JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 22 Майи 2017 08:27

Сарҳад (ҳикоя)

Муаллиф:

Хоҷам рӯи хоки намноки найзор дароз кашида ба худ меандешид, ки агар дар қисмат бошаду аз симхор сиҳату саломат гузарад, то деҳаашон тақрибан ду километр роҳ мемонад.

  Шаб торик буд ва бӯи борон меомад. Шамоли сарди дарё найу буттаҳои чалғӯзаро беист такон медод, наъраи об ваҳмангез ба гӯш мерасид. Вай борҳо дар ин гирду атроф най буридааст, барои гову гӯсолаҳояшон алаф даравидааст, аз баландии канал ба он тараф, ба хоки давлати ҳамҷавор, назар афкандааст, ба кору бори деҳқонони ҳамсоя зеҳн мондааст. Ба сараш ҳаргиз наомадааст, ки замоне ана ҳамин хел дуздона, тарсидаву ларзида, ҳаёташро зери хавфу хатар гузошта дар найзор мехобад, пайт мекобад, ки ба хати сарҳад ноаён рахна занад.

   Тақдир чизи аҷиб аст. Аз чанголи шахшӯлаш ҷои халосӣ нест. Аввал овоза паҳн шуд, ки дар маркази вилоят мардум ду гурӯҳ ҷудо шуда ҳамдигарро бо тиру туфанг мезананд. Оҳиста–оҳиста садои дури тир наздик омад ва он рӯзи кулфатбор ҷавонмардонро ҷамъ карданду ба ноҳияи ҳамсоя фиристоданд. Хоҷам ҳам рафт, бо зану фарзандонаш дурусттар худоҳофизӣ накард, саросема буд ва бовар дошт, ки бегоҳӣ бармегардад. Аммо фалак хаёли дигар дошт. Зану кӯдакони гурезаро ба хоки ҳамсоя гузаронду он ҷо монд.

  Акнун ду километр дур аз деҳаашон, миёни найзори намнок, базӯр нафас мегирад, хабар надорад, ки занаш куҷост ва бачаҳояш дар чӣ ҳоланд.

  Эҳ, худо мададгор шаваду аз сарҳад сиҳату саломат гузарад... Роҳи мошингардро миёнабур мекунад, ба лаби канал мерасад. Агар об дошта бошад, кор душвортар. Каме болотар мераваду аз пул мегузарад ва чанори сари пулро ба оғӯш мегирад. Модараш мегуфт, ки ҳамин чанорро падараш шинондааст, вақти ҷӯи об гузаронидан шинондааст. Ҳа, падарон аз кӯҳистон омаданду дашту найзорҳои касногузарро ободу сарсабз гардонданд, зиндагиро зебу зинат бахшиданд. Фарзандон ба хидмати онҳо носипосӣ карданд, нонро таги по карданд, ношукрӣ гузашт, худо зад. Вай нашунидааст, бо чашми худ дидааст, ки мардуми соҳиби дастархонҳои обод дар кишвари бегона гадоӣ мекунанд. Занҳо намедонанд, ки шавҳару писару бародарҳояшон куҷоянд, мардон намедонанд, ки ҳамсару фарзандашон зиндаанд ё на. Чаро худо чунин ҷазоро ба онҳо раво дидааст? Оё аз ин рӯзи сангинтар ва нангинтар ҳаст?

  Муаллимаи таърихашон ҳангоми дарс мегуфт, ки дар солҳои аввали инқилоб бисёр мардум аз нодониву гумроҳии худ ба он сӯи дарё гузаштаанд ва то ҳанӯз бо ҳавас ба зиндагии серу пури мо менигаранд. Хайр, солҳои аввали инқилоб буд. Имрӯз чӣ? Чаро хонаву дари ободи худро партофта, аз дари дигарон чашми мурувват доранд?

  Хоҷам дар оғӯши шаби ваҳманбор, дар иҳотаи найҳои хушкида танҳо нест. Бо ӯ чаҳор тани мусаллаҳ ҳастанд. Онҳо супориш доранд, ки бинои мактабро оташ зананд, ҳо ҳамон мактабе, ки он ҷо таълим гирифтааст ва агар худо роста фармояд, фарзандонаш низ он ҷо парвариш хоҳанд ёфт. Падари раҳматиаш мегуфт, ки мактабро бо ҳашар сохтаанд ва он ёдгори солҳои корамкунии водии Вахш аст. Совхоз дар марказ мактаби сеошёнаи ҳозиразамон сохтааст. Дар мактаби кӯҳна бачагони синфҳои ибтидоӣ дарс мехонанд.

  Хоҷам мақсади саркардагонро медонад. Онҳо мехоҳанд бо оташ задану ғорат кардан ва куштани баъзе «гунаҳгорон» мардумро ба ҳарос андозанд, монеи ба зодгоҳ баргаштани фирориён шаванд. Агар ҳама ба ҷои зисти худ баргарданд ва ба зиндагии муқаррарии худ идома диҳанд, баъд, саркардагон аз номи кӣ ба давлатҳои манфиатдор муроҷиат мекунанд, кӯмак металабанд, номи давлати Тоҷикистонро доғдор мекунанд? Хоҷам, ки мавзеъро хуб медонад, роҳбалади даста таъин шудааст. Кӣ медонад, шояд ӯ ҳаргиз мактабро оташ заданӣ нест. Аммо дилаш бисёр мехоҳад, ки деҳаашонро як бори дигар бинад, аз ҳоли зану бачаҳояш огоҳ шавад.

  Ҳа, чанори дастниҳоли падарашро оғӯш мегираду ба замини пахта мегузарад, ба замини пахтаи Раҷаб–саркор. Ба машомаш бӯи кокулҳои Зайнаб мезанад. Зайнаби азизашро дар ҳамин замин, дар байни ниҳолакони баланди пахта нахустин бор ба оғӯш гирифта, аз лабони сӯзонаш бӯсида буд. Ҷавонӣ, ҷавонӣ! Куҷо шудӣ? Куҷо шуд он лаҳзаҳои нотакрори беғамӣ? Зайнабу бачаҳояш куҷо шуданд? Оё зиндаанд? Ё мисли гурезаҳои хоки ҳамсоя дар ба дару кӯ ба кӯ сарсону саргардонанд?

  Мераваду дарро мекӯбад. Занаш, ки аз зинда будани Хоҷам бехабар аст, дарро бо эҳтиёт мекушояду аз ин дидори ғайричашмдошт беҳуш мешавад. Аммо Хоҷам ӯро имкони ба рӯи замин афтодан намедиҳад. Чолокона ба оғӯш мекашад, ҳарисона аз сару рӯяш мебӯсад. Аз хона Кариму Ҷонони азизаш давида мебароянд, шӯру қиём баланд мешавад. Дар як замон ҳамсояҳо ҷамъ меоянд, навбат ба навбат сару рӯи ӯро даст–даст карда мебинанд, ки оё ӯ Хоҷам аст ё каси дигар.

  Занаш ба танӯр оташ меандозад. Бӯи нон оламро мегирад. Биллоҳ, дар ду дунё чун нони танӯрашон хушбӯйтару хуштаъмтар ноне нест! Раҷаб–саркор говро пӯст мекунад, деги худоӣ ба ҷӯш меояд. Вай дар пеши касе гунаҳгор нест, ӯро гунаҳгор намедонад, сараш баланд аст. Не, беҳтар он аст, ки ҷанг набудааст, бародаркушӣ набудааст, ҷилои ватан набудааст, хориву зориву ғурбат набудааст, ҷудоӣ набудааст. Вай аз Душанбе, аз сафари хидматӣ омадааст. Ҳама дар гирди дастархон ҷамъ, ҳама шоду хандон, касе аз касе хавфу ҳарос надорад, садои мусиқӣ меояд, садои тире нест...

  Аккоси ногаҳони саг Хоҷамро ба худ овард. Баъд, мушаке осмони тираи сарҳадро ду дарид ва атрофро чун рӯз равшан кард. Сабил монад, сарҳадбонон аз чизе пай бурдагӣ барин. Паҳлӯ гашту оҳиста ба ҳамроҳонаш ишора кард, ки ҳушёр ва омода бошанд. Садои гуфтугӯи чанд кас аранге ба гӯш расид, садои бегона не, садои шинос. Худоро шукр, худӣ будаанд, лоақал дар ватани худ ба дасти бегонаҳо наафтӣ. Оҳ, чӣ қадар ширин аст оҳанги гуфтугӯи тоҷикӣ! Ҳоло вай наметавонад, ки аз ҷо бархезаду фарёд занад: «Ҳой бародарони азиз! Ман ин ҷоям, шуморо ёд кардаам, зану бачаҳоямро пазмон шудаам, деҳаро пазмон шудаам, замини пахтаи Раҷаб–саркорро пазмон шудаам!» Не, гуфта наметавонад. Ӯ ҳоло душман аст. Душмани кӣ? Барои кӣ? Дар чашми кӣ?

  Ба ёд овардани ин калима саропояшро ба оташ меандозад. Оё ӯ душман аст? Чӣ душманӣ кардааст? Зану мӯсафедони гурезаро ҳамроҳӣ карда ба соҳили бехавф гузаронидан магар душманист? Дуруст аст, ки ҳоло бо худ силоҳ дорад, чаҳор тан ҳамроҳони мусаллаҳ дорад. Аммо ба қасди касе то ҳанӯз тир холӣ накардааст ва холӣ нахоҳад кард. Оё вай метавонад ба сӯи ҳамватани сарҳадбонаш, ки қад–қади симхор бо эҳтиёт қадам мегузорад ва сарҳадшиканонро ҷустуҷӯ дорад, тир андозад? Шояд дар байни онҳо бародараш бошад, ҳамсояаш бошад, дӯсташ бошад, писари бародараш бошад? Не, вай ҳаргиз тир холӣ намекунад ва намегузорад, ки ҳамроҳонаш низ саҳадбононро ғафлатгир кунанд.

  Хоҷам бо шаст аз ҷо бархосту наъра зад. Наърааш пеши фиғони шамол ва ғурриши дарё ҳеҷ буд. Бори дигар наъра кашид. Ва наъраи ӯро ин дафъа садои тир пахш кард. Вай сари синаашро дошта ба ҷои аввалааш дароз афтод. Сарҳадбонон аз болои ӯ мегузаштанд, дасту пояшро бо мӯзаҳои дағалпошнаи худ зер мекарданд, аммо Хоҷам дарде ҳис намекард, лаззат мебурд, ки ӯро пои бегона не, пои ёру бародаронаш ки бисёр ёдашон кардааст, зер мекунад.

  Гӯё ба дарунаш оташ афтод. Мехост оби дарёро дам кашад, таби синаашро паст гардонад. Ханҷол кашиду хоки намноки найзорро ба даҳан андохт. Аз хотираш, ки лаҳза ба лаҳза хаста мешуд, гузашт: «Шукр, ки хоки ватан ҳаст...»

ГУЛНАЗАР   

Коллектив. Шоҳроҳи истиқлол (баёзи насри муосири тоҷик). – Душанбе, «Адиб», 2011, 288 саҳ.

Хондан 2374 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Шоҳномахонӣ ва шоҳномадонӣ Бӯйи ватан »