Аз он рўзе, ки устод Чингиз Айтматов аз мо ҷудо шуду, ба олами дигар рафт, аллакай ҳафт сол гузаштааст. Вале мо имрўзҳо мебинем, ки он озодмарди равшанзамир давру бари моро бо қаҳрамонҳои пур aз ишқу орзуву ошуфтагиҳо чунон пур карда будааст, ки гўё худаш ҳам дар ҳамин наздикиҳосту алъон ҳозир мешавад. Мо тайи солҳои зиёд бо Ҷамилаю Донёр, Асалу Илёс, Олтинойу Душан, Тулғанойу Субҳонқул, Танабойу Ҷойдор, Бобои Мумин, Едигей ва дигарон бо ҳазорон ҳавасмандиҳо ва сипосгузориҳо шинос шудем. Ҳоло мо бо онҳо мисли ҳамсояҳои дарбадар ҳастем. Медонем, ки онҳо одамони…