JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 18 Августи 2017 04:29

Садриддин Айнӣ (1878-1954) - Ҷалил Камолиддин (адиби араб)

Муаллиф:

  Мо дар ин мақолаи хоксоронаи худ усули тадқиқӣ (муқоясавӣ)-и адабиётшиносиро пеш гирифтаем. Ҳангоме ки  нависандаи  араб  дар бораи шоири  намоёни  тоҷик,    муборизи  роҳи  бахту  озодӣ  устод Садриддин  Айнӣ  сухан  ронданӣ  мешавад,  надида  наметавонад,  ки роҳи  ин  шоир,  ҷодаи   шеъру  зиндагие, ки  ӯ  тай  намудааст,  қатъи назар  аз  тафсилоте, ки  ба  муҳити  маҳал  ва  шароити  ба худ  хос  вобаста  аст, дар ҷавхари  худ таҷассуми  орзуву  омоли  шоирони  Шарқ  ва  инъикоси  намунаи  ифодаи  ҳақиқии  беҳтарин  ва  зеботарин  умедҳоест, ки  шоирони  муосири  Шарқ  аз интиҳои  асри ХIХ  то  нимаи асри ХХ  дар дили  худ  мепарвариданд. 

   Робитаи ин шоир бо ҳаёт, пайвастагии зич бо халқи худ, муборизаи ӯ барои навию таҷдид дар шеъру санъат, зиндагӣ ва ҷамъият, ҳамчунин иштироки бевоситаи фаъолаш дар мубориза барои навию таҷдид -  ҳамаи ин хусусиятҳое мебошанд, ки ба аксари шоирони Шарқӣ, хусусан Шарқи Араб хосанд. Чизе, ки шоиронеро, амсоли Садриддин Айнӣ, ба шоирони олами муосири араб мепайвандад, ин, хулоса карда гӯем- рӯҳи муштараки инсондӯстӣ, рӯҳи Шарқи нав, анъанаҳои мероси муштарак, мубориза   барои озодӣ, вале на   дар хаёл, балки бо иштироки фаъолонаи амалӣ дар он ва баҳри озодӣ ба фидокориҳо, ҳар қадар ки душвор набошад, омода будан ва ҳатто, агар лозим шавад, ҷону ҳаёти худро ҳам қурбон кардани онҳост.

  Садриддин Айнӣ аз зумраи мухадрамин, яъне   шоиронест, ки пеш аз Октябр ба воя расида, пас аз он даҳҳо соли дигар умр ба сар бурдаанд. Аз рӯи баъзе ҷанбаҳои мероси адабӣ ва навовариаш, ӯ ба шоирони араб, амсоли Халил Мутрон, Ахмад Сидкӣ аз-Заҳовӣ, Маъруф ар-Русофӣ, Ҳофиз Иброҳим ва Аҳмад Шавқӣ монандӣ дорад, лекин бо баъзе хусусиятҳои дигари  навовариаш  ба тамоми  шоирони муҷаддид ё  худ  шоироне,  ки  солҳои сиюм  ва  чилум дар  Миср,  Сурия,  Лубнон ва  Ироқ  ба арсаи  адаб  қадам  ниҳода,  озодӣ ва  пешравиҳои  прогрессивӣ  ва  сохти  навро  васфу  тараннум  мекарданд,  шабоҳат  дорад.   Лекин, пеш аз ҳама, Садриддин Айнӣ аз он шоирони барҷастааст, ки тамоми марҳалаҳои наву азнавсозиро якҷоя   бо халқ ва миллати худ, бо ватани хурду бузургаш аз сар гузаронидааст.  Ин навию таҷдид ҳам дар шакл ва ҳам дар мазмун, ҳам дар санъат ва ҳам дар ҷамъият    ба амал бароварда мешуд.  

  Навӣ ҳамроҳи мубориза баҳри озодии мардуми тоҷик аз асорати қайсарӣ ва юғи подшоҳӣ шурӯъ шуда, бо мубориза барои     бунёд намудани сохти нав ва мустаҳкам намудани он идома ёфт.  Дар ин айем Айнӣ Маяковскийро   мемонд ва чунонки баъдтар мебинем, байни онҳо робита ва таъсири   мутақобила барқарор буд.  Садриддин Айнӣ зиндагӣ ва халқ, озодӣ ва баҳорро тараннум карда, муборизаро дар ҳамаи марҳалаҳо ва бо тамоми воситаҳо пайваста   идома медод ва байни тахайюлу   зиндагӣ, байни шеъру халқ, байни дилу ақл ҷудоӣ намепазируфт.  Ӯ аз мероси мадании гузашта баҳра бардошта, онро эҷодкорона инкишоф дод.  Ҳарчанд ӯ фарзанди халқи тоҷик аст, вале бо ду забон -  тоҷикиву ӯзбекӣ шеър менавишт ва   орзуву омоли халқҳои Осиёи Миёна, махсусан   тоҷикону ӯзбеконро ифода менамуд.  Аз ин рӯ, ҳар дуи ин халқ ҳақ доранд бо ӯ ифтихор намоянд.

  Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки Садриддин Айнӣ танҳо шоир нест, балки вай нависанда, мутафаккир, файласуф, ва ходими ҷамъиятӣ мебошад. Ӯ доир ба таърихи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон асарҳо таълиф карда, дар ривоҷи рӯзноманигорӣ ва ҷомеашиносӣ, матбуот ва нашрияҳо саҳми босазое гузошт. Аз даврае, ки ӯ шеъргӯиро қатъ кард, солҳо гузаштанд, вале сарфи назар аз ин, шеър тариқи писандидатарин, агар чунин гуфтан дуруст бошад, тариқи ҳаёти эҷодии   ӯ гашта буд.  Дар шеърҳояш ӯ пахлуҳои зиндагӣ, ҳусну ҷамол, ишқу муҳаббат, озодӣ, баҳор ва инсонро    васф мекард.  Ҳатто дар асарҳои мансураш шеър на чизи маҷбуран ва беҳуда дохилкардашуда, балки узви матлуб ва ҷудонашавандаест, ки мавҷудияти   наср бе он муҳол мегардад.

  Фаъолияти гуногунсоҳа ва пурвусъату бойи Айнӣ, намунаи равшани амали   ба халқ, озодӣ ва сотсиализм бахшида шудааст. Баҳори ғояи ҷомиаи нав ба дили ин шоири бузург   ғулғула афканда, дар давоми тамоми фаслҳои умраш меваҳои рангорангеро ба самар расонид, ки онҳо ниҳоят пурқувват гашта, пухта расида, ба меваҳои баҳори тоҷик, меваҳои Шарқи озод мубаддал гаштанд.

  Шеъри Айнӣ натанҳо яке аз барҷастатарин ҷанбаҳои эҷодиёти ӯст, балки он симои ҳақиқӣ   ва асили шоир мебошад.  Ба ин муносибат   бояд гуфтаи Юлиус Фучик, нависандаи муборизи чехро. ки ҷон ва қалами худро ба озодии ватани хеш ва озодии башарият аз юғи фашизм бахшидааст, дар барои назми Садриддин Айнӣ ба ёд орем. Аз замоне ки бо Тоҷикистон шинос шудам, ғолибам такрор ба такрор ин шеъри Айниро замзама мекардам:

(С. Айнӣ. Ашъори мунтахаб. Сталинобод, 1958, саҳ. 25).

 

Понздаҳ сол пеш аз ин ба ҷаҳон,

Тоҷикистон набуду номаш ҳам.

Буд, оре, ба ном кӯҳистон,

Кӯҳсоре харобу пурмотам.

 Ман онро боз мегӯям, то фаромӯш накунам. Оре, ана сарзамини зебо ва пурганҷе, ки ба сӯи ҳаёти ободу хуррам устуворона қадам мемонад.  Ин ҳамон сарзаминест, ки бист сол пеш аз ин, садои ранҷу азоби мудҳишашон то ба Аврупо мерасид.  Якчанд сол пеш, ки асрҳо менамоянд, мо дар Аврупои Марказӣ дар бораи ваҳшоният дар Осиёи Миёна шунидаем. Вале ҳоло дар ин ҷо маданият ва болоравии рӯзафзуни он аён аст…Садои ваҳшоният бошад, ҳоло аз Аврупои Марказӣ ба гӯш мерасад».

 Хулосаи сухан -  ҷавҳари шеъри Айнӣ ва ҳамаи шоирони Осиёи Миёна, ки дар давраи то инқилоби Октябр ва баъди он   зистаанд, дар ифодаи ғаму андӯҳ ва орзуву омоли халқ аст.  Дар садои азоби мудҳишест, ки санъатвар Садриддин Айнӣ барои мо ҳаққонӣ тасвир ва нақл намудааст.  Навои маданият, тараққӣ ва пешравиҳоест, ки тавассути қалам ва танбӯри Садриддин Айнӣ боло рафтааст.  Таърихи таҳаввули афкору ашъори Садриддин Айнӣ аз ҳар ҷиҳат таърихи пешрафти Тоҷикистон, гузариши   он аз азобу   шиканҷаи феодализму давраи подшоҳӣ ба сотсиализм дар аҳди шӯравӣ мебошад.

 Ҳаёти иҷтимоӣ дар сарзамини тоҷикон, ки тобеи аморати Бухоро ва худи   амир мутеи подшоҳи рус буд, ҳаёти ғуломонаи феодалӣ буд.  Осиёи Миёнаро сармояи рус истисмор мекард, ки дар айни замон аз баъзе ҷиҳатҳо сояи ҳомии манфиатҳои сармояи аҷнабӣ, махсусан сармояи англис ва амрикой дар ин сарзамин буд.  Роҳи оҳане, ки аз он сӯи баҳри Хазар ба Ашкобод (ҳоло пойтахти Туркманистон шӯравӣ) расид, ба ибораи В. И. Ленин, «Осиёи Миёнаро барои чанголи сармояи рус кушод» (Уроки кризиса, Қуллиёт, ҷилди 5, саҳ 82).  Аморати Бухоро бо сармояи рус алоқаи зич мебандад ва дертар ба низоми подшоҳӣ пурра мутеъ гардида, манфиатҳои онро ҳимоя менамояд. Дар ин ҷо қувваи арзони корӣ ва истеҳсоли патаро, ки бо меҳнати деҳқонони Осиёи Миёна дар шароити   истисмори бераҳмона рӯёнидан мумкин буд, ҳирсу тамаъи онҳоро бедор мекард. Танҳо Амир ва ҳошияи ӯ ҳамроҳи феодалон аз сарвату неъматҳое, ки дар аморати паҳновар мавҷуд буд, истифода мекарданд.  Мардуми оддӣ бошад, дар зулмоте мезист, ки як зарра аз зулмати асрҳои торикие, ки халқҳои араб аз сар мегузарониданд, кам ва осонтар набуд.  Дар ин ҷо истисмор мураккабтар буда, на танҳо аз зулми феодалии аҷдодӣ иборат буд, балки зулми сармояи ҷаҳони байналхалқӣ низ бар он зам шуда буд.  Ин ҳолат ба вазъияте, ки Миср пас аз истилои англисҳо, махсусан дар охирҳои асри XIX аз сар мегузаронд, шабоҳат дошт, инчунин ба вазъияти Ироқ, Сурия ва кишварҳои дигари   араб баъди ҷанги якуми ҷаҳон, ки дар он на салтанати туркҳои усмонӣ барҳам хӯрда, истилои англисҳо ва фарансавиҳо ба субут расида буд, монандӣ дошт.

 Дар чунин шароити торику тоқатфарсо ва зулму зӯрие, ки Бухоро, ин аморати васеъ, ки Тоҷикистон ва аксари ноҳияҳои Узбекистонро фаро мегирифт, ҳукмфармо буд, ногузир сурудҳои халқӣ ва шеърҳои ба онҳо   монанд ба вуҷуд меомаданд, ки ғаму андӯҳ аз дилу ҷони ҳам мардуми меҳнаткаш   ва ҳам зиёиен мебароварданд.  Дар яке аз сурудҳои ғамангези мардуми Бухоро гуфта мешавад, ки амлокдорон ва гумоштагони амир на чун одам, балки чун сагони шикорӣ андозу хироҷи ба гардани мардум боркардаро ваҳшиёна мерӯёнанд ва агар касе андозро якбора адо карда натавонад, хонаашро мусодара мекарданд ва агар касе барои додани андоз   пул ё мол надошта бошад, писарону духтаронашро кашида мегирифтанд.  Аз ин ҷо тааҷҷубовар нест, ки деҳқонон деҳотро, ки дар он ҷабру ситам, асорат, бедодгарию бенавоиро аз сар мегузаронданд, тарк намуда, ба ҳар сӯе, ки чашмашон мебурд, мерафтанд ва дар ҷустуҷӯи кор дар дигар шаҳрҳо овораву саргардон мегаштанд. Онҳо захираи бузурги қувваи коргариро ташкил медоданд. Дар миёни онҳо ҳамчун ифодаи меҳру муҳаббат нисбат ба диёру ватани маҷбуран тарккардаашон, шеъру сурудҳое ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро дар эҷодиёти шифоҳии халқ шеъру сурудҳои «ғурбат» (дар забони тоҷикӣ-«ғарибӣ») номиданд. Ин гуна шеъру сурудҳо дорои эҳсосоти нозуки инсонӣ буда, ба шеърҳои ғарибии арабҳо монандӣ доранд. Масалан, шеърҳое, ки деҳқонони Ироқ ҳангоми ҳокимияти ба фано рафтаи шоҳӣ аз Ироқ ба Кувайт ё дигар давлатҳо ҳиҷрат карда, дар он ҷойҳо месуруданд.  Шоири марҳум ас-Сииёб баъзеи онҳоро дар зимни ашъори худ ҷой додааст. Ин қабил мавзӯъҳо дар тамоми ашъори ғарибии мамлакатҳои араб ва осори гузаштаи халқҳои араб хеле бисёранд. Чунончи, шоири араб гуфтааст:

 

Вай монанди шутурест, ки дар биёбон аз ташнагӣ

                                                                        ҳалок мегардад,

Ва ҳол он ки об дар машкҳои ба пушташ овезон

                                                                                   мавҷуд аст. 

 Дар эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик ҳамин маънӣ чунин садо медиҳад: 

Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем,

Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем.

(Намунаҳои фолклори тоҷик, саҳ. 19)

 Садриддин Айнӣ дар ҳамин гуна шароит ва ҳамин муҳити рӯҳӣ, шуурӣ ва фикрӣ нашъунамо ёфтаааст. Чашмонашро кушодан замон ӯ фоҷиаи бенавоӣ, бадбахтӣ ва ғаму андӯҳро дид.  Дар ин гуноҳи мардум (халқ) набуда, ҳамаи ин бо айби феодализм, ғуломӣ ва зулму истибдод, истисмори сармоядорон ва империализм сар мезад. Дар ин вазъият бояд ногузир шеъре ё ба ибораи дақиқтар, ҷараёни шеърӣ ва адабии наве пайдо мешуд, ки садои халқро ба муқобили мазҳабу равияҳое, ки ба золимон мутааллиқ аст, ифода мекард.

 Ин ҷараён бо номи «ҷадидизм» пайдо ва машҳур гашт.  Дар сафҳои ин ҷараён, ки онро мо, арабҳо «ибтидоия» меномем ва дурусттараш «романтизм» аст, ҷавонбухориён меистоданд.  Ҷараёни мазкур мувофиқи хоҳиши буржуазияи озоди маҳаллӣ дар аввал орзуву омоли мардуми Осиёи Миёнаро инъикос мекард.  Лекин ин ҷараён ба маънои том тарафдору ҳомии  манфиатҳои халқ набуд ва садои баланду пурвусъати онро пурра ифода намекард.  Аз ин ҷост, ки чанде нагузашта ин ҷараёни адабӣ ба тақлиди назми сӯфиёнае ғӯтид, ки «бедилизм» ном дорад (аз номи шоир Мирзо Абдулқодир Бедил (1644-1721) гирифта шудааст) ва хусусиятҳои хоси онро оҳангҳои рӯҳафтодагӣ, ғаму ҳузн, ба тақдиру қисмат таслим шудан ва ба гузашта фурӯ рафтан ташкил медод.  Вале халқ бори дигар пардаи нодаркори онро гирифта мепартояд ва фарзандони озодфикри халқ боз аз паи ҷустуҷӯи   ҳақиқати воқеӣ, ҳақиқати объективӣ мешаванд.

 Дар он рӯзгор барои пайдо кардани ҳақиқат зиёиёни тоҷик аз таҷрибаи бародарони забардасти рус ва украин, амсоли Белинский, Чернишевскиӣ, Добролюбов, Некрасов, Шевченко истифода намуда, ҳақиқатро дар равияи демократӣ-револютсионии адабиёт, санъат ва тафаккури онҳо дарёфтанд.  Дар байни тоҷикону ӯзбекон аввалин пайрави ин равия Аҳмади Дониш   гардид. Ӯ, ки дар ҳайати вакилони амири Бухоро назди подшоҳи рус фиристода шуда буд, баъди бозгашт ба ватан дар бораи наҳзату навовариҳо (ан-нуҳуз ва л-ҷадид)-и Россия менавишту нақл мекард. Россия он гоҳ барои халқҳои Осиёи Миёна чун Аврупо буд.  Дониш ба ғазаби амир гирифтор шуд. Вале афкори пешқадами демократӣ аллакай дар саросари Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо паҳн гашта, пайравони зиёде пайдо кард, аз ҷумла Мирзо Фатҳалӣ Охундов дар Озарбойҷон, Фурқат дар Узбекистон, Абай дар Қазоқистон, Абдулло Туқай дар Тотористон ва ғайра.  Аҳмади Дониш шогирдони   зиёде дошт ва яке аз онҳо Сомии Бӯстонӣ буд, ки дертар Садриддин Айнӣ дар бораи ӯ чунин навиштааст: «Дар   он вақте, ки бисёр шахсони   соҳибқалам дар мадҳи амир, атрофиёни ӯ ва дарбор қасидаҳо менавиштанд, Сомӣ пучӣ   ва пастии онҳоро  фош мекард.  Ана дар ҳамин аст сирри сеҳри   нависандагии ӯ».

 Аз шогирдони дигари Дониш, адибон ва мутафаккирони пешқадам, аз ҷумла Музтариб (1844-1897), Таҳсин (1866-1934) ва Садри Зиёро ном бурдан мумкин аст.  Махсусан, Садри Зиё   ба Садриддин Айнӣ таъсири калон расонидааст.  Пас аз вафоти волидонаш Айнӣ   ба хонаи вай рафта дастёрӣ мекунад    ва дар ин муддат бо доираи васеи адибони озодфикре, ки худи Садри Зиё аз ҷумлаи онҳо буд, ошно мегардад. Онҳо дар хонаи ӯ маҷлисҳо меоростанд ва маҳз дар зери таъсири ҳамин гуна маҷлисҳо, Айнӣ бори аввал, ба шеъргӯӣ пардохт.

 Айнӣ дар деҳаи Соктаре-яке аз деҳаҳои атрофи Бухоро дар Узбекистони имрӯза таваллуд ёфта, то даҳсолагӣ байни деҳқонони гуногунмиллат: тоҷикон ва узбекон, арабҳо ва форсҳои аз Машҳад ҳиҷраткарда зиста, забони сокинони он ҷойро аз худ намудааст. Падари ӯ Саидмуродхӯҷа дар таълиму тарбияи Айнӣ саҳми бузурге гузошта, дар дили ӯ ҳисси меҳру   муҳаббатро ба шеъру адаб парваридааст. Ӯ саъй мекард, ки писараш матни шеърҳоро аз ёд намояд.  Худи ӯ ҳам баъзан шеър эҷод мекард.  Боре писараш аз ӯ дар бораи сирри шеъргӯӣ пурсид ва ӯ дар ҷавоб гуфт: «Писарам, маро шоир наном. Одаме, ки ба навиштани як-ду байт муваффақ шудааст, ҳанӯз шоир нест. Калимаи «шоир» аз «шуур» аст. Вале шуур доштан ба шахс барои шоири ҳақиқӣ шудан кофӣ нест, ӯ бояд табиатан шоир бошад ва мисли Исо-махдум, Соиб, Бедил, Ҳофиз ҳаётро донад, то ки бо ашъори зебо ба тамоми суолҳо ва зуҳуроти он ҷавоб гардонад. Ин барои Айнӣ дарси нахустин буд. Айнӣ азм кард, ки ҳаётро омӯзад, Ҳаётомӯзӣ ӯро ба кулфатҳои зиёде гирифтор кард.

 Шоири мо, камбағалу ноумед, ҳамроҳи бародараш Муҳиддин соли 1890 ба Бухоро омад. Дар ин ҷо ӯ бо чашми худ тафовут байни сарвати фоҳиш ва бенавоии даҳшатангезро дид. Илҳоми шоир ҷӯш зада ва муддатҳо пас аз қалами ӯ чунин сатрҳо таровиш ёфтанд:

             Фирқае бе сабаб дар ниъам, дар тараб,

            Фирқае бегунах дар бало, дар азоб.

            Фирқае рӯзу шаб дар тапиш, дар тааб.

            Фирқае субҳу шом масти ҷоми шароб.

                           (С. Айнӣ. Ашъори мунтахаб, с.17).

  Ин шарораи эътирози иҷтимоӣ, шарораи нахустин, вале бисёр умедбахш буд.  Айнӣ на аз мадрасаи деҳа ва на шаҳр баҳравар нашудааст ва дар ин бобат ӯ бо   шоири тотор Абдулло Туқай монанду ҳамтақдир аст. Дарсҳои мадраса аз рӯи усули кӯҳнашудаи золимонае гузашта, фанҳои замонавӣ дар таълим дода намешуд. Дар он ба ҷуз илмҳои оластикие, ки аз тарафи омӯзгорони ҷоҳилу мутаассиб омӯзонда мешуд, чизи дигаре набуд. Айнӣ усули адабиётро бевосита аз ҳаёт омӯхт. Ӯ дорои шуур, лаёқат ва истеъдоди баланд буда, ҳамчунин аз он бахтиёр шуда буд, ки дар ҳавлии Садри Зиё-ҷое, ки шогирдони озодфикри Аҳмади Дониш, амсоли Саҳбо, Сомӣ, Таҳсин, Гулшанӣ ва дигарон ҷамъ меомаданд, дастёрӣ мекард.

  Номи Айнӣ ба олами адаб соли 1895 даромад.  Номҳои мустаори ӯ он вақт «Муҳтоҷӣ» ва ғайра буданд.  Дар ин бобат ӯ Максим Горкийро ба ёд меорад, ки гарчи номи ҳақиқиаш Алексей Пешков буда, ӯ худро бо чунин куният ном мебурд, зеро ҳаёташ пур аз талхиву андӯҳ буд. Ин номҳои мустаор на танҳо худ аз худ дар бораи ҳаёти воқеии халқҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, балки халқи рус ва умуми халқҳои мамлакати подшоҳӣ низ дар он рӯзгор дарак медиҳанд. Шеъри Айнӣ ҳазин, вале хеле бурро буда, аз оҳангҳои ғазаб ва ҳаҷв, аз оҳангҳои боварӣ ба ояндаи шукуфон холӣ набуд. Айнӣ ғазалро ба як зебоӣ ва як шакле меофарид, ки ашъори қасидамонанди классикии араб суруда мешуданд.  Лекин вай шеърро танҳо дар маҷоли лирикӣ маҳдуд нагардонда, балки ба он оҳанги иҷтимоӣ додааст.

 Ёр мехонад ба сӯи   хеш арбоби ғаноро,

Айнии бечораро ҳам мушти зар будӣ, чӣ будӣ?

 Қиссаи Айнӣ ва дарбор қиссаест маъруфу машҳур ва андаке хандаовар ҳам аст, ки асос дорад. Амир ба назди ӯ намояндагони худро фиристода, ӯро ба дарбор даъват намудааст. Вале Айнӣ даъвати амирро боисрор рад карда, фиристодагони амирро таҳдид намудааст, ки китобу асарҳояшро хоҳад сӯзонд ва   онҳо тарсида шоирро тарк кардаанд.  Ин ҳолро дида, амир гуфтааст, ки ин шоир лоиқи дарбори ӯ нест.  Оре, Айнӣ ҳаргиз шоири дарбор нашудааст. Ва аз онҳое, ки шоири дарбор мешуданд, ҷалилтару сарболотар буд.

 Инқилоби руси соли 1905 ба шеър ва пешрафти шоирони пешқадам ва демократи осиёӣ, амсоли Охундов, Туқай, Собир ва Айнӣ таъсири эҳсосшавандае расонд. Давраи байни солҳои 1905-1917 даврае буд, ки мавқеъ ва мақоми Айниро дар адабиёт ва зиндагӣ муайян кард. Маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Насриддин» дар интишори афкори демократӣ дар Кавказ ва Осиёи Миёна саҳми босазое дошт. Шоири мо низ аз таъсири он берун намондааст.  Роҳи ӯ ба сӯи инқилоб тавассути демократияи равшанфикрӣ ва маорифпарварӣ мегузашт. Вай гумон мекард, ки мардуми бесавод   ба қадри озодӣ намерасад ва қимати озодиро ҳеҷ гоҳ қадр карда наметавонад. Бинобар ин, пеш аз ҳама, бояд фикри саводноккунӣ, маданикунонии мардум   ва маорифпарвариро кард.  Ин фикр дар вай баъди нобарории револютсияи соли 1905 боз ҳам бештар қувват гирифт. Ҳамин тавр, ӯ бо ёронаш «Тарбияи атфол» ном ҷамъияти пинҳониро таъсис дода, ба душвориҳои зиёде мактаби ҳозиразамонеро дар Бухоро кушод, барои талабагони он шеъру қасидаҳо менавишт ва ҳамроҳи рафиқонаш дар ҷараёни таълиму тарбияи кӯдакон иштирок меварзид. Кушодашавии ин мактаб амир ва атрофиёни мутаассибу иртиҷоии ӯро ба ташвиш андохт, зеро мақсади он аз тарбияи одамони озодандешу равшанфикр иборат буд. Дар он ҳеҷ гуна тафриқаи динӣ ё тоифӣ-табақавӣ вуҷуд надошта, ақлу заковат, фикри бедор ва бародарии инсонӣ мақоми аълотаринро ишғол менамуд. Дар мадди аввали назар инсон меистод.

 Ин амалиёт ягона набуд. Адиб ба муборизаи бевосита шурӯъ кард. Вақте ки фишори сармоя дар Осиёи Миёна шиддат ёфт, деҳқонони камбағал заминҳои худро фурӯхтан гирифтанд, то ки қарзҳои беандоза зиёдшудаи худро адо кунанд. Шоир илоҷи дигаре надид ба ҷуз он ки исён кунад ва бародарони деҳқонони   камбағалашро даъват намояд, то ин корро накунанд.

 Вале вазъият ранги мудҳише ба худ гирифт: ҳукмронони подшоҳи рус ва гумоштагони амири Бухоро дар байни миллатҳо ва табақаҳои аҳолӣ куштору хунрезиҳо ба амал оварданд.  Дар моҳи январи соли 1910 дар Самарқанд қатли ом ташкил карда шуд Айнӣ ва дигар шахсони равшанфикр, моҳияти ин гуна кушторҳоро дарк намуда, муқобилият нишон медоданд ва саъй мекарданд, ки мардумро аз мақсаду мароми иртиҷоиён огоҳ созанд ва ба мубориза бар зидди душмани ягона- ҳукумати подшоҳӣ ва иртиҷоиён бархезонанд. Дар ин асно ҷанги якуми ҷаҳонӣ аланга гирифта, аз як тараф, ҳамраъйи халқҳои мазлуми Россияи подшоҳиро ба вуҷуд оварда, аз тарафи дигар,  ихтилофоти ғайримуҳимми байни шӯришгарони кишварҳои хурду калонро рабуд. Айнӣ худро ба хатти пеши оташ андохт. Дар ин асно ҳатто мактаби кушодаи ӯро баста, худашро таъқиб мекарданд.  Бинобар ин барои ӯ барин инқилобие, ки   револютсияеро дар ҳаёт бевосита аз сар гузаронида пурра ҳазм кардааст, илоҷи дигаре набуд, магар он ки дар музоҳараву баромадҳои    мардум, ки солҳои 1915-1916 Осиёи Миёнаро фаро гирифта буд, иштирок намояд.

 Ҳангоме ки револютсияи Октябр дар соли 1917 дар Русия ба вуқӯъ пайваст, Айнӣ дар сафи пеши озодихоҳони Осиёи Миёна истода, мардумро ба мубориза барои озодии комил аз ситами амир ва ба иттиҳод бо озодиталабони Маскав ва Ленинград даъват менамуд. Иртиҷоиён бошанд, ҳамеша ӯро таъқиб мекарданд. Ниҳоят, ӯро аз хонааш дастгир карда, бераҳмона зада ба зиндон партофтанд.  Аз зиндон ӯро, ба истилоҳ, аскарони Сурх, ки зери парчамҳои сурх ба Бухоро омада расидаанд, наҷот бахшиданд.

Дар ҳар ҷое ки бошад, хоҳ дар Бухоро, хоҳ дар Самарқанд ва хоҳ ҷои дигар, рӯҳониёни мутаассиб яроқи динӣ ва милатчигиро восита намуда, муқобили Айнӣ баромад мекарданд.

Шеърҳои дар ин давра эҷодкардаи Айнӣ таҳаввулоти қатъии инқилобиро, ки дар тафаккури ӯ ба вуҷуд омада буд, бо роҳу воситаҳои гуногуни баён инъикос менамуданд.

Ана, яке аз шеърҳое, ки дар зоту мавзӯъ ягона аст:

 О, ватани ман! Фироқат мушкил бувад,

Агар метавонистам ин ҷони (ҳаёти) наҷибамро      

бароят фидо мекардам.

Бингар, магар маро сабр мумкин аст,

Вақте ки зоғҳо парҳои булбулонро мешикананд.

  Баъди инқилоби Октябр шоир Садриддин Айнӣ   монанди бисёр шоирони озодфикри Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ дар қатори револютсионерон ҳамчун яке аз сарбозони он истод. Дар дили ӯ фараҳ ва хушбахтии том ҷӯш мезад. Шеъри ӯ низ таҳаввул карда, оҳиста-оҳиста ба инъикоси воқеияти сотсиалистӣ рӯ овард, лекин дар айни замон услуби хос, оригиналӣ ва хусусиятҳои зотии худро нигоҳ дошт. Айнӣ револютсияро, мувофиқи фаҳму тасаввуроти халқ, афсонаи муъҷизавие донист, ки ҷомаи амал пӯшидааст ва Октябр, дар назари ӯ, барҳақ, мурғи саодатбахше, ки ба тоҷикӣ Ҳумо ном дорад, ки пеш омадааст:

Меҳнаткаши бечора пеш аз дидани сад ҷабр,

                                                            эй вақъаи Октябр!

Аз марҳаматаш ёфт зи андӯҳ раҳоӣ,

                                                           ту мурғи Ҳумоӣ!

Баҳри дили ёрони ситамдидаи мазлум,

                                                                                                                        меҳнаткаши маъсум!                                                                                                            

Дар даҳр абадуддаҳр кунӣ ҳукмравоӣ,

                                                                  ҳам дер биноӣ!

                 (С. Айнӣ. Ашъор мунтахаб, саҳ. 12)

  Ҳанӯз мубориза бо ҷаҳони кӯҳна тамом нашуда буд, балки акнун оғоз меёфт. Аморати Бухоро озод нагашта буд ва душмани иртиҷоӣ сарбозони озодӣ, аз ҷумла Айниро, дучори таъқибу тазъиқ менамуданд. Шашуми августи соли 1918 иртиҷоиён бародари Садриддин Сироҷиддинро ваҳшиёна куштанд. Қатли бародар Айниро на танҳо ба эҷоди марсияҳои андӯҳгин, балки ба мустаҳкам кардани рӯҳ ва даъват барои зичтар гардонидани сафҳои инқилобиён бо ҳар василаи имконпазир водор кард, то ки онҳо ғалаба кунанд ва ватан аз душман пок гардад. Баъди ба Тошкент омадан ҳам Айнӣ ба ҳар восита чи бо шеъру асарҳои публитсистӣ ва чи бо фаъолияти ҷамъиятии худ мардумро барои озод кардани Бухоро даъват менамуд. Дар ҳамин давра дар назми ӯ оҳангҳои эҷодиёти даҳанакии халқ бештар зоҳир мегарданд. Ҳамчунин маршҳои ӯ ба вуҷуд меояд, ки аз онҳо «Марши ҳуррият» ба забони узбекӣ офарида шуда, дар он мо чунин суханҳоро мешунавем:          

         Эй ситамдидагон, эй асирон!

         Вақти озодии мо расид.

         Муждагонӣ диҳед, эй фақирон!

         Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

 

         Оқибат офтоби адолат,

         Бар сари бенавоён битофт.

         Аз ҷаҳон нест шуд зулму зулмат,

         Мустабид дар ҷаҳаннам шитофт.

                                             

Айнӣ «Марселеза»- нашиди озодиро ба ду забон- узбекию тоҷикӣ ва мувофиқи савту оҳангҳои халқӣ навишт. Аз ин ҷост, ки он миёни мардум, алалхусус байни коргарону ҷавонон нуфузи калоне пайдо кард.

Уфуқҳои диди Айнӣ вусъат ёфта, ҷаҳонбиниаш тоза гардид ва баҳори наваш фаро расид.

Айнӣ меҳнаткашони араб ва дигар меҳнаткашони Шарқро ба   инқилоб таблиғу ташвиқ ва талқин карда, муборизаи шадиду оташини онҳоро, ки солҳои 1919-1925 дар Мисру Ироқ, Сурияву Лубнон, Фаластину Алҷазоир, Туркияву Афғонистон, Эрон ва ғайра оғоз гардида буд, табрику таҳният мегуфт.  Вай онҳоро бовар мекунонд, ки субҳи озодиву истиқлол, қатъи назар аз қурбониҳои гарон, ба дамидан наздик аст.

Айнӣ дар ин мавзӯъ шеърҳои бисёре офаридааст ва   яке аз онҳо шеъри «Инқилоб» аст, ки дар он хитоб мекунад, ки инқилоб тамоми Шарқ, Шарқи муттаҳидро фаро хоҳад гирифт:

 Оқибат Шарқ мешавад бедор,

Гарчи ин фикр хобро монад.

 Пешгӯии пайғамбаронаи ӯ амалӣ гашт. Ҳоло халқҳои Шарқ занҷири зулму    истибдодро гусаста,  тамаддуни  наверо  барпо  намуда  истодаанд, дар  шароити  озодӣ ва  заминаи  демократӣ ба сӯи  таҳаввулоти иҷтимоӣ рӯ  меоранд.

Тамоми ҳаёти Айнӣ баъди Октябр то рӯзи вафоташ (соли 1954)  аз  боварии амиқ  ва  қувваи имони  шоир  ба  ҷомиаи  нав,  ба   ягонагӣ, ваҳдат ва манофеъи муштараки  халқҳои Шарқ ва  тамоми  инсоният шаҳодат  медиҳад. Айнӣ шеъри худро монанди Маяковский ва дигарон барои барпо намудани ҷомиаи нав назр кардааст. Бар рағми он ки душманони иртиҷой бародари дигари ӯ, Муҳиддинро куштанд, шоир ба қадри як мӯй ҳам бовариашро ба ҳаёти нав ба ҳадафҳои инқилоб тағйир надод ва дигаргун накард. Назму насри Айнӣ доир ба таърихи Бухоро, Тоҷикистон, Узбекистон, мақолаву хитобҳои зиёди дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон нашркардаи вай баёнкунандаи содиқи афкор ва ифодакунандаи боварии бепоёни ӯ ба ҳаёт, ба инсон, ба баҳори нав аст:

          

Баҳор омад, бедор шаву бархез!

Магар ин овозҳоро намешунавӣ?

           Мурғҳои баҳорӣ месароянду чаҳ-чаҳ мезананд.

Мурғҳои ҷавон.

Ё ин ки:

Биё, ту, эй баҳори зебо!

Хушбахтӣ ор ба мо!  Ба мо нур пош,

Аз тӯлии ин зимистон

 Чашмамон хира гашту моро об кун.

 Ӯ боварӣ дошт, ки дигаргунӣ   аз тағйири худи одам сар мезанад ва одамони инқилобӣ дар амал худро месозанд:

    Хоҳӣ, ки рӯи заминро дигаргун созӣ,

   Аввал аз дигар   кардани худ сар кун.

Маҷмӯаҳои ашъори Айнӣ «Шуълаи инқилоб» ба забони тоҷикӣ ва «Ахгари инқилоб» ба узбекӣ дар соли 1923 чоп шудаанд.  Инҳо маҷмӯаҳои нахустини вай буданд. Шеъри Айнӣ аз шеъри классикии тоҷик бо он фарқ мекунад, ки он аз мадҳ ба мақсади талаби чиз ва дигар лавозими анъанаи қадим озод мебошад.  Шеъри ӯ мисли шеъри шоири тоинқилобии тотор Абдулло Туқай сабуку равон буда, ба тасвирҳои воқеие, ки Пушкин оғоз намуда, Некрасов ва Маяковский ба авҷ расониданд, шабоҳату қаробат дорад. Дар бораи қаҳрамононаш бошад, худи Айнӣ чунин мегӯяд: «Қаҳрамонони ман онҳое мебошанд, ки ман мешиносам… дар баҳри рӯзгор тӯли солҳои дароз   онҳоро дидам». Қаҳрамонони ӯ фарзандони халқ мебошанд ва илҳомбахши тозагии назми ӯ халқ мебошад.  Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки шеърҳои ӯ то охири умраш хусусиятҳои хосе доштанд, зеро ба васфи ватан, ватанпарварии гарму ҷӯшони бошуурона, инсондӯстии самимона бахшида шудаанд.

Айнӣ аз ҳар чизи нав баҳра бардошта, фоида мегирад   ва дар шеърҳои вай мо   ҳам санъати такрор (баргардиш) ва ҳам тақтеъ, ягонагии ботиниро ба монанди шеърҳои   шоирони муосир дида метавонем.

Ба ғайр аз ин, дар эҷодиёти Айнӣ эҷодиёти шифоҳии халқ мақоми махсусеро дошт.  Ҳақиқатан, ӯ фолклорро дар шеъри худ маҷбуран ё ба тариқи изофаи сунъӣ дохил накарда, балки   шеъри худро дар рӯҳи эҷодиёти халқ, чунон   иншо мекунад, ки он    ногусастании шеър шуда мемонад. Фолклор ба шеъри ӯ бо ягонагии том ва тамоми шаклу мазмун мечаспад.  Дар як шеъри ба ҷанги дуюми ҷаҳон ва задухӯрдҳои дар сарзамини шӯравӣ бахшидаш чунин гуфтааст:

Гург кард дамдама,

Шеър кард ҳамҳама.

Дар ҷаҳон кунад ҳама,

Ин тарона замзама.

Қаҳрамон Ленинград!

Қаҳрамон Ленинград!

  Айнӣ дар ривояти таърихии худ Гитлерро ба Чингиз монанд   мекунад.  Ва фарзандони қаҳрамони халқро   ба қаҳрамонони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, аз қабили Коваи оҳангар (Кова ҳамчунин қаҳрамони афсонавии курдҳо мебошад, ки бар зидди аждаҳои ҳафтсар баромадааст) монанд мекунед.

  Дар баъзе шеърҳои Айнӣ мақолу масалҳои аҷиберо мебинем.  Чунончи:

 «Ин….   сиёҳ__ гавҳораи бадбахтист».

   Ва дар ин ҷо ба ҷуз сиёҳ ва …  шуҷоъ зиндагӣ намекунад.

Ё ин ки:

 «Дар ҷое, ки инсон зиндагӣ мекунад, хар набояд зист».

Ва ё:

 «Кист он касе, ки ба шахсе раҳм мекунад, ки вай сазовори он нест?»

Ё:

 «Касе ҳаст, ки ба мори афъӣ заҳр мебахшад»?

                                               ***

Айнӣ аз Пушкин ва Маяковский сабақ гирифта бошад ҳам, мактаби хосеро гузаштааст ва роҳи фардиеро паймудааст.  Рӯҳи шарқӣ ва мероси гузаштаро амиқ донистани ӯ, вобастагии вай ба халқу хаёти он, таҷрибаи дуру дарози зиндагӣ ва хусусиятҳои ватанаш Тоҷикистон- ҳамаи ин баҳори шеъри ба худ хосеро ба вуҷуд овардааст.  Аз ин ҷост, ки ӯ ба Маяковский муроҷиат карда мегӯяд:

32 сол пеш аз ин, рӯзе

Шеърҳои   туро шунидам ман,

З-он ба қонуни синаам сӯзе

Зад забона, шарора чидам ман.

  Вале бояд гуфт, ки маршҳои инқилобии Айнӣ дар тақлиди маршҳои Маяковский   навишта нашуда, балки дар онҳо рӯҳи тоҷиконаи Айнӣ ифода ёфта, ҷилва мекунад.  Ин рӯҳи шарқии тоҷикиест, ки ҳама чизи нави зиндагиро дарк намуда, ҳазм кардааст ва ба назму насри шӯравӣ чакидаҳои тоза ва оҳангҳои нав ба наве зам намудааст. Шеър рӯҳи Айниро файзи фаровоне бахшида, ҳатто насри ӯро фаро гирифтааст.  Ва ӯ дар ин бобат анъанаи шарқиеро, ки адибони форсу араб, турку ӯзбек ва ғайра пайравӣ   мекарданд, риоя намудааст.

Ва шояд беҳтарин тавсиф барои Айнӣ он бошад, ки ӯ баҳори ҳамеша шукуфони шеър ва шогирди абадии ҳаёт аст.    

Аз арабӣ тарҷума ва таҳияи

Тоҷиддин МАРДОНӢ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа" №2 (6), 2017 

Хондан 7905 маротиба