Ҳунарманди маъруф Убайдулло Раҷабов замоне ба рўйи саҳна омад, ки аксари гуфтаҳову диданиҳо, насиҳатҳову супоришҳо ба қолаб табдил ёфта буданд. Ва ӯ – ин шахсияти тавонои фарҳанг қолабшикан шуд. Қолабшикании Убайдулло Раҷабов дар он буд, ки ӯ тавонист танҳо худаш, бо истифодаи жанри миниатюра таваҷҷуҳи хандаомези мардумро ба сӯи дардҳои ҷомеа равон созад. Яъне мақсади хандонидани мардум на танҳо баҳри ханда, балки бо мақсади нишон додани ҳадафи иҷтимоӣ, тамасхур задан ба объекти ханда гардид.