JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Октябри 2022 11:33

Шахсияти отифӣ – падидаи матраҳи муҳити адабӣ (Паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи забоншинос ва шоири матраҳи тоҷик Сабур Носир)

Муаллиф:

                 Дӯсти донишманд, шахсият ва шоири отифӣ Сабур Носири гиромӣ!
  Имрӯз - 4 октябр мелод ва зодрӯзи Шумост. Агарчи доираи маҳфили “Ҷаҳони андеша” бо шахси Шумо аз наздик дертар ошно шудааст, аммо симои эҷодӣ ва илмиатон кайҳо барои ҳавзаҳои адабӣ ва илмии тоҷик кайҳо боз шинос аст. Зимнан, шахсияти чандбуъдӣ ҳастед ва фаъолияти чандсӯйӣ ва бисёрсамтаи Шумо боиси боло рафтани мақому манзалати адабӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва педагогиатон гардидааст: дар заминаи забону адаби форсӣ ихтисоси донишгоҳӣ гирифтед, дар мақомоти давлатӣ ба сифати мудир-менеҷер фаъолият кардед, дар мурофиаҳои додгоҳӣ дар симати тарҷумон ширкат варзидед, курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро дар самти забони англисӣ бомуваффақият гузашта, минҳайси тарҷумон қувва озмудед, таҷрибаи фикрию илмӣ ва ихтисосию эҷодиро дар бонуфузтарин марокизи мамолики мутамаддини урупоӣ гузаштед, ҳамчун омӯзгор-педагог муваффақед, ба шеър рӯ оварда, дар баёни эҳсосу отифат ба дараҷаи камол расида, шеъри тозаи ғиноию тасвирию отифиро, ки мунҳасир ба фарди Шумост, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ пахшу нашр мекунед. Ин аст, ки муҳити адабӣ, эҷодӣ, педагогӣ, илмӣ ва мадании тоҷик Шуморо хуб мешиносанд ва ба шахсият, фарҳанг, ҳунар ва сабку салиқаи эҷодиатон арҷ мегузоранд.

  Махсусан, ғазалу тарона, рубоию дубайтӣ ва шеъру чакомаҳои Шумо, ки маҳсули зеҳн, тахайюл, эҳсос, тасаввур, дидгоҳ, мавқеъ ва салиқаи вежаатон аст, сафаҳоти фейсбукиро рангин мекунанд ва қариб ки рӯзе нест, бо чакомае хотири корбарони шабакаҳои иҷтимоиро шод насозед. Маҳз шахсияти отифӣ ва ҷанбаи ҳиссӣ-тасвирии шеъри Шумо мавриди таваҷҷуҳ ва писанди доираи васеи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳаводорони шеъру адаби миллӣ гардидааст. Аз ин ҷост, ки Шумо ба унвони падидаи матраҳи муҳити адабию эҷодӣ шинохта шудаед. Хушо, табъу завқе ҳамчунинӣ!
  Гузашта аз ин, таҳқиқоти муфассали илмӣ-ихтисосии Шумо дар заминаи лаҳҷа-диалекти ирониёни Бухоро, ки бо номи “Диалект бухарских иранцев” (-Душанбе: Ирфон, 2015) нашр гардидааст, аз зумраи беҳтарин таҳқиқотҳои илмӣ дар ростои шинохти шева-лаҳҷаҳои ирониёни Бухоро ва умуман, диалектологияи миллӣ маҳсуб меёбад. Ба ин маъно, Шумо дар феҳристи муваффақтарин донишмандону забоншиносони муосири миллӣ қарор доред.
  Аз фурсати мусоид истифода бурда, рӯзи мавлуди Шумо — Сабур Носири азизро шодбош гуфта, дар зиндагии хонаводагӣ ва эҷодиатон барору комёбӣ таманно мекунем. Бигзор, фараҳу оромиш, тандурустию осоиш ва болидагию ромиш ҳамқисмати рӯзгори Шумо ва хонаводаатон бошад. Дар воқеъ:



Забони шеърро дигар садойӣ,

Ки савти ишқро созу навойӣ,

Ба аҳли дарду ғам дардошнойӣ,

Дили захмини ёронро давойӣ,

Агар пурсанд: Кию аз куҷойӣ?

Ҷавобаш ин: Сабур Носири мойӣ!

Зодрӯз муборак, Сабур Носири гиромӣ!


Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

4 октябри соли 2022

Хондан 844 маротиба