JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 04 Октябри 2018 08:53

«Бӯи ҷӯи мӯлиён»-и устод Рӯдакӣ ва жанри тасниф дар Эрон

Муаллиф:

  Истилоҳи «тасниф» ҳамчун жанри шеърие, ки бо оҳангу мусиқӣ суруда шуда, аксаран бар пояи вазни ҳиҷо танзим ва ё дар як шеър аз чанд вазни арӯзӣ кор гирифта шудааст, дар адабиёти хаттии форсӣ дар қарнҳои XVI-XVII ворид шудааст. Зеро бар хилофи шеъри классикӣ он на барои хос, балки барои ом эҷод мегардад, аз ин рӯ, ин жанри шеърӣ дар девону тазкираҳо сабт нагардида, муаллифонаш ағлаб низ номаълум мондаанд.

  Ба қавли эроншиноси маъруфи рус В.А.Жуковский, ки аз нахустин ҷамъоварандагони таснифҳои халқии форсии Эрон ба ҳисоб меравад, тасниф як навъ “насри содаи зарбӣ” мебошад, ки он аз авзони арӯзу қофия ва дастури забон озод буда, асосан тобеи оҳангу зарб аст.[1]

  Маншаъ ва пайдоиши ин жанр ба таври густурда таҳқиқ нашудааст.  Мунтаҳо дар муқоиса бо шеъри арӯзии баъд  аз исломии форсии тоҷикӣ ва шеъри ақвоми ҳамҷавор метавон ба андешаи мусташриқи маъруф Эдвард Браун ҳамнаво шуд, ки гуфта буд:

  “Тасниф шеъре буда, ки аз замонҳои дербоз, шояд, ҳатто пеш аз ислом, ба василаи хунёгарону шоирони даврагард иҷро мешудааст”.[2]

  Зеро ин жанр дар худ ҳанӯз вижагиҳои шеъри бостонии пешазарӯзиро ҳифз карда, мусиқиву оҳанг ҷузъи ҷудонашавандаи он маҳсуб мешавад. Ва шаклу қолаби он бештар бар асоси ниёзҳо ва зарурати мелодия ё оҳангу мусиқӣ танзим шудааст. Аз ин ҷост, ки ин жанрро шомили фарҳанги мардумӣ ё ба истилоҳ фолклор кардаанд.  Аз ин рӯ, то ба имрӯз сайри такомули тасниф ба таври ҷиддӣ нашинохта мондааст. Ба ақидаи Ҳанри Массе мусташриқи франсавӣ, “миёни шеъри қадими эронӣ ва таснифҳои ҷадид шабоҳати комил вуҷуд дошта ва шояд ашъори Эрони бостон ҳама ба шакли тасниф будааст”.[3]

  Ин ваҷҳи муштараке, ки Ҳанри Массе ба он ишора кардааст, дар вазни ҳиҷо суруда шудани шеъри пеш аз исломии форсии тоҷикӣ ва жанри тасниф аст.

  Аз ин дидгоҳ порча шеъри хаҷвии маъруфе, ки кӯдакони Балх ба муносибати шикасти лашкари Асад бинни Абдуллоҳ дар Хатлонзамин сурудаанду онро Табарӣ овардааст,  шояд як навъ тасниф будааст.

  Намунаҳои андаке, ки аз шеъри давраи ибтидои исломии мо боқӣ мондааст ва шабоҳатҳои ин шеърҳо аз нигоҳи қолабу вазн бо таснифҳои халқӣ, моро ба ин андеша вомедоранд, ки шеъри то давраи арӯзии форсӣ бо таснифу таронаҳои халкӣ робитаи амиқе доштааст.

  Ин иртиботи қавӣ шояд аз он лиҳоз бошад, ки жанри тасниф бо тамоми анвои хеш (ишқӣ, ҳаҷвӣ, иҷтимоӣ-рӯзмарраӣ ва амсоли он) ҳамвора раванду табиати шифоҳӣ-омина дошта, бо оҳангу зарб тавъам  мебошад.

  Маҳз ҳамин вижагии тасниф, яъне озод будан аз чорчӯби авзони арӯз, бо зарурати оҳанги мусиқӣ дарозу кӯтоҳ шудани мисраъҳо ва наздик будан ба забони гуфтугӯӣ эҷод гардидани он, мавриди беэътиноии аҳли савод ва нодидагирифтани тазкиранигорону ноқидони шеъри классикӣ гардидааст. Барои мисол, Қайси Розӣ дар “Ал мӯъҷам...” таснифро дар зумраи “ҳарора” маҳсуб медонад. Виросторони “Ал мӯъҷам...” ҳангоми омодакардан ба чоп, дар поварақи китоб, “ҳарора”-ро чунин тафсир кардаанд: “Аз ин қарор маълум мешавад, ки мақсуд аз ин калима ашъори сахифест, ки муханнасону масхарагон ва авомуннос дар кӯчаву маҷолиси лаҳву лааб хонанд ва акнун тасниф гӯянд.  Ва муҳтамил аст, харора ба “ха”-и мӯъҷама бошад ва он  овозест, ки ба сабаби гиря ва ё ғайри он аз гулӯ берун ояд, чи масхарагону суфаҳо ашъори сахифи худро бад-ин овоз хонанд».[4] Аммо ба таъбири  Маликушшуаро Баҳор ин вожа бояд “ҳарора” бошад, ки ба забони арабӣ “тасниф” маънӣ медиҳад.[5]

  Бо вуҷуди он ки тасниф ба масобаи жанри фолклорӣ  аз тарафи аҳли адабу фазли қадим мавриди қабул қарор  нагирифта, аммо дар тӯли асрҳо аз ривоҷу  равнақ наафтодааст.Зеро аз ишораҳое, ки дар тазкираҳо ва рисолаҳои доир ба нақди шеъри классикӣ бармеояд, ҳатто дар қарни Х милод жанри тасниф ё тарона дар миёни хосу ом мавриди қабул будааст.

 Маъруфияти “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-и устод Рӯдакӣ ҳам шояд дар қолаби тасниф ё тарона  будани он бошад. Ин андешаро интиқоди Давлатшоҳи Самарқандӣ аз ин шеъри устод тақвият медиҳад. Давлатшоҳ дар “Тазкиратушшуаро” баъд аз овардани ривояти  чӣ тавр сохта шудани ин шеър аз тарафи устод Рӯдакӣ ва таъсири фавқулоддааш ба амир Наср бинни Аҳмади Сомонӣ чунин  изҳори назар мекунад:

 “Уқалоро ин ҳолат ба хотир аҷиб менамояд, ки ин назмест сода ва аз  саноеъу бадеъ ва мамонат орӣ, чӣ ки агар дар ин рӯзгор суханваре мисли ин навъ сухан дар маҷлиси  салотину умаро арз кунад, мустаҷоби инкори ҳамагон шавад”. Аммо муассирияти “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-ро ба нуктаи  зер нисбат медиҳад:

 “Мешояд, ки чун устодро дар автору мусиқӣ вуқуфи тамом буда, қавлеву таснифе сохта бошад ва бо оҳанги ағониву соз ин шеърро арз кардаву дар маҳалли қабул афтода бошад”.[6]

  Дар мавриди муассирияту дилнишинии ин навъи шеър, яъне таснифу  тарона Шамс Қайси Розӣ низ чунин тазаккур додааст: “... ва чунон ки ҳарораҳои муханнисон, ки ба риккати лафзу хиссати маънӣ дар баъзе  маҷолис чандон тараб дар мардум падид меоварад, ки бисёр қавлҳои бадеъ  ва таронаҳои латиф падид наёрад”.[7]

  Аз ин рӯ “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-и устод Рӯдакӣ гувоҳи он аст, ки жанри таснифи имрӯзи форсӣ иртиботи ногусастанӣ бо шеъри то исломии форсӣ дошта, дар замони Рӯдакӣ ҳам ҷузви адабиёти хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ ба шумор мерафтааст.  Ва шояд ибтидои рушди шеъри дарии форсии тоҷикӣ аслан бо оҳангу мусиқӣ тавъам буда аст, ки худи устод ва сарчашмаҳо бо оҳангу мусиқӣ шеър гуфтани устод Рӯдакиро таъкид кардаанд.

  Гузашта аз ин, маъруфияти ин шеъри устод Рӯдакӣ  дар замонаш ва асрҳои баъдӣ, ҳатто то қарни XV мелодӣ дар он буда, ки таснифҳо маъмулан аз тарафи хунёгарони ҳирфаи иҷро гардида, аз сина ба сина ва аз насл ба насл баъди интиқол дода мешуданд.  Шояд Маҷ низ таснифхони вижаи Рӯдакӣ будааст ва “Бӯи ҷӯи Мӯлиён” бо зарбу оҳанги  вижааш аз насл ба насл гузашта то асрҳои XIV-XV мавриди писанди хосу ом гардидааст.

  Агарчӣ таснифсозиву таснифхонӣ, тавре ки ёдовар шудем, аз тарафи аҳли фазлу адаб мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтааст, аммо сарфи назар аз он, дар қарнҳои XVI-XIX ду бора  ба адабиёти  китобӣ роҳ ёфта, дар ибтидои асри ХХ ҳамчун жанри инқилобӣ – иҷтимоӣ вориди адабиёти аҳди Машрутаи Эрон гардид.

  Нуқтаи ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки гарчанде дар асрҳои номбаршуда таснифҳое бар пояи авзони арӯзӣ эҷод мешуданд, аммо аксари таснифҳои халқӣ бар вазни ҳиҷо сохта шудаанд, ки намунаҳои фаровони онро В.А. Жуковский аз манотиқи мухталифи Эрон сабт карда дар китобаш дарҷ намудааст. Ин таснифҳои халқии ибтидои қарни ХХ  гувоҳи он аст, ки тасниф табиати аслии хеш ва пайванди то исломии шеъри  форсиро ҳифз кардааст.

  Ин амр ба он далолат мекунад, ки нахустин шеъри  баъд аз исломии форсии тоҷикӣ бо оҳангу мусиқӣ эҷод мешуда, ки намунаи боризи он “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-и  устод  Рӯдакист.

Хоҷамуродов ОЛИМҶОН

доктори илмҳои филология, профессор

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (11), 2018

[1] Жуковский В.А.  Образцы персидского народного творчества. СПБ., 1902.

[2] Браун Эдвард. Торихи матбуот ва адабиёти Эрон дар даврони Машрутият. Ҷилди аввал. Теҳрон. 1957

[3] Оринпур Яҳё. Аз Сабо то Нимо (торихи 150 соли адаби форсӣ).Ҷилди дуввум.Теҳрон, 1350 ҳ.ш.

[4] Қайси Розӣ, Шамсиддин Муҳаммад. Алмуъҷам фи маъойир ул ашъорулаҷам. Теҳрон.1338 ҳ.ш.

[5] Баҳор ва адаби форсӣ. Маҷмӯаи яксад мақола аз Маликушшуаро Баҳор. Ҷилди аввал. Теҳрон. 1371 ҳ.ш.

[6] Амир Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкиратушшуаро.Теҳрон.Чопи дуввум. 1366 ҳ.ш

[7] Қайси Розӣ, Шамсиддин Муҳаммад. Алмуъҷам фи маъойир ул ашъорулаҷам. Теҳрон.1338 ҳ.ш.

Хондан 1929 маротиба