JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 13 Сентябри 2017 03:34

Устод Рӯдакӣ-қофиласолори шеъри ҳикматӣ (ба истиқболи Рӯзи Устод Рӯдакӣ)

Муаллиф:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,

  Он шиносад, ки дилаш бедор аст.

                                                    Рӯдакӣ

    Дар таърихи илму адаби ҷаҳонӣ адабиёти форсӣ- тоҷикӣ маҳз бо шеъри ҳикматӣ мақоми баланд касб кардааст. Шеъри ҳикматӣ-фалсафӣ реша, бунёд, поя ва асоси адабиёти форсӣ-тоҷикӣ буда, дар ҷаҳони фарҳанги башарӣ бевосита бо асли фалсафӣ доштанаш маъруфият пайдо кардааст.Асолати фалсафии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бузургтарин муваффақияти илму фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб шудааст, то ҷое ки донишманди шаҳир ва муаррихи варзидаи илм Ҷорҷ Сартон таъкид мекунад, ки илми ҷаҳонӣ ду комёбии бузург дорад: яке фалсафаи юнонӣ ва дигаре адабиёти форсӣ (1, 17). Ин комёбӣ ва муваффақияти бузурги илми ҷаҳонӣ, ки ба адабиёти форсӣ мутааллиқ аст, ба шарофати саъю талош ва заҳматҳои фаровони шоирон, ҳакимон ва андешамандоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хайём, Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз ба даст омадааст.

   Бояд тазаккур дод, ки шеъри ҳикматии адабиёти форсии тоҷикӣ реша ва заминаҳои амиқи фикрӣ андар таърихи башарӣ дорад. Таърихи илму фарҳанги бостонии мардуми форс-тоҷик ба он гувоҳӣ медиҳад, ки суханпарварӣ, андешамаандӣ ва нуктапардозӣ барои иронитаборони қадим ҳунари асил ҳисобида шуда (2, 554), адабу фарҳанг ба онҳо шуқӯҳу таҷаммул ато мекардааст (3, 502). Ин аст, ки шеър (адабиёт) ва андешамандию нуктапардозӣ (ҳикмат ва фалсафа) аз бомдоди таърихи фарҳанг ҳамқадаму ҳамқисмати эрониаслон буда, онон тавассути ин ду илми бунёдӣ ба зиндагии хеш маъною сомон  мебахшидаанд. Ба ин далел, шеър фалсафаи амалии ақвоми эронӣ будааст ва дар ҳамбастагӣ бо суханварӣ ва андешамандию нуктапардозӣ ҳаёти онҳоро тартибу низом мебахшидааст. Ин ойини андешамандӣ ва суннати нуктапардозӣ аз фарҳанги эронӣ ба фарҳангҳои дигар интиқол ёфта, ба расму одоти онон таъсир ва нуфуз мекунад. Масалан, фалсафаи машҳури чинӣ, ки дар раъси он файласуфи барҷаста Конфутсий қарор дорад, бунёди тарбиятро ба ҳунар, шеър, ойинҳо ва мусиқӣ марбут медонад. Ба қавли файласуфи чинӣ Конфутсий: «Шеър ба гунаи як нерӯи ахлоқӣ табиати моро дигаргун мекунад ва ҳисси ахлоқро ба мо илҳом мебахшад. Маниши мо аз шеър парварда шуда, бо ойинҳо бунёд гирифта, бо мусиқӣ комил мешавад» (4,56). Назари Конфутсий дар бораи шеър ва андешамандӣ аз фалсафаи бостонии иронӣ сарчашма мегирад.

   Суннати суханварӣ, андешамандӣ ва нуктапардозӣ, ки дар зиндагии рӯзмарраи ирониёни қадим мутадовил буд, тавассути таҳоҷуми аҷнабиёни юнонӣ, румӣ ва арабӣ шикаста шуд ва муддатҳои тӯлонӣ  байни ақвоми иронӣ заъфандешии ғуломона ва тафаккури омиёна ба ҳукми анъана даромада буд. Ин заъфи фикрию фарҳангӣ, ки ба василаи зулми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷнабиён ба вуҷуд омада буд, бо ба сари қудрат омадани сулолаи Сомониён ба гӯшаи фаромӯшӣ ҳиҷрат кард ва  суннати фавтида аз нав эҳё гардида, барои эҷоди шеъру андешаи миллӣ ва бунёди тафаккури  созандаи  фалсафӣ шароити мусоид фароҳам омад (5,110-112).

   Барои он ки ба масъалаи шеъри ҳикматӣ амиқ таваҷҷӯҳ кунем, мебояд, ки сараввал ба таври иҷмолӣ сари мафҳуми шеър таваққуф намоем. Шеър вожаи арабӣ буда, маънои огоҳӣ, ҳушёрӣ ва доноиро далолат намуда (6,23),  бо мафҳуми шуур пайванди луғавӣ ва маъноӣ дорад. Дар доираи мафҳуми шеър андеша, эҳсосот ва авотифи инсонӣ   ғунҷонида шудааанд, ки дар маҷмӯъ ҷараёни донишу биниши фалсафӣ, фарҳангӣ,адабӣ, ахлоқӣ ва зебоиписандии инсонро дар олами вуҷуд таъйин ва танзим мекунанд (7,35). Муҳаққиқон ҳунар ва шеърро дар як таъриф ғунҷонида, бад-ин тарз тавзеҳ медиҳанд: «Шеър ҳам мисли ҳунар ғаризаи офаридгории инсон аст дар идомаи ҳастӣ ва ҳар камбудеро, ки ӯ (инсон) дар ҷаҳон эҳсос мекунад, ба василаи шеър ва ҳунар ҷуброн менамояд» (8,40). Ба ин маъно, шоир ҳунармандест, ки оламро ба тарзи худ меофаринад, бо андеша ва хаёлоташ рангоранг месозад, ҷомаҳои мунаққаш медӯзонад ва саранҷом маънои тоза мебахшад.

   Вақте ки шоир ҷаҳонро бо шеъри худ аз нав меофарад, ба ҷодаи ҳикмат ва фалсафа қадам мезанад ва дар доираи масоили фалсафӣ баҳс меорояд. Шеър барои файласуф ҳамчун василаи арздошти ҳақоиқи ақлонӣ ва баёни андешаи фалсафӣ хизмат мекунад (9,55). Хуллас, ҳикмат ва фалсафа бидуни шеър дарахти хушкеро мемонанд ва шеър ин дарахтро сарсабз мегардонад. Ба таъбири дигар шеър бо худии худ ҳикмат аст, чунки ба огоҳӣ ва огоҳонидан сарукор дорад. Ҳатто дини ислом низ дар масъалаи шеъри ҳикматӣ бетафовут нест ва Расули акрам дар яке аз аҳодис ба ин масъала истинод мекунад : «Иннамо минашшеъри лаҳикматун ва минал баёни ласеҳрун» -Дар ҳақиқат баъзе аз ашъор ҳакимонаанд ва баъзе аз  гуфтор соҳирона (10, 23). Ба таъбири дигар паёмбари ислом ба шеъри ҳакимона таваҷҷӯҳ дошта, аз гуфтори соҳирона xонибдорӣ мекардааст. Дар замони Сомониён вазъи мусоиди фарҳангӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки ин имкони тавлиди нерӯҳои муқтадири зеҳнӣ ва фикриро ба бор овард. Амирони хирадпарвари Сомонӣ аҳли илму адабро иззат мекарданд, ба он талош меварзиданд, ки сафи ононро биафзоянд ва бад-ин васила фазою муҳити солими фикрӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд биёранд, то ҷомеа ба донишу хирад пайваста, аз ҷаҳлу нодонӣ, хурофоту таассуб наҷот ёбад (11, 240-241). Ҳамин фазои солими фикрӣ буд, ки шеър ва андешаи миллӣ ва истиқлолияти сиёсию фарҳангиро ба вуҷуд овард ва боиси оламшумул гардидани адабиёти форсӣ гардид. Мусаллам аст, ки дар раъси нерӯҳои зеҳнию эҷодии замони Сомониён устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дошт.

  Устод Рӯдакӣ дар қаламрави адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба сифати ҳаким низ шинохта шудааст ва аз ҷониби мутақаддимину мутааххирин ба унвони ҳаким шарафёб гардидааст. Ҳаким маънои файласуфро дорад ва файласуф касест, ки инсон ва ҷаҳону зиндагиро бо дидаи бинотаре нигариста, он чиро ки дигарон дарнаёфтаанд, дармеёбад (12, 31). Рӯдакӣ  бо шеъри баландмазмуни худ дар байни муосирини суханвар шӯҳрати тамом пайдо кард, то ҷое ки вазири донишманди Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ Абулфазли Балъамӣ ӯро чунин тавсиф кардааст: «Рӯдакиро дар Арабу Аҷам монанд набошад» (13, 50). 

  Дар замони зиндагии Рӯдакӣ шоироне, ки ба унвони ҳаким ёд мешуданд, кам набуданд. Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Мантиқии Розӣ, Абӯшакури Балхӣ, Фароловӣ аз зумраи шоироне буданд, ки ба унвони ҳаким машарраф гардидаанд. Муҳаққиқи варзидаи зиндагӣ ва осори Рӯдакӣ Саид Нафисӣ таъкид мекунад, ки дар замони зиндагии шоир 350 нафар шоирону донишмандони муқтадир зиндагӣ ва эҷод мекарданд (11, 249-253). Дар  миёни анбӯҳи шоирону донишмандони забардаст, ки муосири шоир буданд,   мартабаи баландро касб кардани устод Рӯдакӣ осон набуд. Муҳаммад Авфӣ аз ақлу заковати Рӯдакӣ сухан ба миён оварда, аз ҷумла менависад: «Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръон ба тамомат ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт, чунонки халқ бар вай иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат гашт» (14, 493). Дар байни шоирону донишмандони замони худ соҳибэҳтиром ва пешгом будани устод Рӯдакӣ гувоҳи он аст, ки ӯ воқеан, шоири тавоно  ва ҳакими  бузург будааст. Шоир ва ҳакими бузург Шаҳиди Балхӣ, ки аз муосирини шоир буд, сухан ва шеъри Рӯдакиро ба Қуръон монанд карда мегӯяд:

Ба Сухан монад шеъри шуаро,

                  Рӯдакиро суханаш тилви нубост (15, 376).

  Ҳаким Кисоии Марвазӣ Рӯдакиро «устоди шоирони ҷаҳон» номида, худро ҳатто хоки кафи пойи ӯ намеҳисобад:

       Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон буд,   

Сад як аз ӯ туӣ Кисоӣ баргаст.

Хоки кафи пойи Рӯдакӣ нашавӣ ту,

                Ҳам бишавӣ гову ҳам бихоӣ барғаст (16, 32).

   Аз сарчашмаҳои адабӣ бармеояд, ки Рӯдакӣ аз улуми ақлӣ ва нақлии замонаш ба хубӣ огоҳӣ дошта, дар баъзе аз улум ба дараҷаи устодӣ расида будааст (16, 28-29).

    Муҳтавои навиштаи мо дар мавриди Рӯдакӣ ва шеъри ҳикматӣ дар ин чанд нуктаи асосӣ ҷамъбаст мегардад:

1. Рӯдакӣ шоири зиндагист, яъне дар ашъораш аз зиндагӣ ва муқаддасоти он дифоъ мекунад. Шоир зиндагиро устод ва раҳнамои инсоният шинохта, таъкид мекунад, ки барои аз дафъи балоҳо наҷот ёфтан, аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бурдан лозим меояд:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

      Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд (11, 466).

2. Рӯдакӣ шоири хирадварз аст, ҳамвора аз хирад-аз ин ҷавҳари щариф, ки инсонро инсоният, ҳуввият  ва шахсият мебахшад, дифоъ намуда, мардумро ба ҷустуҷӯи ин ганҷи саодатбахш даъват мекунад:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

     То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ (17, 298).

   Шоир бо чашми хирад нигаристани ҷаҳон ва бо некию накӯкорӣ обод кардани онро ҳадафи аслӣ ва ниҳоии инсони хирадварз медонад. Рӯдакӣ ба ҷаҳон бо дидаи фалсафӣ назар медӯзад ва ин тарзи бинишро ба дигарон низ тавсия мекунад:

 Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ (18, 49).

3. Муҳимтарин масъалаи фалсафие, ки дар асотири қадимаи ориёӣ ва таъолими зардуштӣ ҷойгоҳи сазовор дошта, бо омадани дин ва сиёсати аҷнабӣ аз байн рафта буд, масъалаи дуализми фалсафии инсон ва ҷаҳон (табиат) мебошад. Рӯдакӣ ҳамчун шоири миллӣ ва меросбардори фарҳанги гузашта ин мавзӯи муҳимми фалсафиро аз нав эҳё кард ва бо биниши  ҳакимона иброз дошт:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дилаш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии  ӯ ба ҷойи темор аст.

Куниши  ӯ на хубу чеҳраш хуб,

 Зишткирдору хубдидор аст (18, 280).

    Шоири ҳаким шод зистан ва шодмон буданро дар ин ҷаҳони пурфитнаву дунпарвар  ба насли одамӣ тавсия намуда мегӯяд:

 Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод,

       Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

 З-омада шодмон бибояд буд,

 В-аз гузашта накард бояд  ёд.

Боду абр аст ин ҷаҳони фусус,

               Бода пеш ор, ҳарчи бодо  бод (18, 21).

   4. Масъалаи зиндагӣ ва марги инсонӣ, ки дар фарҳанги гузаштаи мо дар шакли дуализми фалсафӣ вуҷуд дошт, дар ашъори Рӯдакӣ бо диққати тамом думболагирӣ карда мешавад. Ин масъалаи фалсафӣ дар ашъори Рӯдакӣ ҷойгоҳи асосӣ дошта, дар низоми шеъри шоир ба сифати меъёри асосӣ арзёбӣ мегардад ва ин амр шоири маргандеш будани ӯро таъйину тасдиқ мекунад. Шоир инсонро мисоли саъва тасвир мекунад, ки марг ҳамчун заған ӯро пайваста таҳдид мекунад ва ба доми нестӣ мекашонад:

                                  Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, эй  писар,

                                 Мо чу саъва марг бар сони заған.

                                 Ҳар гуле пажмурда гардад, з-ӯ на дер,

                                 Марг бифшорад ҳама дар зери ған (11, 466).

    Рӯдакӣ ба зиндагӣ эътиқод ва ба марг нафрат дорад. Ӯ ин нафратро бо сиёҳ кардани мӯйи хеш ҳангоми пирӣ ошкор карда, маргро мусибати инсонӣ медонад:

                                    Ман  мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ,

                                 То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.

                                 Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,

                                 Ман мӯйи аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ ( 18,  43).

   Шоири ҳаким аз дарди абадие, ки марг ном дошта, бо инсоният ҳамеша ҳамнафас аст ва ӯро ба вартаи нестию нобудӣ мекашонад, айшашро талх месозад, пайваста ранҷ бурда, ин  ранҷӯриро бо душворӣ таҳаммул карда мегӯяд: 

                                    Зери хок андарун -т бояд хуфт,

                                    Гарчи акнун-т хоб бар дебост.

                                    Бо касон буданат чӣ суд кунад?

                                    Ки бар гур андарун шудан танҳост (18, 28).

  Рӯдакӣ, чун медонад, ки  фарҷоми кори инсонӣ  нестист, бо фазлу дониш аз худ асаре гузоштан ва сазовор умр ба сар бурданро дар ин  дунё беҳтару бартар меҳисобад:

                             Андар балои сахт падид оранд,

                                       Фазли бузург мардию солорӣ ( 16, 31).

  5. Дар маркази таваҷҷӯҳи Рӯдакӣ  инсони солеҳ, покдоман, наҷибу  шариф ва вораста аз қайду бандҳо қарор дорад ва ҳамаи ин сифоти инсониро шоир дар истилоҳи «озода» ҷамъбаст мекунад. Озодагон мардонеанд,  ки бо наҷобат ва шарофати худ аз дигарон фарқ мекунанд ва дар ҷомеа намунаи ибратанд. Марди озод марди хирадмандест, ки ҷаҳону зиндагиро дар мизони  ақлу дониш андозагирӣ мекунад. Шоири ҳаким чаҳор чиз (ҷисми солим, кирдори нек, номи нек ва хирад)-ро барои озодагон тавсия ва таманно мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки ин чор ҷавҳар марди озодаро аз ғаму балоҳо раҳо месозанд:  

                             Чаҳор чиз мар  озодаро зи ғам бихарад:

                             Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад,

                             Ҳар он  кӣ эзадаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

                            Сазад,  ки шод зияд шодмону ғам нахӯрад (19, 180).

   Ин чаҳор чизе, ки Рӯдакӣ ба инсони озода таманно мекунад, ҷисму рӯҳи инсониро мукаммал месозанд ва ба инсон нерӯи тоза мебахшанд.

6. Масъалаи шинохти арзишҳои миллию фарҳангӣ ва гиромидошти онҳо, ки худ арзиши фалсафиро ташкил медиҳанд, дар ашъори Рӯдакӣ амиқ дарҷ ёфтаанд.

  Шоир бо рағбати тамом аз адабиёту фарҳанги пешазисломии Ирон  ёд мекунад.  Ӯ ба «Авасто» ва «Занд» барин кутуби фарҳангии миллӣ, ки аз арзиши баланди динӣ ва фалсафӣ бархӯрдор буданд, эътиқоди самимӣ дошт ва ҳамчун ҷавҳари фарҳангӣ аз онҳо ёд мекард, то ҷое ки мефармояд:

                         Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,

                              Ҳамчу Абастост фазлу сирати ӯ Занд (16, 25).

    Шоир аз гузаштаи худ менозад,  бо он тафохур мекунад ва  ба амирони хирадманди Сомонӣ, ки аз офтоби гавҳари Сосон буданд мадҳияҳо месарояд.

          Халқ зи хоку зи обу оташу боданд,

                            В-ин малик аз офтоби гавҳари Сосон (19, 227).

  7. Рӯдакӣ дар шинохти улуми исломӣ низ дасти тамом дошта,  аз  маърифати баланди исломӣ бархӯрдор буд. Шоир дар доираҳои исломии замонаш соҳибэҳтиром буд, аз мазоҳиб ва ҳикам ба хубӣ огаҳӣ дошта, дар ашъораш аз ин шукӯҳу таҷаммули фикриаш  ифтихормандона ёд    мекунад:

Маро зи мансаби таҳқиқ анбиёст насиб,

  Чӣ об ҷӯям аз ҷӯйи хушки юнонӣ (16, 26 ).

    Ҳамин тариқ, устод Рӯдакӣ тариқи шеъри ҳикматӣ  аз суханварони  муосираш   болотар, рӯшантар ва амиқтар ҷомеаи инсонӣ, ҷаҳон ва кайҳонро мавриди тасвир қарор додааст.  Ба ин маъно, қофиласолори шеъри ҳикматии форсӣ- тоҷикӣ устод Рӯдакист, ки дар паҳнои андешаи инсонӣ бо тарозуи хирад сарнавишти инсон, ҷаҳон ва зиндагиро андозагирӣ намуда, тариқи шеъри марғубу дилписанд ба мардум баён кардааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки ҳикмати ин марди бузург боқӣ мондааст ва  ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд, чунки ҷавҳари онро хирад ва дониши созандаи инсонӣ ташкил мекунад. Ба қавли шоир:

 

                               Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

                               Май бирезад, нарезад  аз май бӯй. 

         Нозим Нурзода 

        

Пайнавиштҳо:

  1.  Сартон Ҷ.Таърихи илм дар ҷаҳон.-Теҳрон, 1368.
  2. Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Бахши аввал. Тарҷумаи Аҳмади Ором- Теҳрон, 1343.
  3. Ровандӣ Муртазо. Таърихи иҷтимоии Ирон. Ҷилди аввал.- Теҳрон, 1354.
  4. Чай Чу, Винберг Чай. Таърихи фалсафаи Чин.-Теҳрон, 1369.
  5. Малоирӣ Муҳаммадӣ. Таърих ва фарҳанги Ирон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ, ҷилди аввал.- Теҳрон, 1372. 
  6. Манучеҳр  Алиризо. Шеър ва зебойӣ. -Теҳрон, 1377.
  7. Шокинг Ҷ. Шеър ва завқи адабӣ. Тарҷумаи Озар Аҳмадӣ. -Теҳрон, 1371.
  8. Потер Стивен. Фалсафаи ҳунар. Тарҷумаи Иброҳим Ромиёр-Теҳрон, -1377.
  9. Ясперс Карл. Буддо. Аз маҷмӯаи файласуфони бузург.Тарҷумаи Асадуллоҳ  Муширӣ- Теҳрон, 1364.
  10.  Фаридун А.  Дар паҳнои шеъри форсӣ.-Теҳрон, 1375.
  11. Нафисӣ Саид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ.- Теҳрон, 1382.
  12. Касравӣ Аҳмад. Дар перомуни адабиёт.- Теҳрон, чопи Рушдия (бидуни соли нашр).
  13. Шафақ Ризозода. Таърихи адабиёти Ирон.-Теҳрон, 1369.
  14. Авфӣ Муҳаммад. Лубобулалбоб. Бо саъй ва эҳтимоми Э. Броун.     - Теҳрон, 1361.
  15. Сафо Забеҳулло. Таърихи  адабиёт дар Ирон, ҷилди аввал.- Теҳрон, 1371.
  16. Девони Рӯдакӣ. Танзим, тасҳеҳ ва назорати Ҷаҳонгир Мансур.- Теҳрон, интишороти  Ноҳид, 1377.
  17. Мирзоев А. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. – Сталинобод, 1958 (ба хатти  форсӣ).
  18. Баргузидаи ашъори Рӯдакӣ ва Манучеҳрӣ. Таълифи доктор Исмоил Ҳокимӣ.- Теҳрон, 1371.
  19. Амон Нуров. Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ.-Душанде: Маориф, 1990.
Хондан 5053 маротиба