JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 17 Апрели 2021 17:42

Суҳроб дар умқи хотири мост! (ёдкарде дар арафаи зодрӯзи сиёсатшинос ва ходими давлатӣ устод Суҳроб Шарифов)

Муаллиф: Н. Нуров

   Исми Суҳроб Шарифов  солҳост, ки дар муҳитҳои илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ ошност ва бо он ки аз марги ӯ зиёда аз шаш сол сипарӣ мешавад (устод 19 январи соли 2015 бар асари бемории шадид аз ҷаҳон чашм пӯшид), ҳанӯз ҳам дар хотираи соҳибдилон зинда аст. Ҳанӯз ҳам ҷомеаи мадании мо баҳсу талошҳои ӯро дар ростои шинохти манофеи миллию давлатӣ, интиқоди мунсифонаи мушкилоти иҷтимоӣ, баррасии фазои сиёсию мафкуравии ҷумҳурӣ дар ёд доранд. Муҳимтар аз ҳама, устод Суҳроб Шарифов минҳайси сиёсатшинос, донишманд ва фаъоли маданӣ мушкилоти иҷтимоӣ ва масоили миллию давлатиро дуруст дарк мекард ва ҷиҳати ташхиси уҳдаҳо ва камбуду навоқиси ҷойдошта пешниҳодоти мушаххас ироа медошт. Ба сухани равшантар, устод Суҳроб Шарифов ба сарнавишти давлат, миллат ва ҷомеаи тоҷик бетафовут набуд ва дар тарҳ, бозбинӣ, бозшиносӣ ва ҳалли мушкилоти миллӣ худро муваззаф меҳисобид.

   Дар ташаккул ва рушди шахсияти устод Суҳроб Шарифов муҳити хонаводагӣ, фазои мадании пойтахт, ҳавзаи илмии Маскав ва таҷрибаи мудирияти сиёсию давлатӣ корсоз будаанд. Айёми туфулият ва наврасию ҷавонии Суҳроб ба муҳити хонаводагӣ ва фазои маънавию мадании Душанбеи замони шӯравӣ иртибот мегирад ва ӯ таҳти тарбияи падари бузургвор, устоди фақид Иброн Шарифов (доктори илми фалсафа, профессор) бузург шуда, аз назокати улуми фалсафӣ ва шинохти воқеияти зиндагӣ баҳраманд мегардад. Баъдан, ба муҳити илмию фарҳангии Маскав ворид гардида, соли 1988 муътабартарин муассисаи таълимию илмию Иттиҳоди Шӯравӣ -- факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро бомуваффақият хатм мекунад. Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Маскав ва ошноӣ бо бузургтарин файласуфону муҳаққиқони шӯравӣ, ки дар он Донишгоҳи пурнуфуз таълиму тадрис мекарданд, боиси боло рафтани сатҳи донишу биниши илмии Суҳроби ҷавон  мегардад. Қобилият, маҳорат ва сатҳи зарурии фаҳмиши масоили фалсафӣ имкон фароҳам меоварад, ки Суҳроби ҷавон ба сифати муаллим дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов пазируфта мешавад ва наздик ба даҳ сол (солҳои 1988-1998) дар муҳити фалсафии Маскав ба фаъолияти таълимию илмӣ мепардозад. Чун зиндагии устод Суҳроб бо муҳити илмӣ тавъам будааст, бо саюъ талошҳои фаровон дараҷаҳои илмии номзади илми фалсафа ва доктори илмҳои сиёсиро соҳиб гардидааст. Таҷрибаи баррасӣ ва матраҳ кардани масоили фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, динию мазҳабӣ ва наҳоятан, бархӯрди илмию ихтисосӣ бо дилхоҳ мушкилот Суҳробро батадриҷ миёни ҳамнаслон ва умуман, қишри зиёиёну фарҳангиён соҳибмартаба месозад. Гузашта аз ин, устод Суҳроб Шарифов дар мақоми донишманд ва муҳаққиқ муаллифи ду монография, бештар аз 300 мақолаи илмӣ-таҳлилӣ буда, дар кори зиёда аз сад конфронсу ҳамоишҳои байналмилалии илмию амалӣ фаъолона ширкат варзидааст.

   Пас аз он ки ба ватан бармегардад, ба кори мудирияти сиёсӣ ҷалб шуда, симатҳои мудири Шуъбаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1998-2001), муовини мудири Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2001-2003) ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011)-ро бар уҳда мегирад. Донишҳои фалсафӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва касби таҷрибаи сиёсӣ Суҳроб Шарифовро дар муҳитҳои сиёсию фарҳангӣ ҳамчун як мудир-омили муваффақ муаррифӣ мекунад. Бавежа, фаъолият дар Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2001-2003) ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1998-2001 ва 2006-2011) сатҳи биниши сиёсӣ ва давлатии ӯро боло мебарад.

  Дар ин ду ниҳоди давлатӣ (Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) Суҳроб Шарифов на танҳо донишу таҷрибаи дар Маскав андӯхтаи худро сарф кард, балки аз савобиқи раҳбарӣ ва мудирияти сиёсию давлатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барҳраманд гардид. Ин аст, ки ӯ аз муваффақтарин мудир-раҳбарони ин ниҳоди калидӣ (Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) маҳсуб меёбад. Суҳроб Шарифов, ҳамчунин неруи ақлонию фикрӣ ва собиқаи сиёсии хешро дар ниҳоди қонунгузор – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2011-2015) санҷида, дар таҳия, таҳрир, бозбинӣ ва тасвиби қонуну барнома ва стратегияҳои давлатӣ фаъолона ширкат варзидааст.  Мавсуф аз тариқи вежагиҳои ҳувиятию ахлоқӣ (худбоварӣ, худкифоятӣ, таҳаммулпазирӣ, мунтақидӣ, эҷодкорӣ, самимият, отифат, муҳаббат, ишқу алоқа ба Ватану Миллат, ғурури миллӣ ва амсоли инҳо), ки хамираи вуҷудии ӯро ташкил додаанд, бо ҷомеа ва табақаҳои сиёсию давлатӣ иртибот барқарор намуда, пайваста ҳадди инсоф ва адолатро шинохтаву риоят кардааст. Нафароне, ки бо ӯ дӯстию ҳамкорӣ доштаанд, муоширати самимӣ, содагии инсонӣ, илтифоту муҳаббати ғайримуқаррарӣ, ҷуръатмандӣ, рӯҳияи мунтақидӣ ва ҷасорати интиқодпазирии вайро ба сифати мушаххасоти мунҳасир ба фарди Суҳроб Шарифов арзёбӣ мекунанд.

  Тайи фаъолияти илмию сиёсӣ ва давлатӣ устод Суҳроб Шарифов узвияти Шӯрои коршиносони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони Паймони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), Шӯроҳои илмии Академияи САҲА (Бишкек) ва Шӯро оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадии илмҳои сиёсӣ буд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои Суҳроб Шарифовро бо Медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр кардааст ва ба хотири гиромидошти ин ходими сиёсию давлатӣ 19 январи соли 2017 бо қарори Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе кӯчаи Степан Шаумяни ноҳияи Шоҳмансур ба номи Суҳроб Шарифов гузошта шуд.

  Сад дареғ, ки Суҳроб Шарифов дар синни камолоти фикрию эҷодӣ моро тарк кард ва ҳазорон орзую ормонро бо худ бурд. 18 апрел зодрӯзи Суҳроб Шарифов аст ва агар устод дар қайди ҳаёт мебуданд, ба синни 58 мерасиданд. Агарчи ӯ ҷисман дар дар миёни мо нест, рӯҳу равонаш ҳамеша дар ҳавза ва муҳитҳои илмию эҷодӣ ва сиёсию мафкуравӣ ҳузур дорад. Зодрӯзи устод Суҳроб, ки умри кӯтоҳи хешро сарфи хидмат ба халқу ватан кардааст, барои наздикону пайвандон ва алоқамандони илму маданияти миллӣ хуҷаста бод!

  Зиҳӣ, фарзандони миллат назири Суҳроб Шарифов, ки як умр дар хидмати халқу меҳан буда, манофеи миллию давлатиро дар авлавият қарор медиҳанд!

 Н. Нуров

Хондан 1179 маротиба