JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 08 Феврали 2023 05:30

Марги ту марг нест, ки маънои зиндагист!

Муаллиф:

 (Таслиятномаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар робита бо даргузашти ҳунарманди маҳбуби миллӣ, хунёгари асили ватанӣ, устод Чиллахони Хол)

  Аъзои Маҳфили «Ҷаҳони андеша» аз марги бармаҳали овозхони маъруф ва ҳунарманди  асили миллӣ, устод Чиллахони Хол сахт андӯҳгин шуда, ба хешу ақрабо, дӯстону пайвандон, ёрону рафиқон ва алоқамандону ихлосмандони ин шахсияти матраҳи хунёгарии ватанӣ самимона таслият арз мекунад.

  Суруду таронаҳои ҷовидонаи ин хунёгари асили миллӣ ҳамеша дар қалби ҳамватанон ва алоқамандони  мусиқии милливу мардумӣ боқӣ хоҳанд монд. Воқеан, марги устод Чиллахон марг нест, балки маъно, дунё ва паҳнои зиндагии мост. Ба ин маънӣ:

Марги ту марг нест, ки маънои зиндагист,

Имрӯзи мо, гузаштаву фардои зиндагист,

Руҳи ту руҳ нест, ки дунёи зиндагист,

Умри ту умр нест, ки мабнои зиндагист!

 Бо арзи таслияти том Маҳфили «Ҷаҳони андеша»,

ш. Душанбе, 8.02.2023

Эй марди бевисол!

 

Модар чу зод мар туро фарзанди хушвисол,

Дар рӯзи ҷашни зоишу Ялдои безавол,

Вобаста нест умри ту бо рӯзу моҳу сол,

Як умр дар талоши ҳунар,  дар раҳи камол,

Дар ҷустуҷӯ, такопуву  дар банди сад хиёл,

Ин сад хиёл ҳаст, ки пайванд бо висол,

Ин зиндагиву дағдаға бодо туро ҳалол,

Эй марди бевисол,

Эй Чиллахони Хол!

Бо эҳтиром, самимият ва арзи таслият Нозим Нурзода

 

Хондан 1776 маротиба