JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 24 Майи 2017 18:06

Бӯйи ватан

Муаллиф:

 Одина дар Афғонистон хизмат мекард дар гурӯҳи пештоз, рӯзҳойи аз кор озод буданаш бо кӯчайи ошно сӯйи бозор мерафт. Пирамарде риши тоҷикона дар манаҳ бар хараки беруни дарвоза менишаст ва ёде аз ниёгони водийи Зарафшон меовард. Ҳар бор ки Одина аз роҳ мегузашт, пирамард дида ба ӯ дӯхта бо нигоҳи хеш ҷавони ношиносу ноошноро то хамгашт мегуселонд. Одина мувофиқи касбу вазифааш ҳама ҳаракатҳойи ӯро медиду рамуз мегирифт. Аммо чизе гуфта наметавонист. Зеро гоҳи пур кардани варақайи аъмол паҳлӯйи «Дар хориҷа табор ё шиносе доред?» «На!» навишта буд… Чун зиёд мегузашт, боре нигоҳи якрости пирамардро дида ба ишорайи сар «салом» дод. Пирамард низ бо ишорайи сар алейк гирифт ва аз дил гузаронд: «Мақоли халқӣ ҳаст: Харе, ки бор надорад, иш магӯ!» Аммо боре аз борҳо пирамард посух ба ишорайи сари ҷавон даст пеши бар хест ва забон кушод:

  – Ота аз куҷо мешавед?

 – Аз Шӯравӣ.

 – На. Аз кадом маҳалли тоҷикнишин?

 – Аз Самарқанд.

 – Ҳааа… Эҳсос кардам, бӯйи Ватанро.

 – Ман ҳам пай бурдам, ки шумо аз ҳамон обрав ҳастед.

 – Чӣ тур?

 – «Ота» гуфтед. Мо низ падарро ота гӯем. Пирон чун шумо дами дарвоза харак сохта, дам гиранд.

 – Ман аз Боғи Баланд.

 – Боғи Баланди Самарқанд?

 – Бале!

 – Чун ба ин ҷо афтодед?

 – Қиссааш дароз… Солҳойи Инқилоби Бухороро ба ёд оред…

 Саропойи Одинаро арақ тар кард. рангаш ҳам канд. Курта ба пӯсташ часпид. Пирамард вазъу ҳоли ӯро пай бурд: «Имкон ёфта ягон вақт биёед, отаҷон. Дарвозайи мо ҳама вақт кушода…»

 Одинаро чунин сухан лозим буд. Зеро медонист, ки аз кадом гӯша контрразведка чашм медавонад. Ӯ чанд муддат аз ин кӯча гузар накард. Балки бо роҳҳойи дигар то бозор мерафт. «Шуморо ташвиш додам, отаҷон?» Гӯшҳояш садо доданд, аммо танаш ларзид. Муддате баъд ба худ омада гардан тофт ва пирамарди шиносчеҳраро дида, тааҷҷуб кард: «Либос чӣ оройишгар аст?» Ба назараш тамоман дигар тофт ӯ: ҷавонтар, озодатар ва чолок; пӯшоки афғонӣ дорад дар тан ва дастори пишоварӣ. «Гумон кардам ба ватан баргаштед ва маро фаромӯш кардед».

 – На, соҳиб! Ишколе пеш омад ва маро ба Қандаҳор фиристоданд.

 – Ҳааа… Пиндоштам ва Ватан рафта, бӯйи Зарафшон овардед. Бӯй кашиданӣ будам…

 Одина дарку эҳсос мекард дарди пирамардро, худаш низ пазмон шуда буд бӯйи диёрро. Бо ҳамватани дар солҳойи мудҳиш фирорӣ шуда, то ҳаштодсолагӣ заҳри ғурбат чашида сӯҳбат оростанӣ буд, лек пай мебарад, ки корманди Шӯравӣ аз ӯ канора меҷӯяд.

 – Кай ба Ватан баргаштаниед?

 – Номаълум…

 – Агар ки ба мураххасӣ рафтед, Боғи Баланди Самарқанд равед. Боғи анҷир ҳаст. Аз соҳиби он боғ пурсида як каф хок гиред ва маро оред.

 Одина дарёфт, ки пирамард «атри кафан зи хоки Ватан орзу дорад». Хеле сукут варзид. Ҳамон арақи ҳаяҷон боз саропояшро тар кард. Пиндораш: аз кадом дидгоҳ пурбин ё дурбине ба сӯяш нигаронида шуда буд.

 – Шуморо огоҳ хоҳам кард, соҳиб…

 Чашмаш ба чашми пирамард рост омад, ки зиёдтар аз арақи тани ӯ сиришк метаровид.

 Одина чизе гуфта натавонист. Сар андохту рафт.

 Пирамардро низ арақи сард пахш кард ва дар курсийи назди қуттиҳойи ширинворийи самарқандисохт нишаст. Набот, ҳалво, печаку парварда, оби дандон, оби набот, ҳалвойи мағзӣ ва бисёр чизҳойи дигар рафи дӯкони ӯро зебу оро дода буд.

 «Аҷаб ҷавоне. Чашойӣ ҳам накард. Аз чӣ рӯ тарсуст? Вазифа касро тарсӯ гардонад».

 Вале рӯзи зиёд нагузашта, Одина бо кӯчайи ошно гузар карда пирамардро дар хараки дами дарвоза надид ва рост то дӯкон омад.

 – Биёед отаҷон!

 – Омадам, соҳиб. Инак ман аз ширинвориҳойи самарқандиёнайи шумо хоҳам чашид.

 – Нӯши ҷон!

 – Чунон ки дарёфтам, шумо майли Боғи Баландро дидан ҳам доред?

 – Агар Худо расонад…

 – Пайғом (виза) шавад, меравед?

 Пирамард чизе гуфта натавонист. Ашку ғамбода гулӯяшро баст. Ӯ ба ишорайи сар тасдиқ кард…

 … Тайёра то Москов парвоз кард ва пирамард ҳамроҳи зан ба тайёрайи дигар нишаста то Самарқанд омад. Чун аз дари тайёра рӯйи зинаҳо баромад, ҳавойи форам ва бӯйи гуворойи Самарқандро шамид. Вале бӯйи карасини сӯхта, ки ин бӯйи гуворойи зарафшониро ғашовар мегардонд, нафоридаш. Бо вуҷуди он дароз–дароз нафас мегирифт; гӯё ғанимат мегирифт.

 – Ман аҳд карда будам, ки поям ба хоки Самарқанд расад, намози шукрона гузорам…

 Нахуст ҳарисона ва носер ба ҳар тараф дида мечаронд; нафас кашида, сари сина медамонд; медид ҳамаро дигаргуна.

 Саҷҷода густурд рӯйи хок ва пешонӣ ба замин зад.

 Ва дер истод. Сар рӯйи пушти дастон ноҷунбон буд. Ҳамсараш омада ҷунбон–ҷунбон кард. Нимрӯ афтид. Оби даҳон саҷҷодаро тар карда буд.

СОРБОН

Коллектив. Шоҳроҳи истиқлол (баёзи насри муосири тоҷик). – Душанбе, «Адиб», 2011, 288 саҳ.

Хондан 2450 маротиба