JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 21 Июни 2017 07:54

Дунёи қафасӣ

Муаллиф:

  Ноумедӣ орзуи деринаи аз қафас озод шудану дар замин гардиш ва дар фазои кушод парвоз кардани кабкро барбод дод. Акнун мехост, ки қисмати пешина такрор шавад. Аз нав ба тухм табдил ёбаду вуҷуд доштани дунёи равшани қафасмонандро надонад. Аммо, чӣ кунад ки роҳи тақдир бебозгашт аст.

  Гармии меҳри модар тухмро– қафаси нахустинашро об ва мушкилоти ба олами ҳастӣ омаданашро осон кард. Меболид чӯҷаи бехабар аз озодии муваққатӣ. Хоҳарчааш ҳам бо имдоди модар аз маҳбасча озод шуд. Модар шиками чӯҷаҳояшро сер карда, ба нарина ва модинааш дарси зиракиву парвоз омӯхт. Онҳо мустақил шуда, вобаста ба ивазшавии фаслҳо кӯч бастанд ва аз ҷои сард ба ҷои гарм рафтанд. Дар нимаи роҳ монеаи эҷодкардаи инсони худбин ба сарашон бало овард. Ҷойҳои нишасти пешинаро наёфта, аз болои дарёи паҳн бар гузашта натавонистанд. Тепачаҳо дар зери оби дарёи дамбаста монда буданд. Модару хоҳар ва ҳамҷинсонаш аз беқудратӣ ба баҳри нави нопайдоканор афтода, бенишон гардиданд. Ӯ худро бо ҷонканӣ ба рӯи заврақе партофта, сари танҳо монд. Қатори ҳамҷинсон мемурд, беҳтар буд. Заврақдорон сайди муфтро дида, аз шодӣ дар курта нагунҷиданд. Онро ба хона оварда, муддате аз рӯи ҳавову ҳавас обу дон дода, дигар ғамашро нахӯрданд. Кабк аз беэътибории онҳо гоҳ ранҷи гушнагӣ мекашиду гоҳо азоби ташнагӣ. Соҳибхоназан бепарвоии фарзандонашро дида, тақдири кабкро ба писархондаш ҳавола кард. Дар хонаи нав ҳоли мурғак андак беҳ шуд, вале ин ҳам ба муроди дилаш набуд. Шаҳд дар комаш заҳр мегашт. Ҳар дона дар гулӯяш тирро мемонд. Саҳрои кушоди хушкро аз қафаси пур аз дон авлотар медонист. Агар панҷаи сахти қафасшикан медошт, чӯбчаҳо ва тахтаи ба он васлшударо шикаста, берун мебаромад ва аз бом ба бом, аз дарахт ба дарахт парида, худро дар ҷои чашмпаноҳ мегирифт.

  Панҷаи қафасшикан ки надошт, ночор аз пушти хоначаи саропо чашмакдори дар баландӣ ҷойгир, ба атроф нигоҳ мекард. Ҳар қадами гузошта ва ҳар бори аз ҷо бардошта, ба чӣ кор машғул будани хурду бузурги хонавода ва касони ба ҳавлӣ воридшавандаро медид. Дидани дидорҳои шиносу ношинос ба ин мурғаки беозор таъсири гуногун мекард ва ҳар хел қанотак мезад. Ин маънии рамузфаҳмӣ ва аз ҳамдигар фарқ кардани неку бад буд. Аз ин миён соҳибашро, ки чеҳраи гандумгун ва чашмони фурӯнишаста дошт, дар сад намуди либос бехато мешинохт. Зеро соҳибаш дар соати муайян обу донаш медод. Гоҳо хӯроки дӯстдоштааш– мошу гиёҳи шири харак ёфта меовард. Вобаста ба тағйирёбии обу ҳаво қафасашро ин сӯву он сӯ бурда, аз таъсири офтоби сӯзону кора сардии борон ҳифзаш мекард.

  Кабк бо вуҷуди ҳама сардию тангии қафас ва маҳрумӣ аз гардишу парвози озодона, аз дидани дидори соҳиби наваш ҳаловат бурда, беқарор мегашт. Баробари пайдо шудани ӯ ба химчаҳо бисёртар нӯл зада, мехост онҳоро шиканад ва роҳе ёфта, ба китфи соҳибаш нишинад. Гоҳо бозикунон болотар ҷаҳида, сарашро ба шифти гунбазмонанди қафас мерасонд ва ба ин васила садоқаташро изҳор мекард.

  Аслан соҳибаш аз ҷаҳони мурғпарварон фарсахҳо дур буд, ба ин шуғл на рағбат дошту на фурсат. Ҳатто дар кадомин гӯшаи шаҳр ҷойгир будани бозори кабкону қафасфурӯшонро намедонист. Фаррошзани идора он марди раҳмдилро мурғпарвар ва муқими олами бераҳмон кард. Ба ӯ кабкеро, ки аз беътибории фарзандонаш лоғару бемадор гашта буд, тақдим намуд.

  Гумон мекардӣ, ки умри ин мурғак ҳамин дам ва ё чанд лаҳза пас ба охир мерасад. Агар бимирад, бори зоминӣ ба гардани қабулкарда меафтад. Вале ғубори хотири ихлосманде шудан аз бори зоминӣ ҳам гаронтар аст. Фаррошзан ба ӯ эҳтирому эътиқоди махсус дошт, ӯро аз ҷигарбандонаш кам намедонист.Ҳамчун сипосгузор пешниҳоди он модари меҳрубонро рад карда натавонист.

 « Дар хона як қафаси зебо дорам, хоҳӣ меорам»,– гуфтани сардори хоҷагии коргоҳ низ масъалаи ёфтану харидани қафасро аз байн бурд. Фикри поси намак соҳиби кабкро водор кард, ки хӯрдагириро раво надида, сухани бемантиқи сардори хоҷагиро дар хилвати худ шарҳ диҳад. «Қафас тилоӣ ҳам бошад, қафас аст, ҳимоятгари ҷабру зулм аст, ифодагари бераҳмист, маънии аз озодӣ маҳрум карданро дорад, ҳаргиз лоиқи ситоиш нест, зебо ҳам шуда наметавонад»...

   Рӯзи дигар бо дили нохоҳам кабкро дар қафас ҷо кард. Қафас аз химчаи пӯстканда ва тахтаи тунук устокорона сохта шуда буд. Андозаи сурохиҳояш ҳам якхела, ҷои кӯтоҳу дароз ё андак фарох надошт. Қуттичаҳои обу донхӯрӣ ва ҷои сар бароварданаш низ ҳаҷман баробар ва ба ҳам монанд буданд.

  Дар умри нимасрааш бори нахуст барои аз озодӣ маҳрум кардани мурғаке даст зад. Илоҷи дигар надошт, дарди сар шуда буд ин мурғак. Дар ҳавлии деворҳои печонидаи атрофаш ҷо–ҷо сӯрохдор, ки гурбаҳои гушна пайти муносиб ёфта, даробаро мекарданд, кабкро озод нигоҳ доштан ҳеҷ мумкин набуд. Маҷбур шуд, ки мурғаки озодро қафасӣ намояд.

  То чашм ба ҳам зад, ки аз миён панҷ сол гузашт. Дар ин муддат мурғаки лоғар ҷон гирифт, фарбеҳ шуд, овоз баровард, вале аз шарбати озодӣ баҳраманд нагашт. Фикри даво надоштани ин дарди ҷонгудоз соҳибашро азоб медод. Медонист, ки сабаби он ҳама некияш гуноҳи дар қафас нигоҳ доштанро ҷуброн карда наметавонад.

  Мехост кабкро аз қафас озод карда, худро аз кашидани бори ташвиши беҳуда раҳонад. Бигузор мурғакаш тӯъмаи гурбае ё саге шавад, вале зоминӣ ба гардани ӯ наафтад. Боз дудила шуда, аз райаъш мегашт. Сабаби дар байни чорроҳаи андешаҳои бесару нӯк мондан дунёро дар шакли қафас диданаш буд. Байни замину осмон, ки дар оғӯшаш ҳамаро ҷо додааст, қафаси бузургро мемонад. Дар чор унсури азал ҳам баробари нишонаи зиндагӣ асари маргро мебинад. Ба ақидаи ӯ инсон аз нияташ дар ин қафас ва дар байни обу оташ ва боду хок афтода, аз дидани рӯи осудагӣ маҳрум мегардад. Як умр роҳаш аз қафас ба қафас аст. Аз қафаси пушти падар ба батни модар, аз батн ба олами қафасмонанд, аз он ҷо ба лаҳад, баъд ба қиёмат, давоми роҳашро намедонад, мусофире ки рӯи озодиро намебинад.

  Аслан, озодӣ шиор аст. Мақсади дар зери ин парчам қадам задан пинҳон кардани макру найрангҳост ва пиёда намудани ҳадафҳои судманди гурӯҳест. Инсон ҷои сарфи маблағҳои бо ҳар роҳ ба каф овардаашро наёфта, барои соҳибӣ шудани ба дурӯза нақшаҳои пешниҳоди кирмакҳои аз пушти шолӣ обхӯрро нишони башардӯстӣ пиндошта, дастгирӣ менамояд. Бехабар аз он ки ин тоифа таҳти унвонҳои « Зӯроварӣ», «Хушунати оилавӣ», «Эҳтиёт аз микробҳои таъсирбахш», «Барҳам задани сатҳи камбизоатӣ» ва дигар дарду балоҳо барномаҳо тартиб дода, ба ин васила қисми зиёди маблағҳои сарпарастонро обу лой мекунанд. Ва парвои ҳал шудану нашудани масъалаҳи муҳимтарини ҳаётро надоранд.

  Мурғаки бечораи бехабар аз ин рӯсиёҳиҳо боз аз ин тоифаи худхоҳ озодӣ умедвор аст. Намедонад, ки худи инсон барои тасаллои дилаш умре бонги озодӣ зада, чизи набударо ҷустуҷӯ мекунад. Дар сар ки хаёли қафассозӣ дорад, аз нияташ меёбад. Агар мақсаду мароми ҷовидониаш қафассозию домафканӣ набошад, чӣ хел ақлаш мерасад, ки дарандагони хашмгинро ром кунад ва ҷонварони азимҷуссаро осонакак аз по афтонда, кушад. Барои ба ҷисми гови тезшох найзаҳо задану қурбон кардан, матои сурхро ба кор мебарад. Аз пӯсти баррачаи ҷингиламӯи серӯза телпак медӯзад. Ҳатто шиками гӯсфанди зиндаи бордорро чок карда, баррачаи дунёнадидаашро пӯст меканад ва барои пӯшондани як сари хомхаёли худ ду ҷонварро беҷон мекунад. Камон сохтан, дом гузоштан, рӯи чоҳи кандаро хаспӯш кардан, обро лой карда, моҳӣ гирифтан мақсади сайдафкании худи инсон аст,ки боз онро ба кори шайтон нисбат дода, худро мӯсичаи бегуноҳ мегирад. Хаёл мекунам, ки ҳама ҷонзоди олам макру найрангро аз одам омӯхтааст. Агар одам шох медошт, қиёматро дар ҳамин дунё барпо мекард. Дар ҳақиқат шакли дунё ба қафаси бузург шабоҳат дорад ва одам дар ин маҳкама зиста, дар ҳамин ҷо мемирад. Барои ҳамқисмат пайдо кардан дом афкандаву қафас сохта, қасди тақдирашро аз дигар мавҷудот мегирад. «Алами Исоро аз Мӯсо гирифтан хуб нест»–хулоса баровард соҳиби раҳмдилаш ва дар қафас будани худашро кифоя шумурда, хост кабкро аз қафас озод намояд. Вале ба ёдаш расид,ки кабки солҳо дар қафас бударо дарҳол ба майдони кушод сар додан мумкин нест, болҳояш мешикананд. Аввал парҳояшро қайчӣ зада, сабук кардан лозим, баъд…

  Кабкро аз қафас озод карда, қанотҳояшро қайчӣ зад. Бо ин амал мурғаки бечораро аз имтиёзи озодона парвоз кардан маҳрум намуд. Бо вуҷуди ин кабк хушҳол буд. Аз зинаҳо оҳиста–оҳиста фаромада, дар замини ҳавлии хокаш нарм хоклутак мерафт. Ҳангоми донадиҳӣ баробари мурғон давида, ҳаққашро соҳиб мешуд. Фақат аз хурӯси сурх метарсид.

  Рӯзҳои аввал хурӯс кабкро ба мокиёнҳо наздик шудан намемонд. Ин корро шояд аз рашк мекард ва он бечораи дар ғами озодиро аз бари ҳамқисматонаш дур меронд. Баргашта майдонро холӣ дида, аз кардааш пушаймон мешуд. Зеро аз хӯрдани дон бебаҳра мемонд. Маҳз ҳамин ҷиҳат маҷбураш кард, ки дигар ба кабк кордор нашавад. Вале аз ин миён чӣ гузашт, намедонам, кабки унсгирифта якбора аз доираи мурғон дур шуд. Танҳоиро ихтиёр карда, аксар дар таҳхонаю болохона маскан мегирифт. Соҳибаш гоҳо мурғаки гумшудаашро аз сари девору лаби бому тори дарахтони ҳамсояҳо пайдо мекард.

  Рӯзе ҳангоми дондиҳӣ кабкашро ба зудӣ наёфта, сахт асабонӣ шуд. Ҳама ҷоро кофт. На пеши хона монду на паси хона, на ҷои худӣ монду на аз бегона. Ба ҳар сӯе, ки нигоҳаш афтод, фақат мурғони хонагӣ ва чанд майнаву мӯсичаро дид. Баъд чизеро пай бурдагӣ барин, ба болохона, ба ҷои хӯрдану хуфтани устоҳое, ки дар хонааш кор мекарданд, баромад. Тирезаҳоро баста дид. Кушода ҳам ки мебуданд, кабк ҳанӯз қудрати аз баландӣ ба поён париданро надошт. Агар ба зинаҳо поён мефаромад, бо ӯ рӯ ба рӯ мешуд. «Ба ҳеҷ куҷо нарафтааст, дар ҳамин болохона пинҳон аст»–аз дил гузаронд ва қолину кӯрпаҳоро тагурӯ кард. Оқибат кабкашро аз таги бастаи сабуки гарминигоҳдорӣ ёфт. Кошкӣ намеёфт. Ҳолашро намедиду намесӯхт. Рӯи по истода наметавонист кабк, як тарафи баданаш шох шуда буд. Чашмакони маҳзунаш базӯр кушодаву пӯшида мешуданд. Зери бори баста ҳам ки мемонд, бояд ба ин андоза беҳол намешуд. Парҳои хунолудашро ҳилол карда, аз таги қаноти чапаш пораи сангчаи нӯгтезро кашида гирифт. Баданаш аз зарбаи сахт сӯрох гашта буд. «Ин кори устоҳост. Кабкро ҳангоми дар рӯи ҷойхоб гаштан ё ба дастархон по мондан ва ё ахлот кардан зада, барои ошкор нашудани сир ба зери баста пинҳон намудаанд»,–хулоса баровард соҳибаш. Аз парҳои хуни ҳанӯз лаълнабаста маълум буд, ки ин ҳолат чанд лаҳза пеш рух додааст. Устоҳо ҳам навакак аз сари дастархон хеста буданд.

  Охирин маротиба ба чашмакони ба андозаи пилишки сӯзан кушодаи кабки миранда нигарист. Мурғак гӯё бо забони чашмони пур аз нигоҳи ҳасрат мегуфт: « Дар ҳар қадами ин дунё дому қафасе будааст. Дидаву дониста чаро маро дар қафаси дигаре нигоҳ доштӣ, барвақтар озодам мекардӣ, намешуд? Чаро ба қисматам зомин шудӣ? Интизориҳои шабонаву рӯзонаи маро бо чӣ ҷуброн мекунӣ »?..

  Баъди лаҳзае кабк чашмонашро тамоман пӯшид, дигар баданаш намеҷунбид. Аз чашмони соҳибаш ашки ҳасрат мерехт. Ва бо нигоҳи ашколуд аз пушти шишаи он баландӣ медид, ки дар саҳни ҳавлӣ устои хиҷолатманде хоки андоваро не, гӯё хоки қисмати худро мебехт…

 Муҳамад ҒОИБ

Хондан 2142 маротиба