JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 12 Сентябри 2017 11:21

«Баҳористон»-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ҷамъбасти ахлоқнигарии асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ

Муаллиф:

  Тарбият ва ахлоқ дар гузашта муҳимтарин унсури зиндагии инсонӣ шинохта шуда, аз рӯйи қавли донишмандон, ба сифати фалсафаи амалӣ дар танзими фарҳанг ва маънавиёти  башарӣ нақши калидӣ дорад (ниг.: Мораль и нравственность. –Москва, 2001. –С.9.).  Масоили ахлоқӣ дар ҳамаи давру замон мадди назари ниҳодҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ва донишмандону адибони ҷаҳон қарор доштанд, зеро арзиши воқеии зиндагӣ дар ҳикмати амалӣ, ки ҷавҳари он ахлоқ аст, ифода меёбад. Беҳуда нест, ки файласуфи маъруфи  олмонӣ  Карл Ясперс ахлоқро татбиқи  фалсафаи қавму миллат дар арсаи зиндагӣ арзёбӣ кардааст (ниг.: Нурзода Н. Руҷӯи Ҷамшед. –Душанбе: Истеъдод, 2011. –С.48.). Ин аст, ки ба масоили ахлоқӣ ҳамчун масоили бунёдӣ дар ҳама давру замон таваҷҷуҳ шудааст ва имрӯз низ, ки ҷаҳон, беш аз пеш, ба вартаи буҳрони ахлоқӣ гирифтор гардидааст, шинохту ташхиси масоили ахлоқӣ аз диди замонӣ дар коҳиш ёфтани шиддати буҳрони ахлоқӣ аз ҳар ҷиҳат мадад мекунад.

  Мавлоно Ҷомӣ, ки адабиёти классикии форсу тоҷикро бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст кардааст, наметавонист ба масоили ахлоқӣ бетафовут бошадва мушкилоти ахлоқию тарбиятӣ аз назари ӯ дур афтанд.  Мавлоно, чуноне ки муҳаққиқи барҷастаи аҳволу осораш А.Афсаҳзод гуфтааст, муаллими ахлоқи писандидаи замони худ буда (Афсаҳзод Аълохон. Таҳаввули афкори Абдурраҳмони Ҷомӣ. –Душанбе: Дониш, 1981. –С.125), дар ахлоқшиносии асрҳои миёна нақши бориз дорад. Ҳарчанд ки Мавлоно Ҷомӣ дар эҷод ва таълифу таснифи асарҳояш аз бузургони илму адаби гузашта фаровон истифода бурда бошад ҳам, дар онҳо дид ва назари шахсии худро вобаста ба мушкилот ва масоили давру замон инъикос намудааст. Дар ин гузориш сухан сари асари шаклан кучак, вале мазмунан бузурги Мавлоно Ҷомӣ меравад, ки унвони «Баҳористон»-ро дошта, дар таърихи адаби форсӣ-тоҷикӣ ва умуман, қаламрави фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи вижа дорад.

  Мавлоно Ҷомӣ «Баҳористон»-ро дар синни 73-солагӣ навиштааст ва ин нукта муҳим аст, ки ӯ, аз назари таҷрибӣ ва андӯхти рӯзгор ба дараҷаи камолот расида, дар партави андӯхтаву таҷрибаю омӯзаҳои рӯзгор масоили ахлоқиро мавриди назар қарор дода, маҳсули санҷишҳои зиндагиро рӯйи коғаз рехтааст (Хашим Рахим. Имя, прославленное в веках. –Душанбе: Ирфон, 1964.-С 64). Дигар ин ки «Баҳористон»-ро Ҷомӣ ба писараш бахшидааст, то аз тифлӣ дар рӯҳияи маърифати ахлоқӣ тарбия ёбад. Фаразан, агар Мавлоно Ҷомӣ танҳо як китоб (манзур «Баҳористон» аст) таълиф мекард ҳам, басанда буд, ки номаш дар ҳавзаи ахлоқнигарии асрҳои миёнаи форсӣ-тоҷикӣ поянда  монад. Ба назари шарқшиноси маъруфи шӯравӣ Е. Э. Бертелс, дар доираи насри бадеӣ Мавлоно танҳо як китоб навишта бошад ҳам (Баҳористон дар назар аст), он фавқулодда асари арзишманд буда, бо забони сода ва рӯшан нигошта шудааст, ки аз  забони насри асри понздаҳум мутафовит аст, дар ҳоле ки забони ин аср бештар рӯйи лафзпардозӣ ва ҳунарнамоӣ такя мекард (ниг.: Бертельс Е.Э. Джами (эпоха, жизнь, творчество). Сталинабад: Таджикгосиздат, 1949. –С.117-120).

  Гумони ғолиб ин аст, ки Ҷомӣ дар эҷоди асар аз «Гулистон»-и Саъдӣ пайравӣ кардааст, аммо дар «Баҳористон» масоили ахлоқӣ ва иҷтимоии замонашро матраҳ ва як навъ ҷамъбаст намудааст. «Баҳористон» намунаи беҳтарини насри иҷтимоӣ ва ахлоқист. Дар он Мавлоно ба масъалаҳои муҳимтарини ахлоқӣ таваҷҷуҳ намуда, ба масобаи ҳаким ва донишманд мушкилоти ахлоқӣ ва иҷтимоии замонашро ҳаллу фасл намудааст. Он масъалаҳоеро, ки Саъдӣ дар «Гулистон»-у «Бӯстон»-аш матраҳ кардааст, Ҷомӣ дар «Баҳористон», дақиқтараш дар 8 равзаи он мавриди баррасӣ қарор дода, ҳусну қубҳи ахлоқи замонашро ифшо сохта, бо истифода аз донишу биниш ва малакаи эҷодӣ аз бофту танишҳои ахлоқию иҷтимоии замон сухан дар миён овардааст. Коҳиши ахлоқӣ ва буҳрони иҷтимоии замон Ҷомиро водор сохт, ки чунин як китоби ахлоқӣ таҳти унвони «Баҳористон» иншо намояд ва дар он комплекси масъалаҳои ахлоқиву иҷтимоиро  ҷо диҳад.

  Масоиле, ки дар «Баҳористон» матраҳ гардидаанд, фарогири авзои ахлоқии замони Ҷомӣ ва умуман, Шарқи мусулмонӣ буданд ва зимнан, бояд арз дошт, ки то Ҷомӣ низ кутуби ахлоқии зиёд таълиф гардида буд, ки муҳимтаринаш «Таҳзиб-ул-ахлоқ»-и Ибни Мискавайҳ маҳсуб меёбад. Аммо Мавлоно Ҷомӣ «Баҳористон»-ро ба шеваи насри бадеӣ таълиф намуда, аз масоили доғу рӯзмарраи замон дар қолаби насри бадеӣ сухан гуфтааст. Хулосабандиҳои Мавлоно тавассути шеърпораҳо муассиртар ба назар расида, ин шеваи кор ҷолибияти матолибро аз диди бадеӣ-эстетикӣ таъмин сохтааст. 

  «Баҳористон» аз 8 боб, ки «равза» унвон шудаанд, иборат буда, ҳамагӣ матолиби ахлоқиро дар бар гирифтаанд: саргузашти орифон; ҳикмати бузургон; саргузашти подшоҳон; адолат ва ахлоқи неки онҳо; тарғиби саховатмандӣ; ҳикоятҳои шавқангези ишқӣ; мутоябаҳои сафобахш; зикри шуаро, таърифи шеър, пайдоиш ва ҳусну қубҳи он;ҳикоёти тамсилӣ масоилеанд, ки дар китоб мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

  Гироиш ба тасаввуф, ки дар асрҳои миёна мутадовилтарин ҷараёни фикрию иҷтимоӣ маҳсуб меёфт, ба суннати асримиёнагӣ бадал шуда буд ва Ҷомӣ, ҳанӯз дар айёми донишҷӯйӣ дар бозгашт аз Самарқанд ба Ҳирот шавқе ба тасаввуф ёфт ва минбаъд орифи Ҷом лақаб гирифта, дар ҳақиқат, «Султони маънавии Ҳирот» ба шумор меомад (Зарринкӯб Абдулҳусайн. Бо корвони ҳулла. Маҷмӯаи нақди адабӣ. Таҳия ва тавзеҳи Шодӣ Шокирзодаи Нуъмонпур, Райҳон Мамадазимзодаи Соҳибназар. –Душанбе: «Пайванд», 2004.-С.217-218). Тасаввуф як шуъбаи ахлоқ дар асрҳои миёна талаққӣ мешуд ва ахлоқи мутасаввифини бузург ҳамеша мавриди писанд ва алоқаю истиқболу истинбот ва пайравии дигар табақоти иҷтимоии замон қарор гирифта,
намунаи беҳтарини ахлоқиёту тарбиёт маҳсуб мешуд. Ин аст, ки Мавлоно Ҷомӣ аз ин василаи муассир --- овардани мисолу масалҳои тасаввуфӣ моҳирона корбаст намуда, беҳтарин намунаи ахлоқӣ ва тарбиётиро барои омӯзиши насли башарӣ манзур намудааст. Дигар нукта ин аст, ки тибқи таъкидоти муҳаққиққон, нуфузи тасаввуф дар замони темуриён хеле афзудабуд (ниг.: Афсаҳзод Аълохон. Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир. –Душанбе: Ирфон, 1989. –С. 27.). Ин буд, ки Мавлоно Ҷомӣ даромади суханашро дар «Баҳористон» бо равзаи  «Дар нашри раёҳини чида аз басотини дурбинони роҳи ҳидоят ва садрнишинони боргоҳи вилоят» ифтитоҳ бахшида, дар ин замина аз кору рӯзгори ибратбахши сӯфиёну орифон сухан дар миён оварда, муқтазиёти ахлоқиро ба василаи пораҳои назмӣ мудаллал сохтааст. Каломи самимона ва олимонаи бузургони сӯфия, мисли Ҷунайди Бағдодӣ, Шиблӣ, Боязид, Абӯҳошими Сӯфӣ, Маъруфи Кархӣ, Пири Ҳирот (Абдуллоҳи Ансорӣ), Саҳли Тустарӣ, Абӯсаиди Абулхайр «ҷони ахлоқи асримиёнагӣ» маҳсуб меёфт ва дар ин замина, Мавлоно Ҷомӣ, ки дар ҳавзаи тасаввуфи исломӣ тарбият ёфта буд, афъолу афкори он бузургонро ба сифати дастури зиндагӣ манзур сохтааст. Масалан, ба ин намуна таваҷҷуҳ мекунем: «Шайх Абӯсаиди Абулхайрро пурсиданд, ки тасаввуф чист? Гуфт: Он чӣ дар сар дорӣ, биниҳӣ ва он чӣ дар каф дорӣ, бидиҳӣ ва аз он чӣ бар ту ояд, наҷаҳӣ» (Ҷомӣ Абдураҳмон. Баҳористон. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. –С.39).Бо овардани ҳикояти мазкур Ҷомӣ аз забони Шайх тасаввуфро аз осмон ба замин фуровард ва онро назария дар амалия унвон кард. Бо меҳнати ҳалол зистан ва орӣ будан аз ҳирсу тамаъ меъёри зиндагии инсони ахлоқист ва Ҷомӣ, бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, аз забони Абӯбакри Варроқ (аз машоихи машҳури Мовароуннаҳр) чунин қисса пардохтааст: «Абӯбакри Варроқ гуфтааст: Агар тамаъро пурсанд, ки падарат кист, гӯяд: шак дар мукаддароти кирдигорӣ. Ва агар гӯянд: пешаи ту чист, гӯяд: иктисоби мазаллату хорӣ. Ва агар гӯянд: ғояти ту чист, гӯяд: ба меҳнати ҳирмон гирифторӣ» (Ҷомӣ Абдураҳмон. Баҳористон. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. –С.41).

  Ҷомӣ мисли Шайх Саъдӣ суханро бо санъати саҷъ перостааст, чаро ки ин воситаи эҷодӣ фикрро муассиртару рангинтар месозад. Ин аст, ки Ҷомӣ аз ин шеваи баёни бадеӣ – саҷъ васеъ истифода намуда, ба ироаи муқтазиёти ахлоқӣ ҳиммат гумоштааст.

  Ҷомӣ ба масъалаи тафохур аз аслу насаб, ки дар асрҳои миёна ва давраи нав низ дар зеҳниёти ҷомеа нуфуз дошта ва дорад, таваққуф намуда, ривояти яке аз мутасаввифини шаҳири олами тасаввуфи минтақавӣ (мовароуннаҳрӣ) Хоҷа Баҳоваддини Нақшбандро истинод кардааст: «Хоҷа Баҳоваддини Нақшбандиро пурсиданд, ки: силсилаи шумо ба куҷо мерасад? Фармуданд, ки аз силсила касе ба ҷое намерасад; рубоӣ:

Аз далқу асо сидқу сафое нарасад,

В-аз сабҳа ба ҷуз бӯйи риёе нарасад.

Гӯянд, куҷо расад, бигӯ, силсилаат,

К-аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад!»

(Ҷомӣ Абдураҳмон. Баҳористон. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. –С.43).

Мавлоно Ҷомӣ дар равзаи дувум доманаи баҳси ахлоқиро густурда, ба баёни мушаххасоти ахлоқӣ пардохта, аз хулқи наку, ҳирсу ҳасудӣ, зӯрию зӯрдастӣ, пастию сифлагӣ, инсондӯстию тавозуъ, нодонию фузулӣ ва амсоли инҳо тариқи ҳикоёти зебо суҳбат мекунад ва асароти манфии хасоили бад, ҳамчунин манофеи афъоли некро ба намоиш мегузорад. Ба фишурдаи ҳикояти зайл таваҷҷуҳ мекунем: «Ҳар киро хулқ бо халқ на накуст, бар бадан зиндони ӯст… Ҳасуд ҳамеша дар ранҷ аст ва бо парвардигори хеш ситезасанҷ, ҳар чӣ дигаронро диҳад, вай написандад ва ҳар чӣ на насиби вай, дил дар он бандад» (Ҷомӣ Абдураҳмон. Баҳористон. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. –С.45).

Дар равзаи савум ба муҳимтарин масъала – ахлоқи сиёсӣ ва хулқи«элитаи сиёсии замон» – шоҳону ҳокимон таваққуф намуда, одобу ахлоқи накуи сиёсиюнро дар симои шоҳону ҳокимон арздошт кардааст. Ахлоқи намунавии сиёсӣ, ба назари Ҷомӣ, адлу додаст, ки аз он мулку мамалакат обод мегардад. Гузашта аз ин, Мавлоно аз ахлоқи элитаи сиёсии пешиниёни худ –шоҳони Аҷам ёдовар шуда, пиндору кирдори ононро намунаи ибрат донистааст. Дар оғози ин қисмати «Баҳористон» сухан аз нухбагони сиёсии фарҳанги бостонии аҷамӣ Нӯшервон, Қубод, Ардашер ва амсоли онҳо дармеоварад ва ононро дар адлу ростӣ намунаибашарӣ меҳисобад, минҷумла Нӯшервонро дар ростию адолат ягона талаққӣ мекунад: «Нӯшервон бо он ки аз дин бегона буд, дар адлу ростӣ ягона. Лоҷарам, сарвари коинот, алайҳи афзал-ус-салавот, тафохуркунон мегуфт: Вулидту фӣ замани-с-султони-л-одил»(Ҷомӣ Абдураҳмон. Баҳористон. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. –С.61).

Дар фарҳанги ахлоқӣ ва сиёсии асримиёнагии исломӣ, ба сабаби таассубу хурофоти шадиди динӣ-мазҳабӣ, дар бораи шоҳону бузургони пешини Аҷам гуфтугӯ кардан қаҳрамонӣ буд ва Мавлоно Ҷомӣ, бо вуҷуди он ки мусулмони ростин ва мутафаккири мутаддайин буд, аз ахлоқу фарҳангу сиёсати қадимаи аҷдодӣ, ки арзиши баланди умумибашарӣ доштанд,  дифоъ мекард. Хусусан, дар равзаи севум аз ифтихороти аҷдодию нажодӣ кор мегирад ва беҳтарин намунаи либоси ахлоқи сиёсиро, ки бо адлу дод музайян шудааст, манзури хонанда месозад.

Адлу инсоф маҳаки низоми ахлоқӣ маҳсуб ёфта, коргирӣ аз онҳо ба саодату хушбахтии башарӣ мунҷар мешавад, то ҷое ки Мавлоно, бо истифода аз манобеи ривоятии динӣ менависад: «Дар хабар аст, ки Худои таоло ба Довуд, алайҳиссалом ваҳй кард, ки қавми хешро бигӯй, ки подшоҳони Аҷамро бад нагӯянду дашном надиҳанд, ки эшон ҷаҳонро ба адл ободон карданд, то бандагони ман дар вай зиндагонӣ кунанд.

                  Қитъа

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,

Он чӣ дар ҳифзи мулк даркор аст.

Адли бедин низоми оламро

Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст!» (Ҷомӣ Абдураҳмон. Баҳористон. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. –С.62).  Дар достони «Саломон ва Абсол» Ҷомӣ мазмуни болоро дар шакли зер ифода кардааст:

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин,

Адл дорад мулкро қоим, на дин.

Куфркеше, к-ӯ ба адл орад фареҳ,

Мулкро аз кофири диндор беҳ.

Ёддошти муаллимини ахлоқи юнонӣ Афлотуну Арасту, ки хасоили писандидаро «ҳусни ахлоқ» унвон кардаанд (Фурӯғӣ Муҳаммад Алӣ. Сайри ҳикмат дар Урупо. Ҷилди 1. Теҳрон, 1317. –С. 21), дар «Баҳористон» ҷойгоҳи вижа дорад. Ҳикоёт аз забони ин пирони ахлоқию фалсафӣ арзиши фалсафии манбаъро афзун месозад.Овардани қиссаҳои ибратбахши ахлоқӣ аз рӯзгори фалосифаи юнонӣ ва бо фазои ахлоқии асримиёнагӣ мутамоилу мутавозин сохтани қасас гувоҳи он аст, ки  Мавлоно Ҷомӣ аз улуми фалсафӣ ва ахбору ривоёти замон сахт мутталеъ буда, дар  матраҳ намудани  масоили мариди назар  дасти тамом доштааст.

      Равзаи ҳаштум, ки инсоҷоми матолиби «Баҳористон» аст, «Дар ҳикояте чанд аз забони аҳволи безабонон, хирадмандону нуктадонон амсоли он вазъ кардаанд, то ба ҷиҳати ғаробату  нудрат  табиат бар он иқбол намояд ва бар вай абвоби фаҳми ҳикам ва масолеҳ  бикушояд» унвон дошта, Мавлоно аз забони ҳайвонот, парандагону хазандагон тамсил зада, ҳикоёти ҷолибу муассири ахлоқӣ оварда, бо ин роҳ муҳтавиёти «Калила ва Димна»-и маъруфро такмилдодааст ва мазомини тамсилии ахлоқии асримиёнагиро хулосабандӣнамудааст. Ин тарзи биниш, ки дар асрҳои миёна мутадовил буд, имкон медод, ки шарофату наҷобати инсонӣ ва камбуду навоқиси ахлоқӣ дар қолаби тамсилоти динию фалсафӣ дар сатҳи зарурӣ ошкор гарданд ва бо забони вуҳушу туюр таваҷҷуҳбарангез шаванд.

       Дар ин равза аз забони ҳайвоноту паранда ҳикоёти ҷолибу тарбиятӣ оварда шудааст, ки ҳамагӣ ибратбахшу ибратомӯзанд. Дар ҳикоёти ин равза ҳам аз тавозуъ, хоксорӣ, ҳимматбаландӣ, ризоият ва қаноатмандӣ, некукорӣ, ҳирсу оз, тамаъварзӣ ва амсоли инҳо суҳбат шуда, Мавлоно ба василаи тамсилзаниҳо разоили ахлоқиро мазаммат ва маҳосини ахлоқро васф намуда, мардуми солимақлро мухотаб қарор додааст ва ба сӯйи некию накукорӣ, ки тариқи асосии зиндагии инсонӣ маҳсуб меёбад, даъват кардааст. Ба ин тамсил таваҷҷух мекунем, ки дар он 600-сол қабл масъалаи танзими хонаводагӣ матраҳ гардидааст:

   Кабӯтарро гуфтанд:

- Чунаст, ки ту ду бача беш дарнаёрӣ, чун мурғи хонагӣ бар бештар аз он қудрат надорӣ?

Гуфт:

- Бачаи кабӯтар ғизо аз ҳавсалаи модару падар мехӯрад ва чӯжаи (чӯҷа) мурғи хонагӣ аз мазбала (пасафкандаҳо) бар ҳар роҳгузар. Аз як ҳавсала ғизои ду бача беш натавон дод ва аз ним мазбала дари рӯзии ҳазор чӯжа тавон кушод.

             Қитъа

Хоҳӣ, ки шавӣ ҳалолрӯзӣ,

Ҳамхона маку наёли бисёр.

Донӣ, ки дар ин сарочаи танг,

Ҳосил нашавад ҳалоли бисёр. (Ҷомӣ Абдураҳмон. Баҳористон. –Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. –С.191).

Ахлоқ аз назари Ҷомӣ, маҷмӯи рафторҳои инсон аст. Мафҳум ва мақулаҳои ахлоқӣ: некию накӯкорӣ, адлу адолат, ишқу муҳаббат, ёрию мададгорӣ ва хасоили разилаи ахлоқӣ, мисли ҷабру ҷафо, бадию бадандешӣ, зулму золимӣ, дуруғгӯиву хабосат ва амсоли инҳо дар осори назмию насрии Ҷомӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.  Барои Ҷомӣ, адлу инсоф дар муносибатҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва бозорӣ меъёри асосӣ маҳсуб меёбад. Ва риояи ин меъёр ҷомеаро аз бунбастҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ берун мекашад.

Ҷомӣ чеҳраи ахлоқии фарҳанги исломист. Ҳанӯз дар замони зиндагӣ дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон Мавлоно Ҷомӣ бо афкори пешқадами худ мавриди эҳтироми хосу ом қарор гирифтааст. Махсусан, ӯро ба хотири шикастанафсӣ, тавозуъ ва хоксорӣ, бетамаӣ, ҳимматбаландӣ ва самимияташ эҳтиром мекардаанд. Шоҳону ҳокимони замон Мавлоноро ба сифати бузургтарин шахсияти илмӣ, динӣ ва ахлоқӣ мешинохтаанд, то чойе ки: «Дар ҳар маҷлисе, ки вай қадам мениҳод, агарчи султону вазир ҳам дар он ҷо ҳозир буданд, садру зайли он ба ҳам мехӯрд ва ҳар ҷо ки ӯ менишаст, садр мешуд. Бо ин ҳама ӯ дар ҳар маҷлисе, ки ворид мешуд, бе ҳеҷ такаллуф ҳар ҷо ки даст медод, менишаст. Дар ниҳояти содагиву дарвешӣ буд. Хонае содаву ҷомае бетакаллуф дошт... ҳашамату нуфузи ин мард дар тамоми қаламрави султон мавриди рашку ҳасади амирону вазирони вақт аст» (Зарринкӯб Абдулҳусайн. Бо корвони ҳулла. Маҷмӯаи нақди адабӣ. Таҳия ва тавзеҳи Шодӣ Шокирзодаи Нуъмонпур, Райҳон Мамадазимзодаи Соҳибназар. –Душанбе: «Пайванд», 2004.–С.218).

Ҷомӣ ба сифати мутафаккир симои ахлоқи асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ буда, тамоми осори ӯ ба масоили ахлоқӣ иртибот гирифта, ба такмилу таҳкими ахлоқи наку ва парҳез аз амалҳои бад равона шудааст. Осори Мавлоно, аз девон шурӯъ карда, то хурдтарин таълифашдар доираи меъёрҳои ахлоқӣ чарх мезанад ва сархатти ашъору афкораш инсон ва рафтору кирдори намунавии ӯст. Дар ин миён, «Баҳористон»-и ӯро, ҳарчанд аз лиҳози ҳаҷм хурд аст, метавон дар баробари асарҳои барҷастаи ахлоқии асримиёнагӣ қарор дод, ба ин далел ки дар он фишурдаи масоили ахлоқии асримиёнагӣ бо тафсиру ташреҳи иҷтимоию фалсафӣ бозгӯ шудаанд.

Ҳамин тариқ, Мавлоно Ҷомӣ таҷассуми фарҳанги ахлоқии асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб ёфта, «Баҳористон»-и ӯ як навъ ҷамъбасти диди ахлоқии асримиёнагӣ буда метавонад. Омӯзишу таҳқиқи «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва осори дигари ӯ дар шинохту ташхиси уқдаҳои равонию ахлоқӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷамоаи дирӯз ва имрӯз сахт мусоид аст. Дар замон ва шароити имрӯзӣ, ки насли ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ, ҳар чӣ амиқтар  ба гирдоби буҳрони ахлоқию  маънавӣ ғуттавар шудааст, омӯзиш ва корбасти осори Мавлоно Ҷомӣ, билхусус, «Баҳористон»-и  ӯ, аз ҳар ҷиҳат,  ба манфиати кор аст.

 Нозим Нуров

Хондан 9555 маротиба