JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 25 Августи 2017 05:29

Шафақи субҳ

Муаллиф:

  Ба назараш чандест, ки кораш пеш намерафт. Субҳ ба коргоҳаш меомаду ними шаб ба хона бармегашт. Баъзан дар рӯи кати нимдоште, ки матои фарсудаи рӯи он доғ гирифта буд, мехобид. Ҳама чиз дар ин коргаҳ парешону бетартиб ба назар мерасид: қуттии рангҳо, мӯқаламҳо, сангу чӯбу лавҳаҳо … Қариб ҷои помонӣ намеёфтед. Ӯ рангҳоро бо ҳам меомехт, бо мӯқалам рӯи коғази ғафсе доғҳо мегузошт, то бифаҳмад аз ин амалаш чӣ ранги тозае ҳосил шудааст. Рӯзҳое буданд, ки ӯ соатҳо рӯи курсии чорпояи чӯбин менишасту тамоку мекашид. Чароғи рӯи мизи ӯ он ҷоеро, ки рангҳоро бо ҳам меомехт, равшан мекард. Дар пешгоҳи хона лавҳаи калоне меистод, ки рӯяш бо карбоси сафеде пӯшида буд. Рассом Зарроб ҳар субҳ ин карбосро аз рӯи лавҳа мегирифт. Ду чароғи муқобилашро фурӯзон мекард. Худ ба ақиби утоқ мегузашту ба расм аз ҳар нуқта менигарист.

 Ин расми нотамом ранҷи заҳмати даҳсолаи Зарроб буд. Ӯ ҳарчанд мекӯшид, ки онро зудтар ба итмом бирасонад, аммо наметавонист. Дар он, ба назараш, ким – чӣ намерасид. Ана, ӯ ҳамин ким – чиро ҷустуҷӯ мекард. Шабҳо бехобӣ мекашид, рӯзҳо рӯ – рӯи хона қадам мезад. Аз нобарории кораш асабӣ мешуд, тамоку мекашид, қаҳваи талх менӯшид.

… Аз дур қуллаҳои кӯҳ намоёнанд. Онҳо сап – сафед. Дар фазо абрҳо мегарданд. Абрҳо сафедтоб, порча – порча. Аз самти Ғарб абри сиёҳе ҳаракат дорад. Раъду барқ медурахшад. Гӯё он ба камари кӯҳе бархӯрдааст, ки аз чанд ҷое шарораҳо бархестаанд. Дар домани кӯҳҳо рамаҳо мечаранд, ки борони маҳине ба сари онҳо мерезад. Чӯпон ба осмон менигарад. Ӯ аз омадани абри сиёҳ дар ташвиш аст. Дар самти дасти рости лавҳа водии зарнигоре тасвир ёфтааст, ки мардум машғули коранд. Талу теппаҳо, деҳаҳо, дарахтони пиру ҷавон, ҷӯйборҳо, роҳҳо … Мошинҳо дар ҳаракатанд. Дар пеш: майдони пахта, занон, духтарон, тифлон машғули чидани он. Дар сари майдон зане тасвир ёфтааст, ки домани пур аз «тиллои сафед» дорад. Сараш ба рӯймоле баста, чеҳрааш равшан нест.

Аз паси майдонҳои пахта талҳо намоёнанд, ки аз болои онҳо хати ҳавоии қавии барқ мегузарад. Дар каноре одамон ба сохтани корхонае машғуланд. Аз заводе дуди сиёҳ ба фазо мепечад…

– Офтоб нест! – худ ба худ такрор кард рассом. – Офтоб дар кадом нуқтаи осмон бояд ҷой гирад. Дар шарқ, дар ғарб ё байни осмон. Офтоб зери абрҳои сиёҳ мондааст. На! Агар хуршед зери абрҳо бимонад, он гаҳ ба рӯи кӯҳу талҳо соя мефарояд.

Ӯ намехост он чизе ки дидааст, он чизе ки дар тасаввури ӯ ғунҷидааст, он чизе ки вуҷуди ӯ – Зарробро ба ҷӯш овардааст, тағйир диҳад. Ӯ зиндагиро васф мекард. Барои ӯ ҳар лавҳаи табиат вуҷуди зинда буд. Инсон хушбахттарин офаридаи Парвардигор, ки зебоиҳо ва накӯиҳоро ҳис мекунаду дар оғӯши табиат умр ба сар мебарад. Зарроб мехост бигӯяд: Эй одамон, сар бардоред ба осмони нилгун, ба хуршеди тобон,ба қуллаҳои сап – сафеди кӯҳҳо бингаред, хуни бадани шумо, рӯҳи шумо ба онҳо пайваста аст. Агар ин Фалак, ин Замин набудӣ, онгоҳ шумо ҳам набудед. Бингаред ба чор тарафи хеш…

Дари коргоҳи рассом тақ–тақ шуд. Зарроб ба дили нохоҳам ба паси дар рафт.

– Кист? – пурсид ӯ.

– Ман, Дилбанд! – шунида шуд садои занонае аз паси дар.

Зарроб худ ба худ ғур – ғур карда гуфт:

– Сабр кун, калидро ёбам, мекушоям.

Ӯ танбалона аз паси дар байни хона омад. Рӯи расми кашидаашро пӯшонд. Сонӣ аз байни коғазпораҳо калидро гирифта ба сӯи дар рафт. Онро кушод. Зани бисту панҷ – сисолае вориди коргаҳ шуд.

– Ин ҷо торик – ку? Чароғ надоред?

Зарроб чароғи барқии даромадгоҳи хонаро равшан кард.

– Ана, ин кори дигар. Телефонатон кор намекунад? – пурсид Дилбанд.

– Не, – гуфт Зарроб, – кор накарданаш беҳтар.

Дилбанд ҳис кард, ки табъи Зарроб хуш несту парешонхотир аст. Пурсу пос ва саволу ҷавобро давом надода, хомӯшона ба назди мизи кори рассом рафт. Зарроб аз рӯи курсие коғазҳоро гирифта, барои нишасти меҳмон ҷой тайёр карда гуфт:

– Бинишин, ҷонам, чӣ шуд, ки ба ин ҷо омадӣ?

Дилбанд табассуми малеҳе карда, мӯи сурхчатоби зебояшро, ки ба пеши рӯяш фаромада буд, бо як ишваи дилрабое ба қафо партофт ва рӯи курсӣ нишаст.

– Шуморо чанд вақт боз надидаам. Ба Иттифоқи рассомон кам меоед. Дар маҷлисҳо ва намоишҳои асарҳо ширкат намекунед. Ба хонаатон чанд бор занг задам, мегӯянд, ки дар коргаҳашон. Телефони ин ҷо ҷавоб надод, хестаму омадам.

– Хуб кардед.

Зарроб рӯ ба рӯи Дилбанд нишаст. Ба чеҳраи зебои ӯ бодиққат нигарист. Ин чеҳра ҳамеша ба дили ӯ гармӣ меовард. Сӯҳбати Дилбанд ҷозибае дошт, ки Зарробро ба худ мекашид. Дар муқобили ӯ рассоми кордида қариб ҳама чизро фаромӯш мекард. Дар дил меандешид: оё сурати зебои Дилбандро кашида метавонад? Инсон бо самимияташ, бо меҳрубонияш, бо эҳсоси гармаш зебост. Мо, рассомон, метавонем тавассути рангҳо инсонро оро бидиҳем, вале самимияту эҳсоси онро инъикос кардан мушкил аст.

 Зарроб даст ба риши нотарошидааш бурда, худро каме нороҳат ҳис кард. Сонӣ аз Дилбанд пурсид:

– Ҷонам, корҳои худат чӣ навъ аст?

– Бад гӯям, бад не, хуб гӯям, хуб не.

– Ҳамаамон ҳамин ҳолро дорем. Замона дигар шуд. Мо ҳам дигар гаштем.

– Не, – гуфт Дилбанд, – ман ба ин розӣ нестам. Замона дигар шуд. Мо ҳамон ҳастем, ҳамон.

– Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз. – гуфтаанд. – Аммо ман наметавонам бо ин замона бисозам. Бо замоне ки қадри асари маро намедонад, бо замоне ки равшан нест чӣ мекунаду чӣ мехоҳад.

– Ман ба фикри шумо розиям. Аммо рассомон ҳамеша ҳақиқатро тасвир мекарданд. Мо, чизеро ки дар табиат ва ҷомеа мавҷуд аст, тавассути рамзи бадеӣ ба мардум пешкаш мекунем. Мо наметавонем, ки аз ҳеҷ чиз ҳар чиз созем, дурӯғ гӯем.

– Ҳеҷ кас маро маҷбур накардааст, ки ҳақиқатро бардурӯғ инъикос кунам. Аз дурӯғ гуфтан, хомӯш будан беҳтар аст, – Зарроб аз ҷояш хест.

– Як пиёла қаҳва тайёр кунам. Ин баҳсҳо поён надоранд.

– Зарур нест, устод. Ман барои як маслиҳат ба ҳузури шумо омадам.

– Худам ҳам аз саҳар боз қаҳва нанӯшидаам.

Зарроб аз ҷояш хеста ба сӯи матбах рафт. Чашми Дилбанд ба маҷаллае бархӯрд, ки он дар рӯи курсичае варақҳояш кушода меистод. Дар байни маҷалла асари А. Н. Иванов «Зуҳури Исо ба мардум» ранга ва хеле хушсифат ба табъ расида буд. Дилбанд маҷалларо варақ заду сонӣ бодиққат ба расм нигарист. Расм ба ӯ аз айёми донишҷӯияш шинос буд. Муаллимон дар хусуси он соатҳо ҳикоятҳо карда буданд. Баъдтар Дилбанд даҳҳо мақолаю рисола дар хусуси он мутолиа ҳам кард. Вале ҳар гоҳе ки ба он менигарист, боз маънии наверо дармеёфт. Ин маротиба дамидани субҳ – шафақи офтоб ва сапедадам диққати ӯро ба худ кашид. Аз паси кӯҳ нури сурхчае ба сафедӣ омехта, водии васееро равшан мекунад. Тобиши ин нур ба рӯи қаҳрамонҳои асар гуногун афтодааст. Баъзе нуқтаҳо ториканд, баъзе чеҳраҳо норавшан. На ҳама ба истиқболи пайғамбари Худо Исои Масеҳ хестаанд. Иддае аз онҳо ба сӯи ӯ наменигаранд.

Зарроб аз матбах баргашт. Дилбанд маҷалларо ба рӯи миз гузошта гуфт:

– Сабру тоқат лозим.

– Сабру тоқат аз ин зиёд намешавад.

– Ман сабру тоқати кори эҷодиро дар назар дорам, – гуфт Дилбанд.

– Кори эҷодӣ заҳмат металабад. Ана, дидед, заҳмати бистсолаи рассом, – ӯ ба сӯи маҷалла ишора кард. – Қалби ҳар бинандаи закиро тасхир мекунад. Ман бинандаи закӣ гуфтам, на бинанда. Санъатро касе мефаҳмад, ки ба он сарфаҳм меравад. Вагарна ҳамаи мо дар оғӯши ҳамин табиатем. Дар табиат нозебӣ нест, ҳама чиз дар ҷои худ ва мавриди худ зебост. Аммо ин зебоиро на ҳамеша дарк мекунем, на ҳар кас мефаҳмад. Одамоне ҳастанд, ки на ба осмон менигаранд, на ба зери пойи худ.

– Санъат барои ҳама нест.

– На, мо барои ҳама заҳмат мекашем. Бояд ҳама асари моро бинаду фаҳмад. Вале ба ин ноил шудан мушкил аст.

– Мо боз ба баҳс дохил шудем, – гуфт Дилбанд, – Баҳсҳои мо беохиранд.

– Барои мову шумо фақат ҳамин баҳсҳо мондаанд. Дигар ҳама чизро рабудаанд. Вақте ба қадри санъат намерасанд, санъаткор дилозурда мешавад. Истеъдод ва илҳомаш мемурад. Бетабъон ба майдони санъат медароянд. Бозори онҳо гарм мешавад. Ҷомеаро бо асарҳои сусти худ фиреб дода, ба роҳи каҷ мебаранд.

– Дур намераванд, – гуфт Дилбанд.

– Бале, дур намераванд, аммо мову шуморо мекушанд.

– Не, устод, моро кушта наметавонанд. Мо аз он мемурдагиҳо нестем.

Дилбанд аз ҷояш хест. Либоси танаш шинам ва қоматаш зебо буд. Зарроб ба ӯ бодиққат нигариста гуфт:

– Ба ҳаяҷон омадед?

– На, аз ҳаяҷони ман чӣ суд. Шумо шинед, ман худам қаҳва тайёр мекунам.

– Не, не.., – гуфт Зарроб, аз ҷояш хеста.

– Ман матбахи шуморо аз шумо дида хубтар медонам. Ташвиш нашавед.

Пас аз лаҳзае Дилбанд дар ду истакон қаҳваи сиёҳ тайёр карда овард. Бӯи хуши қаҳва ба димоғ зад. Табъи Зарроб хуштар шуд.

– Устод, – гуфт Дилбанд, – ман барои як маслиҳат ба ҳузури Шумо омадаам…

– Хуш, хуш…

– Дар як ҷо коре ҳаст, – бо эҳтиёт гуфт Дилбанд, – гӯё аз шунидани ин хабар Зарроб ба хашм меояду истакони қаҳва аз дасташ меафтад. – вале заҳмати бисёр мехоҳад.

– Чӣ кор?

– Як биноро ороиш додан лозим. Шумо роҳбарӣ кунед. Корро мо иҷро мекунем.

– Яъне киҳо?

– Шогирдони худатон. Бе шумо намешавад.

– Шумо мехоҳед, ки аз ҳамин кунҷи узлат маро берун бароред? Маишатамро беҳтар кунед. Чӣ биное будааст?

– Хонаи як шахс. Думанзила, даҳ – дувоздаҳ ҳуҷра дорад. Мехоҳад тавре ороиш диҳем, ки дар шаҳр ягона бошад.

– Ман наметавонам. Вақт надорам. Корҳои нотамомам бисёранд.

– Мо шуморо заҳмат намедиҳем. Роҳбарӣ мекунед.

– Наметавонам, маро азоб надиҳед. Корҳои нотамомам бисёр аст…

Онҳо хайру хуш карданд.

 * * *

Ташрифи Дилбанд Зарробро гӯё аз ҳолати карахтие, ки намедонист чӣ коре кунаду рӯи чӣ матлабе биандешад, бедор кард. Ӯ чодарро аз рӯи расми нотамомаш гирифт.

 «Тоҷикистони хушбахт» ном гузошта буд ба ин асараш. Аммо зиндагӣ тағйир ёфт. Чеҳраҳо дигар шуданд. Рангҳо пажмурда ба назар мерасанд. Майдони пахта чарогоҳи говҳо шудааст. Дар домани кӯҳҳо ба ҷои рамаи гӯсфандон танкҳо мегарданд. Ҳамаро бояд аз сари нав сохт, ҳамаро бояд аз нав кашид.

 – Тоҷикистони бадбахти ман, – аз дил гузаронд ӯ. – Бо ту чӣ карданд? Ба ҷои ин лолаҳо, ки дар майдонҳои ту рустаанд, ман бояд қатраҳои хун бикашам. Ба қалби ту, ба қалби ҳассос ва нозукат корд заданд. Туро хостанд кушанд. Ҷароҳатҳо шифо меёбанд.., – ғур – ғур кард худ ба худ Зарроб.

Ӯ «Дарахти тут» ном асаре дошт. Дар он тути пире тасвир ёфта буд, ки ҳар сол шохаҳояшро барои парвариши кирми пила мебуриданд. Вале тут боз ҳам ба умеди зиндагӣ навда мекард. Навдаҳояш дар амалу баргҳояш сабз…

 Дари коргоҳ тақ–тақ шуд. Зарроб рӯи расми нотамомашро напӯшонда, ғур–ғуркунон сӯи дар рафт.

 – Кист?

 – Ман.

 Овоз ба назараш шинос намуд. Дарро кушод. Ба коргаҳ дӯсти деринааш Ёрманд даромад. Онҳо гарму ҷӯшон вохӯрданд.

 – Ҳа, ба ту чӣ шуд? Ба мисли муш аз хона берун намебароӣ?

 – Дар берун дон набошад, ба умеди чӣ бароям?

 Донро кофтукоб мекунанд, дон аз осмон дар пеши пои кас намеафтад.

 Онҳо ба мобайни хона омаданд.

 Чашми Ёрманд ба асари нави Зарроб бархӯрд.

 – Эҳ, офарин, ана меҳнат, ана заҳмат. Ман аз ин корат хабар надоштам.

 – Ин кори нав нест, – гуфт Зарроб, – соли 1989 сар карда будам. Он вақт дар ин сарзамин СССР ҳукмрон буд. Бояд дар пештоқи Кохи намоишҳои комёбиҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон гузошта мешуд. Асар тамом нашуда, замона дигар гашт. Касе аз ману асар суроғе намекунад.

 Ёрманд ба назди расм рафта, ба тамошои он машғул шуд.

 Тоҷикистони хушбахти ман. Қуллаҳои кӯҳҳо барфпӯшанд. Доманаи онҳо сабзу хуррам. Рамаҳо бепарво мечаранд. Чӯпоне бо ташвиш ба сӯи осмон менигарад. Дар самти Ғарб абрҳои сиёҳ дар ҳаракатанд. Раъду барқ медурахшад… Занон пахта мечинанд.

 – Ин расм кай тамом мешавад? – пурсид Ёрманд.

 – Тамом шудани он ба кӣ лозим? – оҳе кашида гуфт Зарроб.

 – Чӣ хел? – бо оҳанги тааҷҷуб пурсид Ёрманд.

 – Оё ҳамин асар ба касе лозим аст?

 – Бале. Чаро ин тавр савол медиҳӣ? Ин як асари кӯчак нест. Роман аст, ки дар маҷмӯъ ҳаёти Тоҷикистонро инъикос мекунад.

 – Бале, инъикос мекунад. Оё он сохтмоне, ки ман кашидаам, ҳоло вуҷуд дорад? Оё он дуди сиёҳе, ки аз новдони Завод ба осмон мепечад, фазои беғубори дашту даманро тира мекунад, ҳоло ҳаст? Он рамаи гӯсфандон, он чӯпон, он роҳҳо, он ниҳолҳо ва ғайра ва ғайра. Ман бояд ба ҷои ин гӯсфандон танку тӯпҳоро бикашам. Ба ҷои ин биноҳои обод хонаҳои бесоҳиб ва сӯхтаро. Ин занонро аз майдони бесоҳиби пахта берун кунам. Дар лаби ин ҷӯйҳо ба ҷои навниҳолон бачаҳои пойлучу сарлуч бикашам.

 Ёрманд ҷиддӣ ба чеҳраи Зарроб нигарист, нигоҳаш чунон тез буд, ки бар қалби Зарроб кора кард. Зарроб аз Ёрманд рӯ гардонд.

 – Ту сиҳату саломат ҳастӣ, ба ту чӣ шуд? – гуфт ба Зарроб.

 Зарроб ҷавоб надод.

 – Мон ин гапҳоро. Ман ба ту бист сол пеш гуфта будам: истеъдод дорию ҳунари зистан не. Чӣ, ин бадбахтиҳо ба сари як ту омад? Ҳамаамон аз сар гузарондем. Яке бештар, дигаре камтар. Шукр кун. Коргоҳат дар ҷояш, қаламу қоғазат дар пешат.

 Зарроб ба нуқтаи номаълуме нигариста, ҳарфе намезад. Худ ба худ мекӯшид, ки ғазабашро пинҳон кунад.

 Ёрманд гуфт:

 – Ману ту бояд ҳеҷ чизро насозем, он чӣ ҳаст, ҳамонро тасвир кунем.

 Зарроб хомӯш буд. Ӯ ҳамеша мекӯшид, ки зиндагиро тавассути образҳои бадеӣ тасвир кунад. Пеши назараш кашмакашҳое, ки ба сари асараш Калтут омада буд, ҷилва кард. Ӯ хоста буд, ки муборизаро барои ҳаёт, барои ҳастӣ нишон диҳад. Ба сари ӯ чӣ гуноҳҳоеро назаданд. Мунаққиде хеста гуфт: «Ин асар муқобили кирмакпарварӣ аст. Ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат зарба мезанад» Дигаре мегуфт: «Дар ин расм чизе намебинам. Манзараи хушку холӣ. Зебоӣ нест. Образҳо такрор…» Сеюмӣ мегуфт: «Зиндагии сотсиалистиро дар замоне, ки коммунизм месозем, ин тавр нишон додан ба осиёби душманони ҷомеаи мо об рехтан аст. Яъне, ки зиндагӣ нав шурӯъ мешавад, мо онро сар мезанем. Аз нигоҳи сиёсӣ ин асар зараровар мебошад…»

 – Ҳа, чӣ шуд? Шах шуда мондӣ, – ба Зарроб нигариста гуфт Ёрманд.

 – Насиби ман ҳамеша лату кӯб будааст.

 – Чӣ хел лату кӯб? – пурсид Ёрманд.

 – Ё ман ҷомеаро намефаҳмам, ё ҷомеа маро намефаҳмад.

 – Агар ҷомеа туро намефаҳмид ва ту ҷомеаро намефаҳмидӣ, ба ин дараҷа намерасидӣ. Ном дорӣ, унвон дорӣ, яке аз беҳтарин рассомони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравӣ. Боз чӣ мехоҳӣ?

 – Ман мехоҳам, ки халқам хушбахт бошад. Саодатмандии онро тасвир кунам, аммо атроф пур аз фоҷиа.

 – Фоҷиаро тасвир кун, то онро бинему ба муқобилаш мубориза барем.

 – Тани танҳо!

 – Чаро тани танҳо? Танҳо касе ба ҷое намерасад.

 – Халқ бояд бедор бошад.

 – Халқро кӣ бедор мекунад? – пурсид Ёрманд, – кӣ? Ману ту! Боз аз кӣ менолем? Ҳамин дузду қотил, авбошу нашъаманд, коргурезу фиребгар, гадою дарвешро кӣ тарбия кардааст? Ману ту барин равшанфикрони тоҷик. Ману ту хушбахт будем, ана хушбахтиямон равшан шуд. Зоҳиран дарахти мо сарсабз буд, вале аз дохил пӯсида. Вақте парда аз рӯй афтод, ҳама ошкор шуд.

 Зарроб ба назди расм рафт. Пардаро ба рӯи он кашид. Ёрманд ҳис кард, ки ин баҳс ба Зарроб нафорид. Ба он хотима дода, ба рӯи курсӣ нишаст. Онҳо ором шуданд. Пас аз чанде Ёрманд баромада рафт.

 Зарроб хештанро нороҳат ҳис кард. Ташрифи Дилбанду Ёрманд ба ӯ хушӣ наоварданд. Зарроб паси мизи кориаш нишаст. Чароғи саримизиро хомӯш кард. Бо ду даст сарашро дошта, ба андеша фурӯ рафт.

 Наход ӯ аз зиндагии имрӯза ақиб монда бошад? Ин гуна ҳолатҳо ба бисёр рассомони машҳур рух додаанд. Дигар шудани сиёсат, ё сохти иҷтимоӣ онҳоро аз майдони санъат берун партофтааст. Чаро рассомон дигар асарҳои бузурги динӣ намеофаранд? Чаро мо наметавонем ҷараёни бузургеро дар санъат ба вуҷуд орем? Чаро дар остонаи қарни бисту якум ҳақиқатро пинҳон медорем? Чаро? Тоҷикистони хушбахти ман! – Зарроб аз ҷояш хеста, ба назди мусавварааш рафт. Парда аз рӯи он боз кард. Ӯ мехост асаре офарад, ки тамоми комёбиҳои Тоҷикистон дар он инъикос ёфта бошад. Кишвари зебои мо, кишвари кӯҳсор, кишвари водиҳояш зарнисор, мардумаш заҳматкашро тасвир кунад…

 Зарроб ба назди ҷевоне рафт, ки мусаввараҳои хомакии ин асараш он ҷо буданд. Онҳоро аз назар гузаронд. Бале дар нусхаи аввал офтоб нав аз паси қуллаҳои кӯҳсор баромада буд. Нурҳои он гӯё ба сари ин диёр – Тоҷикистон зарҳал мепошид. Ҳаёт пас аз гузаштани шаби торик аз сари нав шурӯъ шуда буд. Ҳама, гӯё Тӯфони Нӯҳ фурӯ нишаста бошад, хурсандӣ мекарданд. Касе дар андешаи он набуд, ки ин Офтоби саховатбахш дар Чархи фалак давр мезанад. Ин Замини сабзу хуррам дар тӯли бисту чор соат барои сокинонаш шабу рӯз меорад. Бо ҳамин андеша Зарроб дамидани субҳро тағйир дод. Абрҳои сиёҳро кашид, ки аз омадани хатаре одамонро огоҳ месозанд. Аммо хатар чунон зуд омад, ки худи Зарроб ҳам интизораш набуд. Акнун ӯ сари он меандешид, ки ин ҳодисаи мудҳишро чӣ гуна дар ин асар инъикос кунад. Мусаввараҳои хомакиашро як сӯ гузошту рӯ – рӯи хона қадам зад. Акнун ӯ дар хусуси асари нотамомаш не, дар бораи воқеаҳои солҳои 1992 фикр мекард. Дар ҳама ҷо бесару сомонӣ, касе ба доди касе намерасад. Ҳар кас зӯр мезанад, ки худашро қаҳрамон нишон дода, дигареро ғорат кунад. Мурдаҳо гӯр накарда, зиндаҳо дар ғами ҷони худ… На об ҳасту на алав, пиру кӯдак дар ҷустуҷӯи як буридаи нон. Дар хонаи худат барои моли ҳалоли худат ба қатл мерасӣ. Худоё, чӣ бадбахтие ба сари бандагон овардӣ, чӣ сириште дар вуҷуди онҳост?

 Зарроб метавонад, ки дар фазо каргасҳои шумро тасвир кунад, дар пеш дарахтеро, ки шохаҳояш хушк шудаанду ҷамҷамаи ҳафтодсолаи инсонро ба хотир меорад.

 Вақте ин мавзӯъ ба хотираш зад, Зарроб дар ҷояш ларзид. Ба назараш чунин намуд, ки ҷамҷамаи беҷон ба сӯяш меояду ба ҳоли ӯ механдад.

 – Худоё, – гуфт ӯ худ ба худ, – даҳшат аст ин, даҳшат!

 Ӯ худро рӯи кати фарсудае, ки дар канори утоқ меистод, партофт.

 * * *

 Вақте ба худ омад, ҳаво торик шуда буд, хонаро танҳо чароғи саримизӣ равшан мекард. Зарроб хеста ба назди мизи кораш омад. Чашмаш ба ҳамон маҷаллае афтод, ки расми «Зуҳури Исо ба мардум» чоп шуда буд. Иддае аз одамон ба сӯи пайғамбар менигаранд, қисме аз ӯ рӯ тофтаанд, ё тарс доранд, ки бингаранд, ҷозибаи пайғамбар онҳоро ба худ мекашад. Оё инҳо ҳамон одамоне нестанд, ки аз пайғамбар Исо рӯ тофта, сипас ба таълимоти Муҳаммади Расулулоллоҳ гаравидаанд. Агар ҳама уммати Исои Масеҳ мешуданд, чӣ мешуд? Ба назараш савол бе мантиқ намуд. Оё ҳама метавонанд уммати як пайғамбар бошанд? Оё як пайғамбар метавонад ҳамаро ба таълимоти худ фаро гирад? Ҳамаи мардум бандаи Худоянд. Иродаи ҳама ба дасти як пайғамбар нест. Ҳамаи халқҳоро ба пеш ё қафо Парвардигори олам мебарад. Чаро рассом ҳамаи онҳоеро, ки рӯ ба ҷониби пайғамбар наниҳодаанд, дар либоси мусулмонон кашидааст? Оё он вақт мусулмонӣ буд?

Зарроб худ ба худ ларзид. Эҳсоси шубҳа ва нобоварие дар вуҷуди хеш дид. Чаро ӯ дар хусуси расми «Зуҳури Исо ба мардум» фикр мекунад? Чаро ин расм дар рӯи мизи кори ӯст? Ин расм ба кори имрӯзааш, ба ин шӯру шарри даврон чӣ иртиботе дорад? Ё ӯ мехост ҷилои рангҳоро аз ин рассом биомӯзад? Шафақи субҳ ҳама ҷоро равшан кардааст. Ғуборе аз рӯи замин пароканда мешавад…

Ана, ҳамин шафақ ба асари ман намерасад. Оё ман метавонам, ки дамидани онро дар саросари Тоҷикистон тасвир кунам? Оё субҳ дамидааст, мо торикиро тарк гуфтаем?

Ӯ ба расми кашидааш бо диққат нигарист. Ҳа, Зарроб то имрӯз ба хулосае наомадааст, ки офтобро дар самои кишвараш тасвир кунад. Бале, ҳама чиз ба дамидани субҳ иртибот дорад. «Тоҷикистони хушбахти ман», ба сари қуллаҳои сафедат шафақи субҳро мебинам, пардаи хираи шаб аз рӯи водиҳоят бардошта мешавад, чеҳраи хандони занонро мебинем, ки дар майдонҳоят кор мекунанд!

«Худоё, – гуфт худ ба худ Зарроб, – оё ман манам. Чаро ин фикрҳо ба сарам меоянд? Чаро ман дамидани субҳро надидаам, чаро одамон аз ман пештар аз хоб хестаанд? Ё ман хоб мебинам? Ин ҳама таҳаввулот шабаҳ аст, ки маро аз чор тараф мефишорад».

Ӯ бовар надошт, ки аз хоб хестааст. Мӯқаламро ба даст гирифту ба назди расм рафт, то эҳсос кунад, ки аз олами авҳом бурун омада, дар рӯи фарши хонаи хеш қадам мемонад. Дамидани шафақи субҳро кашид, ки сурхчатоб буду сиёҳии шабро фурӯ мебурд, чеҳраи дашту даман ва одамонро равшан мекард…  Соли 2001

Равшани ЁРМУҲАММАД

Коллектив. Шоҳроҳи истиқлол (баёзи насри муосири тоҷик). – Душанбе, «Адиб», 2011, 288 саҳ.

 

Хондан 2059 маротиба