JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 29 Апрели 2021 10:01

Ба устод Турсунзода имрӯз, фардо ва оянда ҳам ниёз дорем (бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода)

Муаллиф: Нозим Нуров

  Башар ҳамеша ба инсонҳои бузург, ки бо худсозию худафрӯзиҳо, худкифоягию тавонмандиҳо, талошу такопӯҳо, азхудгузаштану хештандориҳо, ҷасорату хирадмадориҳо, меҳру муҳаббатпарвариҳо, ватанпарастию мардумсолориҳо ва ҷонфидоию фидокориҳо сарнавишти ҷомеаҳоро рақам задаанд, ниёз дошта ва дорад. Муҳимтар аз ҳама, инсонҳои бузург раҳнамо ва ҳидоятгари башаранд ва  ба ин далел  файласуфи маъруфи олмонӣ Фридрих Нитше дар садаи нуздаҳум пурсиши “Бузургӣ чист?”-ро матраҳ карда, ба ин мазмун --- “Бузургӣ раҳнамоӣ кардан ва роҳ нишон додан аст” посухи хуби фалсафӣ ҳам дода буд. Ин аст, ки бузургон дар ҳар давру замоне бори масъулият ва рисолати ҳидоятгарӣ ва раҳнамоии башарро ҳадафмандонаю содиқона бардоштаанд ва ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ва бахусус, мардумоне, ки тайи таърих бар асари ҳассосиятҳои замонию маконӣ, зулму истибдоди дохилию хориҷӣ, нобасомонию ноҷуриҳои ҳаётӣ ва гирудорҳои зиндагӣ ранҷ кашидаанд, ҳамвора ниёзманди шахсиятҳои бузурги миллӣ ва фаромиллӣ будаанд. Дар феҳристи шахсиятҳои бузургу нотакрори миллию ҷаҳонӣ, ки ҷомеаҳо ниёзманду мадюни онҳо буда ва ҳастанд, бидуни муболиға устод Турсунзода низ шомил аст. Ҷомеаи тоҷик, воқеан, ба ин чеҳраи бузурги адабӣ, сиёсӣ, маданӣ ва миллӣ ниёз доштаю дорад ва мухтасоти ҳувиятӣ, ҳайсияти тоҷикӣ, ташаббусу ибтикороти шахсӣ, эҳсоси ватандорӣ, садоқату вафодорӣ, рӯҳияи муқовиматписандию муборизаталабӣ, иқтидору тавонмандиҳои мунҳасир ба фардаш ӯро минҳайси симои истисноии миллию фаромиллӣ муаррифӣ кардаанд. Ҳар варақи зиндагиномаи устод Турсунзода аз талошу фидокориҳо дар роҳи ба даст овардани муваффақиятҳои миллию инсонӣ таркиб ёфтааст ва сарнавишташ бо муқовимату мубориза тавъам будааст. Дар ин замина ба чанд нукта таваҷҷуҳ мекунем:

  Якум. Устод Мирзо Турсунзода дар қатори устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ бузургтарин чеҳраи адабиёт ва фарҳангу сиёсати миллӣ ба шумор меравад. Қисмат ва зиндагиномаи ӯ --- аз оғоз то анҷом аз заҳмат, машаққат, мубориза, талош, такопӯ ва хидмат дар роҳи ба пирӯзӣ ва муваффақият расидани халқу миллати азияткашидаи тоҷик ва ақвоми мазлум иборат будааст. Он чи ки устод тайи фаъолияти пурсамари иҷтимоӣ, эҷодӣ, адабӣ, сиёсӣ ва маданӣ ба даст овардааст, ҳамагӣ ба талошу ҷустуҷӯ, кору пайкорҳои ҳадафмандона ва сарсахтию пофишориҳои рӯзмаррааш бастагӣ доранд. Устод то ба дараҷаи як шахсияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, маданӣ ва илмӣ расидану миёни мардуми шӯравӣ ва халқҳои  Осиёву Африқо соҳибэҳтиром гардидан заҳмату талошҳои зиёде ба харҷ додааст. Ба ин тартиб, устод Мирзо Турсунзода аз мактаби тарбиятии хонаводагию музофотӣ гузашта, дарсу дуои аввалин муаллими мактабиаш Абдурраҳмон Ғуломиро гирифта, соли 1926 ба пойтахт омад ва ба педкомбинати Душанбе (омӯзишгоҳи педагогӣ) дохил шуд. Ба қавли академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ин муассисаи таълимӣ якумин ятимхона ё интернати Тоҷикистон дар Душанбе будааст, ки раҳбариашро Аббос Алиев ба уҳда доштааст (ниг.: //Озодагон, 14 майи соли 2009. С.10). Шояд қобилияти хуби дарсазхудкунӣ ва кӯшишу ғайрати Мирзо Турсунзодаро ба назар гирифта, Аббос Алиев (Аббос Алиев аз ирониҳои Бухоро буда, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ озодона нутқ карда, ба сифати мунтақид шинохта шуда буд ва аз мунтақидони сарсахти Файзулло Хоҷаев ва пайравони ӯ ба шумор мерафт. Ҳамчунин, аз нахустин маорифчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли 1937 ба ҳабс гирифта мешавад ва баъди як сол раҳо шуда, дар Алмаато бар асари сактаи дил аз дунё мегузарад – ниг.: Икромӣ, Ҷалол. Он чӣ аз сар гузашт. Ёддоштҳо. –Душанбе, 2009. С.184-186) ӯро бо чанд ҷавони дигар барои таҳсили минбаъда ба Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд мефиристад. Баъди хатми Дорулмуаллимини Тошканд соли 1930 бо роҳхати комсомол Мирзо Турсунзода ба Сталинобод (Душанбеи имрӯза) баргашта, фаъолияташро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” идома медиҳад (ниг.: Асозода, Х. Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ. Душанбе: Шуҷоиён, 2010. С.153).

  Дуюм. Зиндагӣ ва кору фаъолият дар ибтидои солҳои сиюми садаи бист, ки бо “террори сурх”, иттиҳомоти пайваста, қатлу куштор ва фишору тааррӯзҳои рӯзмарра болои қишрҳои гуногуни сиёсию маданӣ, бавежа зиёиёну равшангарони миллӣ дар ҳофизаи таърихии миллат нақш бастааст, саҳлу осон набуд (барои иттилои бештар дар ин мавзӯъ таваҷҷуҳ шавад ба: Икромӣ, Ҷалол. Он чӣ аз сар гузашт. Ёддоштҳо. –Душанбе, 2009. С.228-304). Аз бади рӯзгор ва ё ҳассосиятҳои замони солҳои сиюми садаи бист, ки тариқи туҳмату буҳтон ва аризаҳои беимзо фарзандони содиқи ватан ва умуман, равшанфикрону зиёиёни миллӣ мавриди таъқибу фишори саросарӣ қарор гирифта буданд, устод Турсунзода ҳам, дар амон намонд. Алайҳи ӯ мактуби беимзо ташкил намуда, аз рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ронданд ва чунон карданд, ки дигар рӯзномаҳо қабулаш накунанд. Ӯ соли 1934 халосиашро аз муҳити носолими пойтахт дар фирор сӯйи Хуҷанд мебинад. Ба навиштаи адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик А. Сайфуллоев, дар Хуҷанд ба умеди Ҳаким Карим буд, аммо вайро пайдо накарду бо нависанда Раҳим Ҷалил ошно шуд. Дар он ҷо Турсунзодаро Раҳим Ҷалил, шоири ӯзбекзабон Аширмат Назаров, Зариф Раҷаб ва рӯзноманигор Тоҷӣ Усмон таҳти сарпарастии худ гирифтанд. Дар суҳбате бо Раҳим Ҷалил устод Турсунзода дар мавриди тарки пойтахт карданаш чунин менигорад: “Шумо медонед, ки ман дар идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор мекардам. Бо фалонӣ ошам напӯхта монд. Бинам, ҳар чизу ҳар гапро баҳона карда, айбу эродгирӣ мекунад, ариза дода, аз кор холӣ шудам. Гумонам ин буд, ки аз ягон газетаи дигар кор меёбам. Аммо вай дили газетаҳои дигарро аз ман беҳузур карда будааст. Ноилоҷ билет харидаму рост роҳи Хуҷандро пеш гирифтам” (ниг.: Сайфуллоев, Атахон. Мирзо Турсунзода: Очерки ҳаёт ва эҷодиёти шоир. -Душанбе: Ирфон, 1983. С.25).  Ҳамин гуна бархӯрд кардани “фалонӣ” бо шахси устод Турсунзода ва “бо фалонӣ ошам напӯхта монд” гуфтани шоирро адабиётшиноси фақид, устод Соҳиб Табаров ҳам, бо такя ба як мактуб ва дар доираи матлаби “Як саҳифаи ҳаёти Турсунзода”матраҳ кардааст (ниг.: Як саҳифаи ҳаёти Турсунзода. Ба чоп ҳозиркунанда узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Табаров. Дар китоби: Ошёни меҳр. Маҷмӯа. Душанбе: Адиб, 2001. С.212). Солҳои сиюм душманони миллат ангушти иттиҳомотро бештар сари кадрҳои ҷавони қобилиятноки миллӣ рост мекарданд ва дар қатори кадрҳои миллӣ устод Турсунзода ҳам қарор дошт. Ин буд, ки душманону фурсатталабон бо ҳар роҳу васила мехостанд, ӯро аз бозӣ бадар созанд, то ин ки роҳро барои роҳандозӣ кардани нақша ва барномаҳои зиддимиллӣ ҳамвор намоянд. Ба ин тариқ, устод Турсунзода вазъиятро дуруст дарк карда, сари вақт аз бади ҳаводис ба Хуҷанд паноҳ мебарад ва чанде дар он муҳити адабӣ фаъолият карда, бо ба вуҷуд омадани шароити мусоид боз ба пойтахт бармегардад. Ба сухани дигар, фаросати сиёсӣ, дурандешии мафкуравӣ, дарки ҳолу ҳавои замонӣ ва салиқаи рамузфаҳмии устод боиси саломат монданаш дар гирудорҳои солҳои сиюм гардид. Аз ҷониби дигар, устод марҳила ба марҳила ба таври тадриҷӣ маҳорату малакаи сиёсӣ ва таҷрибаи адабию маданӣ касб мекунад.

   Сеюм. Пас аз пушти сар шудани солҳои бисёр ҳассосу пурфоҷеаи сиюми асри бист устод Турсунзода чун фарзанди фидокори миллат боз ба арсаи мубориза баргашта, дар масири сохтусози фарҳанги миллӣ ва офариниши фазою муҳити бози адабию маданӣ қадамҳои устувор бармедорад. Мутмаинан, Турсунзода аз мактаби ватанпарастӣ ва миллатсозии устодон Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров гузашта буд ва мисли ин ду шахсияти бузурги таърихию сиёсӣ сиёсати шӯравиро дар сатҳи аҳсан ба манфиати миллати тоҷик истифода бурда тавонист. То ҷое ки устод Айнӣ ба ин шогирди дар роҳи миллатпарастию ҳувиятсозӣ ба дараҷаи устодирасида эътиқод ва эътимод пайдо карда буд. Мушаххасоти шоирӣ, ҳунарӣ, раҳбарӣ, ташкилотчигӣ, ҳимматбаландӣ, масъулиятшиносӣ, ватандорӣ ва миллатпарастии устод Турсунзодаро ҳанӯз устод Айнӣ пай бурда, боре дар ҳузури Раҳим Ҳошим дар мавриди ӯ гуфта будааст: “Ин ҷавони миёнақади пуррарӯйи ҳисорӣ қобилияти аҷибе дорад. Гап фақат дар қобилияти шоирии вай нест, балки ӯ одамонро ба гирди худ ҷамъ карда, муборизаи худхоҳӣ ва худписандиҳоро барҳам дода, пеши роҳи зуҳури гурӯҳбандиҳо ва маҳалчигиҳоро гирифта ҷиҳатҳои қавӣ ва неки ҳар як аз онҳоро ёфта метавонад ва барои пешрафти адабиёт аз ранҷиш ва озурдагиҳои шахсӣ чашм мепӯшад” (ниг.: Фиш, Радий, Ҳошим, Раҳим. Бо амри виҷдон. Душанбе: Ирфон, 1979. С.209). Дар зимн, устод Раҳим Ҳошим дар мавриди баҳое, ки устод Айнӣ ба Турсунзода дода буд, таваққуф намуда, менависад: “Айнӣ, ки дар изҳори ҳиссиёти худ худдор ва дар таъриф кардани одамон хеле эҳтиёткор аст, дар ин ҷавон қобилияти роҳбар ва падар шудан ба насли ҷавони адибони тоҷикро мебинад (ниг.: Фиш, Радий, Ҳошим, Раҳим. Бо амри виҷдон. Душанбе: Ирфон, 1979. С.209). Дар навбати худ, фарзандони бузурги миллат Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода эҳтиёт намудани устод Айнӣ ва ба ӯ ғамхорӣ карданро аз ҷумлаи вазифаҳои асосии худ донистаанд (ниг.: Отахонова, Хуршеда. Чеҳраҳои шинохта. –Душанбе: Деваштич, 2004. С.41). Гузашта аз ин,  ҳанӯз дар имтидоди солҳои чиҳилу шасти садаи бист қобилияти ташкилотчигӣ, маҳорати суханварӣ, малакаи раҳбарӣ, бартарияти сиёсӣ ва мушаххасоти адабию эҷодии устод Турсунзодаро ба назар гирифта, давлати Шӯравӣ Ҷоизаи Сталинӣ (1948) ва баъдан унвони олии “Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ”-ро сазовораш медонад (ниг.: Асозода, Х. Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ. Душанбе: Шуҷоиён, 2010. С.162).

   Чаҳорум. Устод Турсунзода баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ба мавзӯъҳои сулҳу дӯстӣ ва мардумпарастию гуманизм рӯ меоварад ва наҷот ёфтани башар, аз ҷумла мардуми азияткашидаи Осиё ва Африқоро аз зулму истибдоди империализми ҷаҳонӣ маҳаки кори тасвир, эҷод ва таблиғу ташвиқ қарор медиҳад. Дар ин замина, достонҳои “Садои Осиё”(1955), “Духтари муқаддас”(1955), “Чароғи абадӣ”(1957) ва “Ҷони ширин”(1960) навишта, аз ин тариқ мавзӯи муборизаи халқҳои Осиё ва Африқоро дунбол мекунад (ниг.: Асозода, Худойназар. Таърихи адабиёти тоҷик (давраи нав). Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2014. С.422). Дар ин марҳила устод Турсунзода дар доираи Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо аз кишварҳои гуногуни сайёра дидан мекунад, дар ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ ширкат меварзад, сари мавзӯъҳои сулҳу дӯстӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ аз тариқи минбарҳои баланди сиёсӣ гузоришҳо ироа медорад, мардуми мазлумро ба мубориза алайҳи истисмору истеъмори ҷаҳони сармоядорӣ даъват мекунад, раванди муборизаҳои миллӣ-озодихоҳиро таҳкиму тақвият мебахшад ва минҳайси мунодии сулҳу дӯстӣ дар қораи Осиё ва Африқо маҳбубият пайдо менамояд. Сарнавишти халқу миллатҳои дар зери юғи истибдодмонда ҳамеша устод Мирзо Турсунзодаро нороҳат мекард ва ӯ дар доираи барномаҳои сафарӣ ва диду боздидҳо садои эътироз баланд мекард ва зулму истибдодро дар ҳар шакле маҳкум менамуд. Дар ин замина гуфтаи шоири бузурги рус Сергей Михалков айни муддаост: “Мирзо Турсунзода дар наздикшавии кишварҳои Осиё ва Африқо, муборизаи мардуми ин қитъаҳо алайҳи мустамликадорӣ, расиданашон ба истиқлолу озодӣ саҳми бузурге гузоштааст” (ниг.: Турсунзода дар ёдҳо. Мураттибон Гулназар ва Гурез Сафар. –Душанбе: Адиб, 2011. С.3). Дар зимн, устод истиқрори озодию истиқлол, сулҳу субот, раҳоӣ аз ҷабру зулм, дафъу рафъи истибдоду истисмор ва зиндагии шоиста зери чархи кабуду осмони софу беғубори сайёраи Заминро орзуи дерини инсонӣ дониста, “Дар орзуи ошён” ном шеъраш ормони ҳазорсолаи одамиро бо забони ширину шевои тоҷикӣ гӯшзад мекунад:

Ба умри худ магар дидӣ касеро,

Ки аз рӯйи замин безор бошад.

Ба фикри осмони беғубору

Қадамнорас сари кӯҳсор бошад?

 

Кунад парвоз монанди уқобон,

Ба ҳар ҷо, ки дилаш хоҳад нишинад.

Дигар ҷавру ҷафои золимонро

Ба дӯши худ на бардорад, на бинад:

 

На дигар бинаду аз доғ сӯзад

Замини зерипогардидаи худ.

Дили хунину пурдоғи фақирон,

Тани бо дарду ғам печидаи худ.

(ниг.:Гулчини ашъори устод Турсунзода. Бо кӯшиш ва интихоби Муҳаммадҷаъфар Ранҷбар. Муҳаррири масъул Сайёд Ғаффор. Душанбе: Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ, 2011. С.39)

  Панҷум. Устод Турсунзода, новобаста аз серкорӣ ва масруфиёти сиёсию давлатӣ, тайи фаъолияти босамари фикрию эҷодӣ 200 мақолаву очерк ва қайдҳои сафар ба мерос гузоштааст, ки ғолибан маҳсули бардошт, диду боздид ва мулоқоту вохӯриҳои ӯ ба гӯшаву канори мамлакати паҳновари вақт (манзур Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ аст) ва 25 кишвари Шарқу Ғарб мебошанд. Як қисми нутқу гузориш ва мақолаву очеркҳояш дар китоби  “Сулҳ бар ҷанг пирӯз мешавад”(1950, ба забони русӣ), қисми дигар дар китоби “Сайёраи инсоният”(1981, ба забони русӣ) ва дар ҷилди дуюми мунтахаби осори ӯ таҳти унвони “Мақолаҳои адабӣ-танқидӣ ва публитсистӣ”(1985, ба забони русӣ) гирдоварӣ шудаанд (ниг.: Асозода, Худойназар. Таърихи адабиёти тоҷик (давраи нав). Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2014. С.427).

  Вазъи адабу фарҳанги миллӣ ва умуман, мероси маънавии мо ҳамеша мадди назари устод Турсуқнзода қарор дошт ва ӯ эҷодкорони асилро дар мақоми офарандагони таърих мешинохт ва қадр мекард. Ба ин маънӣ, устод соли 1976 мақолаи “Мо офаринандагони таърихем”-ро таълиф намуда, аз ояндасозӣ ва ҳунари таърихофаринии инсон дар симои одами советӣ, ки тоҷик ҳам ҷузъи ҷудонопазири миллиятҳои шӯравӣ маҳсуб меёфт, сухан ба миён оварда, аз сабки муборизаи мафкуравии миллияти тоҷик тамҷид карда буд (муфассал ниг.: Турсунзода, Мирзо. Куллиёт. Иборат аз шаш ҷилд. Ҷилди 3-юм. Осори ададӣ-танқидӣ. /Мураттиб ва муаллифи эзоҳот Ю. Бобоев. –Душанбе: “Ирфон”, 1979. С.5-17), ки аз сатҳи баланди гуманизм ва жарфнигарии устод дарак медиҳад. Илова бар ин, устод Турсунзода халқро манбаи илҳом ва тасвиру инъикоси ҳақиқату воқеият ва манофеи миллию мардумиро ба унвони меъёру меҳвари кори эҷодӣ талаққӣ намуда, зимни мусоҳиба бо мухбири газетаи рақами яки сиёсии замони шӯравӣ -- “Правда” (барои иттилои бештар таваҷҷуҳ шавад ба мусоҳибаи мухбири газетаи “Правда” бо М. Турсунзода таҳти унвони “Ҳаёти халқ – манбаи илҳом” дар китоби: Турсунзода, Мирзо. Куллиёт. Иборат аз чор ҷилд. Ҷилди 1V. Мақолаҳо. /Тарт.: Ф. Турсунзода, Х. Отахонова. –Душанбе: “Ирфон”, 1985. С.120-123) роҷеъ ба рисолати шоир ва миссияи санъаткор гуфта буд: “Шоир бояд, ки ба ҷаҳон бо чашми хирад бингарад, тамоми вусъати ҳаёти халқро мушоҳида намояд, шарики шодию ғами халқ бошад.

   Дар замони мо санъаткор дар кунҷи хонаи танҳо асар офарида наметавонад. Ҳар он чи ки бо ҳаёти ҷамъият алоқаву иртибот дорад, бояд вориди хонаи эҷоди ӯ гардад” (ниг.: Турсунзода, Мирзо. Куллиёт. Иборат аз чор ҷилд. Ҷилди 1V. Мақолаҳо. /Тарт.: Ф. Турсунзода, Х. Отахонова. –Душанбе: “Ирфон”, 1985. С.122). Ба назари М. Турсунзода, “санъаткор, агар ӯ санъаткори ҳақиқӣ бошад, аз пайкари иҷтимоии замони худ ҷудо нест, аз муборизаи ҷамъиятӣ баҳри тасдиқи ҳар чизи зинда, ки даврон офаридааст, баҳри амалӣ кардани идеяҳои гуманистӣ ҷудо нест” (ниг.: Асозода, Худойназар. Таърихи адабиёти тоҷик (давраи нав). Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2014. С.427-428).

   Шашум. Устод Турсунзода, қабл аз ҳама, ҳамчун шоир дили ҳазорон нафар тоҷику тоҷикистониро тасхир намуда буд. Устод дар ҳар ҷое ва ҳар маҳфиле, ки ҳузур пайдо мекард, боиси шодию сурури мардум мегардид. Ишқу алоқаи бепоён ба мардум ӯро ба символи дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, самимияту мурувват, назокату латофат, ишқу отифат ва садоқату шарофат табдил дода буд. Дигар ин ки устод рисолати шоирро дар сӯхтану сохтан арзёбӣ мекунад ва сӯхту созро ба қисмати шоирӣ тавъам дониста, мефармояд:

   Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар?

   Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар.

   Сӯхтан пӯлоду оҳан офарад,

   Аз шароре тоза гулхан офарад...

   Шеър ҳам бояд занад фавворае,

   Аз танӯри дил чу оташпорае...

(ниг.: Ошёни меҳр. Маҷмӯа. –Душанбе: Адиб, 2001. С.60).

  Заҳмати шоир ва масъулияти ҳунари шоириро дарк карда, устод ба моҳиятдиҳии шеъри худ мепардозад ва ишора мекунад:

    Шеъри ман, хуни ҷигар ё пораи дил гӯямат,

    Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гӯямат.

    Ё хуруҷи мавҷ дар домони соҳил гӯямат...

    Мухтасар, сар то ба по савдои мушкил гӯямат.

   (ниг.: Ошёни меҳр. Маҷмӯа. –Душанбе: Адиб, 2001. С.59).

  Ин аст, ки устод рисолати шоир ва шеърро дар бедор кардани мардум ва ба саодату хушбахтӣ расонидани навъи башар арзёбӣ мекунад. Ба ин далел, шеъри Турсунзода, бо гузашти чиҳилу чаҳор сол ҳам мазмуну моҳияти худро гум накардааст ва ҳанӯз ҳам барои иттиҳоду ҳамбастагӣ, пойдории сулҳу дӯстӣ ва рафоқату адолат ва раҳоии мардум аз ихтилофоти нажодию мазҳабӣ ва хунию пӯстӣ хидмат мекунад.    

  Ҳафтум. Устод Турсунзода дар тарбияи насли нави шоирону нависандагон ва рушди адабиёту фарҳанги миллӣ саҳми сазовор гузоштааст. Насле, ки устод тарбият ва ба камол расонидааст (Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Саттор Турсун ва дигарон), рамз ва символҳои адабиёти навини тоҷиканд. Пайваста дар фикри рушду тараққии адабу фарҳанги миллӣ будан ва ҳамаҷониба дастгирӣ кардани шоирону нависандагони ҷавон формулаи зиндагии шахсӣ ва давлатии устод Турсунзода будааст. Парвардаи мактаби сиёсӣ, адабӣ ва мадании устод Турсунзода Муъмин Қаноат лаҳзаҳои охири зиндагӣ ва насиҳату андарзҳои устодро, ки дар шоҳидии шоир (манзур Муъмин Қаноат аст) ба забон овардааст, чунин ёдоварӣ намудааст: “Ман ба Николай Тихонов занг задам ва аз ҷумла гуфтам, ки ҳам беморам ва ҳам Даҳаи русро дорем ва дар ҷаласаи Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ наметавонам ширкат кунам ва лизо ваколати ман низ ба уҳдаи шумост. Ва аммо бо ин хоҳиш, ки вақти ҷаласа “Сурӯши Сталинград”-и Мӯъмин Қаноат аз ёд наравад”. Бо шунидани ин суханон Муъмин Қаноат мегӯяд: “Устод муҳим саломатии шумост, на ҷоиза”. М. Турсунзода мегӯяд: “Бародар, зиндагӣ танҳо ҳамин як роҳ дорад: мубориза барои ҳадафи аслӣ, то охирин нафас...” ва дар лаҳзаи ҷон додан устод Турсунзода ба М. Қаноат муроҷиат карда мегӯянд: “Худатро ва Иттифоқро эҳтиёт кун, ки мо рафтем” (ниг.: Асозода, Х. Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ. Душанбе: Шуҷоиён, 2010. С.166). Устод Турсунзода, чуноне ки адабиётшиноси муосири тоҷик, шодравон Худойназар Асозода таъкид кардаанд, дар зиндагии шахсӣ ва эҷодӣ манфиат надоштанд. Ҳатто дар охирин лаҳазоти умр ба фарзандонаш васият кардаанд: “Ҳарчи дорам, ба миллат тааллуқ дорад, талош накунанд” ва, воқеан, фарзандони устод ҳар чи ки аз устод боқӣ монда буд, гирдоварӣ карда, дар ихтиёри хона-музей қарор доданд (ниг.: Асозода, Х. Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ. Душанбе: Шуҷоиён, 2010. С.166).

  Ҳаштум. Устод Турсунзода дар баробари бузургтарин чеҳраҳои сиёсию мадании даврони Шӯравӣ назири Николай Тихонови ленинградӣ, Константин Симонови рус, Мирзо Иброҳиму Самад Вурғуни озарбойҷонӣ, Чингиз Айтматови қирғиз, Ҳамид Ғулому Ғафур Ғуломи ӯзбекистонӣ, Расул Ғамзатови доғистонӣ, Эдуардас Межелайтеси литвонӣ чеҳранамоӣ мекард (ниг.: Асозода, Х. Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ. Душанбе: Шуҷоиён, 2010. С.159) ва бо он ки имрӯз, мутаассифона, исми он симоҳои тобноки адабу фарҳанги шӯравӣ аз хотираҳо фаромӯш шуда истодаанд, номи фарзанди миллати тоҷик ҳанӯз дар лавҳи хотираҳост. Муҳимтар аз ҳама, қатъи назар аз “ревизия-тафтишҳо”-и осори бузургоне мисли Турсунзода ва сангпартоиҳои ҳадафмандона тарафи онҳо (ниг.: Асозода, Х. Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ. Душанбе: Шуҷоиён, 2010. С.163), қадру манзалаташонро на танҳо пойин намебарад, балки болотар месозад (муфассалтар ниг.: Сайидзода, Ҷамолиддин. Нақди солим ва носолим. Душанбе, 2021. С.86-155). Мунаққид ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Атахон Сайфуллоев бо истинод ба байти машҳури устод Турсунзода: “Шодмон мезистӣ, ки бо уқобон ҳамсафӣ, Сар ба сақфи осмонию ситора дар кафӣ” обрӯю эътибор ва нуфузу шукӯҳи устодро дар таъбири “ҳамсафи уқобон” хеле хуб ғунҷонидааст (ниг.: Сайфуллоев, Атахон. Мирзо Турсунзода: Очерки ҳаёт ва эҷодиёти шоир. –Душанбе: Ирфон, 1983. С.3). Чун ӯ шоири халқ буд, ҳамеша паҳлуи халқ мемонад, ниёзҳои мардумро, ки бар мабнои сулҳу ваҳдат, дӯстию рафоқат, оромию амният ва меҳру муҳаббат устуворанд, бароварда сохта, ташнагони адабу фарҳанги тоҷикро доимо шодоб мегардонад. Ба қавли Николай Тихонов:    

               Туро донам бузургу солдида,

               Валекин чун ҳунар доим ҷавонӣ,

              Ҳунар пирӣ надорад, то ҷаҳон ҳаст,

              Ту ҳам пирӣ надорӣ, ҷовидонӣ.

(ниг.: Сайфуллоев, Атахон. Мирзо Турсунзода: Очерки ҳаёт ва эҷодиёти шоир. –Душанбе: Ирфон, 1983. С.16)

 Нуҳум. Устод миёни элита ва нухбагони адабӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии Шӯравӣ ва қораи Осиё ва        Африқо нуфуз ва эътибори баланд дошт, ки ин навъ мақому манзалат то имрӯз ба ҳеҷ як аз адиби сиёсатмадори мо насиб нагаштааст. Устодро ба хотири озодагӣ, самимият ва инсонияти баланд адибону ҳамқаламони давр  дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд. Шоири бузурги Покистон ва дӯсти устод Турсунзода Файз Аҳмади Файз гуфта буд: “Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик аст” (ниг.: Турсунзода дар ёдҳо. Мураттибон Гулназар ва Гурез Сафар. –Душанбе: Адиб, 2011. С.3). Адиби бузурги Озарбойҷон Мирзо Иброҳимов навиштааст: “Ман дар тамоми умри худ мисли ӯ (М. Турсунзода) донанда ва эҳтиромкунандаи шеъри классикии Шарқ ва албатта, форсии тоҷикиро басо кам дидаам... Вай аз зебоии зиндагӣ моҳирона баҳра мебардошт, чӣ будани ғаму андӯҳро мефаҳмид ва ба бадбахтии дигарон шарик шуда метавонист” (ниг.: Турсунзода дар ёдҳо. Мураттибон Гулназар ва Гурез Сафар. –Душанбе: Адиб, 2011. С.4). Нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов ба Турсунзода иродат варзида, гуфта буд: “Мирзо Турсунзода барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва ҳаст... Мирзо Турсунзода як шахсияти бемислу назирест” (ниг.: Турсунзода дар ёдҳо. Мураттибон Гулназар ва Гурез Сафар. –Душанбе: Адиб, 2011. С.4).

  Даҳум. Устод Турсунзода бо ҷасорати фардию эҷодӣ бо шароит ва мушкилоти сангини замон ва асри худ дасту панҷа нарм мекунад. Ӯ аз асри худ (асри бист), ки ба унвони асри таҷаддуду таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ, фикрию маданӣ ва илмию техникӣ овозадор шудааст, шиква намекунад, баръакс, ҳамчун файласуфу озодандеш тафохур менамояд, ки дар ин аср муборизамадорӣ ва умрфарсоӣ мекунад. Дар шеъри машҳури “Асри ман” (1972) устод Турсунзода муфтахирона мегӯяд:

    Шиквае аз ту надорам, асри ман,

    Чун туӣ омӯзгорам, асри ман.

    Бахти хоболуди ман ҷубондаӣ,

    Соҳибэъҷозат шуморам, асри ман...

    Аз замин бардоштӣ то осмон,

    Шуҳрату шаъни диёрам, асри ман.

    Одамиро боз дар ҳайрат гузор,

    Қувваи эҷодкорам, асри ман.

    Дидаӣ дар имтиҳонҳои бузург

   Аҳди худро устуворам, асри ман.

   Сар фуровардам ба пеши зан, вале

   Шуд фалак дар ихтиёрам, асри ман.

   Гар накардам пурра қарзамро адо,

   Авф кун, маъзур дорам, асри ман.

(ниг.: Турсунзода, Мирзо. Ошёни баланд. /Мураттиб Музаффар Холов. –Душанбе: “Маориф ва фарҳанг”, 2011. С.90)

    Дар баробари бархӯрди оптимистонаи устод Турсунзода, шоир ва файласуфи шаҳири Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол дар “Асрор ва румуз” ба асри бист (дар таъбири Иқбол, “асри ман”) бо афсурдагӣ ва яъсу ноумедӣ --- пессимизм бархӯрд мекунад ва дар ин замина шикояву гилоя пеш меоварад:

          Асри ман донандаи асрор нест,

          Юсуфи ман баҳри ин бозор нест.

          Ноумедастам зи ёрони қадим,

          Тури ман сӯзад, ки меояд Калим.

          Қулзуми ёрон чу шабнам бехурӯш,

          Шабнами ман мисли як тӯфонбадӯш.

          Нағмаи ман аз ҷаҳони дигар аст,

          Ин ҷарасро корвони дигар аст.

(ниг.: Лоҳурӣ, Муҳаммад Иқбол. Куллиёти форсӣ. Таҳияи матн ва таҳқиқи илмии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Шарафнисо Пӯлодова. –Душанбе: Дониш, 2013. С.54)

   Аз ин ҷост, ки агар шоир ва файласуфи шаҳири Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол аз асри ман (асри хеш) шикваю гилоя намояд (Асри ман донандаи асрор нест, Юсуфи ман баҳри ин бозор нест...), устод Турсунзода дар қолаби ин шеър (манзур шеъри “Асри ман” аст) гилояро канор зада, аз шукӯҳу шаҳомати инсонӣ, неруи эҷодкорӣ, қудрату тавонмандиҳои одамӣ ва шуҳратёрии халқи худ сухан ба миён меоварад ва баръакси Иқбол аз асри худ изҳори ризоият мекунад. Зимнан, оптимизм ва ба оянда назари нек доштан шахсияти устод Турсунзодаро аз дигар бузургон мутафовит месозад.

   Ёздаҳум. Ҳар қадар замон мегузарад, ҳамон қадар ба шахсият ва мероси устод Турсунзода ниёз пайдо мекунем. Имрӯз, бо он ки илму техника вусъати кайҳонӣ касб намуда, инсон ба авҷи кайҳон роҳ ёфтааст, мушкилоти ҷиддии фикрию ақидатӣ ва ахлоқию арзишӣ дар мисоли зуҳуру ҳузури фаъоли созмону гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва сарпарастии онҳо аз ҷониби баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ башарро аз ҳар ҷиҳат таҳдиду нигарон мекунад ва оромишу амниятро зери суол мебарад. Ин аст, ки худ аз худ талабот ва ниёзу эҳтиёҷи бештару бештар ба омӯзишу тарғиби шахсият ва осори Турсунзода дар шароити муосири бархӯрдҳои тамаддунӣ ва геополитикӣ ба миён меояд. Бубинед, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 90-солагии устод М. Турсунзода 27 октябри соли 2001 авзои асафбору ҳассоси замонро, ки бар асари ташаннуҷи экстремизму терроризми динӣ иттифоқ афтода буд (манзур ҳамлаву амалиёти террористии 11 сентябри соли 2001 ба бурҷҳои шаҳри Ню-Йорк ва  қароргоҳи ҳарбии Пентагон аст, ки боиси танишҳои ҷиддӣ дар сиёсати минтақавию глобалӣ ва авҷ гирифтани ҳассосиятҳои замонӣ шуда буд), пеши назар оварда, дар ин замина зарурати омӯзиши мукаррари мероси устод Турсунзодаро таъкид намуда, гуфта буд: “...Воқеан, рафти зиндагӣ ва доман паҳн намудани терроризми байналхалқӣ имрӯз аксари кулли кишварҳои ҷаҳонро водор намуд, ки маҳз ҳамин роҳу равишро пеш гиранд. Бояд гуфт, ки дар чунин шароит шеъри сулҳпарвари Мирзо Турсунзода ҳамоҳанги маҷрои ҳаёт аст ва имрӯз ҳам хеле замонавӣ садо медиҳад. Вобаста ба ин мехоҳам бигӯям, ки адибон ва тамоми зиёиён бояд аз зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода сабақ гиранд, дар ҳаёт мавқеи фаъоли гражданиро ишғол намоянд, бо сухан ва ҳунари муассир ғояҳои олӣ ва ҷовидона --- сулҳ, ваҳдат, худшиносии миллию ватанпарастиро дар дилу шуури наслҳои нав ҷой намоянд ва арзишҳои умимибашариро дар ҷомеа тарғиб созанд. Вазифаи муқаддаси зиёиён, қарзи граждании онҳоро мо, пеш аз ҳама, дар ҳамин мебинем” (ниг.: Турсунзода дар ёдҳо. Мураттибон Гулназар ва Гурез Сафар. –Душанбе: Адиб, 2011. С.15). Дар ҳоле ки имрӯз дар қиёс бо 20 соли пеш авзои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муташанниҷтар шудааст, зарурати бештар ба шахсият ва мероси Турсунзода ба миён меояд. Дақиқан, шахсияте мисли Турсунзода мебояд, ки рӯйи ғалату иштибоҳоти сенариясозону бозингарони саҳнаҳои сиёсию низомӣ, ки боиси маргумири миллионҳо нафар мегарданд, тамаркуз кунад ва ҳамчун сафири сулҳу дӯстӣ ва адолату  мардумсолорӣ ҳалқаи гусастаи қавмияту халқиятҳои ҷаҳонро аз нав пайванд намояд. Ба ин маънӣ, мо ба шахсият ва осори устод Мирзо Турсунзода на танҳо имрӯз, балки фардо ва оянда ҳам ниёз дорем.

 

 Нозим Нуров

пажӯҳишгар

Хондан 1495 маротиба