Шаб буд. Ба ғайр аз шир-шириҷӯйчаи назди ҳавлӣ ягон чиз сукунати атрофро халалдор намекард. Малоҳат оҳиста азҷойи хоб хеста, кӯрпаи болои фарзандонашро дуруст намуду ба берун баромад. Табиат низ ба мисли Малоҳат гӯё мотам дошт магар, ки осмонро абрҳо печонида гирифта, ситорае намедурахшид. Малоҳат нафаси чуқуре кашида, боз ба осмон назар кард. Чанд ситораҳоро дид, ки аз паси абри сиёҳ базӯр намуддор мешуданд. Ҳарчанд ӯ дар байни ситораҳо ситораи худро меҷуст, аммо…