Боиси таъкиди махсус аст, ки шогирдону ҳампешагон устод Шералиро ҳамеша ёд карда, дар қолиби семинар-машварат, маҳфил ва нишастҳои илмию фарҳангию ҳунарӣ чорабиниҳо мегузаронанд ва ба ин васила хотираи неки ӯро гиромӣ медоранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, 1 июни соли 2026, соати 14:00 дар даромадгоҳи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ёдбуд ва рӯнамоии китоби хотиротии устод Шералӣ Абулқайс таҳти унвони “Нур ва умед” дар қолиби маҳфили вежаи илмию фарҳангӣ доир гардид.
Маҳфили ёдбуд ва рӯнамоии китоби хотиротии “Нур ва умед”-и устоди зиндаёд Шералӣ Абулқайс (ниг.: Абдулқайсов, Шералӣ. Нур ва умед. Хотироти Ҳиндустон бо қалами Шералӣ Абдулқайсов. -Душанбе, 2026. -255 с.) бо ҳузури ҷомеаи адабию маданию ҳунарию илмии ҷумҳурӣ шукӯҳи хосса касб намуд. Садри маҳфил Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ортиқи Қодир аз ҳунарманди маҳбуб ва чеҳраи матраҳи ҳунари миллӣ ба некӣ ёдоварӣ карда, хотироти хешро дар заминаи дӯстию ҳамкорӣ бо Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Шералӣ Абдулқайс хидмати ҳозирин арз дошт. Дар маҳфил, ҳамчунин ректори ДДФСТ ба номи М. Турсунзода Назарзода Маҳмуд Мирзо, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ устод Ибодуллоҳи Машраб, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дромнавис Тоҳири Муҳаммадризо, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода, шарикдарсони равоншод Шералӣ Абдулқайс, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асалбеки Назрӣ, духтари устод Шералӣ Фарзона, Шуҷоат Асадуллозодаю Насриддину Аҳлиддину Ҳайдару соири шогирдони мактаби ҳунарии устод Шералӣ Абдулқайс суханронӣ намуда, аз вежагиҳои ҳунарии мунҳасир ба фарди Шералӣ Абулқайс ёдовар шуда, ҷойгоҳу мақоми ӯро дар рушди театри миллию ватанӣ махсус таъкид намуданд. Маҳфили ёдбудию рӯнамоӣ дар сатҳи баланди ташкилию эҷодию маданӣ баргузор гардида, китоби хотиротии “Нур ва умед”-и устод Шералӣ Абдулқайс ба ҳозирин тақдим гардид.
Дар зимн, китоби устод “Нур ва умед”, ки бар асоси дафтари хотироти Ҳиндустон таҳияву чоп шуда, қайдҳои шастрӯзаи сафариашро дар кишвари афсонавию мадании Ҳиндустон фаро гирифтааст (устод Шералӣ чанд соли ахир – шуруъ аз соли 2018, бар асари сарфи барзиёди неруи фикрию равонӣ ва энержии ҷисмию руҳӣ, ба бемории иллати садопардаӣ гирифтор шуда, қудрати сухан гуфтанро аз даст дода буд. Дигар ин ки, иллати садопардаӣ, ки бар мабнои халал ёфтани найчаҳои торҳои асаби устод буруз карда буд, овози ӯро ҳазф ва тавони овозӣ-садоӣ ва такаллумиашро сусту заиф сохта буд. Дар ин замина, барои ташхис ва табобати садопардаҳо озими Ҳиндустон мешавад ва дар пайи хуруҷи бемории вогири куруно зиёда аз 60 рӯз дар Ҳиндустон банд мемонад. Ба сабаби ин ки устод дар дармонгоҳҳои Ҳиндустон садопардаҳояшро аз тариқи шуоъдармонӣ ва ба истилоҳ, нурдармонӣ табобат кардааст, дафтари хотирот “Нур ва умед” унвон гирифтааст ва устод, то ба охир ба ин навъи табобат умед баставу барои сиҳатӣ итминон ҳосил кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба имконоте, ки устод Шералӣ Абдулқайс дар ихтиёр доштааст, ҳар рӯзи будубошашро дар ин кишвари афсонавӣ қайд мекунад ва ҳамин тур, дафтари хотирот мекушояд), на танҳо асари хотиротию ёддоштӣ, балки китобест, ки дар он муаллиф зимни ироаи хотира, атрофи масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, илмӣ, ихтисосӣ, маърифатӣ, мафкуравӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҳадафмандона изҳори назар менамояд ва ҳар мавзуъу масъаларо бар мизону ақлу мантиқ баркашида, мавқеияти илмию фалсафию миллиашро буруз медиҳад. Илова бар ин, дар ҳар ҳарфу сатру варақи дафтари хотирот эҳсосоту авотифи устод Шералӣ ба сухан дармеоянд ва гӯиё ки бо хонанда ба муколимаю гуфтугӯйи зинда мепардозанд. Баъзан устод Шералӣ, бо таваҷҷуҳ ба рисолати фарҳангию ҳунарӣ, шиддати дардашро фурӯ бурда, хома ба даст гирифта, масоили мавриди назарашро матраҳ сохта, воқеиёти рӯзро дар дафтари хотирот сабт намудааст. Воқеан, ба қавли мардумӣ, “қадри зарро заргар медонад”. Вазъи руҳию равонӣ ва ҷисмию бадании устод Шералиро худи ӯ ва нафаре, ки чунин вазъу ҳолеро мутаҳаммил шудааст, дурустҳисобӣ медонисту халос.
Аз ин гузашта, қайдҳои духтари устод Шералӣ Фарзона, ки дар чанд саҳифаи охири китоб ҷо дода шудаанд, хеле ҷолибу омӯзандаанд. Фарзона вазъи руҳию равонию отифии худро кутоҳ, вале хеле равону шевою зебо ба қалам додааст. Ин аст, ки мутолеаи дафтари хотироти “Нур ва умед”-и устод Шералӣ Абулқайс, ки барои доираи васеи хонандагон, новобаста ба касбу кору шуғлу ҳирфа пешниҳод гардидааст, аз аҳаммият холӣ нест. Дар он на танҳо ёддошту хотирот, балки таҷрибаи омӯзандаю ибратбахшу ифтихорофарини як насли сарсупурда, содиқ ва фидокори ҳунарӣ дар симои устод Шералӣ Абулқайси Тоҷикистонӣ бо забони ноби тоҷикӣ бозтоб ёфтааст. Аз ин ҷост, ки онро бояд пайдову мутолеа кард ва аз нукоти ибратбахшу ифтихорофарини он метавон анвои мутафовити таҷрибӣ андӯхт: таҷрибаи ҳунар, таҷрибаи фарҳанг, таҷрибаи дар роҳи ҳунар азхудгузаштагӣ, таҷрибаи илмомӯзӣ, таҷрибаи пажуҳишӣ, таҷрибаи хирадмеҳварӣ, таҷрибаи худкифоӣ, таҷрибаи фидокорӣ, таҷрибаи ватандӯстӣ, таҷрибаи меҳанпарастӣ, таҷрибаи худсозӣ, таҷрибаи худафрӯзӣ, таҷрибаи сахткӯшӣ, таҷрибаи талошварзӣ дар роҳи ҳифзу гиромидошти ормону арзишҳои миллӣ, таҷрибаи омӯзишу таблиғи густурдаи мероси фарҳангии аҷдодӣ, таҷрибаи муқовиматнамоӣ бо таҳоҷумоти сиёсӣ-мафкуравии берунӣ, таҷрибаи муборизабарӣ алайҳи нодонию хушкандешию хурофазадагӣ, таҷрибаи қудратмандию воистӣ дар баробари иғвою дасисаҳои душманони дохилию хориҷӣ, таҷрибаи ибратгирӣ аз ҳаводиси рӯзгори гузаштаю имрӯзӣ ва билохира таҷрибаи арзандаю шоиста зистан дар ин ҷаҳону зиндагӣ.
Дар ҳақиқат, ин чеҳраи матраҳу мумтози фарҳангию ҳунарию миллӣ бо тамоми маъно, на танҳо ҳунарманди асил, балки файласуфу мутафаккири саҳнаи тоҷик буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, чанд нуктаи хулосавиро ироа дошта, матлабро хотима мебахшем:
Якум. Устод Шералӣ аз роҳи тафаккури фалсафӣ ва тахайюли рангини миллӣ вориди ҳунар ва саҳнаи театрӣ гардида, ҳар нақши хурду реза ва калону бузургеро, ки офаридааст, дар натиҷаи тавонмандии фардӣ, заҳматписандӣ, сахткӯшӣ, талошварзӣ, шабзиндадорӣ, азхудгузаштагӣ, фидокорӣ ва меҳру муҳаббати беандозаи отифӣ ба касбу ҳирфаи актёрӣ рӯйи саҳна омадаанд.
Дувум. Саҳнаи театрро минбару макони покизагӣ, озодагӣ, худсозӣ, худафрӯзӣ ва инсонгарӣ медонист ва ба ин дидгоҳ то вопасин нафасҳо содиқ монд. Дар саҳна ва минбари андешаву ҳунарпардозӣ дидану эҳсос кардани зебоӣ (эстетика) ва ҳунари офаридану офарандагӣ аз ҷумлаи талаботи меъёрии соҳавӣ барои устод Шералӣ будааст. Дар иҷрои ин талабот устод Шералӣ ҳасту будашро батамом масраф кардааст.
Севум. Масъалаи хеле муҳим дар ҳунари театрӣ ин вуҷуди падидаи ҳунарманд ва шахсият аст. Мусалламан, на ҳама актёр-ҳунарманд шахсият аст, ҳарчанд ки нақши шахсиятҳоро бозӣ мекунад ва усулан меофаринад. Вале устод Шералӣ аз ин қоида истисно аст. Дар воқеъ, устод Шералӣ на танҳо нақши шахсиятро меофарид, балки худ шахсият буд. Бо худии худ як шахсияти бутун, воҳид, алоҳид ва нотакрор буд.
Чаҳорум. Ҳунар ғаризаи офаридгории инсон дар идомаи ҳастӣ таъриф шудааст ва инсон ҳар камбуду навоқисеро, ки дар зиндагӣ эҳсос мекунаду мешиносад, тавассути ҳунар ҷуброн менамояд. Устод Шералӣ ин таърифро дар зиндагии фардию эҷодӣ ва дар маҷмуъ, ҳунари офаринандагиаш батамом таҷассум кардааст.
Панҷум. Мактаби ҳунарии ӯ дар мисоли шогирдон-ҳунармандони ҷавону умедбахши миллӣ бо шумули Шуҷоат, Насриддин, Аҳлиддин ва дигарон ҳадафмандона идома дорад.
Шашум. Устод Шералӣ сабки пиндор, гуфтор, навиштор ва кирдори мунҳасир ба фард дошт. Пиндор, гуфтор ва кирдор ӯро яке буд, чеҳраи дуруғин надошт, якрӯ боқӣ монд, мардона зиндагӣ кард ва мардона дунёро падруд гуфт.
Ҳафтум. Дар тааммулу тааммуқ кардан, дидгоҳи фалсафӣ доштан, бодиққат навиштан, ҳадафмандона таълиф кардан, мавқеъгирии илмӣ гирифтан, дар мизони ақлу мантиқ андешидан беҳамто буд, то ҷойе ки мо нимшӯхию нимҷиддӣ сабки ӯро ба сабки Носири Хусрав қиёс карда, тарзи таълифу нигоришу гӯйишашро “сабки Абдулқайсӣ” мегуфтем.
Ҳаштум. Устод ватанпараст ва миллатдӯсти асил ба тамоми маъно буд.
Нуҳум. Фидокорӣ ба шеваи рӯзмарраи фаъолияти фардию ҷамъию фарҳангию ҳунарии устод табдил ёфта буд. Куллан марди фидокор ва ҷоннисор буд. Тамомии энержӣ ва қувваташро баҳри саҳна сарф кард, шабу рӯз рӯйи нақше, ки ба ӯ бовар карда супурда буданд, кор мекард, энержӣ масраф мекард ва бо як ҷумла, ҷонфишонӣ ва ҷоннисорӣ менамуд. Мунтаҳо, барои иҷрои нақш худро обу адо мекард, аз худ мегузашт ва баҳри офаридани ҳар нақш, офаридани характери персонаж ва қаҳрамон дору надори фикрию руҳонию ҷисмониашро сарф менамуд.
Даҳум. Устод, дар баробари ҳунарманди асил будан, миёни доираҳои маданӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ минҳайси рӯшангар ва озодандеши миллӣ низ шинохта шуда буд. Ҳеҷ гоҳ дар баробари мушкилоти ҳувиятию миллӣ сукут намеварзид ва дар ВАО, матбуоти даврӣ, фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи хушкандешӣ ва хурофазадагӣ, ки таҳдиду хатари ҷиддӣ шумурда шуда, паёмадҳои номатлуби фикрию ҳувиятию сиёсию мафкуравиро ба дунбол дошту дорад, пайгирона мубориза мебурд.
Ёздаҳум. Дар воқеъ, устоди зиндаёд Шералӣ Абдулқайсов як чеҳраи матраҳи фарҳангу ҳунари миллӣ буда, аз тариқи ташаббусоту ибтикороти созандаи ҳирфаӣ, ихтисосӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар дили ҳазорон-ҳазор ихлосмандони фарҳанги тоҷик зинда хоҳад монд.
Дувоздаҳум. Дар охир, манзумаи кутоҳеро, ки дар ҳошияи ёдбуд ва рӯнамоии китоби “Нур ва умед”-и устод Шералӣ Абдулқайс иншо кардаем, ироа медорем.
Ҳамеша ҷойи ӯ холӣ!
(Ба ифтихори Шер ва мутафаккири саҳнаи тоҷик, устоди равоншод Шералӣ Абдулқайс)
Баромад чун яке хуршед аз умқи сияҳчолӣ,
Ки то рӯшан кунад зулмат, парешад нурамсолӣ,
Миёни ҷумлаи хушбахту хушюмну хушиқболӣ,
Ҳамеша ҷойи ӯ холӣ!
Аз ин сӯйи маҳу соли равон бо майли иҷмолӣ,
Бирафт арчи ба он сӯйи фаромоҳӣ, фаросолӣ,
Валекин андар ин дунёи беишколу ишколӣ,
Ҳамеша ҷойи ӯ холӣ!
Ба рағми ғуссаву ғам бо адои ҳусни наққолӣ,
Ба рӯйи саҳна овард ӯ висолу ишқу хушҳолӣ,
Пас, оре, дар миёни минбару ин саҳнаи олӣ,
Ҳамеша ҷойи ӯ холӣ!
Камоле рафт, аммо чун ҳунар ӯрост икмолӣ,
Нахоҳад рафт аз ӯ қудрату неруи абдолӣ,
Миёни нухбагони санъату аҳли ҳунарволӣ,
Ҳамеша ҷойи ӯ холӣ!
Ёдаш бахайр ва хотираи некаш гиромӣ бод!
Нозим Нурзода
фарҳангшинос