JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 13 Ноябри 2022 05:21

Машҳура, Меҳр - Олиҳаи ишқу отифат!

Муаллиф:

(Паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи муҳаққиқбонуи тоҷик Машҳура Вазирова)

   Имрӯз -- 13 ноябри соли 2022 муҳаққиқбонуи муосири тоҷик Машҳура Вазирова зодрӯз доранд. Ин бонуи илму фарҳанги тоҷик солҳои зиёд аст, ки дар риштаи илмҳои сиёсӣ пажӯҳиш мекунад ва бо ташаббусоту ибтикороти илмию амалии хеш уфуқҳои тозаеро дар ростои фалсафаи сиёсии миллӣ боз мекунад. Бону Машҳура Вазирова таҷрибаи кориро дар кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) оғоз карда, аз вазифаи лаборантӣ шуруъ карда, то ба вазифаҳои илмию раҳбарӣ дар идораҳои гуногун расидааст.

  Ҳанӯз дар замони фаъолият дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовуддинов ва кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо бузургтарин донишмандону файласуфон ва сиёсатшиносони замон минҷумла устодон Мусо Диноршоев, Абдусамад Самиев, Муҳаммад Алӣ Музаффарӣ, Саидов Абдулманон ва дигарон ошно гардида, равиши илмӣ ва методологияи таҳқиқи масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фалсафиро омӯхтааст. Омӯзиш ва пайравӣ аз мактаби фалсафӣ-сиёсии файласуфону донишмандони муосири тоҷик роҳи Машҳураро барои таҳқиқоти густардаи масоили сиёсию иҷтимоӣ ҳамвортар намуд. Аз ҷониби дигар, Машҳура Вазирова солҳо сари масъалаи проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалии рушди глобалӣ ва минтақавӣ тамаркуз карда, ҷустуҷӯю бардоштҳояшро дар заминаи мавзӯи мазкур бо файласуфонону сиёсатшиносони миллӣ Муҳаммад Алӣ Музаффарӣ, Саидов Абдулманон ва  Абдусамад Самиев дар миён мегузорад ва мавзуи “Паноҳҷӯён ва таъсири онҳо ба вазъи иҷтимоӣ-сиёсии манотиқи Осиёи Марказӣ)”  -- “Беженцы и их влияние на социально-политическую ситуацию в Центральноазиатском регионе”)-ро ба унвони мавзӯи рисолаи номзадӣ интихоб намуда, таҳти роҳбарии доктори имлҳои фалсафа, профессор Саидов Абдулманон Сатторович солҳо сари масоили мубрами сиёсӣ ва иҷтимоӣ таҳқиқ мекунад. Машҳура натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ-таҳқиқиашро дар мавзуи “Паноҳҷӯён ва таъсири онҳо ба вазъи иҷтимоӣ-сиёсии манотиқи Осиёи Марказӣ)”  -- “Беженцы и их влияние на социально-политическую ситуацию в Центральноазиатском регионе”) соли 2018 ҷамъбаст намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ мегардад.

  Омӯзиши таҷрибаи илмӣ ва ҳамкорӣ бо устодони варзидаи фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ кори минбаъдаи илмӣ-таҳқиқии муҳаққиқбонуи миллӣ Машҳура Вазироваро равнақи тоза мебахшад ва мавсуф сари масоили муносибатҳои нави сиёсӣ, бархурдҳои муосири минтақавию глобалӣ, хатарҳои имрӯзӣ, равандҳои муосири сиёсию иҷтимоӣ, вазъи паноҳҷӯён дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба равандҳои иҷтимоӣ ва нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ташаккули шуури сиёсӣ таҳқиқро муваффақона идома медиҳад. Натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмию эҷодии Машҳура дар матбуоти даврӣ ва маҷаллаҳои академӣ ва илмӣ-оммавӣ, ҳамчунин сомонаҳои интернетӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ пахшу нашр шудаанд, ки аз маҳорату салиқаи махсуси муҳаққиқ дарак медиҳанд.

   Як вежагии мунҳасир ба фарди Машҳура ин аст, ки ба кулли мушкилоту муааммоҳои зиндагӣ аз равзанаи хушбинӣ (оптимизм) нигариста, ҳамеша ханда бар лаб мусоҳибонро пазироӣ мекунад ва ҳеҷангорӣ (нигилизм)-ю бадбинӣ (пессимизм)-ро дар ҳар шакле қабул надорад. Ин нуқтанзар ва мавқеъгирии инфиродӣ шахсияти фалсафии Машҳураро миёни доираи  ҳамкорону дӯстон  ва ҳавзаҳои корию идорӣ мушаххас мекунад. Хислату сифатҳои вежаи отифӣ Машҳураро миёни ҳамкорону ҳампешагон ва дӯстону пайвандон соҳибэҳтирому машҳур кардааст ва шиносу ошноён ва ҷамъи ҳампешагон бидуни таоруфу такаллуф самимона дӯсташ медоранд.

   Аз фурсати мусоид истифода бурда, рӯзи мавлуди Машҳура Вазироваро  шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ ва эҷодиаш барору комёбӣ таманно мекунем. Бигзор, умри отифат, шарофат, самимият ва латофати ин муҳаққиқбонуи тоҷик поянда бошад ва ҷовидонӣ фараҳу оромиш, тандурустию осоиш ва болидагию ромиш ҳамқисмати рӯзгори ӯ бошад. Воқеан:

         Маҳшура, шуҳраи адабу хислату сифат,

         Маҳшура, шуҳрати шарафу нангу орият,

         Машҳура, ҷавҳари фараҳу ҳилму офият,

         Машҳура, асли ромишу эҳсоси амният,

         Машҳура, Меҳр -- Олиҳаи ишқу отифат!   

 

      Зодрӯз фархунда ва хуҷаста, Машҳураи гиромӣ!

 

    Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

      13 ноябри соли 2022

 

 

 

Хондан 836 маротиба