JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:25

Подшоҳеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард

Муаллиф:

Ҳикоят

 Подшоҳеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар полати навмедӣ маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд»:

 Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.
Изо яиса-л-инсону тола лисонуҳу.
Касиннавир мағлубин ясулу ала-л-калби.

Тарҷумаи байт:

Одамиро ба гоҳи навмедӣ забон дароз гардад, чун он гурба, ки ба вақти шикает бар саг битозад.

Малик пурсид:

- Чӣ мегуяд?

Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт:

- Эй худованд, ҳамегӯяд: «Ва-л-козимина-л-гаӣ-зи ва-

л-офийина ан-ин-носи (тарҷумааш: Пушандагони ғазаб

ва бахш ояндаю ни гуноҳи мардум).

Маликро раҳмат омад ва аз сари хуни у даргузашт.

Вазири дигар, ки бар зидди ӯ буд, гуфт:

- Абнои ҷинси моро нашояд дар ҳазрати

подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин маликро

дашном дод ва носазо гуфт.

Малик аз ин сухан руй дарҳам овард ва гуфт:

- Маро он дуруғ писандидатар омад аз ин рост, ки

ту гуфтӣ, ки рӯи он дар маслиҳате буд ва бинои ин бар

хабосате ва хирадмандон гуфтаанд: «Дурӯғе маслиҳатомез беҳ, ки аз росте фитнаангез».

Ҳар ки шоҳ он кунад, ки ӯ гӯяд,
Ҳайф бошад, ки ҷуз накӯ гӯяд.
Бар тоқи айвони Фаридун набишта буд:
Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,
Дил андар Ҷаҳонофарин банду бас!
М акун такя бар мулки дунёву пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.
Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯи хок.

К- . Саъдии Шерозӣ. ГУЛИСТОН. Душанбе,
«Маориф ва фарҳанг», 2008, 232 саҳ.

Хондан 1741 маротиба