JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 08 Ноябри 2021 09:27

Баҳри мо – ҳампешагон, ай меҳр, шамси ховарӣ! (паёми шодбошӣ ба муносибати зодрӯзи Меҳр Собириён)

Муаллиф:

   Имрӯз – 8 ноябри соли 2021 аст ва дӯсту ҳамепешаи ҳувиятшиносу донишманди мо Меҳр Собириён зодрӯз доранд. Ҳамагӣ чанд сол аст, ки бо ин донишманд ва меҳанпарасти воқеӣ ифтихори ошноӣ дорем, вале мисли ин ки як умр ӯро мешиносем. Меҳр фардест, ки қабл аз ҳама, бо дидгоҳи миллӣ, ҷиҳатгирии фалсафӣ, пофишории ихтисосӣ ва мавқеияти илмӣ аз соири дӯстону ҳампешагони мо тафовут дорад ва дар ҳама диду боздидҳо, мулоқоту вохӯриҳо, нишасту маҳфилҳо ва муколимаву гуфтугӯҳо ин вежагию мушаххасоти ҳувиятию шахсиятии ӯ, ки самараи заҳмату талошҳо, ковишу ҷустуҷӯҳо ва мушоҳидаву мутолеоти мудавоманд, бармало мегарданд.  

  Меҳр ба лиҳози ихтисосӣ иқтисодшинос аст ва масоили иқтисодиро дар бастагӣ бо иҷтимоиёт, маънавиёт ва мушкилоти миллӣ дунбол мекунад. Кам касеро аз зумраи иқтисодшиносон метавон шинохт, ки монанди Меҳр дар заминаи масоили бунёдӣ ва решаӣ мутолеоти ҷиддии фалсафӣ ва илмӣ дошта бошад. Мавсуф соли 2018 таҷрибаи забонӣ, такмили донишҳои иқтисодӣ ва оморгирии иҷтимоию тахассусиро дар бузургтарин марокизи Ҳиндустон гузашта, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо донишмандони саршинос, менеҷмент-коршиносони иқтисоди минтақавӣ дар иртиботи доимӣ буда, таҷрибаи пешқадами иқтисоди минтақавию ҷаҳониро ҳамвора тарғибу ташвиқ мекунад. Ба наздикӣ Меҳр мақолаи калон ва дар айни замон барои рушду тавеаи иқтисоди миллӣ зарури донишманд ва иқтисодшиноси маъруфи Ҷопонӣ Кеничи Оҳноро аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр кард (барои иттилооти бештар муроҷеа шавад ба: Оҳно, Кеничи. Режими рушд ва тавсеаи сиёсӣ дар Осиёи Шарқӣ (тарҷума ва таҳияи Меҳр Собириён). // Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (24), 2021. –С.233-265. Матлаби мазкур, ҳамчунин дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “www.ravshanfikr.tj” низ нашру пахш шудааст). Ин аст, ки Меҳр таҷрибаи илмию фаннии кишварҳои пешрафта ва мутамаддини ҷаҳониро дар риштаи иқтисод ва омори миллию фаромиллӣ андӯхта, дар заминаи мушкилот ва ислоҳоти иқтисоди миллӣ мустақилона пажӯҳишҳои илмӣ ва ихтисосӣ анҷом медиҳад.

  Чанд соли ахир Меҳр бо такя ба маводи илмӣ-таҳқиқӣ ва таҷрибаи пажӯҳишии ҷаҳонӣ сари масъалаҳои ҷиддии ҳувиятӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тамаддунӣ ва геополитикӣ тамаркуз карда, дар матбуоти даврӣ матолиби хуби таҳлилӣ ва илмӣ-оммавӣ интишор медиҳад ва бо ин навъ ибтикорот рисолати илмию ихтисосӣ ва миллию иҷтимоии хешро иҷро менамояд (барои намуна, ба чанд матлаби Меҳр, ки дар ин авохир аз тариқи матбуоти даврӣ интишор гардидаанд, таваҷҷуҳ мекунем: Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 1). // ИмрӯзNews, №147 (2146), 03.09.2020. – С.V1; Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 2). // ИмрӯзNews, №148 (2147), 04.09.2020. – С.V1; Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 3). // ИмрӯзNews, №149 (2148), 07.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Бархӯрди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо (қисми 4). // ИмрӯзNews, №150 (2149), 08.09.2020. –С.V1; Собириён Меҳр. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №1 (19), 2020. –С.159-170; Собириён Меҳр. Геополитика ва манофеи геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (20), 2020. –С.141-157; Собириён Меҳр. Сарнавишти ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. //Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №4 (22), 2020. –С.115-125; Собириён Меҳр. Ҳувияти миллӣ ҳамчун унсури аслии неруи рақобатпазирӣ ва муқовимати миллӣ алайҳи хатарҳои ҷаҳони муосир. // Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №3 (25), 2021. –С.54-59; Собириён Меҳр. Аҳамияти омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ барои кишварҳои рӯ ба рушд. // Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №3 (25), 2021. –С.189-199; Собириён Меҳр. Осиёи Шарқӣ: мавқеи ҷуғрофӣ, аҳолӣ ва захираҳои табиӣ. // Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №4 (26), 2021. –С.53-66).

  Аз ин гузашта, Меҳр солҳост, ки аз тариқи иштироки фаъол дар мабоҳиси шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои фейсбукӣ ба масоили умда ва мушкилоти рӯзи миллӣ таваҷҷуҳ мекунад. Дар зимн, мурури мутолиботу мубоҳисоти Меҳр дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ғолибан ба масоили ҳувиятию миллӣ ва сатҳи ҷаҳонбинӣ иртибот мегиранд, ба мо дар заминаи масъалаҳои мавриди ниёз иттилоот ва мадорики зарурӣ медиҳанд. Ин аст, ки ҳузури чунин шахсияте дар фазои маҷозӣ ва муҳити фикрию мадании тоҷик боиси ифтихори мост.

  Аз фурсати мусоид истифода бурда, рӯзи мавлуди иқтисодшинос ва равшанфикри ҷавони миллӣ Меҳр Собириёнро шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ ва эҷодиаш барору комёбӣ таманно мекунем. Меҳр Собириёни гиромӣ, бигзор, фараҳу оромиш, тандурустию осоиш ва болидагию ромиш ҳамқисмати рӯзгори Шумо ва хонаводаатон бошад. Воқеан:

Ай хушо, бо ифтихор он Меҳрро ёдоварӣ,

Бегумон, устураматни зиндагиро боварӣ,

Аҳду паймон баставу некукасонро ёварӣ,

Ҳеҷ донӣ, дар миёни мо ҳама номоварӣ,

Дар набарди ҷаҳлу зулмат ҳамчу як кундоварӣ,

Баҳри мо - ҳампешагон, ай Меҳр, Шамси Ховарӣ!

 

Зодрӯз муборак, Меҳр Собириёни арҷманд!

 

 

   Бо эҳтиром, аъзои маҳфили

“Ҷаҳони андеша”

 

 

  

МИТРО ХУДОЙИ МИЛЛАТИ ХУРШЕДМАҲЗАР АСТ

(ба ифтихори зодрӯзи рӯшанфикри миллӣ Меҳр Собириён)

 

Митро Худойи миллати хуршедмаҳзар аст,

Елиммадори меҳру мунавварпаямбар аст.

Ҳамзоди оташ асту зи оташ шавад бурун,

Рӯ сӯйи созу сӯз чу мурғи Самандар аст.

 

Сидқу сафову аҳду вафо гар саросар аст,

Ойини Меҳр динкадаи додгустар аст.

Боҳи биҳишти адн бисозад дар ин замин,

Инсон агарки асли вуҷуди тавонгар аст.

Рози набуду буд дар ин корзор чист?

Ин марзу бум рози набарди ду гавҳар аст.

Ё бандагист маслаки мо, ё ки ҳуррият?!

Нозим яқин, ки Меҳр худ озодипарвар аст!

7 ноябри соли 2019,

панҷшанбе, соати 11:40

 

Хондан 936 маротиба