JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 29 Августи 2017 05:15

Гардиши айём

Муаллиф:

  Шавкат Азизии ҳаштодупанҷсола, ки шаст соли умраш ба умеди кушодани гиреҳҳои риштаи илми интихобкардааш сарф шуда буд ва ҳанӯз ҳам нохуни баланди фаҳмаш имкон медод, ки уқдахои вонагаштаро во кунад, бори ҷисми пиронаашро ба пушт, ба рӯи кати дукасаи назди мизи кориаш партофта, чашмонашро тамоми рӯз ва то як ҳиссаи шаб аз шифти хона намеканд. Ба як нуқтаи номаълум, ки асрорашро Худо медонисту худаш, нигоҳи андешаомез медӯхт ва дар ин миён гоҳ-гоҳ лаҳзае хобаш мебурд. Баъди бедор шудан боз нури нигоҳашро ба шифт фиристода, мехост на танҳо ҷои сояафтодаи шифтро, балки фарш, дару девор ва хонаву ҳавлиро равшан кунад. Алқисса мехост, ки тамоми қаламрави диёрашро нуристон бубинад. Вале ба тани орзуяш ҷомаи амал пӯшонда наметавонист. Фақат дар як гӯшаи дури диёр охирин дастаи рӯшаниро медид, ки гӯё аз нурҳои офтоби майл ба ғуруб нишонае дошт.Ва дар ин миён беихтиёр зодгоҳаш ва ҷиянаш Ҷовид ба ёдаш меомад.Суффаи таги дарахти рӯи ҳавлиаш аз ин кати ҳоло хобидааш мулоимтар метофт.

 Кати кӯҳнаи дукаса барои як кас роҳати ҷон буд. Хобанда метавонист озодона тоб хӯрад, ба ҳар паҳлӯе, ки хоҳад осуда бихобад. Вале ҳангоми тоб хӯрдан, ки гоҳ-гоҳ рух медод ва мурватҳои хӯрдашудаи кат, ки мустаҳкамии чӯбҳояшро таъмин карда наметавонист, бо ғиҷир- ғиҷири гӯшхарошаш табъро хира мекард. Маҳз бо ҳамин сабаб мӯйсафед аз баҳри кайфияти паҳлугардӣ гузашта, ба пушт хобидану наҷунбиданро авлотар медонист. Ростӣ, худаш ҳам қуввати бисёр ҷунбидан надошт. Гоҳо як ҳиссаи шаб маҷбур шуда, андак меҷунбид ва барои кампиракаш Ҳалима-хола, ки аз кори рӯзона беҳад хаста мегашт ва худро дар паҳлӯи ӯ гирифтан мехост, ҷо холӣ мекард. Дар кати яккаса ҳам барои хӯгирифтааш ҷо ёфта метавонист. Зеро ҷисми одаткардааш бе соиши тани ҷони ширинаш лаззати осоишро намедонист.

 – Ҳа, беинсоф, ҳоло ҳам аз ҳамин мани нотавон, ки поям ба лаби гӯр расидааст, умед дорӣ?

 – Пир ҳам, ки шудӣ, ҳеҷ аз шӯхиҳоят намондӣ.

 – Куҷо шӯхӣ, ҷиддӣ мегӯям. Мехоҳӣ, ки лаҷоми саманди ҳастии ҳамин ҷонбалабрасидаро то нафаси охирин сар надиҳӣ? Не, шикорат барор намегирад. Сайёди ҳақиқӣ ба сайди дар пеши пояш афтода кордор намешавад.

 – Ёфтӣ сайёдатро, сайёде, ки дар роҳи ҳамвор мадори раҳгардӣ надорад. Ва гурги аҷал аз паяш қадам мегузорад.

 – Ба ҳар ҳол таъкид кардан хуб аст…

 Ва овозҳо оҳиста-оҳиста пасттар шуда, суоли яке беҷавоб мемонад. Фазои хомӯши хонаро ба ҷои ин овозҳо садои нафаскшии нолишдори пирона мегирад. Фақат аз як ҳуҷраи хонаи чорҳуҷрадор охирин бӯи дардолуди зиндагӣ мерасад. Ва аз рӯи ин кати дукаса рӯзе яке ва баъдтар дигаре меафтад. Баъд аз он фарзанди дурафтодаашон соҳиби ин даргоҳ мешавад. Агар беҳавсалагӣ ва беномусӣ карда хонаро фурӯшад, дар қадамҷояшон нишони қадаме ҳам намемонад ва пайи арвоҳашон низ аз ин манзил канда мегардад. Мехҳои бари деворҳо бесурат, рӯи миз беқаламу коғаз гашта, айнаки рӯи дидааш таги по мешавад ва дигар нишонаҳои хотиравии муаррифгараш, ки бозгӯи роҳи қисматанд, ба нобудӣ мерасанд. Аллакай ҷевонҳое, ки як замон аз китобу маҷалла ва дастхатҳо пур буданд, холӣ шудаанд ва аз ин хона дигар накҳати маърифат намерасад. Кати холишуда ҳам, ки умре вазифаи курсиро низ адо мекард, алҳол танҳо як ҷойхоби шалақро мемонад ва чашми партобҷову дидаи танӯр дар роҳаш интизор аст. Пештар, ҳине ки мадору ғайрат дошт, дар тарафи ба миз наздики ин кат нишаста, то рӯз китобу дастхат мехонд, мавод ҷамъ мекард, менавишту хат мезад, хат мезаду менавишт. Дар паси пушташ, дар қисми холимондаи кат кампираш дароз мекашид. Ҳалима-хола низ муаллимаи бо донишмандияш маъруф аст, вале мисли ӯ сермаҳсул нест. Эҳтиёҷи зиндагӣ имкон намедиҳад, ки мисли шавҳараш фидоӣ гардад. Намегузорад, ки шабу рӯз нишаста, мутолиа намояд, маҷбураш мекунад бештар ба корҳои рӯзгордорӣ машғул шавад. Дар бозии шатранҷи ҳаёт, ки дурангӣ хосаш нест, бояд яке ғолибу дигар мағлуб гардад. Барои ғолиб омадани сарвари хона кампираш сар ба домани меҳрубонӣ фурӯ бурда, як умр ақибнишинӣ кард ва ба ҳамсараш роҳ кушод. Бори заҳмати хона ва тарбияи кӯдаконро ба дӯши худ гирифт. Нагузошт, ки шавҳараш ба ҳар кори беҳуда андармон шавад. Ҳоло ҳам бо вуҷуди бардоштани бори гарони пирӣ аз субҳ то шом ҷунбуҷӯл мекунад, хӯрок мепазад, чой мемонад, либос мешӯяд, рӯбучин менамояд ва боз даҳҳо корҳои майда-чуйдаро ба ҷо меоварад. Доро, ки мебуданд, дастёр мегирифтанд. Пулашон агар базӯр ба хӯрок расад, ба харидани пӯшок кифоягӣ намекунад. Бедастёрӣ кампири Ҳалимаро маҷбур мекунад, ки аз ҷо хеста, барои идома ёфтани зиндагӣ шароит фароҳам оварад. Қуввати ба бозор рафтану харид карданро надорад. Духтари ҳамисоя, Худо умри пурбаракаташ диҳад, бозорӣ карда, мушкилашро осон менамояд. Агар ягон бачаи муҷаррад медошт, ӯро ҳатман келин мекард. Бачаи хонадораш пул мефиристад, вале омада дар паҳлуяшон истода наметавонад. Рӯзҳое,ки бо ҳам буданд, бо ҳама камбизоатӣ хонаашон пур метофт. Келину набераҳо мадад мерасонданд. Вале аз ҷои кор наёфтан фарзандаш маҷбур шуд, ки ба хориҷа равад. Кампир ҳоло ҳам домани кореро медорад ва мӯсафедашро дур аз дидаи эътибор намегузорад. Мехоҳад, ки шавҳараш ҳам бори ноумедиро аз дӯши дил афканда, аз ҷо хезад, аз вартаи шабу рӯз дароз кашидану ба як нуқтаи номаълум чашм дӯхтан раҳад.Вале ӯро аз ин варта раҳонида наметавонад. Шояд ҳамқисматаш дар бораи гардиши айём андеша карда, гузаштаву имрӯзаро ба ҳам муқоиса намояд ва ба ҳамин сабаб кунҷи хилвати хонаро осоишгоҳ шумурда, аз дар берун набарояд. Дар майдони махсуси назди бино ҷамъомадагони имрӯза чи мегӯянд, медонад. Мӯҳтавои сӯҳбаташон пул ёфтан, сарват ҷамъ кардан, хона харидану ба иҷора додан, истироҳатгоҳ сохтан, соҳиби ягон вазифаи даромаднок шудан, хулоса роҳи кӯи шикамро пеш гирифтан аст.Ин одамони аз олами маърифат дур шер будани зиндагиро надониста, бо думаш бозӣ мекунанд.Дастгоҳи фиттанависии дар мошинашон бударо дар назди бино баланд карда, хомӯширо халалдор менамоянд.Завқашон, ки ниҳоят паст аст, сурудҳои сабткардаашон аз дарди ширин ва муҳаббати самимӣ ориянд.

 Мӯйсафед ёд меорад ҳамсояҳои пешинаашро. Донишмандони бузург буданд, ҳар суханро дониста мегуфтанд, кӯшиш мекарданд, ки ягон ҳарфашон ба тори хотире боре нашавад. Ҷамъияти хуб доштанд. Сӯҳбаташон аз навигариҳо ва дастовардҳои илмӣ оғоз мегашт.

 Пештар ҳам, ҳангоми ҷавонӣ мисли ӯ қуввати то рӯз нишастану мутолиа карданро надошт. Дар ин роҳ хеле қафо монд, вале бо заҳматаш ҳамқисматашро пешсаф кард. Он вақтҳо хонаашон бозори гардон буд. Ҳар лаҳза телефон ва занги дарашон садо медод.

– Муаллима, устод дар хона ҳастанд?

– Ҳастанд, марҳамат дароед, гуфта корафтодаро бо меҳрубонӣ қабул ва гусел мекард.

– Ин хонаи устод Кабирӣ?

– Бале.

– Муаллима, агар мушкил намеафтод, гӯшаки телефонро ба устод медодед.

 Муаллима ба ҳама зангҳои пайдарпай баодобона ҷавоб мегардонд, боре ҳам «безор аз ҷон кардед» намегуфт, касеро намеранҷонд. Балки ифтихор ва шукрона мекард, ки шавҳари номдорашро ҳар рӯз суроғ мекунанд. Медид, ки ҳамсараш навиштаҳои дигаронро мехонд, таҳрир мекард, маслиҳатҳо медод. Ба ҷои онҳое, ки акнун вазиранду раисанд ва дар донишгоҳе сарваранд, дил об мекард. Ба сатрҳои парешони эшон мақоми ҷамъ бахшида, китоб мекард. Вале имрӯз дидори он бенамакони харашон аз ҷӯбор гузаштаро дар хоб мебинад. Чи кунад, ки бинои ҳастиро аз гилу хишти бавафоӣ сохтаанд. Ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯяд, ки гардҳои аз пай афтода доғе ба доманаш нагаштаанд. Эҳтиёҷи зиндагӣ ва нотавонӣ худашро ҳам маҷбур кардааст, ки аз ёрони қадимиаш дурӣ биҷӯяд, сураташонро набинад. Ба ҳамон ёронаш-қаламу коғаз ва айнакаш,-ки силоҳҳои умедаш буданд, обрӯ ва мартабааш мебахшиданд ва як умр дар шикори сайди маънӣ имдодаш мекарданд, акнун назари эътибор намедӯзад,балки аз онҳо чашмашро мегурезонад. Онҳоро сабабгори камнур гаштани чашмону хароб гаштани хонаи асаб ва нотавон гаштанаш медонад. Дар ҳар ҷунбишу аз ҷо хестан чашмонаш ба онҳо меафтад, вале метарсад ба онҳо наздик шавад. Гумон мекунад, ки он се силоҳи нигаҳдорандаи сирри махфӣ дар назар ҷудоафтода менамоянд, вале дар ҳолати зарурат якҷо шуда, ба ӯ ҳуҷум мекунанд, тифлакони нурҳои боқимондаи дидагонашро гаравгон гирифта, оҷизи мӯҳтоҷи дигаронаш мегардонанд. Метарсад ба онҳо наздик шавад, гумон мекунад, ки ҳавсалааш пир шудааст, мадораш намондааст. Не, хато мекунад, ҳоло ҳам қувват дорад, вале дилаш аз тамошои ҷангали ҳастӣ, ки пур аз рӯбаҳ шудааст ва шеронаш майдонғарибро мемонанд, мондааст. Барои ҳамин аз баҳри шикори ин сайди маккори гӯшташ нодаркор гузашта, на ба силоҳи дасташ, на ба силоҳи чашмаш ва на ба сипари рӯи мизаш наздик шудан намехоҳад. Силоҳҳояш-қаламу коғаз ва айнак низ дар ҳар кунҷи миз ва дур аз ҳамдигар мехобиданд.Соле пеш бе онҳо ҳастии худро тасаввур карда наметавонист.Даҳони дарандагони ҷангали ҳастиро бо ҳамин силоҳаш мебаст. Акнун худаш- сайёди пир кунҷи хилватро амонат гирифта, метарсад аз тири нигоҳи замон, метарсад аз тири ноумедиву бемеҳрии одамон.

 Даврони пурғайративу дурбинӣ ва сайдафканияш гузаштааст. Дигар тираш ба нишон намерасад.Дар он сармои заҳматҳо, ки фасли барори шикораш буд, шабу рӯз хоб надошт. Аз зарби камони хомааш саҳифаи сафед, ки ба пуштаи барфолуд шабоҳат доштанд, аз ҳарфҳо-аз сайдҳои афкандааш пур мегаштанд ва ғизои маънавии дигарон мешуданд.Дар ин миён сайёдони тарбиягирифтааш-толибилмони донишгоҳро ба ёд меорад.Ҳар сол агар дусад донишҷӯ дар бахшҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил карда бошад,дар даҳ сол дуҳазор ва дар шаст сол ин адад ба дувоздаҳ ҳазор мерасад, ки як варзишгоҳи калонро пур мекунанд. Акнун шогирдонашон аз ӯ дида пухтатар шудаанд, соҳиби унвону вазифаи баландтар гардидаанд.Ё ки эҳтиёҷи рӯзгор ба ҳар сӯ бурдааст ва ё носипосии замон ишонро ба чоҳе афкандааст, ки дидорашонро дида наметавонад. Шояд ҳоли шогирдони донишмандаш аз ҳоли устодашон бадтар аст? Вале шогирдони кундзеҳнаш имрӯз машҳуртаранд, вазиранд,раисанд, роҳбари донишгоҳанд.Бе ихтирое соҳиби ҳама унвонҳо гаштанашонро шунида, зоҳиран шоду ботинан ғамгин мегардад ва дар лабонаш хандаи оҳолудае пайдо мешавад.

 Рӯзҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ , ки аз дуру наздик садои тир ба гӯш мерасид ва боре тири хаторафтае ба тирезаи ҳуҷраи кориаш бархӯрд ва фарши хона аз шишареза пур шуд, парво накарда, навиштану хонданашро идома медод.Ӯ ҳам бо мақсади шаҳид нагаштани қаҳрамонони умеду орзуяш бо худ меҷангид, барои ғолиб шудану охирин нишона мондан мубориза мебурд. Дар он рӯзҳои мудҳиш аз хона берун набаромада, чандин китоби тадқиқотӣ навишт, дар саҳрои маърифат донаи фаҳму дониши худро кишт. Вале имрӯз дар муҳити сулҳу оромӣ на китоберо ба даст мегирад ва на ба хомаву айнаку варақҳояш наздик мешавад. Балки онҳоро-дӯстони шаст сол ҳамқисматашро душмани ҷони худ мепиндорад. Даст ба сӯяшон дароз намекунад, шояд ғами охирин лаҳзаҳои ҳастии худро мехӯрад. Гоҳ-гоҳ ҳамсараш ҳангоми рӯбучин қаламу айнак ва коғазҳои хобидаро аз рӯи миз бардошта, баъди тоза кардан ба ҷояш мегузорад.

 Вақтҳои охир шавҳараш ҳатто гӯшаки телефони дар паҳлӯяш бударо бардоштан намехоҳад. Кӣ телефон мекунад, чӣ мехоҳад дигар барояш аҳамият надорад. Беҳуда садо доданашонро медонад. Медонад, ки дар ин садоҳо садои ошно нест, сипосгузорию вафо нест. Аксари зангҳо зангҳои хатоафтодагонанд. Рақами шиносашонро аниқ надониста, дигаронро овора мекунанд.Танҳо ба хотири ба гӯш нарасидани ин садоҳо ба ҳамсараш ишора мекунад, ки гӯшакро бардорад ва ё дарро кушояд. Тугмаи занги пушти дарро ҳам онҳое зер мекунанд, ки аз дунёи дигаранд, бо ӯ ягон муносибату наздикие надоранд. Аксарашон дорандагони хонахаранд.

«Хонаатонро фурӯшед, барои пиру кампир хонаи якҳуҷрагӣ кифоя.Розӣ шавед, хонаро бегона накунед, пули хуб медиҳем » гуфта худро чун пайванди онҳо мешуморанд.Сари чандин ҳамсояашонро, ки камбизоат шуда буданд, гаранг карда, хонаҳояшонро хариданд ва онҳоро ба гӯшаи дури шаҳр фиристоданд. Ба он гӯшае,ки дар он ҷо хонаҳо аз надоштани шароити хуб арзонтаранд.Хабар меояд, ки он фиребхӯрдаҳо ҳоли бад доранд, он ҷо таъмини обу барқу газ хуб нест.Ин дорандаҳо мехоҳанд, ки охирин намояндагони хонаҳои дар замонаш махсусро фиреб дода, сарсону саргардон намоянд. Не, дар ин бозӣ ҳаводор намеёбанд.Нақшаи кашидаашон барбод меравад. Хонаашро намефурӯшад. Бача дорад,ин хонаро мерос мегузорад.Бигузор баъди сараш ворисаш ин чор деворро фурӯшад.Ганҷинаи асосӣ- самари заҳматҳояш,ки аз фикри дар куҷо монданаш осудагӣ надошт, ҷои худро ёфт. Хонаи ҷиянаш Ҷовид бойгонии корҳои тадқиқотии тағояш шуд.Мӯйсафеду кампир аз миёни зангҳо зангҳои телефонии Ҷовидро мешиносанд.Занги дарро ҳам зер карданаш аз дигарон фарқ мекунад.

Гӯшакро бардор занак, Ҷовид аст, аз роҳи дур занг мезанад. Ғайри Ҷовид ва писарамон, ки садоравонкуниашон махсус аст, дигар ягон роҳдурӣ он тараф, наздиконамон ҳам ба мо фаромушгаштагон дар як сол як- ду маротиба занг мезананд.

Кампири Ҳалима оҳиста-оҳиста рафта гӯшакро мебардорад.Рост баромадани тахмини шавҳарашро тасдиқ мекунад.Ҷовид занг зада ҳолашонро мепурсад ва аз натиҷаҳои истеҳсолии боғу майдонаш мужда мерасонад.

– Меваи боғ имсол фаровон аст, чашм нарасад себу ангуру шафтолую нокро бо қувваи худӣ ҷамъ овардан ғайри имкон аст. Чормағз ҳам хуб бастааст, мевааш аз баргаш кам нест. Гандумро даравида, дар ҷояш полез кардем. Баъди бардоштани ҳосил дар замини картошка бодирингу помидор парвардем. Имсол соли пиёз будааст, фурӯхтем, анборамонро пур кардем, рӯи ҳавлиамонро низ пиёз пӯшонидааст, рӯзҳои наздик аз ҳамааш ҳаққатонро мефиристам.

 Кампир гуфтаҳои Ҷовидро як ба як ба хӯҷаинаш нақл кард ва илова намуд,-­ ҷиянат марди баномусу қабиладӯст аст, вале дар вақташ ба ӯ эътибори дуруст надодам, аз дастатамон меомад, дасташро нагирифтем, аз таги дилаш бохабар нагаштем. Умед дошт, ки ба ягон донишгоҳ дохилаш мекунем. Саводаш бад набуд, «Ту як бесавод, ту як дунёбехабар» гуфта, ба тори асабаш нохун задем. Бечора бо қувваи худаш имтиҳонҳоро супурда, аз нарасидани як хол донишҷӯ нашуд. Поквиҷдонии туро, ки хуб медонист, малол нашуд. Фаҳмидӣ, ки ғайри ҳамон решапайванд ягон кас парвоямон надорад.

– Коҳи кӯҳнаро ҳам бод кардан хуб нест. Худам ҳам аз хатои ислоҳнашавандаам хиҷолат мекашам. Хайрият, ки Ҷовид он рӯзҳоро ба ёд намеорад. Дили бузург дорад, дурандеш аст, ҷиян ҳам бошад, дар сафи вафодорон аз фарзандамон пеш аст. Баъди дар хонааш дидани чандин нусхаи китобҳои аввалинам, дар вақташ харида ҷилдпеч карда будааст, беихтиёр гирён шудам. Китобҳо гуё ки навакак аз чоп баромада бошанд, ягон доғ надоранд, батартиб дар ҷевон чида шудаанд.Китобҳои дар худамон бударо эҳтиёҷмандони бемаърифати замон гирифта, ба ҷои нусхабардор кардан, саҳифаҳои лозимиашонро канда гирифтанд. Қариб ягон китоб пурра нест, китобҳои ҳама саҳифаҳояш ҷо ба ҷо ва бе соядасти ман дар хонаи Ҷовид аст. Сад афсӯс, ки дар вақташ ба ҳама бо соядаст китоб додаму ба ҷиянам не. Акнун фаҳмидаам, ки ҷои решапайвандро ҳеҷ кас иваз карда наметавонистааст.Дар ҳуҷрае, ки махсус ба номи ман сохтааст,пур аз навиштаҷотҳои ман аст. Дар як гӯшаи дур аз шаҳр зиста, онҳоро кай ва аз куҷо ҷамъ оварда бошад, ҳайронам.Баъди дидани ин китобхона ӯро ягона нигаҳдорандаи осору нишонаи умрам хондам ва гуфтам, ки дар ин дунё фақат ба ту бовар дорам ва мехоҳам,ки китобу дастхатҳои дар хонаи худам бударо ҳам дар ин ҷо бубинам. Ҷовид ин васиятамро зуд ба ҷо оварда, омада ганҷинаи бебаҳоямро бурд. Гуфта будам- ку, дар рӯзи кушодани осорхонаи ба номи Шавкат Кабирӣ сарварони ноҳия ва дигар маърифатпарварони маҳал ширкат карда, ба ташкилкунандаи ин кори хайр – деҳқони оддӣ, вале решапайванди як олими фаромӯшшуда Ҷовиди Фирӯз аҳсану офарин хонданд ва ба ҳамин хотир ҷашни ҳаштодсолагии бандаро гузаронданд. Ба шумо як хабари дигарро нарасондам.Ғайр аз осорхона Ҷовид дар як кунҷи боғаш барои худамон хона бунёд кардааст, ҳарчанд, ки моро хонаи охират интизор аст. Ба ҳар ҳол як рӯз осудатар зистан давлати бузург аст. Қалам дар тасвири ҷои барои худамон интихобкардааш оҷиз мемонад.Аз пеши хона об мегузарад, дар як кунҷи боғ чашма аст. Дарахтони гуногун ва бӯи гулу гиёҳҳои атроф ба ҷон ҳаловат мебахшад. Агар ҳамроҳам ба ҷашн рафта, ҳамон манзараро бо чашмони худ медидӣ, дигар ба шаҳр барнамегаштӣ ва аз ҳамин муҳити ғавғо ва мардумони аз ҳоли ҳамдигар бехабар мегузаштӣ.Мегӯянд, ки бузургон дар деҳот ба дунё омада, дар шаҳр ҳайкал мешаванд.Рост мегӯянд, мавлудашон ба ёдбуд табдил меёбад. Барои ҳамин Ҷовид ният дорад, ки моро аз шаҳр ба деҳа, ба ҳамон мавзеъи биҳиштмонанд бубарад. Ту чӣ мегӯӣ?

– Мегӯям, ки ҳамон бесаводи мегуфтагият аз худамон дида дурбинтар будааст. Мо мардуми дар ободӣ афтода мақоли «Ганҷ дар вайрона»-ро фаромӯш мекунем. Ҳоло ҳам гуфт, ки шуморо дар паҳлӯям дидан ва кӯдаконамро ба хидмататон супурдан мехоҳам. Меҳрубонию садоқат ва одамгарӣ аз ин зиёд намешавад.

 Мӯйсафед дигар ҷавоби ҳамсарашу давоми ҳасратномаашро гуфта натавонист. Дар ҳамин ҷо ба суханаш нукта гузошт ва чашмонашро, ки пур аз нигоҳҳои ашколуд буданд, мисли пештара ба ҳамон нуқтаи номаълуми шифт дӯхт. Кампиракаш низ ба рӯи шавҳари дар пирӣ қадрнодидааш нигоҳ карда, ҳарфе ба лаб оварда натавонист. Ба фикр фурӯ рафта, заҳматҳои кашидаи роҳатнадидаашро бори дигар пеши рӯ овард. Дар шаст соли зиндагии якҷоя бо чи азобҳо гирифтор шудани ҳамқисматашро тасвир кунанд, даҳҳо қиссаи хотирмону ибратбахш мешавад. Кампири Ҳалима баъди лаҳзае ба муҳити хона ҳукми хомӯшӣ бахшидан тоқат накарда:-Чӣ ашки ноумедӣ мерезӣ, чаро ғами беҳуда мехӯрӣ? Наход бевафойи дунёро фаромӯш карда бошӣ? Хусусан дар замони мо ҳоҷати аз касе гила кардан нест. Касе бори нози касеро намебардорад. Зеро чашмони танги манфиат дидори маърифатро дидан намехоҳад. Вале ман то дами нафаси охирин бори нозатро мебардорам ва аз дидорат серӣ надорам. Мард барои зан ватан аст, ба ҳар ҷое, ки хоҳӣ, ҳамроҳат меравам, ҳатто мехоҳам, ки дар гӯр низ ҳамроҳат бошам. Вале то рӯзи рафтан ба он мулки биҳиштмонанду хонаи бо умед сохтаи Ҷовид ту ҳам бори танатро ба пушт напартофта, аз ҷой бархез, қаламу коғазат ва айнакатро бесоҳиб намон.Фаромӯш макун, ки айни ҳол мо дар бинои академикҳо зиндагӣ мекунем.Ба хотири ҳамин номи баланд мехоҳам, ки аз ҳисоби ҳар лаҳзаи боқимондаи умр рӯзҳои рӯ ба даргоҳи илм наовардаатро ҷуброн бикунӣ.

– Худат медонӣ, ки тадқиқот ва навиштани мақолаи илмӣ истифода бурдани иқтибос ва истифодаи маводҳои хазинавиро талаб менамояд.Ҷевонҳои холишудаи мо гувоҳи гардиши айём аст. Пештар ин биноро бинои академикҳо мегуфтанд, ҳоло бошад бинои кулфатзадагон мегӯянд. Маҳалла ҳам бо номи кулфатзадагон машҳур аст. Аз ин пас навиштани асару умрро сарфи тадқиқоте кардан бесуд аст. Зеро марсия барои меҳргумкардагон суруд ва ёдбуд рӯзи мавлуд аст …

Муҳаммад Ғоиб. Ифтихор (шеърҳо ва ҳикояҳо, нашри II.) – Душанбе, «Адиб», 2011, 224 саҳ.

Хондан 2144 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Шафақи субҳ Фалсафаи зиндагӣ »