JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 29 Июли 2019 03:06

Васфи табиат дар ашъори Муҳаммад Иқбол

Муаллиф:

  Васфи табиат аз ҷумлаи он мавзўҳоест, ки  гумон аст ягон адиб дар эҷодиёти худ онро сарфи назар карда бошад. Маҳз манзараҳои мафтункунандаи табиати рангин аст, ки бо сиру асрори  ҳайратовари худ илҳоми ҳазорҳо адибонро меорад. Адибони гуногун васфи табиатро гоҳе аз барои он мекунанд, ки  манзараи зебоеро боз зеботар баён кунанд, агар гўшаи торикеро тасвир карданӣ бошанд, пас талош мекунанд он ҷо нуре ёбанду онро хотирмон ба қалам диҳанд. Адиби соҳир, ҳангоми тасвири табиат ба ҳамон нуқтаҳое эътибор медиҳад, ки дар бисёр мавридҳо аз назари мо дур ва аз фаҳмишамон дар канор мондаанд. Вобаста ба табъ, завқ ва истеъдоди асарофарии адиб инчунин андозаи меҳре, ки ў ба табиати зинда дорад, ҳар як гўшаи ҷойе, обу дарахту сабзаи маҳале, шукуфтани гулҳои чамане, навои паррандаҳои зебопару хушхони боғе, тобиши муъҷизамонанди  фаслҳои сол ва мисли инҳо сурати тоза, ҷолиб ва мафтункунандаро мегирнд. Шоири маъруфи урдузабону форсизабони Ҳинду Покистон Муҳаммад  Иқбол (1877-1938) ”Фасли баҳор”, “Қатраи об”, “Шабнам”, “Ҷўйи об”, “Насими субҳ” ва “Бўйи гул” барин як силсила шеърҳо гуфта, бо ин  васила  фаромўш накардааст, ки бе васфи табиат, бе ёдовар шудан аз ҳусни табиат, бе дарки мақоми табиат дар фаъолияти ҳар як эҷодкор, албатта як навъ костагӣ, як навъ берангӣ намудор мешавад.

  Шеъри ”Фасли баҳор” аз шаш банд иборат аст. Иқбол  васфи баҳор, фасли бедор шудану лиқои тоза гирифтани табиатро бо шавқи хосаи хушҳолӣ, ки нишони ба тамошои манзараҳои афсунгари баҳор рағбати беандоза доштани худи шоир аст, аҷаб равону аҷаб дилпазир ва роҳатбахш баён кардааст.  Муҳаммад  Иқбол ҳар мавриди муносибро, аз ҷумла васфи табиати сеҳрангези ватани худро  барои аз бетафовутӣ берун кашидану бедор кардани инсон  ва фаъолона  амал кардани  ў истифода мебарад. Майли Иқбол ин аст, инсон натанҳо аз табиати зебо ҳаловат барад, балки   хосиятҳои нотакрори онро сармашқи кори худ намояд. Барои тасдиқи ин андеша  кофист агар чанд мисрае  аз ғазали аллома“Донаи субҳа ба зуннор кашидан омўз”-ро ба ёд орем, ки чунин аст:

       Донаи субҳа ба зуннор кашидан омўз,

       Гар нигоҳи ту дубин аст, надидан омўз.

       По зи хилваткадаи ғунча бурун зан чу шамим,

       Бо насими саҳар омезу  вазидан омўз.

       Офариданд агар шабнами бемоя туро.

       Хезу бар доғи дили лола чакидан омўэ.

       Агарат хори гули тозарасе сохтаанд,

       Поси номуси чаман дору халидан омўз.

       Боғбон гар зи хиёбони ту барканд  туро,

       Сифати сабза дигарбора дамидан омўз... [1, 327-328].

  Агар ба шеъри “Фасли баҳор” нигарем, пас мебинем, ки вай пурра фарогири чунин даъватҳо мебошад. Шоир  манзараҳои пурҷилову зинатдор ва ҳаловатбахши зеботарин фасли солро бо усули пуршаҳде, ки худ молики ўст, содаву равон тасвир намудааст:

 Хез, ки дар кўҳу дашт хайма зад абри баҳор,

Масти тараннум ҳазор,

Тўтию дурроҷу сор,

Бар тарафи ҷўйбор,

Кишти гулу лолазор,

Чашми тамошо биёр,

                 Хез, ки дар кўҳу дашт хайма зад абри баҳор,

Хез, ки дар боғу роғ қофилаи гул расид,

Боди баҳорон вазид,

Мурғ наво офарид,

Лола гиребон дарид,

Ҳусн гули тоза чид,

Ишқ ғами нав харид,

Хез, ки дар боғу роғ қофилаи гул расид...

Ҳуҷранишинӣ гузор, гўшаи саҳро гузин,

 Бар лаби ҷўйе нишин,

Оби равонро бубин,

Наргиси нозофарин,

Лахти дили  фарвадин,

Бўсазанаш бар ҷабин,

Ҳуҷранишинӣ гузор, гўшаи саҳро гузин [1, 261-262].

   Ҳам “Куллиёт”-и форсӣ ва ҳам “Куллиёт”-и урдуи Муҳаммад Иқбол бо шеърҳое оғоз меёбанд, ки пайвастагии ногусастании шоирро бо табиат ифода мекунанд. “Куллиёт”-и форсӣ бо маснавии “Асрор ва румуз” оғоз ёфтааст, ки нахустин мисраҳояш чунин аст:

Роҳи шаб чун меҳри оламтоб зад,

Гиряи ман бар рухи гул об зад.

Ашки ман аз чашми наргис хоб шуст,

Сабза аз ҳангомаам бедор руст.

Боғбон зўри каломам озмуд,

Мисрае кориду шамшере дуруд.

Дар чаман ҷуз донаи ашкам накишт,

Тори афғонам ба пуди боғ ришт [1, 5-6].

  Агар ба “Куллиёт”-и  урдуи шоир нигарем, аввалин шеъре, ки он ҷо   сабт шудааст “Ҳимолой” ном дорад, ки дар аввалин маҷмўаи урдуи Муҳаммад Иқбол “Бонги даро” низ нахустин шеър аст. Яъне  “Куллиёт”-и  урди адиб  низ бо васфи табиат оғоз ёфтааст. Вақте ки соли 1899 ин шеър дар яке аз маҳфилҳои адабӣ қироат мешаваду пас соли 1901 дар маҷаллаи “Маҳзан” ба табъ мерасад, бисёр тоза ва хеле ҷолиб буданаш ногуфта намемонад. Ёдовар мешавем, ки маҳз ҳамин шеър   чун иҷозатномае буд барои шоири ҷавон - Иқбол ҳангоми ба майдони шоирӣ ва ба ҳалқаи шоирон ворид шудан. Шоир васфи кўҳҳои Ҳимолойро  ба худи кўҳ муроҷиат намуда, оғоз менамояд:

Эй Ҳимолай, эй фасили кишвари Ҳиндустан,

Чумта ҳе терӣ пешанӣ ко ҷҳуккар асман [2, 51].

  

Эй Ҳимолой, эй девори қалъаи кишвари Ҳиндустон,

Хам шуда аз пешоният бўса мегирад осмон.

(Тарҷумаи таҳтуллафзӣ)

 

  Адиб дар ин шеър зебоии кўҳҳои Ҳимолой, барои Ҳиндустон посбон будани он ва боиси обшории водиҳо шудани ин кўҳи боҳашамати сар ба фалак кашидаро ба қалам додааст:

Имтиҳани дидаи заҳир мен кўҳистан ҳе ту,

Пасбан апна ҳе ту, девари Ҳиндустан ҳе ту [2, 51].

 

Ба зоҳир вақти дидан ҳамчу кўҳистон ту,

Посбони мо туӣ, девори Ҳиндустон ту .

                                                               (Тарҷумаи таҳтуллафзӣ)

 

  Дар маҷмўаи “Бонги даро” боз чунин шеърҳои адиб ба мисли “Гули рангин”, “Абри кўҳсор”, “Кўҳ ва санҷоб” (“Эк паҳар аур гилеҳрӣ”), “Офтоби субҳ”, “Гули пажмурда”, “Моҳи нав”, “Паёми субҳ”, “Мавҷи дарё”, “Ситораи субҳ”, (“Субҳ ка ситара”), “Абр”, “Охири субҳ”, “Навиди субҳ”, “Шабнаму ситораҳо”, “Шуои офтоб”, “Шоҳзодаи гулҳо” (“Пҳулон кӣ шаҳзадӣ”), “Гул” (“Пҳул”) ва ғайраҳо оварда шудаанд. Дар маҷмўаи “Бонги даро”, мисле ки мебинем, дар унвони як силсила шеърҳо калимаи гул омадааст. На танҳо шоирон, балки  ҳамаи одамон, алалхусус онҳое, ки эҳсоси воқеии зебопарастӣ доранд бо гул  барин мўъҷизаи табиат рў ба рў шуданро чун лаҳзаи дарёфти роҳату хушҳолӣ эҳсос менамоянд. Зебоӣ,  нозукиву нафисӣ ва рангорангиву хушбўии ин муъҷизаи ҳайратовари табиат табъи инсонро ҳатман шод мегардонад. Баробари руйи гулро дидан  олами дигари андешаҳо моро фаро мегирад. Агар аз ташвишҳои зиндагӣ фориғ набошем ҳам, гулҳо моро лаҳзае аз ҳама нороҳатиҳо озод менамояд. Муҳаммад Иқбол дар шеъри “Гули пажмурда”  мисли ҳамаи дигар шеърҳояш чун файласуф маълум мешавад. Вай ба гули пажмурда бо ҳасрат ва  афсўсхўрӣ  назар дорад. Пеши чашмони ў гули пажмурда истодааст, вале шоир огоҳ аст, ки вай ҳамин тавр  пажмурда офарида нашудааст. Замоне ки нав шукуфта буд, рашки аттор буд, аҷаб зинат ва қимате дошт. Шоир ҳолати дили нозеҳу бишкастаи худро бо ноумедиҳои гули пажмурда омехта мебинад. Ин шеъри аслан ба забони урду эҷодшудаи  адиб бо як байти форсӣ-тоҷикӣ поён меёбад, ки  муроҷиату муносибати шоирро  бо гул ва бо ин васила  бо табиат ифода менамояд:

Кис забан се эй, гули пажмурда туҷҳ ко гул каҳун,

Кис тараҳ туҷҳ ко таманаи дили булбул каҳун.

Тҳӣ кабҳи мавҷи саба гаҳвараҷунбан тера,

Нам тҳа саҳни гулистан мен гули хандан тера.

Тере эҳсан ка насими субҳ ко иқрар тҳа,

Бағ тере дам се гоя таблаи аттар тҳа.

Туҷҳ па барсата ҳе шабнами дидаи гирян мера,

Ҳе ниҳан тери удасӣ мен дили вайран мера.

Мери барбадӣ кӣ ҳе чҳотӣ се эк тасвири ту,

Хаб мери зиндагӣ тҳӣ ҷис кӣ ҳе тадбир ту.

Ҳамчу най аз найистони худ ҳикоят мекунам,

Бишнав эй гул аз ҷудоиҳо ҳикоят мекунам [2, 83].

 

Бо кадом забон, эй гули пажмурда, туро ман гул гўям,

Ман чӣ сон туро таманнои дили булбул гўям?

Буд замоне мавҷи сабо туро  гаҳвораҷунбон  буд,

Андарин саҳни чаман номат гули хандон буд.

Он насими субҳ аз эҳсони ту иқрор шуд,

Ҳам зи бўят боғ ҳамчун таблаи аттор шуд.

Дар рўйи ту рехта шабнами дидаи гирёни ман,

Дар ғами ту шуд ниҳон ин дили вайрони ман.

Чун нишони нестиям хурдакак тасвири ту,

Зиндагиям хоб буду ҳастӣ ба он таъбир ту.

Ҳамчу най аз найистони худ ҳикоят мекунам,

Бишнав эй гул аз ҷудоиҳо ҳикоят мекунам.

                                                                      (Тарҷумаи таҳтуллафзӣ)

  Дар ашъори Муҳаммад Иқбол тасвири гули лола тасвири хосе дорад. Нисбат ба ҳамаи   гулҳои дигар  шоир маҳз гули лоларо зиёдтар дар шеърҳои гуногунаш ёдовар мешавад. Шоир   як шеъре махсус бо номи “Лола” низ иншо кардааст ва 163 дубайтии форсиашро дар якҷогӣ “Лолаи Тур” номгузорӣ намудааст. Дар шеъри “Лола” лола худ баёнгари ҳоли хеш аст:

Он шуълаам, ки субҳи азал дар канори ишқ,

Пеш аз намуди булбулу парвона метапид.

Афзунтарам зи меҳру ба ҳар зарра тан занам,

Гардун шарори хеш зи тоби ман офарид.

Дар синаи чаман чу нафас кардам ошён,

Як шохи нозук аз таҳи хокам чу нам кашид.

Сўзам рабуду гуфт яке дар барам биист,

Лекин дили ситамзадаи ман наёрамид.

Дар тангнои шохбасе печу тоб хўрд,

То ҷавҳарам ба ҷилвагаҳи рангу бў расид.

Шабнам ба роҳи ман гуҳари обдор рехт,

Хандид субҳу боди сабо гирди ман вазид.

Булбул зи гул шунид, ки сўзам рабудаанд,

Нолиду гуфт: - “Ҷомаи ҳастӣ гарон харид!”

Во карда сина миннати хуршед мекашам,

Оё бувад, ки боз барангезад оташам? [1, 275].

  Лекин бояд гуфт, ки  шоир аслан на барои он такрор ба такрор лола мегўяд, ки тасвири мукаммали рангу бўи онро бештар намояд, балки адибро ҳадаф ин аст, ки гоҳе дида ва андешаи худро боқувваттар созад:“Аз хиҷолат дида бар по дўхта, Орази ў лолаҳо андўхта”, гоҳе барои он ки ба мавзўи тасвиршаванда зиёдтар диққати хонандаро ҷалб намояд: “Ба барги лола рангомезии ишқ, Ба ҷони мо балоангезии ишқ”, гоҳе азми  баёни  доғҳои синаи пур аз ҳасрати хеш дорад, ки пеши онҳо доғҳои лолаҳо ҳеҷанд: “Доғе, ки сўзад дар синаи ман, Он доғ, ки кам сўхт дар лолазорон”.

  Шоир инсонро дар манзараҳои зебову дилкаши табиат дидан мехоҳад. Пурра эҳсоси он мекунад, ки табиати зебо ва бо гулҳои рангоранг ороста ба инсон на танҳо ҳаловат, балки боз нерў ҳам мебахшад. Ҳамин тавр, доим дар оғўши табиат будан ва ба қадри он расиданро таъкид менамояд ва бо ин васила инсонро аз андешаи ноумед шудан ва ба худ боварӣ надоштан заифу нотавон будан ба канор бурданӣ мешавад:

Миёни лолаву гул ошён гир,

Зи мурғи нағмахон дарси фиғон гир.

Агар аз нотавонӣ гаштаӣ пир,

Насибе аз шабоби ин ҷаҳон гир [1, 245].

  Яке аз гўшаҳои  зебоманзари дунё Кашмир аст, ки  агар ҳар касеро дидани он насиб шудааст, наметавонад беандоза шайдои ҳусни беҳамтои ин диёр шуданашро ба забон наорад. Садҳо шоирони номдору гумноми таҳҷоиву бегона дар васфи Кашмири сеҳрангез талош карда, ба андозаи бардошти истеъдоди шоирии хеш ҳамду санои онро кардаанд. Муҳаммад Иқбол низ ошиқи ин мавзеи дилрабо будаст. Шоир дар ғазале, ки “Кашмир” ном дораду   шаш байтро дар бар гирифтааст, ба манзараҳои ин сарзамини  дифиреб бо ҳавас нигоҳе карда сухане гуфтааст, ки  тозаву нав буданаш ҳусни аҷоибе дорад. Ёдовар мешавем, ки дар тасвири ҳамин манзара ҳам шоир  се дафъа гули лоларо ба ёд овардаст:

Рахт ба  Кошмир кушо, кўҳу талу даман нигар,

Сабза ҷаҳон-ҷаҳон бубин, лола чаман-чаман нигар.

Боди баҳор мавҷ-мавҷ, мурғи баҳор фавҷ-фавҷ,

Сулсулу сор завҷ-завҷ бар сари норван нигар.

То нафитад бар зинаташ чашми сипеҳри фитнабоз,

Баста ба чеҳраи замин бурқаи настаран нигар.

Лола зи хок бардамид, мавҷ ба оби ҷў тапид,

Хок шарар-шарар бубин, об шикан-шикан нигар.

Захма ба тори соз зан, бода ба сотгин бирез,

Қофилаи баҳорро анҷуман-анҷуман нигар.

Духтараке, бараҳмане, лоларухе, саманбаре,

Чашм ба рўйи ў кушо, боз ба хештан нигар [1, 299-300].

  Муҳаммад Иқбол чунин одате дошт, ки соатҳо дар соҳили дарёе, назди оби равоне истода, бо шавқ чи тавр ҷорӣ шудани обро тамошо мекард. Вай муҳимтарин ғизо будани обро ба эътибор гирифта,  бо чашми пур аз муҳаббат  ба об назар кардааст. Бо чи қадар салиқа ва дўстдорие, ки  чун форамтарин наавозиш эҳсос мешавад, шоир покии об, чи сон ҷорӣ шудани он ва ба ҳамаи мавҷудоти дигари дунё ҷон бахшидани онро чун қадрдони асили ин неъмати бебаҳо пай бурда, дар шеъри “Ҷўйи об” тасвири нотакроре намудааст:

Бингар, ки ҷўйи об чӣ мастона меравад

Монанди Каҳкашон ба гиребони марғзор.

Дар хоби ноз ба гаҳвораи саҳоб,

Во кард чашми шавқ ба оғўши кўҳсор.

Аз сангреза нағма кушояд хироми ў,

Симои ў чу ойина берангу беғубор.

Зи баҳри бекарона чӣ мастона меравад,

Дар худ ягона, аз ҳама бегона меравад [1, 299].

   Муҳаммад Иқбол дар моҳи октябри соли 1933 ба кишвари ба Ҳиндустон ҳамсоя - Афғонистон сафар кардааст.Вай хуб огоҳӣ дошт, ки мардуми шеърдўсти Афғонистон бо ашъори ў шинос ҳастанд ва ба қадри ҳунари суханофарии ў мерасанд, барои ҳамин ҳам шоир  бо майлу рағбати зиёд қадам ба ин сарзамин ниҳодааст. Маҳз ҳамин сафар боис шудааст, ки вай чанд шеъре бахшида ба Афғонистон  эҷод кунад. Ин шеърҳо дар “Куллиёт”-и форсии шоир дар бахши “Маснавии мусофир” зери унвони “Саёҳати чандрўзаи Афғонистон, октябри соли 1933 мелодӣ. Иқбол”ҷой гирифтаанд. Дар ҳамин силсилаи шеърҳо дида мешавад, ки шоир васфи манзараҳои гуногуни кишвари ҳамсояро бисёр ҷолиб рўйи коғаз овардааст. Дар яке аз ҳамин гуна шеърҳо, ки “Мусофир ворид мешавад ба шаҳри Кобул ва ҳозир мешавад ба ҳузури Алоҳазрати шаҳид” ном дорад, ба зебоии шаҳри Кобул махсус диққат дода,  аз ҷумла “Шаҳри Кобул хиттаи ҷаннатпазир, Оби Ҳайвон аз раги токаш бигир” гуфтааст. Шаҳри Ғазна, ки бо таърих ва алалхусус бо номи Султон Маҳмуд хеле машҳур шудааст, диққати шоирро на камтар аз Кобул ба худ ҷалб кардааст, ки ў шеъри “Бар мазори Султон Маҳмуд”-ро гуфтааст. Дар ин ҷо ҳам манзараҳои ин шаҳри таърихиро дар  тасвири Муҳаммад Иқбол барин қаламкаши беҳамто  бо шаҳомат  мебинем:

                                                   Шаҳри Ғазнин як биҳишти рангу бў,                                                 

Оби ҷўҳо нағмахон дар коху кў.

Қасрҳои ў қатор андар қатор,

Осмон бо қуббаҳояш ҳамканор [1, 867-868].

Аз манзараҳои шаҳри Қандаҳор низ шоир  ба ваҷҳ омадааст:

 

                 Қандаҳор, он кишвари минусавод,

                 Аҳли динро хоки ў хоки мурод.

                 Рангҳо, бўҳо, ҳавоҳо, обҳо,

                 Обҳо тобанда чун симобҳо.

                 Лолаҳо дар хилвати кўҳсорҳо,

                 Норҳо ях баста андар норҳо [1, 871].

  Муҳаммад Иқбол дар тасвири дигар ҷузъи табиат - паррандаҳо низ  нозукбинӣ кардааст, ки он дар як вақт боз ҳадафи муайяне доштани шоирро ифода мекунад. Ёдовар мешавем, ки паррандаи дўстдоштаи адиб шоҳин мебошад. Ба шоҳин таваҷуҳи хос доштани адибро ба эътибор гиоифта, рассомони гуногун  чун чеҳраи шоирро тасвир карданӣ мешаванд, дар бисёр мавридҳо  ҳатман шоҳинро низ дар тасвир баробари чеҳраи шоир ҷой медиҳанд. Шоҳин – ин рамзи тезпарвозӣ, ҳушёрӣ, ин ҳиммати баланд, ин ғурур ва  иродаи қавӣ доштан, ин назари баланд доштан, ин талоши ташабусро аз даст надодан ва ғайра мебошад:

Ақли худбин дигару ақли ҷаҳонбин дигар аст,

Боли булбул дигару бозуи шоҳин дигар аст.

                          ххх

Аз мақоми хеш дур афтодаӣ,

Каргасӣ кам кун, ки шоҳинзодаӣ.

                           ххх

Каргасиро расму оин дигар аст,

Сатвати парвози шоҳин дигар аст.

  Як силсилаи шеърҳои Муҳаммад Иқбол, ки ба забони урду иншо шудаанд, мавзўи “Субҳ”-ро дар бар гирифтааст. “Паёми субҳ”, “Ситораи субҳ”, “Ахтари субҳ”, “Намуди субҳ” ва “Навиди субҳ” барин шеърҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Муҳаммад Иқбол шоири некбин буд. Фақат нолидану амал накарданро хислати хуб нагуфта, ин ҳолатро зери танқид мегирифт. Вазъи ногувору нанговари ҳамватанони зери асорати чандҷониба  монда ва аз даст рафтаи қудрати кишвараш, барояш аён буд. Ҳамаи инро ў тасвир мекард, вале ҳамон лаҳзаи тасвири ин мусибатҳо боз таъкид менамуд, ки сари ноилоҷ  хамшударо аз нав бо виқор бояд боло бардошт ва ба тавоноии нерўи худ умед баста, барои фардои озод ва аз имрўз беҳтар  бояд далерона талош кард. Ҳамин оҳанги дилсард нашуда ба фардо умед бастан ва бо муборизаи худ аз субҳи дигар чизи хушиоварро интизор шудан дар шеърҳои ба субҳ бахшидаи шоир  хеле хотирмон ва таъсирбахш  ишора шудааст. Субҳ чизи наву тоза, субҳ чизе, ки бо шаби торик  мубориза бурда, ғолиб шуда омадааст. Субҳи босафо бахшандаи табъи болида, пайғомовари равшанӣ бар ивази торикиву зулмот мебошад.  Ин хабарнигори омадани хушеди оламафрўзро дар шеъри зер, ки “Намуди субҳ” ном дорад, дида метавонем:

Ҳо раҳи ҳе зери дамани уфуқ се ашкар,

Субҳ, яъне духтари душизаи лайлу наҳар.

Па чука фурсат дуруди фасли анҷум се сипеҳр,

Кишти хавар мен ҳува ҳе афтаб аинакар.

Асман не амади хуршед ки па кар хабар,

Маҳмили парвази шаб бандҳа сари души ғубар.

Шўълаи хуршед гўя ҳасил ус кҳетика ҳе,

Бое тҳе деҳқани гардун не ҷо тарон ки шарар.

Ҳе раван наҷми саҳар ҷайсе ибадатхана се,

Саб се пичҳе ҷайе кои абиди шабзиндадар.

Кия саман ҳе ҷис тараҳ аҳиста –аҳиста коӣ,

Кҳинчта ҳо мииян ки зулмат се теғи абдар.

Матлаъи хуршед мен музмар ҳе  юн мазмуни субҳ,

Ҷайсе хилватгаҳи мина мен шараби хушгувар.

Ҳе таҳи дармани бади ихтилатангези субҳ,

Шўриши нақус авази азан се ҳамкинар.

Ҷаге коил ки азан се таирани нағмасанҷ,

Ҳе таранумрез қануни саҳар ка  тар тар[1, 180].

 

Зери домони уфуқ ҷой дорад ошкор,

Субҳ, яъне духтари душизаи лайлу наҳор.

Фурсат гирифтааст дуруд аз фасли анҷуми сипеҳр,

Дар кишти ховар аст офтоби оинакор.

Осмон аз омадани хуршед месозад хабар,

Маҳмили парвози шаб бастаст сари души ғубор.

Шўълаи хуршед гўё ҳосили он зироат аст,

Кишт кардаст деҳқони гардун ситораҳоро шарор.

Ҳаст равон наҷми саҳар мисле зи ибодатхонае,

Аз ҳама охир равон кадом обиди шабзиндадор.

Ин чи вақт аст, ки касе оҳиста-оҳиста,

Мекашад аз  зулмати мийон  теғи обдор.

Дар матлаъи хуршед ниҳон аст ин мазмуни субҳ,

Мисли дар хилвагаҳи мино шароби хушгувор.

Ҳаст таҳи домони боди ихтилотангези субҳ,

Шўриши карнай ба овози азон аст ҳамканор..

Бедор мешаванд бо азони фохтак мурғони нағмасанҷ,

Ҳам  таранумрез қонуни саҳарро тор-тор.

  Хулоса, Муҳаммад Иқбол дар зиндагии инсон  нақши муҳим доштани табиатро борҳо таъкид намуда, ба қадри зебоиҳои ҳайратовари он расиданро  гўшрас мекунад. Васфи табиат барои шоир воситаест, ки дар  баён кардани андешаҳои судманд ва барои баёни эҳсоси хосу муҳаббати воқеӣ ба ҳамаи он чизе, ки моро иҳота кардаасту аз он мо ҳар навъ баҳра мебарем, ба шоир ёрӣ мерасонад. Ҳунармандона истифода бурдани ин восита ҳар гуна  асари бадеиро хоҳ бо наср эҷод мешавад, хоҳ бо назм, ороиши ҷозибаноке медиҳад. Шоир ҳар вақте ки   худро дар оғўши табиати сеҳрангез мебинаду хома ба даст мегирад, ҷаззобии баёнаш боз бештар мешавад ва суханҳо чун лафзи ширини соҳире садову тобиши сеҳрангез мегиранд.

 Ҳабибулло Раҷабов

Адабиёт

  1. Муҳаммад Иқбол. Куллиёти Иқбол (форсӣ) / Иқбол Муҳаммад.- Лоҳур, 1981. -1056 с.
  2. Муҳаммад Иқбол. Куллиёти Иқбол (урду) / Иқбол Муҳаммад. - Лоҳур, 1998.-756с.

 

Хондан 30390 маротиба