JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 08 Ноябри 2022 11:15

Ай Меҳр, бо ту тавсеъаи иқтисоди мо! (Паёми табрикӣ ба муносибати зодрӯзи Меҳр Собириёни гиромӣ )

Муаллиф:

   Моҳи ноябр, воқеан, моҳи тантанаи мелоди Меҳр Собириён (8 ноябр), Ҳафиз Холиқзода (10 ноябр), Исомиддин Шарифзода (11 ноябр), Нурмуҳаммад Сафарзода (15 ноябр) ва соири шахсиятҳои матраҳ, саршинос ва барӯманди  миллӣ мебошад. Дар силсилаи афроди саршиносу матраҳи миллӣ, ки солҳои дароз дар хидмати илму фарҳанг садоқатмандона қарор доранд, дӯсти гиромии мо Меҳр Собириён ҷойгоҳи вежа дорад.  Меҳр Собириён ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ бо такя ба донишҳои замонавию таҷрибаи зиндагӣ талош варзидааст, ки воқеиёти рӯзгор ва миллатро бо чашми ақл бубинад ва доир ба мушкилоту муаммоҳои мавҷуда бар мабнои ақлу мантиқ доварӣ намояд.

   Бар илова, Меҳр дар ростои донистани таърихи аҷдодӣ, ташхиси ҳаводиси таърихӣ, шинохти идеал-улгӯву арзишҳои миллӣ, муаррифии мероси бостонӣ, таблиғи ҷаҳонбинии фалсафӣ, тарғиби биниши илмӣ ва дар ҳар мавриду вазъият дар назар гирифтани манофеи миллӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифта, ҳамвора дар ин масир ҳаракат мекунад. Аз сӯйи дигар, Меҳр солҳост, дар мабоҳиси рӯзмарраи фейсбукӣ фаъол буда, сари масоилу мушкилоти миллӣ ва буҳронҳои ҳувиятӣ изҳори назар карда, бо таҳлилу баррасиҳои ҷолиби ихтисосӣ ва мавқеъгириҳои миллӣ миёни доираҳои баҳсӣ соҳибэътибор гардидааст. Дар зимн, Меҳр Собириён ба сифати коршиносу муҳаққиқи миллӣ муҳтазиёту талаботи замонро хуб эҳсос намуда, пайи ташхису ислоҳи мушкилоти фикрӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз тариқи пахшу нашри матолиби ҷолиби илмӣ-ихтисосӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврии ватанӣ гомҳои устувор бармедорад ва аз ин тариқ вазифа ва рисолати иҷтимоӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва ҳувиятии хешро иҷро мекунад. Бавежа, Меҳр Собириён ба сифати муҳаққиқ ва коршиноси муваффақи масоили иқтисоди миллӣ дар барномаи илмӣ-ихтисосӣ ва эҷодиаш масъалаҳои мубрамеро аз қабили ҳадафҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, сатҳи бозиҳои  геополитикӣ, раванди бархӯрдҳои тамаддунӣ, сиёсати фарҳангӣ, зербинои сохтори иҷтимоӣ, мушаххасоти истеҳсолоти ватанӣ, механизмҳои рушди низоми иқтисодӣ, худкифоию тавонмандиҳои фикрӣ дар сохтусози давлатдорӣ ва амсоли инҳоро ҷо дода, ҳар муаммову масъаларо аз рӯйи дараҷа ва сатҳи муҳимияту мубрамияти мавзӯӣ-мундариҷавӣ шарҳу тафсир медиҳад.

   Соли ҷорӣ Меҳр Собириён барои нахустин маротиба натиҷаву ҳосили бардоштҳои илмӣ-пажӯҳишиашро дар қолиби маҷмуаи ҷудогона таҳти унвони “Ду роҳкори рушди миллӣ” ҷамъоварӣ карда, ба табъ расонд, ки аз лиҳози мундариҷавӣ, манобеи омӯзишӣ, ҷобаҷогузории мавзӯӣ, бархӯрди таҳлилӣ-интиқодӣ, сатҳи таҳқиқӣ ва бандубасти илмӣ хеле ҷолиб мебошад (таваҷҷуҳ шавад ба: Собириён, Меҳр. Ду роҳкори рушди миллӣ (Маҷмуаи мақолаҳо). –Душанбе: Дониш, 2022. -294 саҳ.).

   Меҳр минҳайси донишманд ва иқтисодшиноси миллӣ масоили иқтисодиро дар бастагӣ бо иҷтимоиёт, маънавиёт ва мушкилоти миллӣ дунбол мекунад. Кам касеро аз зумраи иқтисодшиносон метавон шинохт, ки монанди Меҳр дар заминаи масоили бунёдӣ ва решаӣ мутолеоти ҷиддии фалсафӣ ва илмӣ дошта бошад. Мавсуф соли 2018 таҷрибаи забонӣ, такмили донишҳои иқтисодӣ ва оморгирии иҷтимоию тахассусиро дар бузургтарин марокизи Ҳиндустон гузашта, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо донишмандони саршинос, менеҷмент-коршиносони иқтисоди минтақавӣ дар иртиботи доимӣ буда, таҷрибаи пешқадами иқтисоди минтақавию ҷаҳониро ҳамвора тарғибу ташвиқ мекунад. Ба наздикӣ Меҳр мақолаи калон ва дар айни замон барои рушду тавеаи иқтисоди миллӣ зарури донишманд ва иқтисодшиноси маъруфи Ҷопонӣ Кеничи Оҳноро аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр кард (барои иттилооти бештар муроҷеа шавад ба: Оҳно, Кеничи. Режими рушд ва тавсеаи сиёсӣ дар Осиёи Шарқӣ (тарҷума ва таҳияи Меҳр Собириён). // Илм ва Ҷомеа. Маҷаллаи академии илмию оммавӣ, №2 (24), 2021. –С.233-265. Матлаби мазкур, ҳамчунин дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон “www.ravshanfikr.tj” низ нашру пахш шудааст). Ин аст, ки Меҳр таҷрибаи илмию фаннии кишварҳои пешрафта ва мутамаддини ҷаҳониро дар риштаи иқтисод ва омори миллию фаромиллӣ андӯхта, дар заминаи мушкилот ва ислоҳоти иқтисоди миллӣ мустақилона пажӯҳишҳои илмӣ ва ихтисосӣ анҷом медиҳад.

  Меҳр, ҳамчунин бо такя ба маводи илмӣ-таҳқиқӣ ва таҷрибаи пажӯҳишии ҷаҳонӣ сари масъалаҳои ҷиддии ҳувиятӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тамаддунӣ ва геополитикӣ тамаркуз карда, дар матбуоти даврӣ матолиби хуби таҳлилӣ ва илмӣ-оммавӣ интишор медиҳад ва бо ин навъ ибтикорот рисолати илмию ихтисосӣ ва миллию иҷтимоии хешро иҷро менамояд. Гузашта аз ин, Меҳр солҳост, ки аз тариқи иштироки фаъол дар мабоҳиси шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои фейсбукӣ ба масоили умда ва мушкилоти рӯзи миллӣ таваҷҷуҳ мекунад. Дар зимн, мурури мутолиботу мубоҳисоти Меҳр дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ғолибан ба масоили ҳувиятию миллӣ ва сатҳи ҷаҳонбинӣ иртибот мегиранд, ба мо дар заминаи масъалаҳои мавриди ниёз иттилоот ва мадорики зарурӣ медиҳанд. Ин аст, ки ҳузури чунин шахсияте дар фазои маҷозӣ ва муҳити фикрию мадании тоҷик боиси ифтихори мост.

   Аз фурсати муносиб истифода бурда, мелоди иқтисодшинос ва равшанфикри муосири миллӣ Меҳр Собириёнро шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ ва эҷодиаш барору комёбӣ таманно мекунем. Бигзор, фараҳу оромиш, тандурустию осоиш ва болидагию ромиш ҳамқисмати рӯзгори Меҳри гиромӣ бошад. Воқеан:

То аз хирад сиришта хамири нажоди мо,

Бегона буд ҷаҳлу ғараз бар ниҳоди мо,

Чархи фалак нагардад агар бар муроди мо,

Гардонадаш ба майли ману ту саводи мо,

Ободиҳо зи қудрати дасти кушоди мо,

 Ай Меҳр, бо ту тавсеъаи иқтисоди мо!  

  

                 Зодрӯз хуҷаста ва фархунда, Меҳр Собириёни гиромӣ!

 

 Бо эҳтиром, аъзои маҳфили

 “Ҷаҳони андеша”

08.11.2022

Хондан 631 маротиба