JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Сентябри 2017 11:53

Шарики умр

Муаллиф:

 Аз роҳи саҳрои хаёлаш яку якбора корвони шубҳаву ноумедӣ ва тасдиқу инкор гузашт ва дар ин миён ӯ худро мусофири роҳгумзада тасаввур карда, парешону безобита гашт. Ибоде, ки ҳар қадамашро дониста мемонд ва ҳама кораш аз рӯи нақша сурат мегирифт, дар лаҳзае ба куҷо рафтану чӣ кор карданашро намедонист. На хомӯширо пеша ва на рози ниҳонашро ошкор карда метавонист. Агар ишора мекард, гумонбарияш, ки нишонаи торикии имон аст, тасдиқ мегардид. Агар ишора намекард, пурсиш идома ёфта, аз гап гап мебаромад ва уқдаҳои нокушодаи ин асрорро нохуни тези баҳсҳо мекушод.

 Дар натиҷа кор аз кор мегузашт, шубҳа ба хусумат табдил меёфт ва шармандагӣ сар зада, хонаи ободе вайрон мешуд. Наход кор ба ин дараҷа бирасад? Ба ин дараҷа набояд расид. Итминон дошт, ки баъди ин гумонҳо ҳам ягон воқеа рух намедиҳад. Зеро ин розҳо ҳам гапи набудаанд, шубҳаанд, бофтаҳои дурӯғини хаёланд, заминаи боэътимод надоранд. Шояд на бофтаҳои дурӯғини хаёл, балки ҳақиқати ҳол бошанд? Шояд ҳақиқат ҳам набошанд,-боз дудила шуда, нӯги риштаи калобаи хулосабарориашро сар медод Ибод ва ба як қарор омада наметавонист. Зеро аз пайи ин пурсиши сабук боз ҷавоби вазнин буд. Вале ошкор накунад ҳам, қиссаи ин рози ниҳонро аз хати пешонӣ ва ҳарфҳои маънидори нигоҳаш хондан мумкин буд:- Малол машавeд, устод ҳам бошед, суханамро рӯирост мегӯям,шояд эродам ба шумо нафорад, лек чӣ метавон кард, ки ҳақиқат талх аст. Хулосаи гап ҳамин, ки шумо аз дастархони падару модараш нон хӯрдаед, дар хонаи волидонаш иҷора нишастаед. Онҳо ба шумо хизмат ва дасти мадад дароз кардаанд. Поси намакро, ки доред, хубаш рафта ба аҳли ҳамон хонадон миннатдорӣ изҳор кунед. Ба Сурайё чӣ кор доред?

 Хатои худро зуд ҳис кардам. Фаҳмидам, ки пурсиш ноҷо афтод, Тарзи баёни сипосам ба шиноси деринаам нафорид. Ибод ба ҳар суолам бо дили нохоҳам ҷавоб мегардонд,ҷавоби сард. Ҳамзамон дар гумонам ханҷари тези нигоҳаш аз ҷавшани ҷонам мегузашт ва бесухан сар ҷунбонданаш мӯҳре буд, ки ҳуҷҷати қабули маҷбурии дидорамро тасдиқ мекард. Бо вуҷуди пушаймон шудан аз ин дидор ва кушодани риштаи сӯҳбати гиреҳдор ба мағлубӣ тан надода, барои батараф кардани кадомин шубҳаи эҷодкардаи ҳамсӯҳбатам, кӯшиш мекардам, ки баъди ҳар ҷавоби нешдор посухи мувофиқ биёбам. Хаёлҳои хому гумонҳои бади Ибод ва дар роҳу кӯчаҳои поки инсонӣ ғуборҳои рашку хиёнат диданаш, ки дар ягон гӯшаи мағзи сари аз чунин андешаҳо озодам намегунҷид, маро маҷбур мекард, ки ба лаб мӯҳри хомӯшӣ назада, бо ҷавобҳои далелдорам аз вартаи ин муҳокимаи давомдор берун бароям.

– Сурайё, хоҳараки азизи мо, дастархон мегустурд, чой дам мекард, хӯрок меовард. Ҳама сари як дастархон нишаста, гоҳо аз як табақ нон мехӯрдем. Гоҳо ҳамроҳи модараш либосҳоямонро шуста, дарзмол мекард. Қисса кӯтоҳ, мо иҷоранишинону хонадорон-он бошандагони маскани меҳру шафқат,- дар маҷмӯъ зодагони кишвари инсониро мемондем, ҳамчун узви як оила озими роҳи дури зиндагонӣ будем.

– Фаромӯш макунед, ки он мегуфтагиятон, он як узви оила, як кӯдаки аз асрори оламу одам бехабар, як духтараки мактабхони ҳанӯз нодон буд, як дидаи дар роҳи қисмат ҳайрон буд, Сурайё набуд,-аз роҳи сарҳади гумонҳо берун қадам мондан намехост Ибод.

– Рост мегӯяд Ибод. Он духтараке, ки акси ҳусни зебои тасвирнашавандааш дар оинаи хотири ман мондааст, ин Сурайёи панҷоҳсола ва он ҷавон ҳам, ки дар шаклу сурат аз ҳамқисмати интихобкардааш камӣ надошт ва ӯро шоми бастани издивоҷ ва рӯзи ҷашни хонаободӣ дар бари арӯс дида будам, ин Ибоди лоғари шастсола набуд,-ба дил тасдиқ кардам ва айёми донишҷӯиву рӯзгори иҷоранишиниро ба ёд овардам.

 Даврони донишҷӯии мо аз сабаби камбизоатӣ ва кӯшиши ёфтани ҳуҷраи арзони иҷоравӣ рӯзгори кӯчиёнро мемонд. Хобгоҳ аз омӯзишгоҳ хеле дур, дар канори охири шаҳр ҷойгир буд, ки сад қадам онтарафтар аз он деҳа оғоз мешуд. Деҳотиёни бордор аз роҳи бари хобгоҳ гузашта, ба шаҳр мерафтанд.Аксари онҳо ширфурӯшони бидондор буданд. Мехостем шир бихарем, вале ҷои пухтан надоштем. Дар хобгоҳ ғайри хобидану шабро рӯз кардан ягон шароит, ҳатто ҷои дастшӯӣ ва обҷӯшонӣ набуд ва мо дар чойхонаву ошхонаи назди омӯзишгоҳ шикамамонро пур мекардем. То ба хобгоҳ расидан хӯрдаҳо ҳал мешуд ва дасти иштиҳо аз нав ба домани меъдаамон чанг мезад. Барои ҳамин аксари донишҷӯён аз баҳри хобгоҳи умумӣ гузашта, иҷорашин мешуданд. Мо низ чанд тан аз як деҳа аз ҳамон зумра будем, ки зуд-зуд ҷои зистамонро иваз мекардем. Ин ивазшавӣ ба арзиши иҷора ва муомилаи соҳибони хона вобастагӣ дошт. Дар ин қисмат гоҳе мебурдему гоҳе мебохтем.

 Боре бо ташвиқи кампираки танҳое, ки фақат бинии дарози борикаш ба ёд мондааст, аз баҳри ҳуҷрае, ки дар он осуда мезистем, гузашта ба хонаи ӯ кӯчидем. Ду шабро дар он ҷо рӯз карда, шаби сеюм берун аз дар шудем. Кампирак даркушоии худро фаромӯш карда, гум шудани сагашро дар бепарвоию шумқадамии мо дид ва таъкид намуд, ки дигар дар чашмонаш натобем.

– Дар ин нимашабӣ ба куҷо меравем,- гуфта, зорӣ карданамон ба дили сангинаш кора накард ва моро дар торикӣ аз даргоҳаш ронд. Борҳои вазнин дар пушт базӯр-базӯр боз бехабар ба хонаи падари Сурайё омадем.

– Чаро аз он манзиле, ки аҳлаш ҷони одам буданд, рафтем? Ягона сабаби рафтанамон тангии ҳуҷра буд, ки барои хондану дам гирифтани се –чор кас мувофиқат намекард. Хонаи кампирак калон ва майдони ҳавлияш васеъ буд. Боғ ҳам дошт. Фурсат даст надод, ки сабаби танҳо зистани ӯро бипурсем. Вале аз тарзи гуфтору кирдор ва нишонаҳои бозгӯи тарҳи рӯю хати ҷабину ҳарфи нигоҳаш маълум буд, ки ӯ одами хуб нест, кӯтоҳандешу дилтанг аст. Хайрият, ки рафтану пушаймон шуда баргаштанмонро ғайри як ҳамдарсамон дигар касе пай набурд. Сабабгори ба ин хонаи танг омадани иҷоранишинҳо низ ман будам. Ман дар хонаи як хеши дурам, хеш не, як шинос зиндагӣ мекардам. Он кас амаки шавҳари холаам буд, фарзанд надошт. Занаш ҳам безурётии ӯро фаҳмида, ба тақдир тан дод. Онҳо бо умеди равшан нигоҳ доштани чароғи хонаашон кӯдаки бегонаеро парварда, гули хӯроку пӯшокро барояш муҳайё мекарданд. Ҳамон парвардаашон ба воя расида, ба хондан рафт ва баъди соҳиби касб шудан дигар ба хонаашон барнагашт. Пиру кампири аз интизорӣ ноумедгашта дар ҷои ӯ маро дида, гоҳе бекасиашонро фаромӯш мекарданд. Эҳтиёҷи зиндагӣ баъдтар маро ҳам ба роҳи дигар бурд. Рӯзи рафтанам дидагони абрмонанди онҳоро ғарқи борони ҳасрату ноумедӣ дида, гуфтам, ки лаҳзае бе ёди шумо намегардам. Ба аҳдам вафо кардам, пайваста хабарашон мегирифтам. Онҳо аз дидори ман беҳад хурсанд мешуданд. Ҳатто мӯйсафед, ки дуторро хеле бад менавохт ва овозаш садои товусро мемонд, аз ғояти шодӣ ба навохтану сурудан мегузашт. Вале ҳазорон шодии сохта, ғами қаъри дили онҳоро ҷуброн карда натавонист.Оқибат он ду нокоми роҳи умр бори ҳасрату интизорӣ ва бенишониро бо худ ба гӯр бурданд ва он хонаву ҳавлии калон ба як хеши дурашон монд.

 Дар он хона ҷои хоб ва хӯроки ман ройгон буд. Танҳо аз дурии роҳ азоб мекашидам. Агар он хона чархдор мебуду кашида ба омӯзишгоҳ наздик бурда мешуд, бешубҳа, даврони донишҷӯии ман бо подшоҳӣ мегузашт. Афсӯс, ки хона чархдор набуд. Вале хонаи ҳамдарсони иҷоранишинам ба омӯзишгоҳ хеле наздик,пиёда рафтан мумкин буд. Онҳо аз кӯча ба боғи марказӣ ворид шуда, аз дарвозаи дигари боғ берун мебаромаданд ва ба тарафи муқобили роҳи калон гузашта, худро дар назди дари омӯзишгоҳ мегирифтанд.

 Рӯзе ба суроғи ҳамдарсонам ба он даргоҳ рафтам. Баробари кушодани дарича дар рӯ ба рӯям зани тахминан панҷоҳу панҷсолаеро дидам, ки аз хомфарбеҳӣ ҳафтодсола менамуд. Аз ӯ дар куҷо будани рафиқонамро пурсидам.

–  Ба бозор рафтанд, барои харидани маводи ғизоӣ, андак пас меоянд. Зан маро маҷбуран ба гӯшае шинонда, майдапурсӣ кард. Баъди фаҳмидани суроғаам, зодаи кадом водӣ буданам ва номбар кардани чандин решапайвандам «ту на танҳо ҳамшаҳрӣ, балки хеши худам будаӣ. Духтари амаки холаат келини аппаи ман аст. Метавонӣ ҳар вақт ба ин хона биёӣ, балки ҳамроҳи мо бошӣ. Ин хона ба мактабат наздик.

 Баъди чанд сухани афсунгараш, ки аз меҳру шафқат саршор менамуданд, дар ҳалқаи ҷоду афтода, хаёлан нақшаи ба ин даргоҳ кӯчиданро кашидам. Баъди ду рӯз ба хонаи «хеши навам» омадам.

– Ду-се шаб дар ҳуҷраи ҳамдарсонат хоб бикун,баъд ҷоятро меёбем,-гуфт он хомфарбеҳ чашмонашро гардиш дода.

 Ду –се рӯз не, чанд моҳ сабр кардам, вале аз ин боб дигар ҳарфе нашунидам. Он зан баробари дигарон аз ман иҷорапулӣ мегирифт. Аз фиреб хӯрдану ҷои гармамро хунук карданам ва аз хӯроку ҷои хоби ройгон монданам афсӯс мехӯрдам, вале илоҷи ба ҷои аввала баргаштанро надоштам.

 Дар ин даргоҳ маро дар бехи девори ҳуҷрае, ки ҳамдарсонам мезистанд, ҷо доданд. Ҳангоми бапушт хобидан аз бехи девор осмони ситорадорро медидам. Майдони диданам аввал ба хати кашидае монанд буд, вале баъдтар дар назарам васеъ шуда, шакли ҷӯборакеро гирифт. Билохир ҳис кардам, ки болорҳо оҳиста-оҳиста мелағжиданд. Шабе, ки маблағи иҷораро ҳисобӣ кардам, ба ҳамдарсонам гуфтам, ки ман як хона ёфтам, агар майлу хоҳишатон бошад, ба он ҷо мекӯчем. Агар накӯчем, ягон шаб дар зери ин бом монда, хокдаҳон мешавем. Ҳамдарсон розӣ шуданд, вале яке аз онҳо барои ширин кардани худ соҳибхонаро аз мақсадамон воқиф кард. Ҳамон зани, ба гуфти худаш, хешам, ки бисёр забони тез дошт ва аз дасташ ҳама бадӣ меомад, тиру теғи ғазаб кашида,бо овози баланд гуфт:

–  Кирмаки бетоқат, маълум шуд, ки корат фақат кӯчидану ба сад дар рафтан будааст. Рафтаниӣ, худат бирав, инҳоро сарсону саргардон макун, фаҳмидӣ?!

– Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам, шухӣ кардаму садоқати ҳамдарсонамро фаҳмиданӣ шудам, -гуфта, домани соҳибхонаи бераҳмро бо чормағзи пуч пур кардам. Вале нисфи шаб, замоне, ки ҳама дар хоби ноз гирифтори марги сабук буданд,даричаи ҳавлиро оҳиста кушода, дар дӯш бори гарон гурехтам ва худро дар хонаи Ҳоким-амак гирифтам. Бори нахуст дар ин хонаи соҳибонаш бегона нигоҳи пур аз раҳм ва дилу чеҳраи кушодро дидам ва маънии вожаи одаму одамгариро хубтар фаҳмидам.

 Ҳамдарсон ҳам, ғайри ҳамон хабаркаш, баъд аз ҳафтае рӯ ба ҳуҷраи иҷоравии ман оварданд ва то хатм кардани омӯзишгоҳ ҳамроҳам зиндагӣ карданд.

 Баъдтар эҳтиёҷи рӯзгор моро ба роҳҳои дигар хонаҳои иҷоравию хобгоҳҳои оилавӣ ва дарёфтани даргоҳи худӣ бурд. Вале он осудагиву хушҳолие,ки дар хонаи падари Сурайё доштем, дар хонаи худамон пайдо накардем.

 Падару модари Сурайё ҷуфти муносиб буданд ва ягон лаҳзаи ҳастиро бе ҳамдигар тасаввур карда наметавонистанд. Бори ғаму шодии ҳаётро бо ҳам мекашиданд. Ҳангоми сӯҳбат низ барои ба ҳам бар нахӯрдани нигоҳҳо ва орӣ будан аз хислатҳои мағрурию нописандӣ сарашонро андак хам мекарданд. Гӯё ҳанӯз ҳам чун навхонадорон аз ҳамдигар шарм медоштанд. Вале медонистанд, ки дар бозии тақдир хоҳу нохоҳ бояд як кас мағлуб шавад. Мард мехост худро аз занаш боло нагирад. Зан аз баҳри боло будан гузашта, ба шавҳараш имтиёз медод ва ӯро дар набарди майдони ҳастӣ ғолиб мекард. Зайнаб-хола аз ҳамин хислаташ ганҷинаи осудагӣ ва мукофоти зиндагӣ пайдо карда буд.

 Падари Сурайё Ҳоким-амак гоҳо баъди кор сархуш ба хона меомад. Кор кардан бо рангу маводи кимиёвӣ талаб мекард, ки коргари ин бахш ҳар рӯз ду-се маротиба ғизои ширӣ бихӯрад ва ё андак шароб бинӯшад. Барои Ҳоким-амак,ки нӯшиданро дӯст медошт, ин тарғибот баҳонаи хубу заминадор буд. Ҳангоми сархушӣ ҳам ҳарфи зиёд намегуфт, дилу хотири касеро намеозурд. Дар ҳама ҳолат Зайнаб-хола ба шарики умраш рӯи хуш медод. Дасти ӯро дошта, ба ҷои муқаррарияш бурда, мехобонд. Ва лаҳзае дар паҳлӯяш нишаста, бо дидаи меҳр ба чеҳраи сурхгаштаву чашмони пӯшидаи ҳамқисматаш менигарист. Гоҳо мӯйҳои сари ӯро бо панҷаҳои нарму навозишпарвараш шона мекард. Дар чунин ҳолат чӣ хаёлҳо аз сараш мегузашт, Худо медонаду худаш. Вале аз ин муомилаи хомӯшона ҳам гӯши аҳли фаҳм садоеро мешунид: «Маст ҳам бошӣ, паст ҳам бошӣ, ҳамқисматӣ, барои ман дунёи бахту саодатӣ…»

 Ҳоким-амак баъди ба худ омадан хӯроку чойи талх мефармуд. Дар табақ хӯрдани шӯрбову шакаробро нағз медид. Нонро хирман карда, моро ба ёрӣ даъват мекард. Мо толибилмони нимсеру нимгурусна интизори як ишора будем ва панди куҳани «биҳишти косалесон» -ро ба ёд оварда, ҳатто дар лесидани табақ ёраш мешудем.

 Алқисса, пиру кампир ва фарзандонаш луқмаеро бе мо намехӯрданд. Иҷорапулии мо як ҳиссаи хароҷоти онҳоро ҷуброн карда наметавонист. Аз иҷорашин қабул кардан чӣ манфиат диданашонро пай намебурдем. Гоҳо дар ҳамон ҳавлии танг футболбозӣ мекардем. Дарвозаи ҳавлиро дарвозаи майдони бозӣ пиндошта,зарба мезадем. Аз зарбаҳои сахти туб дарвозаи оҳанин садо бароварда, хомӯшии гузарро халалдор мекард. Хурду бузурги оила ин манзара ва гоҳо рехтани гилҳои бари девори хонаву ҳавлиро медиданду лаб намекушоданд. Ёдашон бахайр,аҷаб инсонҳои нек буданд пиру кампир.

– Буданд не, ҳастанд. Зиндаҳоро қатори мурдаҳо нашуморед. Рӯзашон, ки буд шуд, худашон бори сафари ҷовидона мебанданд.

 Аз ин таъкиди маънидор ман аз ҳисобу китоби нодуруст ва воқифи ҳол набуданам хиҷолат кашида, худро маломат кардам.

 Сурайё ин суханҳоро шунида, мехост ба сӯҳбат ҳамроҳ шавад, ҳоли ману аҳли оилаамро бипурсад, бачаи донишҷӯямро бубинад, духтаронашро ба ман муаррифӣ бикунад ва рӯзгори гузаштаро ба хотир оварда бигӯяд: -Умр дар як мижа задан мегузаштааст. Фарзандонамон акнун ними умри моро доранд. Косаи навбат тез давр мезадааст. Мо, ки дирӯз кӯдак будем, имрӯз соҳиби набераем, бибиву бобоем. Мехост, ки аз хусуси падару модари пираш, ки ман аз бехабарӣ номи онҳоро аз сабти дафтари зиндагӣ бароварда, дар лавҳаҳои водии хомӯшон навишата будам, сухан бигӯяд ва тасдиқ бикунад, ки шукри Худо, падару модарам ҳанӯз зиндаанд, яке ба саду дигаре ба навад даромадааст. Мехост, ки аз ҳаёти се бародару хоҳараш ҳикоят карда, дар охир ба риштаи гуфтор мӯҳраи гилаашро бикашад ва маро бо носипосӣ муттаҳам намояд. Вале аз тарзи сухангӯии ҳамқисматаш, аз хаёлҳои шубҳапарвари сарвари хонаводааш хулосаи нохуб бароварда, хомӯширо авло донист ва худро ба ман ношинос вонамуд. Бо вуҷуди ин ҳама ман ба гӯшаи чашм чеҳраи коҳидаи ӯро дидам,ки аз гузашти умр хабар медод. Воқеан ҳам ин Сурайё он Сурайё набуд. Ранги рухсораи он Сурайё садбарги гулобӣ ва абрӯвони сиёҳаш абрӯвони навакак усмакашидаро мемонд. Лабони сурхаш барги гулаш лоларо ба ёд меовард. Ин зебоиҳо айби бинии андак калони кӯлуларангашро мепӯшонд. Сунбули мӯйҳояш, ки ҳини шитофтан гоҳе пеши рӯи пуртароваташро мепӯшонд, ба шаршараву чашмакони зебояш ба санчилҳои тари ба бари девори кӯҳ часпида шабоҳат доштанд. Ба қадду қомати рехтаааш ҳар гуна пироҳану ҷома мезебид. Пардаи сурхи шарму ҳаё ба ҳуснаш ҳусни дигар зам мекард. Зебо буд,париваш буд он Сурайё. Ин Сурайё як зани бармаҳал пиршударо мемонд. Аз ҳусну малоҳати пешина осоре набуд. Чеҳраи коҳидаи ба каҳрабо монанд,абрӯвони ҷо-ҷо сафедшуда ва дастаи мӯйҳои ба оби шаршара ҳамранг, бинии калони кӯлуларанг, ки рӯи пӯст ба устухонгаштаашро барҷастатар кардааст, низ тасдиқ мекард, ки ин Сурайё он Сурайё ва ин Ибод он Ибод нест. Ҳангоме, ки Ибодро ба он хона барои ақди никоҳ оварданд, як ҷавони хушсурат ва рӯи гандумгунаш гандуми пурмағз буд. Қадди баландаш ба ӯ шукӯҳи дигаре мебахшид. Ҳоло ӯ ҳам ин нишонаҳоро надорад.Метавон хулоса баровард, ки Ибод на танҳо худро, балки Сурайёро ҳам пир кардааст. Ман ҳам акнун он ҷавоне нестам, ки Сурайё ва Ибод дида буданд. Дарди ҳастӣ ва гузашти умри пурсамар дар тани мани мусофири роҳи қисмат низ нақши худро гузоштааст. Навбати рахти сафар бастани се шиносе, ки аз як дидори тасодуф ва пурсиши ноҷо бегона гашта буданд, торафт наздик мешуд. Мо се тан гавҳари бебаҳои ҷавонии худро ба фарзандон бахшида, аз шарми тиҳидаст набудан пинаи охирини ҳастии худро нигоҳ медорем. Дар ҳамин ҳолат ҳам Ибод бо кадомин хаёле, ки чун теғ ба рагҳои асабаш мерасид, бо баҳонаи бо телефони дастӣ гап задан майда-майда ҷунбида, бо сипари зангоби ҳастихӯрдаи пайкараш дами кунди шамшери нигоҳамро баст. Нагузошт, ки таъсири зарбаи ин шамшер ба шарики умраш бирасад. Фишори зиндагӣ ва бори ранҷу азоб, ки маҷмӯи маҳсули нанг аст ва гирифторони он ба хотири ҳифзи як ном умр ба сар мебаранд, дар пайкари мо асари худро гузоштааст. Мо се шиносе, ки қариб аз ҳама чиз мондаем, ҳанӯз ҳам ба хотири кадомин орзуи надида домани номуси ҳастиро аз даст додан намехоҳем. Дар ин ҷода ҳатто намехоҳем аз ҳамдигар мадад бипурсем ва дӯстро аз душман бишносем. Бо ин ҳама нохоҳамӣ ман Ибодро аз дур дида шинохтам. Фаҳмидам, ки он зани умрдида зани ӯ ва он духтаракон фарзандони ӯянд. Дар ин ҳолат ба назди Ибод рафтан маънӣ надошт, вале илоҷу роҳи дигар набуд,хоҳу нохоҳ бояд аз паҳлӯяш мегузаштам. Ҳангоми аз бараш гузаштан ҳатман ӯ маро медид. Маҷбур будам, ки аз бари шиноси дерина бепарво нагузарам, ҳеҷ набошад саломи қарзи Худоро диҳам. Ин андеша сабабгори вохӯрии мо шуд. Ман Сурайёро, ки аз қадду қоматаш шинохта будам, акнун рӯяшро дида, дар лаҳзае ҳама хотираҳои мозиро, ки бозгӯи соҳибдилию поктинатии аҳли оила буданд, тагурӯ кардам.

– Наход ӯ маро, бародарашро, фаромӯш карда бошад?

– Не, ӯ маро фаромӯш карда наметавонад. Аз хотири шарики умр, аз таъсири дарди ҳастӣ рӯзгори деринаро ба ёд овардан намехоҳад. Фаҳмидам, ки аз тамоми ҷавонмардони рӯи олам ҳамоне, ки ӯро бармаҳал пир кардааст ва ба ин ҳолат расондааст, барояш азизтар аст ва ҳамсафари роҳи умрашро, ки ширеши зиндагӣ ҳар дуро мисли гӯшту нохун ба ҳам пайвастааст, ба касе иваз карда наметавонад. Сурайё ҳам фурӯтанию хоксорӣ итоату дар ҳама ҳолат ба қадри шавҳар расиданро аз модараш омӯхтааст ва ҳамон гуна чароғи муҳаббати ҳамқисматиро афрӯхтааст. Ҳамчун пайрави модари вафодораш раҳкушову ҳамраҳашро, ки ба хотири пайванди ҷовидонӣ тарки рафтуомади дигар роҳҳо намудааст ва аз нақши гузоштааш пайи пои давоми умр пайдо гаштаст, аз ҳазорон пайи ишқу муҳаббат боло медонад ва як зарра гарди меҳрашро ба зари дунё намедиҳад. Ин роҳ ба ғайри ӯ чашмашро ба рӯи арзандатарин мусофири олам бастааст. Ин роҳи ватани ҳамқисматист, ин роҳи аз сарҳади ҷавонӣ то охирин хату нишонаи қаламрави пирӣ расидан аст, ин роҳи то қиёмат дар кишвари бахт худро соҳибмулк дидан аст. Ибод ҳам ба марг розӣ мешаваду аз ин роҳу сарҳад берун баромадан намехоҳад. Пои муҳаббати одаткарда дар кафи худ қадами ноошное надорад, ки ба роҳи дигар гузорад. Садҳо мардону занони ҷавону зеботар аз пешу аз паҳлӯ мегузаштанд, вале ду ҳамқисмат ба сӯи онҳо дидаи эътибор намедӯхтанд. Барои надидани рӯи дигарон сари худро андак хамонда, сӯҳбат мекарданд ва дар ин миён гоҳ-гоҳ ба чеҳраҳои фарзандони басафарбаромадаашон нигариста, худро дар маскани хушбахтии тасаввурнашаванда, ки лаззати умрбодии олам ба як лаҳзаи талху ширинаш намеарзад, медиданд ва дасти шукрона ба гиребони қаноатмандӣ мебурданд.

 Ин вохӯрии мо дар фурудгоҳ ба вуқӯъ пайваст. Ҳар се гуселкунанда будем. Фарзандонамонро, нурони дидагону ороми ҷону танамонро ба роҳи дури сафар мефиристодем. Дар лабони писари ману духтарони онҳо, ки дар як қатор истода буданду аз қисмати деринаи мо хабар надоштанд ва ҳамдигарро намешинохтанд, табассум гул мекард. Вале ба тори асаби мо ангуштони садҳо хаёли ноладор нохун мезад. Оҳангҳои ҳузновари ҳиҷрон эҷод шуда, дилу ҷигарро обу адо мекард ва қатраҳои ҷамъшуда баъди қувват гирифтан боло баромада, аз қабатҳои монеадори дидагони мо мегузаштанд ва оҳиста-оҳиста ба рӯи мо ҷорӣ мешуданд. Дар ҷои интизорӣ, ҳарчанд, ки курсии холӣ бисёр буд, неруи хотире моро маҷбур мекард, ки рост биистем. Ин неру ба хотири бори охирин аз пушти қабати шиша дидани фарзандон пайдо шуда буд, ки моро аз нишастан бозмедошт.

 Се шиноси дерина бегонавор ба ҳамдигар эътибор намедодем. Сарчашмаи ҳамаи ин беэътиборӣ ҳамон саволи ноҷоафтода буд. Аз саволи додаам сахт пушаймон шудам, ҳатто роҳи аз ин варта халос шудану дар чашми Ибоду Сурайё натофтанро мекофтам. Вале илоҷи роҳи гурехтану раҳо гаштанро надоштам. Хотири фарзанд, ки касро ҳатто ба хонаи душман мебарад, сарнофарореро пеши поафтодаи дигаре мекунад, маро пеши ин шарикони умр, ки ҳақ тарафдори онҳо буд, маҷбуран нигоҳ медошт… 

 Муҳаммад Ғоиб. Ифтихор (шеърҳо ва ҳикояҳо, нашри II.) – Душанбе, «Адиб», 2011, 224 саҳ.

Хондан 1909 маротиба