JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:27

Ишқ намиранда аст

Муаллиф:

Ҳикоя

 Дар саҳни Донишгоҳ ҷасади як донишҷӯи курси  панҷро  пайдо карданд. Ӯ  бо корд кушта шуда буд.  Полис омада гирду атрофи Донишгоҳро муҳосира кард.  Дар Донишгоҳ аллакай донишҷуён дар ташвиш  афтода  буданд. Баъди ду рӯз боз ҷасади як донишҷӯи дигарро дар назди ошхонаи   Донишгоҳ пайдо мекунанд.  Аз донишҷӯён сар карда то устодон,  ҳама дар ташвиш афтоданд.   Онҳо бо худ меандешиданд,  ки   чи   гап   бошад.   Чи  касе  донишҷӯёнро кушта  истодааст.  Курсҳои якуми Донишгоҳ  бисёр  бачаҳои  кунҷков буданд. Самира  дар  курси як мехонд. Хоҳари Самира  ду сол пеш фавтида буд. Хоҳараш низ хонандаи ҳамин Донишгоҳ буд. Ӯ Насиба ном дошт.    Самира, Заррина, Шаҳром  ва  Умед  ҳамкурсҳо буданд.  Як  рӯз  дарсашонро тамом  карданду   бо  роҳи  қафои  Донишгоҳ суҳбаткунон  ба хона мерафтанд. 

 

Дар ҳамин лаҳза  одамеро диданд,  ки  дар сар  кулоҳ дошт. Курткаи тунуки сиёҳ дар тан.  Ӯ  дар  ошёнаи дуюми  Донишгоҳ чи коре карда истода буд. Чашми Самира  ногаҳон  ба  ӯ  афтоду боз ба роҳаш  рафтан  гирифт.  Дар ҳамин  ҳолат,  марди  сиёҳпӯш  одамеро чандто  корд  зада, ӯро аз ошёнаи дуюми  Донишгоҳ  ба  замин  мепартояд. Самира ин ҳодисаро дида,  ба  ҳамкурсҳояш  ки ҳамроҳаш суҳбаткарда мерафтанд,  нишон  дод.  Ва онҳо ба назди шахси матул рафтанд. Дар ҳамин  лаҳза  қотил  фирор  мекунад.  Баъди ду ҳафта, Самира бо ҳамкурсҳояш  дар мизҳои саҳни  Донишгоҳ  нишаста буданд. Донишҷӯи кушташуда  ҳамкурси  хоҳари  Самира  буд. Самира  ба  Заррина  ва  Умеду  Шаҳром гуфт, ки  он донишҷӯи кушташуда ҳамкурси  хоҳари  ман  буд.  Дар  ҳамин  ҳолат  боз  аз  Донишгоҳ  овози  доду фиғони донишҷӯён баланд мешавад. Самира  бо ҳамкурсҳояш  ба  тарафи Донишгоҳ медаванд. Аз ошёнаи дуюми Донишгоҳ ҷасади як донишҷӯи  курси панҷумро ки  ба  дор  овехта  шуда буд, пайдо намуданд. Боз ҳамаи донишҷӯён гирд омаданд.  Онҳо ба ҷасад менигаристанд. Дар ҳамон лаҳза зуд полис ҳозир шуд. Ҷасадро аз боло гирифтанд. Самира ҳаррӯз ба дарс ҳозир мешуд.  Ӯ қариб вақти зиёди худро бо ҳамин се ҳамкурсаш мегузаронд. Рӯзи дигар онҳо баъди дарс дар майдони футболбозии Донишгоҳ нишаста суҳбат мекарданд. Дар майдон донишҷӯёни курси дуюм дарси варзиш доштанд. Онҳо футболбозӣ  мекарданд.    Самира  ба  дустонаш мегӯяд,  ки  оё мо метавонем ин қотилро пайдо кунем? Умед мегӯяд, ки дарёфти қотил мушкил аст. Дар ҳамин лаҳза Заррина мегӯяд, чаро ту ин тавр фикр мекунӣ? Умед гуфт ки мо наметавонем пешбинӣ намоем, ки қотили лаънатӣ кай боз як донишҷӯи бечораро ваҳшиёна ба қатл мерасонад. Ба ақидаи   Шаҳром   шояд қотил ягон   мушкилие бо ҳамин донишҷӯён дорад. Самира дар ҳамин лаҳза илова намуд, ки  ҳамин донишҷӯёни  кушташуда  ҳамкурсҳои   хоҳари  ман  буданд.  Шояд   қотил  дар байни ҳамон  донишҷӯён бошад.  Ба назари  Заррина  шояд қотил  донишҷӯ  набошад.  Шаҳром  гуфт ки  шояд каси дигар бошад.  Баъд аз ин Самира бо дӯстонаш чанд муддате  истода баҳс карданд.  Ва он рӯз ҳеҷ ҳодисае рӯй надод. Баъди се рӯз зодрӯзи  Шаҳром буд. Онҳо пешакӣ  маслиҳат карда буданд, ки дар ошхонаи Донишгоҳ зодрӯзи  Шаҳромро мегузаронанд. Ҳамин тавр,  рӯзи зодрӯзи Шаҳром низ фаро мерасад. Онҳо баъди дарс,  соатҳои ду  зодрӯзро дар ошхонаи Донишгоҳ ҷашн мегиранд. Соат ба панҷи бегоҳ наздик мешавад. Фасл ки тирамоҳ буд, ҳаво низ зуд торик мешуд. Онҳо зодрузро хуб гузаронданду баромаданд. Роҳе  ки аз ошхона мебаромад, бо даҳлез ба тарафи саҳнаи Донишгоҳ мебурд. Онҳо ба даҳлези  Донишгоҳ  даромаданд. Чун  ҳаво ки торик шуда буд, диданд, ки  одами сиёҳпуше дар даҳлез рафтуо дорад.  Зоҳиран мисли донишҷӯҳо менамуд. Дар ин лаҳза басти дуюми донишҷӯён  дарс мехонданд.  Соат  ќариби  панҷ  буд ва  ҳаво  торик.   Дар даҳлез  донишҷӯе  мегузашт ки ҳамкурси хоҳари Самира буд. Самира  ӯро бо  як назар кардан  шинохт. Бо баромадани  ҳамкурси хоҳари Самира ба ошёнаи дуюм, садое ба гӯш расид.  Самира ва дӯстонаш ба якдигар нигаристанд ва  ба тарафи садо давиданд. Ва ҳамзамон  аз синфе овози кушодани дарро шуниданд. Дӯстони Самира истоданд. Ва дар ҳамин лаҳза Самира ба боло давида қотилро дид.  Самира аз қафои қотил давид. Самира гуфт:  Ҳей,  қотил ҳамон ҳамкурси хоҳари Самираро 3 корд зада, дар даҳлез партофта гурехт. Ҳаво торик шуда буд. Қариб ки одамро шинохтан намешуд. Онҳо аз қафояш давиданд. Шаҳром аз қафояш бо овози баланд ист лаънатӣ, ист лаънатӣ фарёд мекард. Марди сиёҳпӯш  ба қафояш нигоҳ намекард ва баъди  гардиши девор нопадид  гардид. Шаҳром аз қафояш давида, гардишро гашту дид, ки ҳеҷ кас нест. Марди сиёҳпӯш дар пушти гардиши девор рост истода буд. Шаҳром ӯро надида ва лаҳзае истод. Нигоҳ кард, вале  ҳеҷ кас наменамуд. Марди сиҳпӯш дар қафои Шаҳром  буд.  Ҳангоме,  ки  Шаҳром ба тарафи қафо нигоҳ кард,  дид,  ки  марди сиёҳпӯш дар қафояш истодааст. Шаҳром зуд ва чолокона ба рӯи марди сиёҳпӯш мушт андохт. Аммо мушти ӯ ба хато рафт. Дафъаи дигар марди сиёҳпӯш  дасти Шаҳромро дошта, бо  пояш бар пушти пойи Шаҳром  зада,  ӯро  ба зону афтонд.  Ва бори дигар ба  миёни Шаҳром зада,  ӯро  ба замин  афтонд.  Дар ҳамин ҳангом  Умед овози  Шаҳромро шунида,  аз қафояш давид ва дид  ки   марди сиёҳпӯш Шаҳромро лату кӯб дорад. Ва Умед низ давида,  бар тахтапушти марди сиёҳпӯш ба пояш зад.  Ва марди сиёҳпуш як ду қадам ба пеш рафт. Ва мехост ба сӯи Умед баргардад, ки боз як мушти дигар хурд.  Дафъаи  дигар  марди сиёҳпӯш  пои Умедро дошта,  бо пояш  дар  шиками Умед мезанад ва ҳамзамон  ӯро ба тарафи даҳлез мепартояд ва  мегурезад.  Дар ҳамин лаҳза Заррина  аз зинапояи ошёнаи якӯм  ба дуюм  баромада  истода  буд. Ҳангоми гурехтан марди сиёҳпуш ба Заррина рӯ ба рӯ мешавад. Марди сиёҳпӯш мебинад, ки Заррина тарсидааст.  Ӯро  ба  тарафи  девор  тела дода, гурехта, ба ошёнаи якӯм мефарояд.  Ӯ  ба  тарафи дари  баромади даҳлез   медавад. То ки ба саҳни Донишгоҳ барояду гурехта равад.  Аммо  аз  даромадгоҳи  даҳлез Самира даромад.  Марди сиёҳпӯш Самираро дида,  боз ба ошёнаи  дуюм мебарояд. Самира аз қафои  ӯ давида, ба ошёнаи дуюм мебарояд. Ошёнаи дуюми Донишгоҳ аз даҳлези  дароз  иборат  буд.  Дар даҳлез  Самира  ӯро  думболагирӣ мекунад.  Марди сиёҳпӯш дар даҳлез медавиду Самира низ аз қафояш.  Ҳангоме,  ки онҳо медавиданд,  даҳлез  кӯтоҳтар  мешуд. Дар охири даҳлез  тирезае  буд, ки ба тарафи беруни Донишгоҳ кушода мешуд.  Онҳо то  охири  даҳлез  бояд медавиданд.  Ҳангоми наздик шудан ба тиреза, Самира бо овози баланд фарёд зад, ки: Ист!!!  Самира  дар  дасташ  як арматур дошт. Чунки дар он замон синфхонаи ошёнаи якӯмро таъмир мекарданд. Ӯ саросемавор аз ҳамон ҷо он арматурро гирифта буд. Ист мегӯям, гуфт Самира.  Марди сиёҳпӯш ки ба назди тиреза расида буд, якбора истод. Ҳарчанд, ки худи Самира  дар  ҳолати  тарсу ҳарос қарор дошт,  худро ба даст гирифта, ҷасурона фарёд зад:

Ту кистӣ?

Марди сиёҳпӯш,  ҷавоб надод.

Самира гуфт: Гап зан вагарна бо ин арматур саратро пора–пора мекунам.  Чаро ту он  донишҷуёнро куштӣ?

Марди сиёҳпӯш:  Ҳар инсон вазифаи худашро иҷро мекунад.

Самира: Ба ман нигоҳ кун, вагарна ба ҷаҳаннам мефиристамат!

Марди сиҳпӯш: Аз дидани рӯи ман ба ту фоидае намерасад!

Самира: Ман ба саволи худам ҷавоб нагирифтам. Чаро ту донишҷӯёнро куштӣ?

Марди сиёҳпӯш: Мехоҳӣ донӣ ки ман чаро донишҷӯёнро куштам? Хуб гуш кун.  Ду сол пеш он донишҷуёне ки ту мегӯӣ духтареро ба қатл расониданд.

Самира: кадом духтарро?

Марди сиёҳпӯш: Номи он духтар Насиба буд.

Самира  ҳайрон шуда гуфт:  Насиба?

Марди сиёҳпӯш:  Ман духтареро  дӯст  медоштам, ки  номаш Насиба буд.

Номи  ман  Шариф аст.  Ду сол  пеш  ман  дар  Донишгоҳ таҳсил  мекардам. Ман  он  вақт  курси  3  будам.  Дар  ҳамин  Донишгоҳ  бо  духтаре  во хурдам, ки ӯ аз ман як сол хурд  буд. Номаш  Насиба.  Насиба курси 2 мехонд. Ва  миёни мо дӯстї пайдо шуд. Оҳиста–оҳиста мо якдигарро дӯст  доштем. Як ҳамкурси  Насиба ки номаш Баҳром буд,  ӯ  низ Насибаро дӯст медошт.  Аммо Насиба Баҳромро дӯст намедошт.  Чаро ки мизоҷи Баҳром ба Насиба писанд набуд. Як вақт ман бемор шудаму ба беморхона афтодам. Се моҳ ба  Донишгоҳ омада натавонистам. Дар ин замон рӯзе  Баҳром бо се дӯсташ ба назди Насиба омада, моҷаро ташкил намудаанд.  Хулосаи ҷанҷол ин ки Баҳром Насибаро дӯст медоштааст ва Насибаро таҳдид кардааст, ки он Шарифатро дафъ кун, ва чандин дашному суханҳои носазоҳо низ мегӯяд. Насиба дар ҷавобаш гуфтааст,  ки дафъ шав аз назарам номард ва як торсакии обдор ба рӯи Баҳром мезанад. Баҳром девонавор ба сӯи ӯ ҳамла намуда, Насибаро аз ошёнаи дуюм ба замин мепартояд. Баъди Насибаро ба беморхона бурдан ӯ ба ҳалокат мерасад. Баҳром ва дӯстонашро ба маҳкама мекашанд. Баҳром ва дӯстонаш шаҳодат медиҳанд, ки  Насиба  худаш  аз  ошёнаи  дуюм  афтидааст.  Баъди  ду моҳ онҳоро  аз  маҳбас  озод  мекунанд.  Аз  рӯи қонун дигар онҳо бегуноҳ буданд.

Марди сиёҳпӯш гуфт:  Акнун ту мехоҳӣ,  ки ман рӯямро ба ту нишон диҳам! Ва ниқобро аз рӯяш гирифт. Самира чеҳраи ӯро дид.  Марди сиёҳпӯш гуфт, ки ман хоҳари туро дӯст медоштам. Мо якдигарро дӯст медоштем. Аммо онҳо хоҳари туро ба қатл расониданд. Баҳром одами сарватманд буд. Ман одами одӣ ва миёнаҳол будам. Аммо чизи муҳим ин буд, ки мо  ҳамдигарро  дӯст медоштем. Баҳром аз кинаву адоват бо дустонаш Насибаро ба қатл расониданд. Ман касонеро,  ки Насибаро  ба қатл расониданд,  ҳамаи онҳоро як ба як ба қатл расонидам. Акнун ман кори худро тамом кардам!

Самира гуфт: Ин чи кори кардагиат?

Марди сиёҳпӯш: Ин тасмими ман буд.  Ту дигар ҳеҷ гоҳ манро намебинӣ. Ман охирин бор ҳамин гарданбандро барои Насиба аз пули стипендияаам харида будам. Мехостам ки ба ӯ тақдим кунам. Аммо бемор шудаму  натавонистам, ки ба ӯ диҳам. То ман аз бистари беморӣ хестам, ки аллакай Насиба дигар ин оламро падруд гуфта буд. Ба наздикӣ ман бори дигар бо Насиба во мехӯрам. Лекин ҳамон рӯзро намедонам. Шояд имрӯз бошад ё шояд фардо. Чашмони Самира пур аз ашк шуда буданд.  Самира ҳангоме ки ин суханҳоро дар бораи хоҳараш шунид, арматуре ки дар дасташ буд, аз дасташ ба замин афтод.  Дасти  Самираро  марди сиёҳпӯш гирифту гуфт:  ман  ин  гарданбандро  ба  хоҳарат дода  натавонистам.  Ман  мехоҳам  ту  инро ба расми хотира аз ман  бигирӣ.  Ин ягона  чизест, ки  Насибаро  ба  ёди ман меорад. Ман мехоҳам инро ту бигирӣ.  Ва  гарданбандро  дар  дасти  Самира   андохт. Дар ҳамин лаҳза аллакай  Шаҳром ва Умед ба полис хабар дода буданд. Полис гирду атрофи Донишгоҳро муҳосира карда буд. Тирезаи Донишгоҳ ба тарафи поён кушода мешуд. Марди сиёҳпӯш  тирезаро кушода, бо лӯлаи обрави девори Донишгоҳ ба поён мефарояд. Дар ин ҳолат Самира аз қафояш медавад, ва мебинад, ки марди сиёҳпӯш  аз поён бо дасташ ба тарафи Самира хайру хуш  мекунад.  Полис бонг мезанад, ки  дастонатонро боло карда, дар ҷоятон истед. Самира ҳам дасташро ба тарафи  ӯ меҷунбонаду марди сиёҳпӯш фавран ба тарафи полис медавад.  Аллакай дар саҳни Донишгоҳ полис ҷамъ шуда буд. Полис таҳдид мекунад, ки агар наистед, мепаронем. Марди сиёҳпӯш дигар намеистад.  Ва дар ин ҳангом полис ба тарафи  ӯ  тир холӣ мекунад.  Дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад.

Дидавар  Бекзода
Ҷомеашинос
Хондан 1870 маротиба