JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 04 Июли 2019 09:36

Маъхазҳои қаламии қасидаи «Бӯйи ҷӯйи мӯлиён»

Муаллиф:

  Рӯдакишиносӣ то ба имрӯз тавонистааст ба масоили зиёди хираву норавшан ва баҳсталаби замон, рӯзгор ва осори бозмондаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) дахл намуда, дар заминаи боэътимодтарин маъхазҳои дастрас иддае аз дастовардҳоро бар манфиати илм пешкаши аҳли таҳқиқ гардонад, то дубора ба онҳо баргаштану баъдинагонро ба каҷфаҳмиҳо кашидан зарурате пеш наояд. Дар ин ҷо масъалаи зодгоҳи устоди шеъру адаби форсизабонон, кӯри модарзод будан ё набудани Одамушшуаро, андешаҳои дарҳамбарҳами аз дарбор ронда шудани шоир, баҳсҳои то ҷойе баъзан бебунёд роҷеъ ба теъдоди абёти осори ӯ, дурустхонии баъзе аз абёти бозмондаи устод аз нусахи қаламӣ ва ғайра дар назар аст. Беҳтар он ки дар ин ҷода пеш аз ба рӯдакишиносӣ рӯй овардан аз он ҳама огоҳӣ дошта бошем ва бо навҷӯйиву навгӯйӣ ба майдон бароем. Дар ғайри он ҳаваскорона ба рӯзгору осори устод муроҷиат намудану масоили ҳалшударо, то дарёфти маъхазҳои тозаву муътамад, дигарбора ба саҳнаи баҳси илмӣ кашидан чӣ маънӣ дорад?

  Аз ҳамин лиҳоз, яке аз масъалаҳои асосӣ, муҳим, баъзан баҳсталаб ва дар рӯдакишиносӣ таҳдобу асоси мустаҳкаму боэътимод ва ҳатмӣ масъалаи матншиносии осори бозмондаи устод Рӯдакӣ ба шумор меравад. Шояд пурсида шавад, ки чаро? Ва посухи кӯтоҳи ин пурсиш он аст, ки вақте мо ба адабиёти навини форсии тоҷикӣ аз оғоз, яъне аз асри ҳашти мелодӣ то ба имрӯз, бо ҳама шебу фароз ва бурду бохтҳояш нигоҳи амиқ равона менамоему ба мероси адабии суханварони гузашта, ки маҳаки асосии баҳодиҳии мо ба ҳунари эҷодии эшон ҳамоно матни осорашон аст, таваҷҷуҳ месозем, дар замонҳои набудани дастгоҳҳои чопӣ, пеш аз ҳама диққати моро нусахи гуногуни қаламии асарҳои онҳо ба худ ҷалб менамояд. Яъне, меъёри баҳодиҳӣ ба мероси адабии ин ё он адиб бешубҳа осори ӯ дониста мешавад. Ва ҳамон осоре, ки маҳз ба қалами эҷодкор таъаллуқ дорад, на таҳриру навсозӣ аз ҷониби баъдинагон, ки аксар хаттотон будаанду гоҳо матни асли муаллифонро мувофиқи завқу салиқаи худ гӯё «таҳрир» мекарданд, «ислоҳ» медароварданд. Дар баробари ин «Девони»-у «Куллиёт»-и суханварони пешинаи адабиёти мо то ба имрӯз якнавъ нарасидаанд. Аз яке пурра бошад, осори дигаре нопурра, агар нусхаи қаламие то ба мо озодаву комил расида, дигаре фарсудаву нокомил, ки ин заҳмати муҳаққиқи матншиносро гаронтар мегардонад. Агар аз ҳамин манзараи то ба мо расидаи мероси адабию фарҳангии ниёгон ба осори бозмондаи устод Рӯдакӣ назар намоем, масъала ба куллӣ ранги дигаре мегирад, зеро аз суханвари Панҷрӯдӣ то рӯзгори мо на нусхаи қаламии алоҳида, балки мунтахаби ашъор боқӣ намондааст. Осори бозмондаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои баъдинагон дар заминаи маъхазҳои гуногуни адабию таърихӣ, тазкираҳо, кутуби тафсирӣ, луғатномаҳо ва ғайра пора-пора, қитъа-қитъа, байт-байт ва тавассути иддае аз сарчашмаҳо баъзан мисраъ-мисраъ расидаанд, ки баъди ба вуҷуд омадану зина ба зина пеш рафтани илмҳои шарқшиносиву адабиётшиносӣ ҷамъоварӣ ва дар шакли китоби алоҳида борҳо таҳияву тадвин гардидаанд.

  Ҳамин ба ҳам овардани осори бозмондаи парешони устод Рӯдакӣ аст, ки матншиносии он аз матншиносии осори шоирони дигари адабиётамон, ки аз худ девоне, ё куллиёте, ё асари алоҳидаи адабие ба мерос мондаанду онҳо то имрӯз расидаанд, ба куллӣ фарқ мекунад ва равише дигар ё хосаи душворписандтаре дорад. Ба ҳамин маънӣ, танҳо қасидаи «Шикоят аз пирӣ» дар заминаи 14 маъхаз, қасидаи «Модари май» дар заминаи 10 маъхаз, қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» дар асоси 28 маъхази қаламӣ ва ғайра барқарору таҳия шудаанд, ки коре сангин буд. Ё баъзе рӯдакишиносон абёти аз рӯйи вазну қофия ба ҳам монанди ашъори устодро ҷамъ намуда, қитъае ё порашеъре сохтаанд, ки аз нигоҳи маънию мантиқ ба ҳам намеоянд. Ин қабила абёти баҳамомадаи устод Рӯдакӣ низ диди нави матншиносиро тақозо менамоянд ва мисолашон зиёд аст. Ин кор бояд дар заминаи беҳтарину қадимтарин маъхазҳои шеъри Одамушуаро анҷом дода шавад. Ҳамин равиши матншиносӣ ба осори бозмондаи ҳамасрони устоди Рӯдакии аҳди Сомониён низ тааллуқ дорад, ки ин баҳсест дар мавриди дигар.

  Дар заминаи ин андешаҳои мақаддамотӣ ба асли матлаб бармегардем ва таваҷҷуҳи аҳли назарро ба матни қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва маъхазҳои қаламии он, ки баёнгари ҳақиқати ҳол аст, равона менамоем.

  Қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» яке аз қасидаҳои маъруфу машҳури сухансарои Панҷрӯдӣ буда, баъд аз қасидаҳои «Шикоят аз пирӣ» ва «Модари май» то ҷое аз мукаммалтарин асарҳои устод аст, ки ба мо расидаву муҷтамеъ бар ҳафт байт аст. Ишораи «то ҷое» ба ин маънӣ аст, ки тибқи маълумоти Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» «Ин қасидаест, дароз ва эроди маҷмуъи онро ин тазкира таҳаммул наёварад»[8]. Андешаи мазкури Давлатшоҳ низ берун аз чаҳорчӯбаи мақолаи мост. Рӯдакишиносон тақрибан тамоми паҳлуҳои ин қасидаро мавриди пажӯҳишу баррасӣ қарор додаанд. Дар навбати аввал сабаб ва саҳнаи эҷоди он дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ [9, 59-65] хеле ҷолиб тасвир ёфтааст ва баъдинагон, монанди Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб», Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон», Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро», Абӯумар Мунҳоҷиддин ибни Муҳаммад Сироҷиддин дар «Табақоти Носирӣ» аз «Чаҳор мақола» истифода намудаанд.

  Муҳаққиқони эронӣ Бадеуззамони Фурӯзонфар [11, 95-97] ва Муҳаммад Муин [5, 74-78] дар заминаи ҷустуҷӯву дарёфтҳои худ аз «Равзату-л-ҷаннот»-и Муинуддини Исфазорӣ сабабу вақт ва маҳалли суруда шудани қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва дар ин боб маълумоти «Чаҳор мақола»-ро зери шубҳа мегиранд. Адабиётшиноси маъруф Абдулғанӣ Мирзоев ба эшон қотеъона посух медиҳад, ки «Муаллифони зикршуда бо далелҳои овардаи худ ҳақиқати ахбори «Чаҳор мақола»-ро рад карда наметавонанд. Маълумоти ин сарчашма дар бораи сабаб, вақт ва маҳалли суруда шудани қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» аҳамияти аввалаи худро ба тамоми маънӣ нигоҳ дошта меоянд» [3, 2].

  Қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» яке аз қасидаҳои маъруфу шуҳратёфтаи Одамушшуаро ба шумор меравад. Ва баёнгари шуҳрати қасида дар дарозои таърих он аст, ки «Танҳо ба ин шеъри машҳури устод Рӯдакӣ «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» қариб сад шоир тазмину ҷавоб гуфтаанд» [10, 4] – менависад адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода. Дигар ин ки ба қавли Холиқ Мирзозода «Дар қасидаи нопурраи мадҳи Бухоро, ки ба мадҳи Амир Насри 11 бахшида шудааст, ҳисси ватандӯстӣ дар назари аввал меистад» [4, 271]. Истифодаи забон, услуби баён, манзараофарӣ, интихоби вазну қавофӣ ва радифи хушоянд, корбасти ҳунари шоирӣ, бомаврид истифода намудани санъатҳои бадеъӣ ва ғайра мавзӯъро муҳташам ва хотирписанд намудаанд, ки доир ба ин паҳлуҳои қасида чобукандешон дар мавориди зарурӣ ҳарфи худро гуфтаанд. Қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» баробари эҷод шудан дар байни ҷомеъа маҳбубият пайдо кард ва минбаъд мувофиқи завқи ниёзмандон аз китобе ба китобе нақл гардида, то замони мо ҳафт байти он тавассути маъхазҳои гуногуни қаламӣ омада расидааст, ки шумораи дастраси мо ба бисту ҳашт маъхаз мерасад, монанди «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфиии Бухороӣ, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Нафаҳоту-л-унс»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Оташкада»-и Лутфалибеки Озар, «Таърихи гузида»-и Хоҷа Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, «Ҳадоиқу-с-сеҳр ва дақоиқу-ш-шеър»-и Рашидуддини Ватвот, «Сафинату-ш-шуаро», «Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ», «Миръоту-л-хаёл»-и Шерхони Лудӣ, «Маҷмаъу-с-суфаҳо», «Сафинаи хушгӯ», «Шеъру-л-аҷам-и Шаблии Нуъмонӣ, «Сафинату-л-ашъор», «Аррафаъоту-л-ошиқин»-и Таҳиюддини Авҳадӣ, «Риёзу-ш-шуаро»-и Алиқулхони Волаи Доғистонӣ, «Таърихи Нигористон» (таълифи Қозӣ Аҳмад ибни Муҳаммад Ғаффорӣ, чопи Бомбаӣ -1275), «Назми гузида» (Таълифи Муҳаммад Содиқ Нозими Табрезӣ) ва ғайра. Матни қасида дар ҳамаи маъохизи мавҷуда яксон нест. Аз ҳафт байти қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» дар маъхазҳои қаламӣ теъдоди байтҳо гуногун аз як то ҳафт байт омада, ки дар натиҷаи муқобалаву муқояса, радду бадали фарқиятҳо ва мантиқи ҷойгиршавии байтҳо аз ҷониби рӯдакишиносон, пеш аз ҳама устод Саъид Нафисӣ [6, 1029-1030], қитъае сохта шудааст. Дар маъхазҳои мавҷудаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» абёти қасида ин тавр ҷой доранд. Дар «Таърихи гузида» ва «Шеъру-л-аҷам» байтҳои панҷ ва шаш пасу пеш омадаанд. Дар «Баҳористон»-и Мавлоно Ҷомӣ, «Сафинаи хушгӯ», «Шеъру-л-аҷам», «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Таърихи гузида», «Маҷмӯъу-с-суфаҳо», «Арафоту-л-ошиқин» ва «Хулосату-л-афкор» байти охир афтодааст. Дар «Оташкада» ва «Харобот» байтҳои се ва ҳафт нестанд. Дар «Ҳабибу-с-сияр» ду байти охир аз назар афтода, дар «Зинату-л-маҷолис» байтҳои се ва чор, шаш ва ҳафт наомадаанд. Дар «Сафинату-ш-шуаро» ва «Миръоту-л-хаёл»-и Шерхони Лӯдӣ абёти се ва ҳафт афтода ва ҳамчунон абёти як ва ду пасу пеш омадаанд. Дар «Фарҳанги анҷуманорои Носирӣ» танҳо абёти ду ва се ҷой доранд, ки ин ду байт ҳам пасу пеш шудаанд. Дар «Кашфу-л-асрор ва уддату-л-аброр»-и Майбудӣ, «Қомусу-л-аълом» ва «Таърихи нигористон»-и Муҳаммади Ғаффорӣ танҳо байти якуми қасидаи мазкур дар шаклҳои гуногун омадааст. Дар «Сафинату-л-ашъор» байтҳои чор ва ҳафт ҷой надоранд. Ҳамин аст саҳнаи сабтёфтаи абёти гуногуни қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» дар маъхазҳои қаламии мавҷудаи дастрасшуда. Ин як тарафи масъалаи матншиносии қасидаи мазкур аст, ки ба сурат ва шакли он алоқаманд мебошад. Масъалаи дигар ин дар маъхазҳои гуногун ҷой доштани фарқиятҳо ва дугунаву чандгуна қаламӣ шудани калимаву ибора ва баъзе таркибҳо дар мисраву байтҳои қасида аст, ки бо вуҷуди қабул гардидани матни аввали таҳиянамудаи устод Саъид Нафисӣ аз ҷониби аҳли назар боз ҳам баъзе гӯву магӯ ва баҳсу андешаронӣ атрофи иддае аз калимаву таркибу ибораҳои қасида рӯ мезананд ва аксар бо фаразу тахминкарданҳо анҷом меёбанд. Ин афту дарафтҳо асосан ба байти аввали қасида тааллуқ доранд. Яъне, иддае онро дар заминаи маъхазҳои зиёди қаламӣ :

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме.

хондаанд ва баъзеҳо дар заминаи маъхазҳои дигар ва овардани чанд далел:

Боди Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Бӯйи ёри меҳрбон ояд ҳаме.

хондаву интишор додаанд.

  Барои он ки минбаъд, то пайдо гардидани маъхази муътамадтару қатъӣ, мо бояд кадоме аз ду навишти ин байтро қабул намоем, рӯйи меорем ба ҳама маъхазҳои қаламӣ, ки байтро забту сабт намудаанд. Ҳоло дар ихтиёри худ бисту ҳашт маъхази қаламӣ дорем, ки порчаҳои қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» дар онҳо ҷой доранд. Аз ин бисту ҳашт маъхази қаламӣ дар як маъхаз байти фавқ ҷой надорад. Дар ду маъхаз «Ёди Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме» омадааст. Дар ҳашт маъхази қаламӣ мо шакли дувумро дорем. Дар дигар маъхазҳо (беш аз понздаҳто) ҳамон шакли иқтибоси аввалии мо ҷой дорад. Ин ҷо гап дар сари бешию камии маъхазҳои қаламӣ намеравад. Бо вуҷуди он ки баъзе рӯдакишиносон шакли дувуми онро истифода намуда, иддаъо кардаанд, ки ҳамин шакли байт дар яке аз маъхазҳои қадимтари қасида «Кашфу-л- асрор»-и Майбудӣ (соли таълиф 1125 мелодӣ ) бори аввал мавриди истифода қарор гирифтааст ва ӯ бегумон бо «Девон»-и устод Рӯдакӣ ошноӣ дошта будааст. Аз рӯйи ҳамин талабот, яъне қадимияти маъхаз ба «Чаҳор мақол»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ назар андозем, он ҳам дар қарни XII (1156) навишта шудааст ва ҳамзамони «Кашфу-л-асрор»-и Майбудӣ мебошаду дар он шакли аввалаи байти аввали иқтибосшудаи қасида омадааст. Дар муқоисаи ин ду маъхази байти аввали қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» мо афзалиятро дар «Чаҳор мақола» мебинем. Бароӣ чӣ? Барои он ки Низомии Арӯзии Самарқандӣ пеш аз иқтибоси қасида ба таври муфассал сабаб, макон ва замони эҷоди матнро кушоду равшан овардааст. Аз ин дидгоҳ агар ба иқтибоси Майбудӣ таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки Майбудӣ бо овардани ин байт ҳадафи худро, ки сӯфимашраб буд, дорад ва шояд ӯ калимаҳои «бӯй»-ро ба «бод» ва «ёд»-ро ба «бӯй» барои ҳадафи худ истифода намудааст. Баъдтар аз ӯ Саноии Ғазнавӣ ва дигарон иқтибос кардаанд. Ва муҳимтар аз ҳама, мо бояд аввал ба нақли Низомии Арӯзии Самарқандӣ таваҷҷуҳи амиқ равона намоем, ки аз пешиниёни рӯдакишинос камтар ба он диққат додаанд. Бибинед, манбаъи илҳоми устод Рӯдакӣ «сарони лашкари амир» будаанд ва онҳо танҳо пазмони ёри меҳрбон – ҳамсар на, ки хеле назари тангу кӯтоҳ дар шоирист, балки пазмони ҳам ёр, ҳам фарзандону пайвандон, ҳам диёр ва ҳам ҳамдиёрон шуда буданд, мебошанд, ки ин дар таркиби «Ёди ёри меҳрбон» омадааст. Ба ин маънӣ, дар мисраи дувум «Бӯйи ёр» мафҳуми танги масъала ва «ёди ёр» мафҳуми фароху фарогири тамоми шукӯҳи Бухоро, ки ватани ҳам Амиру ҳам шоир, ҳам лашкариёну ҳам хидматгузорони ӯст, дониста мешавад.

  Ҳанӯз соли 1983 Ҷамшед Гиунашвили дар мақолаи «Як байти устод Рӯдакӣ» маъхазҳои қаламии гуногун ва таҳрирҳои байти аввали ин қасидаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҷамъбасти фикри худ нукта нагузошта, дар назди матншиносон масъалагузорӣ намуда буд, ки «Ба ақидаи мо, таҳрири «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» шоистаи муносибати диққати матншиносон аст. Ин таҳрирро танҳо дар он сурат бояд рад кард, ки агар дар хилофи он далелҳои муътамадтаре нисбат ба он далелҳое, ки мо ба тарафдориаш oвардем, пешниҳод карда шавад» [2, 124].

  Муҳаммадамини Риёҳӣ, таҳиякунанда ва бачопрасонандаи «Мирсоду-л-ибод»-и Наҷми Розӣ дар тавзеҳоти ба он навиштаи худ оварда, ки «Ин байти машҳури Рӯдакӣ аз ашъори маъруф дар назди сӯфия буда ва қабл аз «Мирсоду-л-ибод» низ дар кутуби ин гурӯҳ, дар «Кашфу-л-асрор»-и Майбудӣ ва бо изофаи ду байти дигар дар номаҳои Айнулқуззот ва бо изофаи ду байти номаъруф дар «Ҷомеъу-л-ситтин» ва баъд аз «Мирсоду-л-ибод» тазмине аз он дар ғазале аз Ҳофиз омадааст...» [16,576]. Ҳатто дар ин тавзеҳ омада, ки дар «Номаҳои Айнулқуззот» оғози мисраи аввали ин қасида «Бонги Ҷӯйи Мӯлиён» сабт шудааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест [16,577] ва инро дар ягон маъхази дигари қасидаи мазкур дучор наомадаем. Муҳаммадамини Риёҳӣ дар ин тавзеҳи худ бо овардани рубоие аз «Мирсоду-л-ибод» ва гуногуннависиҳои нусхабардорони девони Хоҷа Ҳофиз бо тамоми тавон кӯшиш намудааст, ки «Боди Ҷӯйи Мӯлиён»-ро саҳеҳ шуморад «...ба ҳамон сурат, ки дар «Кашфу-л-асрор» ва дар як нусхаи хаттии куҳани бе таърихи «Мирсод...», мутааллиқ ба оқои Иброҳим Алгун аз фузалои кишвари Туркия, омадааст» [16,577]. Ба андешаи мо ин нигошта дар муқобили 20 маъхази дигар, ки дар онҳо «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» омадааст, қобили муқобалаву муқояса ва қабул нест.

  Дурустии байти аввали иқтибосшударо Аскар Ҳаким низ ҷонибдорӣ карда, дар ҷамъбасти мақолаи худ «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ё Боди Ҷӯйи Мӯлиён» овардааст:

«Аз хушоҳангии

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

бисёр навиштаанд, ки ман дигар таъкид ва такрори онро ҳоҷат намебинам, вале мегӯям, дар қиёси ин байт таҳрири дигари он ки пешниҳод шудааст:

Боди Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.

  Як байти харобест, ки дар он аз эъзоз ва афсуни байти боло низе намондааст» [12, 4-5 ва 13].

  Новобаста ба ин баъзан дар чопҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии ҳам дар Тоҷикистон ва берун аз он чопшудаи минбаъдаи ашъори устоди Рӯдакӣ ҳамоно таркиби « Боди Ҷӯйи Мӯлиён» бидуни шарҳу тавзеҳоти матиқӣ нигоҳ дошта шудааст, ки дар ин бора баъдтар бафурсат сухан хоҳем ронд.

  Агар ин гуфтаҳо каманд, рӯй меорем ба устоди сухани ноб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки дар як ғазалаш мисраи аввали ин қасидаи Одамушшуароро тазмин карда мегӯяд:

 Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,

К-аз насимаш Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме [13, 407- 408].

  Боз агар ба дигарон бовар надорем, мебояд ба Хоҷа бовар кард, зеро ӯ ба онҳое, ки шеъри асилу сиҳҳатро мешикастанд, нафрат дошт. Ба ёд меорем ҳикояти «Хоҷа Ҳофиз ва хиштрез»-ро. Ба ин маънӣ, сухангустари Шерозӣ мегӯяд:

Кace гирад хато бар назми Ҳофиз,         

Ки ҳечаш лутф дар гавҳар набошад [13, 163].

  Ин гуна мисолҳоро барои таъйиди фикр метавон аз гузаштагони суханвар зиёдтар овард. Ҳанӯз ҳам дар баъзе нашрҳои осори бозмондаи устод Рӯдакӣ «Боди Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме, Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме» истифода мешавад, ки ин аз огоҳии тамом надоштани мураттибон ба маъхазҳои қаламии қасида, бахусус «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, сар задаст.

Роҷеъ ба байти дувуми қасида:

Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме,

 ва маъхазҳои он дар мақолаи Ансор Афсаҳов «Реги Ому», яъне чӣ?» баъзе андешаҳо баён ёфтаанд [1, 4].

  Бояд гуфт, ки дар маъхазҳои ин байт фарқиятҳои зиёде дида мешавад. Масалан, аз ин байт калимаи «Ому» дар «Зайну-л-маҷолис»-и Маҷдаддин Муҳаммад Ҳусайнӣ, мутахаллис ба Маҷдӣ «ҳомун», дар «Шеъру-л-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ ва «Маҷмӯаи ашъор»-и нусхаи қаламии дар дасти Мирзо Аббосхони Иқбол маҳфузбуда «Омуй», таркиби «дуруштий роҳи ӯ» дар тазкираи Давлатшоҳ, «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, «Зайну-л-маҷолис»-и Маҷдӣ, «Мироту-л-хаёл»-и Алихони Лӯдӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ «бо дуруштиҳои ӯ», дар «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондамир ва «Харобот»-и Зиё Пошшо «дуруштиҳои ӯ», дар «Девон»-и Рӯдакии чопи Фаридуни Мирзо (1315 қ.), «Фарҳанги анҷуманоро»-и Носирӣ, «Зайну-л-маҷолис»-и Маҷдӣ ва «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ҳидоят «дуруштиҳои он», таркиби «зери поям» дар «Баҳористон»-и Ҷомӣ, тазкираи Давлатшоҳ, тазкираи «Сафинату-л- ашъор»-и Сулаймон Фаҳим, «Намунаи адабиёти Эрон»-и Мирзо Ҳасани Иброҳимӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ва «Маҷмӯаи ашъор»-и нусхаи қаламии дар дасти Мирзо Аббосхони Иқбол маҳфузбуда «зери по чун» ва дар «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондамир, «Зайну-л-маҷолис»-и Маҷдӣ ва «Мироту-л-хаёл»-и Алихони Лӯдӣ «пойи моро» сабт гардидаанд. Дар беш аз 20 маъхаз инҳо «Ому», «дуруштий роҳи ӯ», «зери поям» омадаанд ва рӯдкишиносон асосан инҳоро қабул кардаанду мо ҳам ҷонибдори ин калимаву таркибот ҳастем.

  Мисраи аввали байти севум дар тазкираи Давлатшоҳ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондамир, заҳмати Ҳерман Эте «Оби Ҷайҳуну шигарфиҳои ӯ» дар «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ «Оби Ҷайҳунро нишоти рӯйи дӯст», дар «Девон»-и Рӯдакии чопи Фаридуни Мирзо (1315 қ.), «Фарҳанги анҷуманоро»-и Носирӣ, «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ҳидоят, «Намунаи адабиёти Эрон»-и Мирзо Ҳасани Иброҳимӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ва «Шеъру-л-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ «Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ» омадааст. Ин мисраъ дар беш аз 15 сарчашма он «Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст» сабт шудааст, ки аз нигоҳи устодони рӯдакишинос дуруст ҳам ҳаст.

  Дар байти чаҳорум калимаи «дер» дар «Оташкада»-и Озар, дар «Девон»-и Рӯдакии чопи Фаридуни Мирзо (1315 қ.), «Харобот»-и Зиё Пошшо, «Мироту-л-хаёл»-и Алихони Лӯдӣ, «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ҳидоят, «Намунаи адабиёти Эрон»-и Мирзо Ҳасани Иброҳимӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ ва «Шеъру-л-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ «шод», таркиби «Мир зӣ ту» дар «Харобот»-и Зиё Пошшо ва «Шеъру-л-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ «Шоҳ сӯят», дар «Мироту-л-хаёл»-и Алихони Лӯдӣ «Мир рӯзе», дар «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва «Намунаи адабиёти Эрон»-и Мирзо Ҳасани Иброҳимӣ «Шоҳ наздат» ва дар «Девон»-и Рӯдакии чопи Фаридуни Мирзо (1315 қ.), «Мир сӯят» афзалтар дониста шудаанд.Дар байтҳои панҷуму шашум дар маъхазҳои зайл; «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондамир, «Харобот»-и Зиё Пошшо, «Зайну-л-маҷолис»-и Маҷдӣ, «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ҳидоят, «Шеъру-л-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ ба ҷойи калимаи «Мир», ки бештари нусахи қаламӣ онро мавриди истифода қарор додаанд, калимаи «Шоҳ» кор фармуда шудааст. Ва ниҳоят, дар мисраи аввали байти ҳафтум дар «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва «Девон»-и Рӯдакии чопи Фаридуни Мирзо (1315 қ.), калимаи «орад» ба ҷойи «ояд», ки дар маъхазҳои зиёд «ояд» омадаасту мантиқан ҳам дуруст менамояд ва дар «Намунаи адабиёти Эрон»-и Мирзо Ҳасани Иброҳимӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ калимаи «туро» ба ҷойи «ҳаме», ки бештари маъхазҳо (беш аз 25) ва рӯдакишиносон дувумиро ба матни устод наздик донистаанд, истифода шудааст, яъне:

Офарину мадҳ суд ояд ҳаме.

  Дар баъзе абёти қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» низ дар маъхазҳои қаламӣ ва чопҳои ҷудогона ҷо-ҷо дугунаву сегунанависиҳо мавҷуданд, ки онҳо асосан аз матне ба матне тасҳеҳ ёфта, бегумон сиҳҳатии матни устоди сухани форс-тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ барҷо шудааст ва имрӯз ҳамоҳангие дар нашрҳои зиёди он, чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чӣ дар ҷумҳуриҳои дӯсту ҳамзабони мо Эрону Афғонистон дида мешавад. Ҳамин тариқ, дар асоси он ҳама гуфтаҳо матне, ки дар заминаи маъхазҳо мураттаб гардида, ба сиҳҳатии он итминон асту онро аҳли таҳқиқ чун матни ба асл наздик қабул намудаанд, ин аст:

Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме.

Реги Омуву дуруштий роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Ай Бухоро шод бошу дер зӣ,

Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,

Гаҳ ганҷ андар зиён ояд ҳаме [7, 136-137].

  Бояд гуфт, ки дар бораи матни қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ин сухани охирин нест. зеро мувофиқи баъзе ишораҳои мавҷуда гӯё аз маъохизи дигар боз абёти навиин қасида пайдо шудаанд. Дар мақолаи М. Муллоаҳмад «Байти тозаёфти «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» [15, 21-22] омада, ки аз ҷӯяндагони ашъори бозмондаи Рӯдакӣ шоир ва донишманди муосири Эрон Муҳаммад Алии Сипонлу аз китоби Зайниддин Восифӣ «Бадоеъу-л-вақоеъ» байте тозаро аз ин қасидаи шоир дарёфтааст, ки дигар Рӯдакишиносон то имрӯз ба он таваҷҷуҳ накардаанд. « Муҳаммад Алии Сипонлу андешаҳои худро роҷеъ ба байти зер дар мақолааш «Бозёфте тоза аз чакомаи Бухоро баён намудааст:

                               З-интизори хоки пояш ғунчаро

                               Оби ҳасрат бар даҳон ояд ҳаме.

  Ин байтро муаллиф дар асари «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайниддин Восифӣ, ки дар Теҳрон чоп шудааст, пайдо намудааст» [15, 21]. Боядгуфт, ки ин байт ба ҳеч ваҷҳ ба қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён»; ҳам аз нигоҳи ҳусни баён, ҳам аз нигоҳи мантиқи сухан, ҳам аз нигоҳи бадеияти тасвир ва зиёда аз ҳама равонии забон ба он ҳафт байти боло намечаспад ва натиҷаи баровардаи ӯ, ки «…қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» алҳол аз ҳашт байтиборат аст» [15, 21] асоси илмӣ касб карда наметавонад. Агар Сипонлу дар радифи китоби Восифӣ боз ду-се маъхази боварибахшро доир ба мансуб будани ин байт ба Рӯдакӣ номбар ҳам мекард, дар он вақт ҳам аҳли таҳқиқ ба он бо дидаи шак менигаристанд.

Ин тур абёт, ки ба гуфтаи устод Рӯдакӣ тазмин шудааст, дар кутуби пешин хеле зиёд аст. Барои тъйиди ин андеша мисоли дигареро меорем. Дар алоқамандӣ ба қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ба андешаи Муҳаммадамини Риёҳӣ ва Алиашрафйи Содиқӣ боздубайти номаъруф дар «Ҷомеъу-л-ситтин»-ро ба устод Рӯдакӣ нисбат додаанд, ки он ду байтин аст:

Аспи мороз –орзуи рӯйи ӯ

 Зери по ҷавлонкунон ояд ҳаме.

Аз кӣ ҷӯям васли ӯ, к-аз ҳар суйе

Менафири ошиқон ояд ҳаме [17,185].

  Гумони дуруст он кит ин ду байт низ танҳо мансуб ба Рӯдакӣ мебошаду халос ва ҳанӯз номи гӯяндаи он тароямон торик мондааст.

  Дар фароварди сухан бояд гуфт, ки маъхазҳо мавҷудаи қасидаи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» ва дигар ашъори Одамушшуаро Рӯдакӣ дар барқарор намудани матни ба асл наздики шоир аҳамияти калон дошта, ҳатто дар мавриди таҳияи матнҳои гуногуни оммавӣ аз беҳтарини онҳо истифода намудану суд ҷустан бар манфиъати рӯдакишиносӣ хоҳад буд. Дар баробари ин, худсарона таҳриру тасҳеҳ даровардан ба шеъри устод, ки бе ин ҳам ками андар кам мондааст, гуноҳест азим. Пешкаш намудани матни сиҳҳати осори бозмондаи сухансаройи Панҷрӯдӣ дар заминаи маъхазҳои мавҷуда метавонад паҳлуҳои гуногуни ҳанӯз хираву норавшани ҳаёту эҷодиёти ӯ ва, зиёда аз ин, вазъи адабӣ, иҷтимоӣ сиёсӣ ва фарҳангии аҳди Сомониёнро то андозае ба мо бозгӯйӣ намояд.

Алии Муҳаммадии Хуросони

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2017, №1 (245)

 

Адабиёт

  1. Афсаҳов, Ансор. «Реги Омӯ, яъне чӣ ?» / Ансор Афсаҳов // Рӯзномаи «Маориф ва маданият». 1971, 18 ноябр.-С.З.
  2. Гиунашвили, Ҷамшед. Як байти устод Рӯдакӣ / Ҷамшед Гиунашвили// Маҷ. «Садои Шарқ», 1983, №9.-С. 124.
  3. Мирзоев, Абдулғанӣ. Боз дар атрофии як қасидаи Рӯдакӣ / Абдулғанӣ Мирзоев // Рӯзномаи «Маориф ва маданият», 18 – ноябри соли 1971.-С.2
  4. Мирзозода, Холиқ. Таърихи адабиёти тоҷик / Холиқ Мирзозода. – Душанбе.: Маориф, 1987.-С.271.
  5. Муин, Муҳаммад. Як қасидаи Рӯдакӣ / Муҳаммад Муин // Маҷал. «Донишкадаи адабиёт».-Теҳрон, 1338ш. – С.74-78.
  6. Нафисӣ, Саъид. Аҳвол ва ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандӣ, ҷилди севум / Саъид Нафисӣ. Теҳрон, 1319.-С. 1029-1030.
  7. Рӯдакӣ, Абӯабдуллоҳ. Девони ашъор / Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. Матни илмӣ ва интиқодӣ бо кӯшиш ва ва эҳтимоми Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Пайванд, 2008. – 614 с. ( Ба ҳуруфи форсӣ).
  8. Самарқандӣ, Давлатшоҳ «Тазкирату-ш-шуаро»/ Давлатшоҳи Самарқандӣ.- Лондон, 1900.
  9. Самарқандӣ, Низомии Арӯзӣ. «Чаҳор мақола» / Низомии Арӯзии Самарқандӣ. – С. 59-65,
  10. Caттopoв, Aбдyнaбӣ. Аз пайи устод// Aбдyнaбӣ Caттopoв. Рӯз.«Маориф ва маданият», 1971.-С.4.
  11. Фурӯзонфар, Бадеъуззамон. Шеъру шоирии Рӯдакӣ / Бадеъуззамони Фурӯзонфар. – Теҳрон, 1338 ш. – С. 95- 97.
  12. Ҳаким, Аскар. Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ё боди Ҷӯйи Мӯлиён / Аскар Ҳаким. Рӯз. «Адабиёт ва санъат». 1985, 24 январ.-С.4-5 ва 13.
  13. Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз. Девон/ Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ. Таҳияи матн аз Шарифмурод Исрофилниё. – Душанбе: Адиб, 2015. – 480 с.
  14. Самад, Валӣ. Армание, ки Рӯдакиро ба Руссия бурдааст / Валӣ Самад // Рӯз. «Ҷумҳурият», 22-сентябри соли -С. 6-7.
  15. Муллоаҳмад, Мирзо. Байти тозаёфти “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён / Мирзо Муллоаҳмад // Рӯдакӣ ва Рӯдакишиносон. -Душанбе: Адиб, 2012. -С. 21 -12.
  16. Розӣ, Наҷм. Мирсоду-л-ибод /Наҷми Розӣ. Ба эҳтимоми Муҳаммадамини Риёҳӣ. -Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1373 (чопи панҷум). -С. 576-578.
  17. Рӯдакӣ, Абӯабдуллоҳ. Девон Абӯабдулоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдурраҳмон ибни Одам Рӯдакии Самарқандӣ. Таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. -Олматӣ, 2007. -256 с.

 

Хондан 2679 маротиба