Бо таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтавои масъала, чанд нуктаеро хидмати хонандагон ироа менамоям:
Якум. Устод Рӯдакӣ аз тариқи шеър ба мо шодзистиро, ки арзиши олии инсонӣ дар фарҳанги бостонии миллӣ талаққӣ шудааст, аз тариқи шеъри асили миллӣ бозгардонд. Ба байти машҳури устод таваҷҷуҳ мекунем:
Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
З-омада шодмон бибояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Боду абр аст ин ҷаҳони фусус,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод.
(ниг.: Баргузидаи ашъори Рӯдакӣ ва Манучеҳрӣ. Таълифи доктор Исмоил Ҳокимӣ.- Теҳрон, 1371. С.21)
Аз ин ҷост, ки зиндагипарастию шодзистӣ паёми асосии устод Рӯдакист, ки ба наслҳои пешину пасин вогузоштааст.
Дувум. Хирадмандӣ ва фарзонагӣ талаққии дигари устод барои мо ва ояндагони мост. Ба ин маънӣ:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
(ниг.: Баргузидаи ашъори Рӯдакӣ ва Манучеҳрӣ. Таълифи доктор Исмоил Ҳокимӣ.- Теҳрон, 1371. С.49)
Севум. Андӯхтани таҷрибаи рӯзгор паём ва панди дигари устод Рӯдакист. Ба ин мазмун мегӯяд:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
(ниг.: Нафисї Саид. Муҳити зиндагї ва аҳволу ашъори Рўдакї.- Теҳрон, 1382. С.466)
Чаҳорум. Мардию солорӣ ба унвони аслҳои ахлоқӣ ва ҳувиятӣ шинохта шудаанд ва устод ин аслҳоро барои шинохтани ҳувият ва ҷуръату ҷасорати мардум тарғибу ташвиқ мекард. Ба назари устод, дар ҳолатҳои сахти зиндагӣ ва балою хатару таҳдидҳо фазлу мардонагӣ ва солорию доноӣ падид меоянд ва мушкилоту уқдаҳои мавҷударо рафъ месозанд. Ба ин маъно мегӯяд:
Андар балои сахт падид оянд,
Фазли бузург мардию солорӣ.
(ниг.: Девони Рўдакї. Танзим, тасҳеҳ ва назорати Љаҳонгир Мансур. - Теҳрон, интишороти Ноҳид, 1377. С.31)
Панҷум. Ба назари устод Рӯдакӣ, озодагӣ сифати бузурги инсонист ва ҳар озодае, ки чаҳор чиз – тандурустӣ, некхӯйӣ, накуномӣ ва хирдамандӣ дошта бошад, шодзистию беғамӣ кафолати зиндагиаш аст. Ба ин маъно мегӯяд:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хуйи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ эзадаш ин чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд шодмону ғам нахурад.
(ниг.: Амон Нуров. Фарҳанги ашъори Рўдакї. -Душанде: Маориф, 1990. С.180)
Шашум. Ҳикмату фалсафа ҷавҳари бинишу ҷаҳоншиносӣ ва шеъру андешаи устод Рӯдакиро ташкил медиҳад. То ба ҳадде, ки устод Рӯдакиро унвони “Ҳаким” ҳам додаанд. Ин аст, ки масъалаҳои фалсафию ҳикматӣ дар шеъри устод Рӯдакӣ дар авлавияти ҳунарӣ ва ҳирфаӣ қарор гирифтаанд. Дигар ин ки талқини фалсафаю ҳикмати ҳаракату сайрурат ва рушду инкишоф, ки дар истилоҳи диалектика матраҳ мегардад, аз ҷумлаи мушаххасоти шеъру андешаи устод Рӯдакист. Ба ин маъно, устод Рӯдакӣ масоили рӯзгору зиндагиро аз тариқи усул ва васила-приёмҳои фалсафӣ матраҳ мекунад ва минҳайси як файласуф ба баҳси фалсафӣ дар қолиби назми классикӣ мепардозад. Ба назари донишмандон, устод Рӯдакӣ асрҳо пеш аз Ҳегел ба ҷавҳари диалектика (Dialectic) пай бурда, дар заминаи назариёти таҳаввулу татаввур тағйир пазируфтани олами ҳастиро дар қолиби манзум ба риштаи тасвир баркашида, даъво пеш меоварад, ки ҳеҷ чиз собиту сокин нест: куҳан нав мешавад ва нав куҳан мегардад, дармон дард мешавад ва дард дармон ва ин ҳамон ҷавҳари асли диалектикӣ аст, ки тибқи он ҳастиҳо пайваста дар сайру ҳаракатанд ва ҳар чиз (тезис – барниҳод) ба сӯйи зиди худ (антитезис – барабарниҳод) меравад ва ба он омехта, аз омезиши ин ду чизи тозае (синтез – боҳамниҳод) падид меояд (ниг.: Додбеҳ, Асғар. Падари шеъри форсӣ. Дар маҷмуаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. -С. 89. Дақиқан, устод Рӯдакӣ на фақат дар байти:
Халқ зи хоку зи обу зи оташу боданд
В-малик аз офтоби гавҳари Сосон,
ки байтест аз қасидаи наваду чаҳорбайтӣ дар васфи бода ва тавсифи базми Наср бинни Аҳмад ба масоили фалсафӣ даргир мешавад, балки ба назарияи куҳани фалсафӣ, ки бар мабнои таркиби мавҷудоти мураккаб ё маволиди салос (ҷамоду наботу ҳайвон) аз аносири чаҳоргона (хоку обу боду оташ) устувор аст, таваҷҷуҳ мекунад (ниг.: Додбеҳ, Асғар. Падари шеъри форсӣ. Дар маҷмӯаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. С. 90). Дар зимн, дар сӯгномаи Абулҳасани Муродии Бухороӣ, ки аз шоирони тозигӯй ва порсиройи он рӯзгор маҳсуб мешудааст, устод Рӯдакӣ ба назарияҳое дар заминаҳои илмуннафс ё руҳшиносии фалсафӣ, инсоншиносии фалсафӣ ва ҳастишиносии фалсафӣ ишора кардааст. Дар як байт аз абои улвӣ ё падарони осмонӣ, яъне афлоки нуҳгона ва ситорагону сайёрагон бо рамзи падар сухан мегӯяд ва аз умматҳои суфлӣ ё модарони заминӣ (аносири чаҳоргона) бо рамзи модар ёд мекунад. Ба абёти зерини марсияи устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳ мекунем:
Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд.
Ҷони гиромӣ ба падар боздод,
Колбади тира ба модар супурд.
Они малак бо малакӣ рафт боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.
(ниг.: Девони Рӯдакӣ. Чопи дувуми такмил ва тасҳеҳшуда. –Душанбе: “Бухоро”, 2015. С.36).
Ин аст, ки устод Рӯдакӣ дар баробари тавонмандиҳои адабию эҷодӣ марде андешаманд ва файласуфмашраб низ буда, аз макотиби фалсафии юнонӣ огаҳӣ доштааст. Вақте ки абётеро аз ин тариқ:
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки хулқон буд --
мегӯяд, ба назарияҳои файласуфони қадимаи юнонӣ Парменид (540-515 то милод) ва Ҳераклид (540-480 то милод) як навъ истинод мекунад. Маълум аст, ки дар ҷаҳони қадими Юнон пурсишҳое ба ин мазмун матраҳ будаанд, ки оё ҷаҳони ҳастӣ, мавҷудот ва табиат, ки ба зоҳир сокин менамоянд, ба ростӣ сокинанд ё дар ниҳод ва бунёди худ ноороманду мутаҳаррик? Ин пурсиш дар Юнонзамин ду посухро ба дунбол дошт: яке, назарияи будан (сукун), ки тибқи он, ҳастӣ сокин ва собит аст. Ин назарияро файласуф Парменид иброз кард ва дигаре, назарияи шудан (сайрурат ва ҳаракат), ки мувофиқи он, ҳастӣ пайваста дар ҳоли дигаргунӣ аст. Ин назарияро ҳакими дигари юнонӣ Ҳераклид матраҳ карда, бар он таъкид кардааст, ки ҳастӣ дар тағйиру таҳаввул ва дигаршавӣ қарор дорад ва ин мафҳумро ӯ дар қолиби “ду бор дар як рӯдхона наметавон ворид шуд” баён доштааст. Пайравони Ҳераклид ӯро падари диалектика медонанд (ниг.: Додбеҳ, Асғар. Падари шеъри форсӣ. Дар маҷмӯаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. С. 104).
Бо таваҷҷуҳ ба ин, устод Рӯдакиро метавон асосгузори шеъри ҳикматию фалсафӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ ва усулан, файласуфи шеъри форсии тоҷикӣ номид.
Ҳафтум. Озодандешӣ меҳвари андеша ва кору пайкори фикрию мадании устод Рӯдакӣ тули умр будааст. Аз ин гузашта, устод Рӯдакӣ бо хурофоту таассуби замона низ сари созиш накарда, муддаиёни мутаассиби замонро, ки бар асари сиёсати фарҳангпарваронаю инсондӯстонаюи миллии Сомониён ҳанӯз иқтидору зарфияти чашмрасе надоштанд, интиқод мекард ва афкори пӯсидаи онҳоро мазаммат менамуд. Дар баробари афкори муғризонаи хурофотӣ устод Рӯдакӣ аз меҳру отифату ишқу алоқаи инсонӣ сухан ба миён меоварад ва ҷомеаро ба ишқу ошиқӣ ва муҳаббату самимияти инсонӣ даъват менамояд. тараннум мекунадБа ин маъност, ки мегӯяд:
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?
Дил ба Бухорову бутони Тироз.
Эзади мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад, напазирад намоз.
(ниг.: https://shoiron.tj/poems/1139)
Ҳаштум. Устод Рӯдакӣ шеърро бо мусиқӣ, ки ҷавҳари тарбиятии мо будааст, пайванд медиҳад. Муҳимтар аз ин, устод Рӯдакӣ, чуноне ки сарчашмаҳо мегӯянд, дар ибтидо навозандаи даврагард будааст ва сози барбатро хеле хуб менавохтааст. Пасон ба дарбор ҷалб мешавад ва аз ҷумлаи пардарсолорони шеъри форсии тоҷикӣ пазируфта мешавад. Яъне мусиқӣ дар фарҳанги мо бо шеър омезиш ёфтааст ва ҳар нафари шоир, пеш аз ҳама, дар мусиқӣ моҳир буда, созеро менавохтаву суруд мехондаааст. Чуноне ки аз устод медонем:
Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт!
(ниг.: https://shoiron.tj/poems/979)
Нуҳум. Омӯзишу таҳқиқу тадрису муаррифию таблиғу ташвиқи мероси устод Рӯдакӣ дар шароити феълӣ ва замони соҳибистиқлолӣ ба мо чӣ медиҳад? Дар воқеъ, шеър, панд, андарз, мавқеъгирӣ ва андешаи устод ҳанӯз ҳам дархуранд ва ба дарди фикрию маънавии мо, ки андак нестанду рӯз ба рӯз амиқтар мешаванд, даво мебахшанд: давои меҳрварзӣ, фарзонагӣ, дӯстдорӣ, солорӣ, фазилатмандӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, ҳувиятмадорӣ, хирадгаройӣ, донишдӯстӣ, баҳамойӣ ва инсонсозӣ. Аз сӯйи дигар, дар ҳоле ки мушкилоту муаммоҳою уқдаҳои зиёде дар мисоли: аз асли худ дуршавӣ; беҳадафӣ; тасаллути беҳувиятию беарзишӣ; ташаннуҷи таассубу хурофоти мазҳабӣ, решадоршавии хушкандешӣ дар ҳаёти иҷтимоию маданӣ; дар ойинаи фарҳанги бегона ҷустани ҳайсияту шарофати худӣ; бебандубории ҳувиятию ахлоқӣ; шиддат гирифтани сиёсати бархурдҳои тамаддунӣ; тасоҳуби мероси арзишманди миллӣ бар асари бетафовутию саҳлангории қишрҳои марбутаи ватанӣ; фаъолшавии баъзе доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ барои ба ҳувияти бегона майл додани насли наврасу ҷавони ватанӣ; пойин шудани масуният-иммунитети фикрию ҳувиятӣ; роҳандозии бозиҳои нави геополитикӣ аз ҷониби баъзе қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ; паҳни эпидемияи хурофазадагӣ миёни наслҳои наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ ва афзоиши чолишу таҳдидҳои имрӯзӣ дунболагири мардуманд, шеъри Рӯдакӣ моро ба ҳам мехонад, ба хирадмандию донишмадорӣ даъват мекунад, шодзистиро тараннум менамояд, ба сӯйи худогоҳию худшиносӣ талқин мекунад, иттиҳоду ҳамбастагиро ташвиқ месозад, ҷуръату ҷасоратро меситояд, ба хотири инсоният ва рифоҳи одамӣ ҳаракат карданро аслу меъёри зиндагӣ мешумарад. Ин аст, ки ба шеъри Рӯдакӣ ва паёмҳои ӯ боз садсолаҳо ниёз хоҳем дошт, чунки шеъри ӯ, андешаи ӯ, панди ӯ, мавқеияти ӯ, талқиноти ӯ ҳамагӣ созандаву омӯзанда буда, ба мо дар роҳи бозсозии ҳайсияти миллӣ, таҳкими шарофати мардумӣ, тавсеаи ғуруру ифтихори ватанӣ ва авлавият бахшидани фарзонагию хирадмандӣ садсолаҳои дигар кумак хоҳанд кард. Ба ин маъно:
Базми мо гарм аз дуруди Рӯдакӣ,
Аз сари шеъру суруди Рӯдакӣ,
Аз навои ҷангу руди Рӯдакӣ,
Аз ҳузуру аз вуҷуди Рӯдакӣ.
Рӯдакӣ, ин шеър дар ранги навин,
Кӯҳнагӣ не, балки оҳанги навин,
Тору уду барбату чанги навин,
Рӯдакӣ, яъне ки фарҳанги навин!
Ҳолиё, шеъри равон меоварад,
Дар либоси парниён меоварад,
“Бӯйи ҷӯйи Мулиён” меоварад,
Шеъри ҳамдарди замон меоварад.
Мову ту бо шеъри ӯ дар асри нав,
Сӯйи бедорӣ равона дав ба дав,
Ҳамчу шоир ҷону дил андар гарав
Дар талоши “Мард бошу мард шав”!
Асри мо асри набарди зиндагист,
Асри ҳамхонӣ алайҳи бандагист,
Шеъри ноби Рӯдакӣ созандагист,
Маънии худбошию боландагист,
Манбаи арзандагист,
Мабдаи пояндагист!
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон