Аз роҳи саҳрои хаёлаш яку якбора корвони шубҳаву ноумедӣ ва тасдиқу инкор гузашт ва дар ин миён ӯ худро мусофири роҳгумзада тасаввур карда, парешону безобита гашт. Ибоде, ки ҳар қадамашро дониста мемонд ва ҳама кораш аз рӯи нақша сурат мегирифт, дар лаҳзае ба куҷо рафтану чӣ кор карданашро намедонист. На хомӯширо пеша ва на рози ниҳонашро ошкор карда метавонист. Агар ишора мекард, гумонбарияш, ки нишонаи торикии имон аст, тасдиқ мегардид. Агар ишора намекард, пурсиш идома ёфта, аз гап гап мебаромад ва уқдаҳои нокушодаи ин асрорро нохуни тези баҳсҳо мекушод.