JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 11 Майи 2017 08:35

Шоҳномахонӣ ва шоҳномадонӣ

Муаллиф:

Он чи Куруш карду Доро в-он чи Зардушти меҳин,

Зинда гашт аз ҳиммати Фирдавсии сеҳрофарин.

                                           Маликушшуаро Баҳор

 Мусаллам аст, ки то асри гузашта адибони миллии мо, аз ҷумла Фирдавсӣ, дар мактабу мадорис мавриди омӯзиш қарор надоштанд, зеро мо аз давлати миллӣ бархӯрдор набудем. Саҳеҳтараш, баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд ва арзишҳои миллӣ мавриди бемеҳрӣ қарор дошт.

Аз ин рӯ, дар тӯли ҳазор соли бедавлатӣ миллати мо фуруду фарозҳои зиёдеро аз сар гузаронид ва ба қавли маъруф, «мурда-мурда зиндагӣ кард», зеро қудрати сиёсӣ ва низомиро, ки асос ва бақои як миллат аст, аз даст дода буд, танҳо бо нерӯи маънавӣ, яъне қалам ба умри худ идома медод, аммо ин қалам дар хидмати қудратмандон ва низомиёни бегона қарор дошт. Лиҳозо, ҳар чи ки эшон мехостанд, ҳамон мешуд. Бесабаб нест, ки дар асрҳои охир дар мактабу мадорис на осори адибони миллии мо, аз ҷумла Рӯдакӣ, Абӯшакур, Носири Хусрав, Мавлавӣ, Саъдӣ, Камол ва дигарон, балки девони Ҳофизу Бедил ва девонҳои туркии Фузулию Навоӣ омӯхта мешуданд. Ба қавли Муҳаммадҷон Шакурӣ, «дар асрҳои охир дар бисёре аз мактабҳои ибтидоии тоҷикӣ (қариб дар ҳамаи шаҳрҳо) мунтахаби «Чор девон»-и узбекии Навоӣ баробари мунтахаби девони Ҳофизу Бедил ва ғазалиёти озарии Фузулӣ китоби дарсӣ қарор ёфта буд». Фақат дар аввали асри гузашта, бо пирӯзии Инқилоби Бухоро (1920) ва ташкилшавии Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии  мухтор (1924) ва Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (1929), миллати мо имкон пайдо кард, ки бо осори адибони миллии худ, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Камол, Саъдӣ ва ғайра ошноӣ пайдо бинамояд. Маҳз дар ҳамин давра осори эшон мавриди чоп қарор гирифт ва бори аввал ба барномаҳои таълими мактабҳои миёнаву олӣ ворид гардид. Ба қавли устод Турсунзода:

Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун,

Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун.

Тавре ки гуфтем, миллати бедавлати мо баъди пош хӯрдани давлати миллии Сомониён миллате дар ҳошияе таърих ва кунҷу канори он буд, зеро қудрати сиёсиву низомиро дар даст надошт, танҳо бо қалам фаъолият мекард ва ба ҳаёти худ идома медод, аммо ин қалам дар хидмати бегонагон буд. Бинобар ин, осори шоирон миллии мо дар мактабу мадрасаҳо омӯхта намешуданд, рӯҳи миллӣ заиф ва рӯҳи мазҳабӣ ҷойгузини он гардида буд. Дар системаи таълиму тарбият осоре мавриди омӯзиш қарор дошт, ки ҷанбаи диниву ирфониву тасаввуфӣ доштанд ва шоироне мавриди назари масъулон ва ҷомеа буд, ки аз ин гуна осор намояндагӣ мекарданд. Биноан, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Асадӣ, Фахруддини Гургонӣ, Носири Хусрав ва шоирони дигари мо, ки андешаву орои миллиро тараннум мекарданд, дур аз системаи омӯзиш қарор доштанд ва умуман, дар фазои адабӣ аз ҷою мақому мавқеи чандон волое бархӯрдор набуданд. Аз рӯи гуфтори устод Айнӣ, дар асрҳои охир дар фазои адабиву илмиву таълимии Мовароуннаҳр фақат осори Ҳофиз, Бедил ва девонҳои туркию озарии Фузулию Навоӣ омӯхта мешуданд ва нуфуз доштанд. Дигар адибон, бахусус адибони миллии мо, аз ҷумла Фирдавсӣ, аз мадди назар дур афтода буданд. Ном ва осори Рӯдакӣ-падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ дар ин асрҳо умуман шунида намешуд. Ҳамин аст, ки дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ, ки беҳтарин санад барои далел овардан дар бораи ҳузуру нуфузи адибон дар фазои Моваруннаҳр дар асрҳои охир маҳсуб мешавад, аз Фирдавсӣ танҳо як маротиба ёд мешавад. Он ҳам дар хонаи Шарифҷон-маҳдум Садри Зиё, ки аз аҳли ашроф ва ҳокимони кишвар буд, на аз фуқаро. Чунончи, ӯ дар ин асари хеш мегӯяд: «Худи Шарифҷон-махдум дар вақтҳои танҳо монданаш бисёр шеър ва асарҳои адабӣ мехонд ва ҷоҳои завқоварашро баланд хонда, ба ман ва Мирзо Абдулвоҳид эзоҳ карда медод. Гоҳо «Шоҳнома» барин баъзе китобҳоро ба мо хонда худ гӯш медод, ҷоҳои ғалатхондаи моро тасҳеҳ мекард ва ҷоҳои мо нафаҳмидагиро эзоҳ медод». Дигар дар ҳеҷ куҷое аз шоҳномахонию шоҳномадонӣ дар ин муҳит зикре ба амал намеояд, балки дар ҳама ҷо аз бедилхонию бедилшиканӣ сухан дар миён асту бас. Ҳамин гуна ҳузури лаҳзаина ва ҳошиявии бузургтарин шоирони миллии мо, аз ҷумла Фирдавсиро Шафеъии Кадканӣ ҳангоми мутолиаи «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ мушоҳида карда, дар китоби «Шоири оинаҳо», ки ба Бедил ва осори ӯ бахшида шудааст, чунин мегӯяд: «Фирдавсию Мавлавию Ҷомию Камоли Хуҷандию Хусрави Деҳлавӣ ҳам дар гӯшаву канор ҳузур доранд». Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ ва дигар шоирони миллии мо (мисли худи миллат) «дар гӯшаву канор», яъне ҳошияи давлати туркию муғулӣ қарор доштанд. Ин ҷо гуфтори шоири фирдавситабору меҳандӯст устод Лоиқ ба ёд меояд, ки сад дар сад андешаҳои моро тасдиқ ва таъйид менамоянд:

Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо,

Заҳри таърих нажоде начашидаст, ки мо…

Оҳу афсӯс, ки дар ҳошияи таърихем,

Ин ҳама фоҷиаро даҳр надидаст, ки мо.

Дигар:

Ситамгарро Сикандар кардаӣ ту,

Музахрафро музаффар кардаӣ ту.

Валекин бузрукони нобиғатро

Гадоёни паси дар кардаӣ ту.

Ногуфта намонад, ки бедилгароӣ дар ду асри охир чунон мардумро аз адабиёту фарҳанги миллӣ дур афканда буд, ки қариб тамоми адибони Мовароуннаҳр дар асорати ӯ афтода буданд ва дар қаламрави гумроҳии эҷодӣ ҳаракат мекарданд. Лиҳозо, дар маҳофил, дар маҷолис, дар макотиб, дар мадорис, дар шаҳру деҳу кӯчаву бозор, масҷиду хонақоҳ, хуллас, дар ҳама ҷои кишвар фақат бедилхонӣ, шарҳу тавзеҳи осор, баҳсу мунозираҳои дардисаровару пучу бемаънӣ ва беохиру бардавоми ӯ сурат мегирифт. Аммо, бадбахтона, дар ин сарзамин, ки яке аз хостгоҳҳои асосӣ ва асили забону адаби тоҷикӣ мебошад, дигар адибону эҷодкорон қариб фаромӯш шуда буданд, бавижа, аз адибони миллӣ касе ёд намекард, бедилгароён чунон дар чоҳи ғафлату бехабарӣ ва таассубу гумроҳӣ ғарқ шуда буданд, ки дигар адаби худу миллати хешро ҳам фаромӯш карда буданд. Мисли он ки дар ин замон аз ҳар тоҷик, агар миллаташро мепурсиданд, худро мусулмон мегуфт, агар аз адабиёту шеъру шоирӣ сухан мерафт, фақат Бедил мегуфтанд ва ба тақлиди ӯ асар эҷод мекарданд, гӯйӣ дигар адибе барои эшон дар олам вуҷуд надошт. Устод Айнӣ гӯяд: «Тақлиди Бедил дар назм ва наср аз ҳама ҷо зиёдтар дар Осиёи Миёна ривоҷ гирифта то Револютсияи Кабири Октябр давом кард… Аз вақте ки нусхаи дастнависи асарҳои ӯ ба ин сарзамин омад. (Мовароуннаҳр-Ҷ.С.), мунтахаби ғазалиёт ва рубоиёташ ба мактабҳои ибтидоӣ куҳна даромадааст. Дар мактабҳои куҳна баъд аз Қуръон ва дарсҳои динӣ аз адабиёти тоҷикӣ якум Хоҷа Ҳофиз ва дуюм Мирзо Бедилро мехонданд. Мунтахаби девони Бедилро дар мактабҳо бо расми хати худаш-бо хати шикастаи бедилӣ хононда шогирдонро ба хонда тавонистани он гуна хат ҳам водор мекарданд. Албатта, ба талаби хурдсол ёд додани шеърҳои душворфаҳми Бедил як кӯшиши бефоида буд». Ӯ ба ҳамин маънӣ дар ҷойи дигар чунин менависад: «Дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд ва Хуҷанд аз ҳаваскорони бедилдӯст давраҳои алоҳида ташкил карда ва дар атрофи ягон бедилшинос ғун шуда, дар шабҳои таътил бедилхонӣ мекарданд. Дар Ленинобод (Хуҷанди пештара) ҳатто дар чойхонаҳо куллиёт ё девони ғазалиёти Бедил ёфта мешуд, ки босаводони бедилдӯст дар давраи чойнӯшӣ бедилхонӣ мекарданд ва бесаводон ба онҳо гӯш дода ба қадри фаҳмашон фоида мебурданд».8

Хулоса, ба қавли устод Айнӣ, «ҳар аҳлу ноаҳл», донову нодон, хоссу ом, ҳама асири осори Бедил гардида буданд ва гумроҳӣ, таассуб тамоми аҳли ҷомеаро фаро гирифта буд. Яке ӯро пайғамбар, дигаре валӣ, савумин Абӯлмаонӣ, чаҳорумин аз ҳамаи шоирони дунё боло ва ғайра мехонданд. Ҳамин гуна гумроҳии адабӣ буд, ки мутараққитарин адибон низ мақоми аслии ӯро нашинохтанд ва дар баҳо додан ба осори ӯ ба инҳироф роҳ доданд ва даст ба муболиғаю ғулув заданд ва бад-ин тартиб ба адабиёту фарҳангу тамадуни миллии тоҷикӣ осеб расониданд. Ҳатто Аҳмади Дониш, ки аз пештозони ҷараёни мубориза бар зидди тақлиди осори печидаву гунги Бедил дар Мовароуннаҳр шинохта шудааст, низ аз ин иштибоҳ ва маъракаи бедилгароӣ натавонист худро раҳо бисозад ва роҳи дурусти беруншудро ба аҳли эҷод нишон бидиҳад ва мисли намояндагони ҷараёни бозгашти адабии Эрон-Муштоқу Нишоту Висолу Сабову Қоониву Яғмо ва дигарон дар Мовароуннаҳр низ бозгашти адабиро ташкил намояд. Дар ин бора устод Айнӣ дар рисолаи «Мирзо Абдулқодири Бедил» чунин изҳори назар менамояд: «Нависанда ва шоири мутафаккири асри Х1Х Бухоро-Аҳмади Дониш (вафоташ 1897) Бедилро бисёр дӯст медошт ва баъзе чизҳои душворфаҳми ӯро шарҳ мекард. Аммо худ на дар назм ва на дар наср услуби ӯро тақлид намекард ва ҳамсӯҳбатони худро аз тақлид кардани ӯ манъ менамуд ва ба тарзи ҳазл мегуфт: «Бедил пайғамбар аст, мӯъҷизаро дар ихтиёри пайғамбар гузоштан даркор аст. Шумо валӣ шуда каромат нишон диҳед ҳам мешавад».9 Агар ин гуфтаи Аҳмади Дониш ҳамчун ҳазл ва як навъ киноя (ба муқаллидони Бедил) аз забонаш берун омада бошад, гуфтаи поёни Туғрал, ки аз рӯи таассуб ва гумроҳии эҷодӣ аз қаламаш таровидааст, беадабӣ, таҳқир, хиёнат ба худ, адибону адабиёти тоҷик ва кулли суханварони олам аст, зеро ӯ «аз сухангӯёни олам» (на Рӯдакӣ, на Фирдавсӣ, на Саноӣ, на Аттор, на Низомӣ, на Хоқонӣ, на Саъдӣ, на Мавлавӣ, на Ҳофиз, на Камол, на Ҷомӣ, на Урфӣ, на Назирӣ, на Толиб, на Калим, на Соиб, на Дониш, на Шоҳин, на Айнӣ, на Гомер, на Шекспир, на Балзак, на Гёте, на Гейне, на Гюго, на Стендал, на Байрон, на Будлар, на Пушкин ва на дигарон) касеро ҳамтои ӯ намебинад ва намедонад. Лиҳозо, мегӯяд:

Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,

Набошад ҳеҷ касро ҷои Бедил.

Надидам аз сухангӯёни олам,

Касеро дар ҷаҳон ҳамтои Бедил…

Қабои атласи нуҳ чархи гардун

Бувад кӯтоҳ бар болои Бедил.

Бар рафъат бартар аз кӯҳ аст, Туғрал,

Ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил.

Албатта, ин гумроҳии адабӣ аз бедавлатӣ, содагӣ ва раҳнамоию пуштибонӣ нашудани қувваҳои адабию илмиву эҷодӣ рух додааст, зеро баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва ба тахт нишастани сулолаҳои бегонатабор, аз ҷумла Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарохониён, Темуриён, Шайбониён, Сафавиён, Манғитиён ва ғайра, яъне то аввали асри ХХ рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд ва миллат роҳи ғуломию гумномию бебандуборӣ мепаймуд. Бинобар ин, адибони миллӣ, хусусан Фирдавсӣ мавриди бемеҳрӣ ва ҳуҷуми ҳокимони бегонатабор ва адибони чоплусу хушомадгӯ ва беҳувият қарор гирифта буд. Сиёсати диниву мазҳабиву қавмӣ ва фазои ирфониву сӯфиёнаи ҳоким дар ҷомеа намегузошт, ки шоирони миллӣ, бавижа, Фирдавсӣ, ки ситоишгари рӯҳи миллӣ буд, дар маърази омӯзиш қарор бигирад, аҳли илму адабу фарҳанг аз ӯ дар китобҳояшон ном баранд ва мисол биёранд. Натиҷаи ҳамин гуна сиёсати сахтгиронаи ҳукуматҳои ғайримиллӣ буд, ки дар осори таърихӣ, илмӣ, адабӣ, аз ҷумла «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ, «Таърихи Яманӣ»-и Утбӣ, «Таърихи Байҳакӣ», «Ансоб»-и Самъонӣ, «Ятимат-ут-даҳр»-и Саолибӣ, «Дамият-ул-қаср»-и Бохарзӣ, «Тарҷумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ, «Ҳадиқат-ус-сеҳр»-и Рашиди Ватвот, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулук, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Насиҳат-ул-мулук»-и Ғазолӣ ва ғайра, ки дар асрҳои Х1-Х11 иншо шудаанд, ному нишоне аз Фирдавсӣ ва осори ӯ нест, зеро ин адибону олимону муррихон сухан бар муроди ҳокимони бегона мегуфтанд ва қаламашон дар хидмати аҳли шамшеру зару зӯр ва арбоби дину мазҳаб буд. Ба ҳарфи дигар, Ғазнавиёну Салҷуқиёну Қарохониёни истилогар ва бегонатабор, ки аз сиёсати зиддимиллӣ ва исломии Бағдод пуштибонӣ ва пайравӣ мекарданд ва қудрати сиёсиву низомии кишвар дар дасташон қарор дошт, ҳар оина монеи тарғибу ташвиқи афкору орои миллӣ ва густаришу паҳншавии он дар фазои кишвар мегардиданд. Аҳли қалам низ аз тарси ин амирону ҳокимони ҷаббору бегонатабори турк маҷоли муқовимат, дам задан ва бурузи эҳсос ва рӯҳияи миллиро аз даст дода буданд. Ба қавли ростини шоир:

Ҳошалиллаҳ, турк бонге барзанад,

Саг чӣ бошад, шери нар хун қай кунад!

Бинобар ин, бояд донист ва иқрор шуд, ки шоҳномахонӣ ба маънии томаш дар кишвари мо аз асри гузашта шурӯъ шуд ва Фирдавсию осораш ба барномаҳои таълим ворид гардид. Ҳамзамон, имкони нашри мунтахабу пурраи осори ӯ ба миён омад. Бад-ин маънӣ, «Шоҳнома» борҳо дар кишвари мо чоп шуд ва шароити хуби хондани он барои мардуми кишвар муҳайё гардид. Аммо шоҳномахонӣ ҳанӯз шоҳномадонӣ нест, зеро кам касеро метавон ёфт, ки ин асари бузургҳаҷмро, ки 50-60 ҳазор байтро фаро мегирад, аз ибтидо то интиҳо (пурра) хонда бошад. Дигар, ҳар касе наметавонад ба кунҳи ин асари ҷовидонӣ, ки фарогири маводи зиёд ва мухталиф аст, бирасад. Ба қавли устод Ҷалолиддини Ҳумоӣ, «ҳар касе дархӯри шоҳномадонӣ нест. Шоҳномадонӣ фанни мустақилест, ки сармояи илмиву адабӣ ва завқе  кофию вофӣ ва  татаббӯи мутамодӣ дар назму насри қадими форсӣ лозим дорад  ва дар ин бора шоиста аст, ки ашхоси адиби фозили аҳл корҳои мутафарриқаро канор бигзоранд ва мумаҳҳазу холис як ҷо чандин сол вақти худро сарфи хондану таҳқиқ дар «Шоҳнома» кунанд, то ба забони Фирдавсӣ ва дақоиқи маонии калимоту ибороти ӯ ошно бишаванд ва гуфтаҳои ӯро, ҳамон тавре ки дар зеҳни гӯянда омада ва муроду мақсади худи ӯ будааст, бифаҳманд ва дарк кунанд ва натиҷаи онро ба дигарон ҳам биёмӯзанд ва бифаҳмонанд. Ва хулоса ин ки шоҳномадон ва фирдавсишинос аз кор дароянд, вагарна аз он даста ашхосе, ки як бор ҳам «Шоҳнома»-ро нахонда ва бо фунуни назму насри адабӣ ва асолиби сухани форсӣ татаббӯъ ва ошноие кофӣ надошта бошанд, коре сохта нест ва ба қавли маъруф, «бо ин дегҳои чӯбӣ ҳалво наметавон хӯрд».

Дар ҳақиқат, ҳақ ба ҷониби устод Ҷалолиддини Ҳумоӣ аст, зеро на ҳар кас имрӯз метавонад ва имкон дорад, ки ин асари бузургҳаҷмро саропо бихонад ва батамом онро бифаҳмад ва дарку маънӣ намояд. Аз ин рӯ, мо бояд дар кишвар шоҳномахониро, ки замоне дар радиову телевизиони тоҷик роҳандозӣ шуда буд, аз нав эҳё намоем ва бад-ин тартиб шоҳномахонону шоҳномадононро таълиму тарбия ва ба воя расонем. Дар ин замина ташкили барномаҳои мухталифи телевизиониву радиоӣ, ки бо қироату тавзеҳу ташреҳи «Шоҳнома» иртибот мегиранд, судманд хоҳад буд. Дар муассисоти илмиву адабӣ курсҳо ва гурӯҳҳои махсуси шоҳномахонӣ созмон бидиҳем. Матбуот, хусусан рӯзномаву маҷаллот, бояд гӯшаи махсуси шоҳномахонӣ дошта бошанд ва намунаҳое аз ин асари бузургро дар он ҷой диҳанд ва пешкаши хонандагон намоянд (мисли ҳафтавори «Миллат», ки муддатҳост ба чопи «Шоҳнома» машғул аст). Гузашта аз ин, шарҳҳои мухталифи «Шоҳнома» ва баргардонҳои насрии бархе аз достонҳои онро дар дастраси хонандагон қарор бидиҳем. Ба вижа, баргардони мақолаҳо аз хатти арабӣ ба кириллиро равнақ бояд бахшид. Албатта, ташкили маркази фирдавсишиносӣ ва нашри маҷаллаи «Фирдавсӣ» низ як амри воҷиб маҳсуб мешавад. Муҳимтар аз ҳама, маълумоти тазкираву китобҳои мухталиф ва мақолоту рисолотеро, ки то имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар оид ба Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ навишта шудааст, ҷамъоварӣ намоем ва дар даҳҳо ҷилд ба нашр расонем. Бавижа, таълими ҳаёту эҷодиёти Фирдавсиро дар мактабҳои миёнаву олӣ тибқи талаботи замони нав ба роҳ монем. Ниҳоят, мо шоҳномахониро бояд аз кӯдакистон ва хонавода шурӯъ намоем, зеро, ба қавли маъруф;

Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад, қаҳрамонӣ кунад.

Мутаассифона, имрӯз шавқу рағбати мардум ба китобхонӣ бо сабабҳои айнию зеҳнӣ коста шудааст. Ҷавонон, ағлаб ба маълумоти интернет ва коргирӣ аз компютер, фейсбук ва ғайра иктифо менамоянд. Дигар, коҳилӣ, ғафлат, таассуб ва хурофот бархе аз гурӯҳҳои ҷомеаро ба кӯи бетафовутӣ, яксӯнигарӣ андохтааст. Лиҳозо, кам мутолиа менамоянд, бархеҳо донистани гузаштаро зарур намешуморанд ва барои эҳёву густариши рӯҳияи миллӣ дар ҷомеа кӯшо нестанд. Ин, албатта, бар зарари эшон аст, зеро канда шудан аз гузашта, дурӣ аз шоҳкорҳои илму адаби пешин, беэътиборӣ, худношиносӣ ва бехабарӣ аз фуруду фарозҳои ниёгони хеш дар гузашта дари худогоҳии миллиро, ки замони истиқлол аз мо талаб менамояд, ҳароина ба рӯямон мебандад. Агар мо бо ҳамин аҳвол ба кори худ идома бидиҳем, чанде мегузарад, ки мо нажоди худ, табори худ, тамаддуни худ, фарҳанги худ, адабиёт ва намояндагони илму адаби хешро фаромӯш менамоем ва пайванди мо бо бобоёни худ, яъне аб ва ҷадди худ гусаста мегардад. Барои он ки ба ин ҳолати ногувор наафтем, бояд ин панди адибро ҳамеша дар зеҳни худ дошта бошем, ки ба мо ҳушдор медиҳад ва мегӯяд:

Аввал сабақи ту абҷад омад, яъне

Бар сирати аб ва ҷадди худ бояд буд.

Хусусан, рӯ овардан ба «Шоҳнома», ки ҳувияти миллии моро таъмин менамояд, дар замони истиқлол амре ногузир мебошад, зеро ҳадафи Фирдавсӣ аз эҷоди «Шоҳнома» ҳамин буд, ки миллати тоҷик, ки зери султаи арабу турк монда буд, аз таърихи пуршукӯҳ ва пурешбу фарози худ огоҳ шавад, мубориза кунад ва ба озодиву истиқлол бирасад, соҳиби давлати миллӣ ва ҳукмроне аз нажоди озодагон гардад. Албатта, ин орзуи фақат Фирдавсӣ набуд, балки Абӯмуслим, Муқаннаъ, Сунбод, Яъқуби Лайс, Носири Хусрав, Дақиқӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ ва дигарон ҳам буд. Хушбахтона, ин орзуи Фирдавсӣ ва тамоми озодагон пас аз ҳазор сол фақат дар Мовароуннаҳр (он ҳам Бухорои Шарқӣ) ҷомаи амал пӯшид ва халқи мо дар гӯшае аз ватани таърихии худ ва кишвари бузурги ориёиён ба ташкили ҷумҳурии мухтору мустақилу соҳибистиқлол даст ёфт, кишваре, ки ба арзишҳои миллӣ такя мекунад. Аз ҷумла, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва амсоли инро, ки ниёкони дури мо бо тантанаву шукӯҳи хоссе баргузор мекарданд, бо рангу бори тоза таҷлил менамояд. Дигар, бархе аз расму оин ва ҷашнҳои миллиаш ҷанбаи башардӯстона пайдо менамоянд, яъне мақоми байналмилалӣ мегиранд. Масалан, ҷашни Наврӯз, ки дар замони истиқлол ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Албатта, ин барои мо ифтихори хеле бузург мебошад, зеро мо фарҳангу тамаддуни ҷаҳониро бо арзишҳои миллии худ, ҷашну оинҳои қадимиамон ҳароина ғанӣ месозем. Лиҳозо, дар ин роҳ, яъне шинохтани арзишҳои миллӣ, ҷашну оинҳои қадимии миллатмон низ ба мо, пеш аз ҳама, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ кумак менамояд ва мавод медиҳад. Бесабаб нест, ки ҳар гоҳ аз Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар ҷашну оинҳои миллӣ, ки имрӯз, хушбахтона, аз нав эҳё мешаванд, сухан дар миён ояд, аввалтар аз ҳама, мо рӯ ба «Шоҳнома» меорем ва аз маълумоти он суд меҷӯем. Масалан, агар аз мавзӯи Ватан ва ватандӯстӣ сухан равад, боз ҳам ба «Шоҳнома» ва пеш аз ҳама, абёти зери машҳури Фирдавсӣ, ки гимни ватандӯстии миллати мо маҳсуб мешавад ва аксари мардум онро аз ёд медонанд, муроҷиат менамоем:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Албатта, ин ҳама далели он аст, ки «Шоҳнома», бо ҳама мавонеъ, бо ҳама фуруду фарозҳое, ки мардуми мо дар дарозои таърих аз сар гузаронидааст, ҳароина дар зиндагии мо ҳузуру нуфузи хос дорад ва аз мақоми варҷованде бархӯрдор аст, зеро он ҳамеша барои мо (дар ҳар бобе, ки хоҳем) мавод медиҳад ва ҳамчун сармашқи кору фаъолиятамон хидмат менамояд. Маълумоте, ки дар бораи таърихи миллат, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, сулҳу оштӣ ва ғайра, аз ин китоб мегирем, дар китобҳои дигар ба нудрат пайдо менамоем. Ҳамин аст, ки мо гаштаву баргашта ба «Шоҳнома» муроҷиат мекунем ва ҳоҷатамонро бароварда месозем. Агарчи мо дар шоҳномашиносӣ, шоҳномахонӣ ва шоҳномадонӣ, яъне истифода аз маводи «Шоҳнома» соҳиби дастовардҳои қобили мулоҳиза мебошем, аммо мо бояд ба ин дастовардҳо ва доштаҳоямон қаноат нанамоем, зеро «Шоҳнома» як уқёнуси пур аз ганҷу ҳикмат ва дастуру омӯзаҳои миллию инсонию иҷтимоию сиёсиву ахлоқӣ аст ва он ба мо, пеш аз ҳама, дарси меҳанпарастӣ, хештандорӣ, ҳувият ва худсозӣ медиҳад. Пас мо муваззафем, ки имрӯз «Шоҳнома» бихонем, «Шоҳнома» бидонем ва хондаҳоямону донистаҳоямонро ба дигарон биёмӯзонем. Дар он сурат мо метавонем қарзи фарзандии худро дар пеши Ватан, миллат ва инсонияти тараққипарвари ҷаҳон адо бинамоем ва бо ифтихору боварӣ ва садои баланд рӯ ба Фирдавсӣ биёрем ва аз забони шоир бигӯем:

Куҷо хуфтаӣ, эй баланд Офтоб?

Бурун ою бар фарқи гардун битоб.

На андархӯри туст рӯи замин,

Зи ҷо хезу бар чашми даврон нишин.

Куҷо мондаӣ, эй рӯҳи қудсисиришт,

Ба чорум фалак ё ба ҳаштум биҳишт?

Ба як гӯша аз гетӣ ороми туст,

Ҳама гетӣ канда аз номи туст.

Чу оҳанги шеъри ту ояд ба гӯш,

Ба тан хуни афсурда ояд ба ҷӯш.

Зи «Шаҳнома» гетӣ пуровоза аст,

Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст.

Ту гуфтӣ: «Ҷаҳон кардаам чун биҳишт,

Аз ин беш тухми сухан кас накишт»...

Зи ҷо хезу бингар, к-аз он тухми пок

Чӣ гулҳо дамидаст бар тарфи хок.

На он гул, ки дар Меҳргон пажмурад,

Нахандида бар шох, бодаш барад.

На ҷаври хазон дида гулзори ӯ,

На бар дасти гулчин шуда хори ӯ.

 Ҷамолиддин Саидзода  - адабиётшинос

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"- №1 (5), 2017, 200-209 саҳ.

Пайнавиштҳо:

1.Муҳаммадҷон Шукуров. Пайванди замонҳо ва халқҳо. Душанбе, Ирфон, 1982. -С.55.

2.Мирзо Турсунзода. Шеърҳо, ҷ.1, Душанбе, Ирфон, 198. -С.190.

3.Садриддин Айнӣ. Осори баргузида, ҷ.1. Душанбе, Ирфон, 1977. -С.35.

4.Шафеъии Кадканӣ.Шоири оинаҳо. Теҳрон, 1368. -С.111.

5.Лоиқ. Фарёди бефарёдрас. Душанбе, Адиб,1997. -С.97.

6.Ҳамон ҷо. -С.183.

7.Садриддин Айнӣ. Куллиёт, ҷ.11, Душанбе, Ирфон,1964. -С.115-117.

8.Ҳамон ҷо. -С.117.

9.Ҳамон ҷо. -С.116.

10.Туғрал. Гиёҳи меҳр. Душанбе, Ирфон,1986. С.185.

11.Маснавии маънавӣ. Теҳрон,2001. -С.523.

12.Фирдавсӣ ва «Шоҳнома». Теҳрон,1370. - С.582.

13.Ҷамолиддин Саидзода. Фирдавсӣ кист ва «Шоҳнома» чист? Душанбе, 2011. -С.16.

14.Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ.1, Москва,1969. -С.25.

15.Шоҳбайтҳои «Шоҳнома». Душанбе, Адиб, 1990. -С.60

16.Фирдавсӣ ва «Шоҳнома». -С.287.

Хондан 2984 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Ишқ намиранда аст Сарҳад (ҳикоя) »