи Душан­бе медавад ва онро рӯҳ бахшида, аз он мегузарад, аз ин рӯ «Оби Душанбе» ном гирифтааст. Шоири ошиқ ва дилдодаи ҳар зарраю ҳар қатраи ин об, бо таъсири рӯҳбахши он шеърҳои «Рӯди кӯҳӣ» (соли 1959), «Оби Душан­бе» (соли 1963), «Рӯди ман» (соли 1966) ва «Таронаи рӯд»(соли 1968) – ро эҷод кардааст. Дар ин шеърҳо устод Турсунзода бо рӯд гуфтугӯ мекунад.

  Шоири ватандӯсти мо   дар офаридани шеъри ватанхоҳӣ пеш меравад, яъне бо таъбири худ «қуллаи нав» – ро сарбаландона тай мекунад. Ӯ дар мавзӯи Ва­тан шеърҳои бисёр гуфтааст ва ғояи ватанхоҳӣ чун хати сурх аз байни осори ӯ гузаштааст. Аммо устод Турсунзода ба ин қаноат накарда, дар ҳалли мавзӯи Ватан ба фатҳи қуллаи баланди наве мушарраф мегардад. Дар мавзӯи Ватан қуллаи нав дар осори шоир шеъри «Ва­тан» аст. Аз ҳар ҳарфи ин шеър, ки соли 1965 навишта шудааст, натиҷаи сафарҳои хориҷии шоир, ҳаёти дур аз Ватан ба capбурдаи ӯ, ҷамъбасти умри вай ва муҳаббати бекаронаи адиб ба Ватан якҷоя садо медиҳад:

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.

Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,

Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

 Дар мисраи сеюм бо таъбири халқии «гӯшту нохун», ки аз ҳам ҷудо нестанд, вахдату ягонагии шоир бо Ватан хуб ифода ёфтааст. Дар хориҷи Ватан ишқи беҳамто ва бекаронаи Ватан ба адиби мубориз неруи тоза, сарбаландӣ, ифтихормандӣ ва ҷӯшу хурӯши нав ба нав мебахшад. Ниҳоли умеди ватанпарварии адиб дар пардаи ҳарири хаёлу ҳавои Ватан чун ғунчаи гул дар баҳорон мешукуфад. Ин аст, ки адиби суфтасухан ва, бо таъбири устод Соҳиб Табаров «саҳли мумтанеъгуфтор», барои хо­нанда бо сухану тафаккури олӣ, дурри Адан ё дурри сухан суфтааст:

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба cap форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд.

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

 Дар шарҳу эзоҳи шеъри «Ватан» бисёр навиштаанд, аз ҷумла адабиётшинос Ҳасан Муҳаммадиев онро «авҷи сухан»номида, бо ҳамин ном мақолае навишта, ба шеър аз ҷиҳати мазмун ва хусусиятҳои муҳимаш, ки аз равонию соддагӣ, аз тазодҳои аҷиб ва ҳисси баланди ватандӯстӣ иборат аст, баҳои муносиб додааст:  «Ин асар… на фақат дар эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода, балки дар назми советии тоҷик ҳам камназир аст. Асари санъат агар бо маҳорати тамом эҷод шуда бошад, қатъи назар аз жанру ҳаҷмаш нодир хоҳад буд».

«Чун асарҳои дигари устод Мир­зо Турсунзода шеъри «Ватан» ҳам рӯйдоди муҳими ҳаёти адабӣ гардид», — менависад Ҳасан Муҳаммадиев. Аз рӯи маълумоти ӯ ин шеър ба муносибати Даҳаи адабиёт ва санъати РСФСР дар Тоҷикистон 15 июни соли 1965 ва ба муносибати Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Озорбойҷон 16 октябри ҳамон  сол дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва дар ҳамаи китобҳои муаллиф чоп шудааст.

Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:- «Фиристода бояд, ки доно бувад, ба гуфтан далеру тавоно бувад». Халқу Ватан барои ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ устод Мирзо Турсунзодаро ба хориҷи мамлакат, ба гӯшаҳои дури дунё мефиристонад. Таҳкими сулҳу вахдат, васл кардани миллионҳо дил ба дил ва қитъаҳои олам ва дар хориҷа нигоҳ доштани шаъну шарафи худ ва халқу Ватан ба дӯши ин марди фарзонаи миллат афтода буд. Аз ин рӯ, бо тамоми ақлу хирад ва сифатҳои баланди инсонӣ кӯшиш мекард, ки боварии халқу Ватанро ба ҷо орад, ба Ватан содиқ,   дар ҳама кунҷу канори даҳр бо он бошад. Ин мафҳумро шоир бо зари сухан ин тавр ба назм овардааст:

Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,

Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.

Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

  Эй кош, ҳар як фарди тоҷик дар роҳи ватандорӣ аз устод Турсунзода ибрат гирад ва барои ободонӣ, пешрафт ва нангу номуси миллат ҷонфидо бошад.

  Ман аминам, ки ғояҳои ватанпарваронаи устод Мирзо Турсунзода то абад дарси ватандорӣ ва хештаншиносӣ барои хурду калон ва пиру ҷавони Тоҷикистон ва оламиён мебошанд. Мо ҷавонони соҳибистиқлол ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро мисли устод Мирзо Турсунзода дӯст дорем…

 

 Шервони УМРИДДИН

журналист

Бознашр: https://khovar.tj/2018/05/amesha-bo-vatan-budam-amesha-bo-vatan-masrur-ba-zodr-zi-shoiri-sha-ir-a-ramoni-to-ikiston-ustod-mirzo-tursunzoda-bahshida-meshavad/?fbclid=IwAR19YgmOYkNtt44V5NjTHErjGhVKBjNkBrS-4J16Imo9Zz0tZrx5YdX35ow 

Хондан 474 маротиба