JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:23

Мард, духтарак ва хушдоман.

Муаллиф:

Марде духтаракеро дида, чунон бастааш шуд, ки то ҳанӯз ҷинси латифе варо ин қадр ба худ накашида буд. Мардак бастаи духтарак шуд, ҳарчанд кайҳо зану писар дошт. 

Ва мардак тавонист духтаракро майл кунонад ба хештан ва ҳатто оварда тавонад ба ҳавлии худ.Вале духтарак гул барин нозук буду кӯдак барин малеҳ. Чунон нозуку малеҳ, ки гӯё аз расиши вай барин одами солор озор меёфт. Нозукӣ ва назокати кӯдакона дошт духтарак.

 

 Дар ҳақиқат миёни марду духтарак солҳои зиёд буданд. Аз ин боис дили мард билохир нашуд, духтараки кӯдак барин нозуку малеҳро ҳамбистари хеш гардонад.

Баробари ин дили вай намешуд, духтаракро аз хеш дурр созад ва маҳрум бимонад аз дидори вай. Аз худ дур карда натавонист духтараки нозанинро хуллас.

Ва мезист миёни ду хоҳиш мардак, мезист миёни ду майлон, мезист миёни ду ақоид ва намедонист кадомашро интихоб бикунад аз ду майлон. Хуллас намедонист духтаракро аз худ дур созад ва ё ба худ наздиктар гардонад. Ва ин тазодҳои вуҷуди ӯ то даме идома ёфт, ки илоҷе пайдо гардид. Илоҷе, ки духтаракро дур накунад аз худ ва ҳамчунин ҳамбистари хеш насозад. Мушкилкушои ин кор писари худи мардак гашта буд, ки ҷавон дил дода буд ба духтарак. Қисса кӯтоҳ, духтаракро мардак хонадор кард бо писари ҷавони худаш.

Вале зани мардак намебахшид духтаракро, ки шуда буд акнун зани писари худаш. Намебахшид духтаракро, ки варо дӯст медошт як вақтҳо шавҳари худаш. Ва зани мардак кину адоват, рашку хасуд мепарварид нисбати келини худ. Ба духтарак ҳанӯз менигарист ҳамчу ба маъшуқи шавҳараш ва ҳамчу ба кундоши худаш.

Аз миён солҳо гузарон шуданд, вале миёни арӯсу хушдоман, чуноне ки миёни кундошҳо бошад, ҳанӯзидома меёфт рашку ҳасуд, нохоҳамӣ ва душманӣ.

Баъд солҳо ва қарнҳо бадал ёфта буданд. Вале чун дар аввал, хушдоманҳои оянда ва арӯсони оянда ба ҳамдигар душманӣ ва нохоҳамӣ доштанд. Хуллас бадбинии хушдоману келин чизи анъанавӣ ва таърихӣ шуда буд. Ҳатто Худованд дар ҷаннат дар ду паҳлӯи тахти хештан ду курсии зарин гузошт, ки ба яке арӯсро биншонад ва дигаре хушдоманро. Вале арӯсу хушдоманеро, ки якдигарро дӯст бидоранд мисли модар ва духтар. Худованд мехост бо ҳамин васила душмании анъанавӣ ва таърихии миёни арӯсу хушдоманро ислоҳ созад. Вале мегӯянд, ки то ҳанӯз ду курсии мурассаву заррини ду паҳлӯи тахти Худованд холӣ истода. Зеро рӯи замин то ҳанӯз келину хушдоман назистаанд, ки ҳамдигарро дӯст дошта бошанд мисли модар ва мисли духтар ва муносибати онҳо модарона ва фарзандона бошад. Миёни келину хушдоман чизи анъанавие, ки монда бухлу кина, душманиву нохоҳамӣ буда. Зеро келину хушдоманҳо ҳанӯз ба якдигар менигаранд ҳамчу ба кундош, ҳаму ба рақиб.

…Ё шояд шумо келину хушдоманеро медонед, ки якдигарро дӯст доранд мисли модару духтар?…

ganjina.tj

Хондан 2176 маротиба