Васфи табиат аз ҷумлаи он мавзўҳоест, ки гумон аст ягон адиб дар эҷодиёти худ онро сарфи назар карда бошад. Маҳз манзараҳои мафтункунандаи табиати рангин аст, ки бо сиру асрори ҳайратовари худ илҳоми ҳазорҳо адибонро меорад. Адибони гуногун васфи табиатро гоҳе аз барои он мекунанд, ки манзараи зебоеро боз зеботар баён кунанд, агар гўшаи торикеро тасвир карданӣ бошанд, пас талош мекунанд он ҷо нуре ёбанду онро хотирмон ба қалам диҳанд. Адиби соҳир, ҳангоми тасвири табиат ба ҳамон нуқтаҳое эътибор медиҳад, ки дар бисёр мавридҳо аз назари мо дур ва аз фаҳмишамон…