JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 23 Августи 2022 06:09

“Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров - шиносномаи миллати тоҷик

Муаллиф: Матлуба НУРОВА

   Мусаллам аст, ки китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров яке аз шоҳкорҳои таърихи миллӣ ва ватанӣ маҳсуб шуда, дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик ва тоҷикистонӣ ҷойгоҳ ва мавқеи асосӣ дорад. Академик Бобоҷон Ғафуров, ки муддати даҳ сол (солҳои 1946-956) вазифаи котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро бар уҳда дошт, шахсияти номдори сиёсӣ, илмӣ ва маданӣ буда, ба сарнавишти халқи тоҷик бетафовут набуд. Махсусан, дар заминаи таърихи миллӣ соли 1948 рисолаи мухтасаре таҳти унвони “История таджикского народа в кратком изложение” ба табъ мерасонад ва дар замони масъулияти директори Паҳӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравиро бар уҳда доштан, ба вусъат бахшидани  таҳқиқоти тоҷикшиносӣ камари ҳиммат баст ва охири солҳои шасти асри бист натиҷаи таҳқиқоти чандинсолаашро дар китоби муфассали илмӣ-таҳқиқотии “Тоҷикон” ҷамъбаст кард. Ба ин тартиб, китоби маъруфу машҳури “Тоҷикон”, аввалан, соли 1972 ба забони русӣ дар Маскав (Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. – М.: Наука, 1972. – 658 с.) ва сониян, солҳои 1973 ва 1985 дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ нашр гардид (Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби 1. - Душанбе, 1973;  Китоби 2, Душанбе, 1985). Дар замони соҳибистиқлолӣ ниёз ба китоб ва чопи муҷаддади он афзуд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуровро ба забони миллӣ  ду маротиба бознашр кард (Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 1998. - 870 с.; Б. Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008. - 870 с.). Ҳамчунин китоби "Тоҷикон" – и академик Бобоҷон Ғафуров ба забонҳои гуногуни дунё чоп шудааст.   

Доир ба муҳтавои мавзӯи баҳси китоби "Тоҷикон" аллома  Бобоҷон Ғафуров  таваҷҷуҳ намуда, дар бахши пешгуфтор менависад: "Китоби якум аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дувум фаслҳои панҷум ва шашумро дар бар кардааст: фасли панҷум таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашум аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр фаро мегирад.

Бояд дар назар дошт, ки дар ҳама ҳолат дар маркази тадқиқоти аллома Бобоҷон Ғафуров таҳлили ҳаматарафаи такдири таърихии халқи тоҷик қарор дошт. Вобаста ба фарогирии даврагӣ, ин таърих хеле тӯлонӣ ва масоили ба он марбут теъдоди ниҳоят зиёдеро дар бар мегирад. Дар доираи масъалаҳои ҳадафи таҳлил қарорёфта, тамоми зинаҳои таърихи халқи тоҷик қарор дорад. Бобоҷон Ғафуров ҳаводису вазъи таърихии аз замони сохти авлодӣ, давраи ҷомеаи Авастоӣ, пайдоиш ва ташаккули ҳавзаҳои давлатии аҷдодони тоҷикони қадим, зӯран ба ҳайати давлати Ҳахоманишҳо ҳамроҳ кардани онҳо, тақдири ояндаи тоҷикон дар замони ҳукмронии сулолаҳои Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён, давраи фоҷиабори истилои арабу зери итоати халифат қарор доштан, давраи тақдирсози соҳибдавлатии замони Сомониён ва ҳазорсолаи асорати силсиласулолаҳои кӯчии муғулу турктаборон, то арафаи эҳёи давлатдории навин (инқилобу барқарор шудани сохтори Шӯравӣ)-ро бо ҷиддияту масъулиятшиносӣ ҳадафи таҳлили илмӣ ва ихтисосӣ қарор додааст.

Аллома Бобоҷон Ғафуров дар “Тоҷикон” бар он пофишорӣ менамояд, ки раванди ташаккулёбии халқияти тоҷик хеле пештар аз ворид шудани арабҳо ба Осиёи Миёна оғоз ёфта буд. Ба ин маънӣ мефармояд: “Протсесси этникие, ки аз давраҳои қадим дар Осиёи Миёна ҷараён дошт, боис гардид, ки Суғдиён, Хоразмиён, Фарғониён, Тахориён барин халқиятҳои гуногуни алоҳида пайдо шуданд. Ҳар як аз ин халқият соҳиби маданияти худ буд. Вале чунин иддао ҳам ғалат мебуд, ки маданияти ин халқҳо ҳар яке  тамоман мустақилу махсус буду ба ҳамдигар муносибате надошт, дар айни ҳол онҳоро дар худ маданияти калоне, ки хоси тамоми Осиёи Миёна буд, қисмеро таҷассум менамуд... Ҳудуди байни ҳалқиятҳо як чизи рахнагинопазири мустаҳками касногузар набуд, балки протсесси аз як халқият ба халқияти дигар гузаштани унсурҳои гуногун вуҷуд дошт” (ниг.: Ғафуров Б. Тоҷикон. С.494-495). Академик Ғафуров дар “Тоҷикон” ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи ташаккули этникии тоҷикон ва забони он таваққуф намуда, ба натиҷае мерасад, ки дар асрҳои 1Х-Х дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти азими этномадание ташаккул ёфт, ки он тақрибан пурра ба ҳайати давлати Тоҳириён, Саффориён ва алалхусус, Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти этникӣ фақат миёнаҳои асрҳои 1Х-Х ва ё худ дар нимаи аввали  асри Х1 соҳиби ном шуд. Б. Ғафуров чунин ишораи Байҳақӣ (муаррихи давраи Ғазнавиён)-ро ки солҳои 1043-1044 аз муқаррабони султон шунидааст, хеле хуб мисол мезананд. Ҷумлаҳои “Мо, ки тоҷик ҳастем” ва ривояти дигари ҳамон муаллиф (Байҳақӣ)-ро, “ки дар муҳорибаи Дандонакон (1040) ҳиндиву арабу курдҳо фирор кардаанд ва танҳо сарбозони тоҷик ҷангидаанд” (ниг.: Пирумшо Ҳайдаршо. Ахтари илму сиёсат. Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. С.337) асос карда, устод Бобоҷон Ғафуров ба хулосае мерасад, ки “дар нимаи аввали асри Х1 истилоҳи “Тоҷик” номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт” (ниг.: Ғафуров Б. Тоҷикон. С.501).  

Хулоса, танҳо баъди нашру пахши шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” таҳқиқотҳои дигари мукаммалу бунёдӣ, аз ҷумла китоби шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” рӯйи кор омаданд. Муҳимтар аз ҳама, муаррихони варзида бар ин назаранд, ки дар ҳама ҳолат, агар аз баъзе ҷузъиёти таърихӣ, аз ҷумла ҳаводиси то кунун номаълум. ки дар асоси маъхазҳои нав дастраси муҳаққиқон мегардад, ё баъзе тағйироти фикрӣ дар робита бо масоили таърихӣ сарфи назар кунем, дастовардҳои кунунӣ ва оянда танҳо тақвиятбахши дидгоҳи боэътимоди илмии академик Бобоҷон Ғафуров дар самти омӯзиши таърихи минтақа буда метавонанд (ниг.: Пирумшо Ҳайдаршо. Ахтари илму сиёсат. Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. С.340). Донишмандону муҳаққиқони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нашри китоберо бо муҳтавиёти фарогири миллӣ ва фаромиллӣ амри зарурӣ донистаанд. Аз ҷумла, профессори Донишгоҳи Кобул Ҷалолиддини Сиддиқӣ таъкид кардааст, ки китоби “Тоҷикон”, дарвоқеъ, асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгарии низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ инъикос ёфтааст ва муаллиф фарозу нишебҳои ин халқҳоро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва бо диққати олимона баён доштааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз  дар сарсухани  нашри китоби “Тоҷикон” (нашри соли 1998) доир ба аҳамияти оламшумули таърихии китоби “Тоҷикон” - и академик Бобоҷон Ғафуров  таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла тазаккур дода буданд:  “Вай (яъне Бобоҷон Ғафуров) бо чопи шоҳасари бузурги худ – “Тоҷикон” натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт”.

Бо мақсади таҳкиму тақвият бахшидани раванди худогоҳию худшиносии миллӣ, эҳёи таърихи миллӣ ва хотираи таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба фарзандони фарзонаи миллат устод Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров унвони баланди давлатӣ – Қаҳрамони Тоҷикистонро сазовор донистанд. Дар ин замина 90-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров (муаллифи китоби “Тоҷикон”) дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Гузашта аз ин, бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди зиёд нашр гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоби худ “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” (ниг.: Раҳмон, Эмомалӣ. Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён (Нашри дувум). Китоби якум. –Душанбе: “Ирфон”, 2016. -704 саҳ.)  менависанд:  “Асари “Тоҷикон”, воқеан шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор оварда ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу равон бахшид” (ниг.: Раҳмон, Эмомалӣ. Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён (Нашри дувум). Китоби якум. –Душанбе: “Ирфон”, 2016. –С.5). Такя ба таърих ва донишҳои таърихӣ дар дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор гирифта, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои раҳбарӣ ва мудирияти сиёсӣ ибтикороти ҷиддиро дар заминаи  баланд бардоштани сатҳи донишҳои таърихӣ, донистани таърихи ватанӣ, эҳёи анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, ҷашну ойинҳои бумӣ ва таърихи миллӣ рӯйи даст гирифта, то имрӯз дар масири миллатсозӣ ва давлатмадории миллӣ гомҳои устувор бармедоранд.  Муҳимтар аз ҳама, донистани таърихи миллӣ ва неруманд сохтани хотираи таърихиро Сарвари давлат аз мушаххасоти калидии ҳувиятӣ медонанд. Вобаста ба ин, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари  давлат  ба  масъулини сохтору  мақомоти  марбута  дастур  доданд,  ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон  Ғафуров  бо  теъдоду тиражи бузург нашр карда, ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ ройгон тақдим намоянд. Тақдими ройгони китоби “Тоҷикон” аз ҷониби раҳбарияти олии давлат ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ маънои қадршиносӣ ва эҳтиром ба миллат ва шахсиятҳои бузурги миллӣ дар мисоли аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад. Воқеан,  китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров шиносномаи миллати тоҷик аст ва мо-фарзандони миллат муваззафем, ки дар доираи ин китоби гаронарзиши миллӣ таърихи худро дуруст донем, ба шикасту нокомиҳо бо чашми ибрат бингарем, аз шебу фарози рӯзгор огоҳ шавем, аз таҷрибаи рӯзгор баҳраҳо бардорем, омӯзишу донистанҳоямонро барномарезиву дар амал татбиқ намоем ва билохира дар рушди ватану кишвари азизамон саҳми муносиб бигузорем.

Матлуба  НУРОВА

омӯзгори фанни таърихи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе 

Хондан 5646 маротиба