Мусалламан, рушди қавмиятҳо, миллиятҳо, халқиятҳо ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба кайфияти кори фикрии табақаҳои равшангари ҷомеа бастагӣ дошта ва дорад. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқон, кори фикриро, асосан дар ду тарз баррасӣ кардаанд: аввалан, бо роҳи истифода аз равишҳои равоншиносӣ, улуми зистӣ, бавижа асабшиносӣ, ки ҳадафаш шинохти мушаххасоти мағзи инсон аст ва сониян, тавассути таваҷҷуҳ ба корҳои фикрии афрод, коркардҳо ва натиҷаҳои иҷтимоии онҳо (ниг.:Аҳмадӣ Бобак. Кори равшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384. –С.7). Албатта, кори равшанфикрӣ кори на як ё ду нафар, балки кори муназзами табақоти гуногуни фикрва маданӣ…