JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 09 Апрели 2019 14:46

Андешаҳои Содиқ Ҳидоят перомуни масъалаи хатти паҳлавӣ ва алифбои овозӣ

Муаллиф:

  Дар нимаҳои даҳаи сеюм ва чаҳоруми қарни XX мавзӯи нақсу мушкилоти алифбои кунунии форсӣ дубора дар матбуоти Эрон мавриди ҷаҳру баҳс қарор гирифт, ки дар он тарафдорони тағийри алифбо ва мухолифони сарсахти он баҳсҳои доманадореро ба роҳ андохтанд.

  Дар сафаҳоти маҷаллаи вазини “Сухан” низ мақола ва тарҳҳое  доири зарурати тағйири алифбо ва мушкилоти  расмулхатти  кунунӣ, ки мисли хатти паҳлавӣ решаи сомӣ  дошта, алифбои ҳиҷоӣ ва ба табиати забони форсӣ  бегона аст, ба чоп расидаанд. Солҳои чилуми қарни гузашта дар қатори Парвиз Нотили Хонларӣ, Саъид Нафисӣ ва дигар донишмандон, нависандаи маъруфи  Эрон ва донандаи хуби забони паҳлавӣ Содиқ Ҳидоят низ дар ин баҳс ширкат варзидааст. Дар яке аз шумораҳои маҷаллаи “Сухан”, ки узви ҳайати таҳририяи он маҳсуб мешуд, Содиқ Ҳидоят  мақолаи хело муҳаққиқона ва арзишмандеро зери унвони “Хатти паҳлавӣ ва алифбои  савтӣ” ба чоп мерасонад.  Муаллиф дар муқаддимаи мақола ёдрас мешавад,ки  дар робита бо мушкилоти алифбои кунунии форсӣ, пеш аз ҳама, бояд бидонем, ки қабл аз иқтибоси алифбои арабӣ дар Эрони бостон чӣ дабирае маъмул будаву “ масъалаи сабти ҳаракот ё асвоти  каламот то чӣ андоза  муроот шудааст?” [1,543].

Аз ин рӯ, Содиқ Ҳидоят, пеш аз он ки вориди баҳс гардад, мехоҳад дар бораи пайдоиши расмулхатти паҳлавӣ ва мавҷудияти навоқиси он изҳори назар намояд.

Чун ироаи Содиқ Ҳидоят  аз таърихи хатти паҳлавӣ  хело сода ва оммафаҳм аст, дареғ донистем, то онро барои  хонандагони тоҷик иқтибос накунем:

  “Ба таври куллӣ он чӣ “паҳлавӣ” меномад, шомили тамоми ашколи забони “форсии миёна” мегардад, яъне, аз замоне ки фурси қадим мансух шуд, то ҳангоме ки алифбои ҷадиди форсӣ аз арабӣ иқтибос гардид.  Забони паҳлавӣ ба ду дастаи ҷанубӣ ва шимолӣ тақсим мешавад:

  1. Забони китобҳои зардуштӣ ва катибаҳои ҷанубии Сосониро “форсии миёна” мегӯянд ва тарзи навиштани онро”порсик” мехонанд ва забони бумии вобаста ба он  мутуни монавии Осиёи Марказӣ мебошад.
  2. Забони катибаҳои шимолии Сосонӣ “парсовии миёна ва навиштаи он “паҳлавик” номида мешавад ва забони  бумии шимолу шарқии Эрон, чунонки дар қитаоти монавӣ омада “ паҳлавоник” мебошад.

  Лафзи “паҳлавӣ” ҳар ҷо меояд, мақсуд китобҳои зардуштиён, ки дар он “uзvorichin узворишин” ба кор рафтааст.

  Куҳнатарин асаре, ки аз луғоту ҷумалоти паҳлавӣ ба даст омада, иборат аз маскукоти ҷонишинони Искандар аст, ки дар давраи Ашконӣ ривоҷ ёфта ва ба ҳуруфи сомии қадим навишта дорад. Валекин, амалан даврони забони паҳлавӣ ё  катиба ва маскук аз Ардашери Попакон  шурӯъ  мешавад ва ба  китобҳои динии мубадони  форсии пас аз ислом то 881 мелодӣ поён мепазирад. Ҳаргоҳ қатаоте аз паҳлавӣ ба даст биёяд, ки пас аз ҳазораи мелодӣ навишта шуда бошад, як навъ тақлид аз забони мурда хоҳад буд ва ҷузви асноди паҳлавӣ ба шумор намеояд.

  Забони паҳлавӣ расмулхатти фишурда ва дар ҳам печида дорад, ба илова, як мушт луғати сомӣ дар навиштаҳои паҳлавӣ роҳ ёфта, ки муодили форсии он вуҷуд доштааст [1,542-43].

  Сипас Содиқ Ҳидоят тахмин мекунад, ки шумори ин луғати сомӣ, ки онҳоро “ uзvarich узворишин” меноманд, беш аз чорсад то набудааст. Аз он ҷо ки ин чорсад вожа аз  маъмултарин луғоти  забон аст, аз ҷумла исм, шумора, феълҳо, пайвандакҳо  ва калимаҳои бисёр  маъмулӣ мебошанд,  зоҳиран нисфи матнро пур мекунанд. Баъдан, Содиқ Ҳидоят  тазаккур медиҳад,  муодили  форсии ин калимаҳои сомӣ бо ҳарфҳои  авестоӣ ё форсии ҷадид навишта шуда онҳоро “позанд” номиданд.     Шубҳае нест, ки узворишҳои луғати сомӣ навишта мешуд,  аммо хонда намешуд. Ба қавли С. Ҳидоят, “зеро забони  муҳовараи порсӣ сара буда ва луғати сомӣ фақат ба манзалаи  аломат ва намояндаи муодили  форсии он  ба шумор мерафтааст. Масалан,  эрониён “маликон  малико”   менавиштанду “шоҳоншоҳ” мехонданд [1,544]. Содиҳ Ҳидоят  муътақид аст, ки “ узворишин”  дар забони форсӣ хонда намешудааст ва агар хонда мешуд, фарҳанги махсусе барояш таҳия  намекарданд.

  Далели  мувассақи С. Ҳидоят барои исботи андешааш  ин аст, ки  бо қабули  алифбои арабӣ тамоми қисмати  сомии навиштаҳои паҳлавӣ ногаҳон  аз забони форсӣ  аз байн меравад. “Нобуд шудани ин калимот дар форсии ҷадид собит мекунад, ки калимоти сомӣ ҷуз аломате барои хондани форсӣ беш набудааст. Ин  луғот бо навиштаи  паҳлавӣ  нопадид шуд ва луғати форсӣ чунон, ки дар позанд  менавиштанд, ба колбади  алифбои ҷадид даромад” [6,545].

  Содиқ Ҳидоят таваҷҷуҳи хешро бештар рӯи масъалаи  сабаби  иқтибоси  калимоти сомӣ  ба шакли “узвориш” мабзул дошта, андешаҳои  мусташриқини ғарбӣ,  аз ҷумла Юнкер ва Вартоломей, ҳамчунин назари Ибни Надимро аз қавли  Ибни  Муқаффаъ дар китоби “ ал- феҳрист” арзёбӣ кардааст.

  Ба андешаи Содиқ Ҳидоят, иллати асосии истеъмоли “ узвориш” дар навиштаҳои  паҳлавӣ  равшан нашудааст. Зеро “ узворишҳо ” дар катибаҳои Ҳахоманишӣ ва дар форсии бостон, ҳатто баъдан дар мутуни буддоии забони суғдӣ ёфтшуда низ,   вуҷуд  доштааст.

  Содиқ Ҳидоят баъд аз дастабандиву  таҷзияву  таҳлили  андешаҳои  муҳаққиқони  таъриху фарҳанги  забони  форсии бостону паҳлавӣ ба чунин  натиҷагирии  мантиқӣ  мерасад, ки “узворишҳо” ҷузъи ҷудонашавандаи  навиштаҳои паҳлавӣ буда, “дар ҳеҷ  замоне ба садои аслии худ хонда  намешуда ва фақат ба  манзалаи аломате буда, ки ҳар ҷо  муодили форсии онро  ба лаҳҷаву забони бумӣ мехондаанд” [1,549].

  Дар ин пажӯҳиши худ Содиқ Ҳидоят таъкид медорад, ки аз расмулхатҳои эроние, ки дар он  калимоти  сомии  узворишӣ ба кор нарафтааст, танҳо дар навиштаҳои монавӣ  мушоҳида  мегардад. “Ин китобҳоро мубаллиғини  монавӣ ба забони порсӣ ё паҳлавоник ва ё суғдӣ барои пайравони худ  тадвин мекардаанд ”[1,553].

  Аз ин рӯ, Содиқ Ҳидоят ба хулосаи  дуруст  меояд, ки узворишҳоро  дар забонҳои  маҳаллӣ  метавонистанд  истифода накунанд, аммо чун хатти паҳлавӣ расмулхати расмии  саросари Эронзамин  маҳсуб мешуда, аз ин рӯ, маҷбур буд,  узворишҳоро истифода кунад. Яке  аз комилтарину дақиқтарин  алифбои  савтии дунё, ба қавли Содиқ Ҳидоят, ки муъҷизаосо ба назар меояд, ин  хатти авастоист. Ба қавли  Содиқ Ҳидоят, ин алифбо тамоми  садоҳои ин забони бостонро  инъикос  кардааст. Масъудӣ ин алифборо дар китобаш “ат–танбеҳ ва-л ишроф”    “диндабира” номида, созандаи онро Зардушт меҳисобад. Аммо  ба андешаи Содиқ Ҳидоят, аксари  донишмандони” Аврупо муътақиданд, алифбои диндабирӣ, ки барои ҳар силоб аломате дорад ва бо хатти паҳлавӣ мутафовит мебошад, дар авохири сулолаи Сосониён  ихтироъ шудааст”[1,554].

  Сипас, С. Ҳидоят ривоятҳоеро дар китобҳои зардуштӣ дар бораи  аз тарафи Искандари Мақдунӣ сӯзонда шудани нусхаи хаттии “Авасто”-ро, ки рӯи пӯсти гов ба хатти  заррин навишта шуда буд, оварда, ақидаи нависандаи “ Бундаҳешни бузург ”-ро низ зикр мекунад:  Искандар “Авесто”-ро сӯзонид, аммо “Занд” (тафсири”Авесто”)-ро ба Рум (Византия) фиристод. Ва гӯё тибқи  тавзеҳи  Динкарт як нусхаро  Искандар  сӯзонд, аммо нусхаи асосиро ба Рум  фиристод ва ба забони юнонӣ тарҷума шуд.

  Муҳаққиқ  ба он ақида аст, “Авасто” ба алифбои савтӣ, дар замони  Ардашери Бобакон  навишта шудааст. Ва чунин хулосабароӣ мекунад:

  “... қисматҳои  “Авасто”, ки нобуд шуда буда, ба воситаи суннати шифоҳӣ ва ба муҷиби талаффузи дақиқи мубадҳо такмил гардида  ва ба хатти диндабира забт шудаааст. Ва бар хилофи хатти  паҳлавӣ, ки бисёр хулосаву  фишурда будаву луғати сомӣ дар он истеъмол мешуда, алифбои авастоӣ ба ҳадди кофӣ дорои ҳуруф ва садоҳои  гуногун мебошад ва ҳатто, як луғати сомӣ дар он вуҷуд надорад”[1,555].

  Баъд аз таҳқиқу муқоисаи забонҳои бумии замони шоҳаншоҳии Сосонӣ С. Ҳидоят бо вуҷуди мавҷудияти алифбои диндабира, дар хатти паҳлавӣ боқӣ мондани луғати иқтибоси сомиро ба шакли узворишҳо, ба масобаи расмулхатти  расмӣ- давлатӣ ва умумии тамоми қаламрави шоҳаншоҳӣ будани он медонад. Зеро ин калимаҳо дар забонҳо (саҳеҳтараш  лаҳҷаҳо- О.Х)-и бумӣ талаффуз ё сохтмони фоҳише аз забони паҳлавӣ доштанд, аз ин рӯ, онҳо “ба забони оромӣ ё дураға навишта мешуда, барои ин ки дар ҳар маҳал ба забони бумӣ талаффуз  шавад” [1,557]. Ва сабаби мавҷудияти узворишҳоро дар хатти паҳлавӣ ва ба ҷои он қабул накардани алифбои савтии “диндабираро”, ки “Авасто” ба он сабт шуда, ҳаққи аввалият надодан ба ҳеҷ як аз лаҳҷаҳо ё забонҳои роиҷи он замон меҳисобад.

  Ба қавли ӯ, узворишҳо  «ба манзалаи  аломате ба шумор мерафтааст», то он калима ба талаффузи он забон  ё лаҳҷаи бумӣ хонда шавад. Иловатан, С. Ҳидоят тазаккур медиҳад, ки талаффузи вожагон на танҳо дар лаҳҷаҳо ё забонҳои бумӣ ба тарзи мухталиф будааст, балки дар худи забон ва хаттӣ паҳлавӣ низ ин  мушкилот вучуд доштааст. Зеро дар алифбои паҳлавӣ табдили ҳарф ё овоз ба якдигар низ ба мушоҳида мерасад. Барои тақвияти андешаи худ  С. Ҳидоят чанд мисол меорад, аз ҷумла, ҳарфҳои R ва L ба ҷои ягдигар меоянд: девор – дефол, барг – балг ё ҳарфи v,p,f: гӯсфанд, гӯспанд. “ ҳуруфи j,z з, с  монанди бизишк, биҷишк, бичишк, бизишк ва ғайра” [1,557].

  Сипас  Содиқ Ҳидоят  таъкид мекунад , ки дар расмулхатти пахлавӣ бидуни  узворишҳо  низ луғати форсии миёна ба шаклҳои гуногун хонда ва навишта мешудааст.  Барои мисол, “вожаҳои обастан-овастан, опастан, опустан” –ро шоҳид меорад. Ва чунин андешаронӣ мекунад, ки мақсади Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Ибни Надиму Масъудӣ аз “виспдобира” шояд ҳамин хатти паҳлавӣ бошад, ки ҳамчун  расмулхатти воҳид дар миёни лаҳҷаҳову забонҳои бумии гуногуни қаламравии шоҳаншоҳӣ  нақши расмӣ- давлатиро доштааст. Зеро он аснодеро, ки  ба позанд бармегардониданд, умумият барои ҳамаи гӯшиҳои забонҳои бумӣ надошта, дар ҳар маҳал зери таъсири забони бумӣ  ба тарзи худ хонда мешудааст.

  Гузашта аз ин, С. Ҳидоят ёдовар мешавад, ки он чӣ аз асноди Позанд  то замони мо расида, мутааллиқ ба давраи баъд аз ислом буда, ҳама дар Ҳиндустон таълиф шуда “таъсири лаҳҷаи яздиву кирмониву гуҷаротӣ дар он машҳуд мебошад”[ 1,559].

  Билохира, муҳаққиқ чунин суолгузорӣ мекунад, ки чаро ба ҷузъ “диндабира” дигар намунаҳои хатҳо, ки  дар китобҳои  қудамо зикр шудаанд, боқӣ намондааст?

  Худаш  посух медиҳад,ки иллати асосиро дар ҷаҳлу таассуб  бояд ҷустуҷӯ кард. Дар он давра он чӣ ки аз адабиёти то исломӣ дар Эронзамин боқӣ монда буд, қасдан маҳву нобуд кардаанд ва “ ба ҳамин далел- таъкид медорад. С. Ҳидоят, аз адабиёти Эрони бостон нисбат ба аҳамияти тавсеае, ки дошта (масалан, бо муқоисаи осори санскрит) ҷузъи ночизе тавассути порсиёни Ҳинд нигаҳдорӣ шудааст” [ 1, 559].

  Дар асари баррасии узворишҳо ва расмулхатти паҳлавӣ ва сабаби ҷойгузини расмулхатти  паҳлавӣ нашудани алифбои савтии “дин дабира”-и  авастоиро, Содиқ Ҳидоят дар давраи салтанати Сосониён ба вуҷуд наомадани як забони умумии адабии меъёр, ки битавонад бар соири лаҳҷаҳову забонҳои бумӣ  тасаллут  дошта бошад, медонад. Зеро дар ин давра танҳо расмулхатти паҳлавӣ  бо узворшиҳои сомӣ  ягона хатти  умумӣ барои ҳамаи забонҳо ва лаҳҷаҳои бумии қаламрави шоҳоншоҳии  Эрон маҳсуб мешуд. Содиқ Ҳидоят  муътақид аст, ки баъд аз Ислом, ҷунбиши тағйири алифбо аз шарқи Эронзамин, яъне аз Хуросону Мовароуннаҳр оғоз шуд, яъне “пас аз иқтибоси алифбои араб ба унвони ягона  василаи китобат забони Мовароуннаҳру лаҳҷаи хуросонӣ забони расмӣ гардид ва калимоти форсии он ҷонишини  аломати сомии узворишин шуд, валекин дар амал ҳамон вазифаи узворишинро анҷом дод ва ишколоти расмулхатти паҳлавиро ба ҳеҷ ваҷҳ ҳал накард” [1,559-60].  

  Содиқ Ҳидоят бар ин ақида аст, ки чун алифбои арабӣ низ алифбои ҳиҷоисту садонокҳои кӯтоҳ навишта намешаванд, мушкили забони форсиро  бароварда накард, баръакс, “ишколоти тозае барои забони форсӣ ба вуҷуд овард” [1,560]. Агарчи пас аз иқтибоси алифбои арабӣ ”ногаҳон” тамоми луғоти узворишин аз миён рафт ва расмулхатҳои гуногуне , ки вуҷуд дошт матрук гардид,” аммо мушкилот ҳал нашуд. Содиқ Ҳидоят дуруст натиҷа мегирад, ки яке аз забонҳои бумии Эрон (мовароуннаҳрӣ, хуросонӣ ) “... вазифаи узворишро уҳдадор шуд ва бар бисёр забонҳои бумӣ ғалаба кард” [1,560].

  Зеро қудрати сиёсӣ дар ин давра дар Мовароуннаҳру Хуросон тамаркуз ёфта буд (Сулолаҳои Саффориёну Сомониён). Аз ин рӯ, гӯиши форсии Мовароуннаҳру Хуросон асос ва пояи забони форсии ҷадид қарор гирифт.

  Дар мавриди қабули алифбои арабӣ ба ҷои расмулхатти паҳлавӣ, ки маншаъ аз забонҳои сомӣ низ дошт, Содиқ Ҳидоят бо қотеият ёдрас мешавад, ки ин алифбо низ аз рӯи тамаллуқ ва хушомади зӯрмандони замон гирифта шуда буд. Илова бар он ин алифбои нав “ҷавлонгоҳи тозае ба дасти  луғоти арабӣ дод, ки монанди сел  вориди забони  форсӣ гардид ва чун  алифбои ноқис буд ва садоҳои ҳуруфро ҳифз намекард, бисёре аз луғоту  калимоти форсӣ муарраб шуд ва кам-кам лафзи қаломи сохтагӣ  ривоҷ ёфту  луғати бегона ҷузви забони муҳовара гардид”[1,560].

  Сипас муҳаққиқ алифбои паҳлавӣ ва алифбои арабиро  муқоиса намуда  нишон медиҳад, ки чун ҳар ду  алифбо решаҳое аз забонҳои сомӣ  доранду ҳарфҳо  занҷиравӣ ва ҳиҷоианд, аз ин рӯ тағйироту таҳаввулоти забонро нишон номдиҳанд. Барои тақвияти ашдешаи хеш забони Шекспирро бо забони имрӯзи англисӣ дар муқоиса мегирад, ки хеле аз ҳам фарқ мекунанд, аммо забони Фирдавсӣ бо забони форсии имрӯз кам тафовут дорад.

  Ин иллатро С. Ҳидоят маҳз дар алифбои арабии  иқтибос шуда  медонад. Аз ин рӯ, таъкид медорад, ки” забон заъиф шуда, қуввати собиқи худро аз даст дода ва ниёзманд ба мутародифот гардидаву хондани он бисёр душвор ва фақат ба одати чашм аст” [1.561]. Агарчи, аз назари муалллиф, забони форсӣ яке аз куҳнатарину осонтарин забонҳои ориёист “аммо дар қолаби сомӣ рехта шудаву қарордодҳои  сохтагӣ барояш вазъ гардида, ки аз решаи аслии худ мунҳариф гаштааст” [ҳамон ҷо]. Сипас С. Ҳидоят таъкид медорад, ки забони форсӣ қоидаи (дастури) мӯшикофе дорад, аммо дар асари  беалоқагии мо ба мутолиаи забони “Авесто” ва паҳлавӣ онро  фаромӯш ва “қавоиди сохтагӣ аз забони сомӣ барояш вазъ“ кардаем. Зеро луғоту калимоти паҳлавӣ дорои маонии дақиқ мебошад,ки форсии имрӯз дар асари саҳалонгорӣ аз даст додааст.” [ҳамон ҷо]. Барои бурҳони андешаи худ чанд феъли зерро оварда тазаккур медиҳад, ки ҳар яке дар мавриди муайян истеъмол мешудаву маънии хосеро ба дӯш доранд: шунидан, шунудан, шунухтан, ниюшидан, ниюхшидан, ашнудан ва ғайра.  

  Содиқ Ҳидоят аз мушкилоти дигари хатти форсии ҷадид, яъне алифбои арабӣ, дандонаҳо, нуқтагузорӣ ва надоштани ҳуруфи савтӣ дониста, эрод мегирад, ки маҳз ин мушкилот боиси он шудааст, то  “луғати форсӣ маҳҷуру  номаънус дар фарҳангҳо ба сад ҷур навишта шуда, магар ба шакли аслии худ ва бисёре аз луғати форсӣ ба сурати ғалати машҳур даромада, монанди “пизишк” ба ҷои “бизишк”, “каждум” ба ҷои “газдум ”, “пинҳон” ба ҷои “бинҳон”, “басиҷ” ба ҷои “пасич” ва ғайра ” [ҳамон ҷо].

  Бад-ин робита муаллиф ислоҳи хатти имрӯзи форсиро ногузир меҳисобад ва чунин ибрози андеша мекунад:

  “Аз ин рӯ, масъалаи ислоҳи хат мавзӯи бисёр муҳим ва ҳаётӣ барои забони форсӣ ба шумор меравад ва бидуни ин ислоҳ ҳар гуна роҳи таҳқиқ дар забони форсӣ масдуд хоҳад буд, яъне иқтибоси ҳуруфи савтии лотинӣ, ки мутаносиб бо садоҳо ва мухтасоти забони форсӣ бошад”[1,562].  

  Содиқ Ҳидоят барои тақвияти пешниҳоди хеш ба алифбои лотинӣ гузаштани ҳамзабонони хеш тоҷикҳо ва курдҳои хориҷ аз Эронро мисол оварда, тазаккур медиҳад:

  “Дар ин замина озмоиши муҳимме анҷом гирифта, яъне курдҳои хориҷ аз Эрон ва тоҷикҳо, ки ба забони бумии форсӣ гуфтугӯ мекунанд, алифбои савтии лотиниро пазируфтаанд ва натоиҷи бисёр судманд ба даст овардаанд” [Ҳамон ҷо].

  Муаллиф дар ин мақолаи таҳқиқотии ҷолиби хеш, ки перомуни хатти паҳлавӣ ва алифбои савтӣ анҷом додааст, ба чунин натиҷагирии мантиқӣ меояд, ки чун дар Эрон бостон забонҳои маҳаллӣ ва шеваҳои  китобатии мухталифе ривоҷ доштааст, барои умумият додан ё расмӣ кардан, хатти паҳлавӣ ва истеъмоли  узворишҳои  сомиро иқтибос кардаанд ва алифбои савтии “дин дабира” –ро барои китоби “Авесто” ва забонҳои маҳаллӣ, ки дар доираи қаламравии маҳдуди он забон мавриди истеъмол будааст, истифода мекарданд. Аз ин рӯ, Содиқ Ҳидоят бар он таъқид дорад, ки мутаассифона, алифбои форсии ҷадид, ки решаи сомӣ дорад, он нақсҳои расмулхатти паҳлавиро рафъ накард ва посухгӯи табиати забони форсӣ нест. Аз чумла, иброз медорад:

  “Алифбои форсии ҷадид бисёр ноқис аст ва илова бар ин ки нуқси расмулхатти паҳлавиро муртафеъ насохта, ишколоти дигаре ба он афзуда, ки форсиро ба шакли як забони душвору хушку қарордодӣ дароварда ва ба ҳеҷ ваҷҳ шоистаи муқтазиёти забони зинда дар дунёи имрӯз намебошад” [1, 562].

  Содиқ Ҳидоят дар поварақи мақолааш дар иртиботи камтаваҷҷуҳии донишмандони эронӣ ба таҳқиқи забони форсии бостон, забони “Авесто” ва забони паҳлавӣ изҳори таассуф карда, таъкид медорад, ки “аз лиҳози забонишиносӣ ва қавоиди сарфу наҳв форсии кунунӣ муҳтоҷ ба мутолиаи бисёр дақиқи паҳлавӣ мебошад ва бидуни таҳқиқи комил дар забони “Авесто” ва паҳлавӣ бисёре аз ишколоти луғавӣ ва сарфу наҳви форсӣ ҳаргиз ҳал нахоҳад шуд” [1, 561].

  Басо ҷои таассуф аст, ки то ба имрӯз на дар Эрон ва на дар Тоҷикистон таҳқиқи ҷиддии таърихи забонҳои эронӣ, аз ҷумла, паҳлавӣ, суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ дар сатҳи хело пойин қарор дошта, ба забоншиносии муқоисавии таърихии забонҳои эронӣ аслан таваҷҷуҳ намешавад.

 

Хоҷамуродов ОЛИМҶОН

доктори илмҳои филология, профессор

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (14), 2019

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

 Адабиёт

 1. Содиқ Ҳидоят. Хатти паҳлавӣ ва алифбои савтӣ // Содиқ Ҳидоят. Навиштаҳои пароканда. Муассисаи интишороти “Нигоҳ”, Теҳрон, 1384/2005 ҳ.ш. 647 с.

Хондан 1546 маротиба