JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 31 Августи 2017 06:32

Фалсафаи зиндагӣ

Муаллиф:

 Қисми зиёди мизҳои чойхонае, ки онро баъдтар ба мақсади афзудани даромад ба ошхона табдил доданд, банд буд. Дар сари ҳар миз ду-се касӣ, гоҳо чортанӣ нишаста, аз ҳар боб, бештар аз хӯрдану хуфтан, умри ғаниматро бо дилхушӣ гузаронидан, ҷону танро ранҷу азоб надодан ҳарф зада, гӯё озмуни меъдаи худро пур кардан доштанд. Мизҳоро шаробу кабоб, помидору бодиринг, кабудӣ, чакка, меваҷот ва дигар хӯришҳо зеб мебахшиданд.

– Бичашед, дар умрам ин хел чаккаи бомаззаро нахӯрда будам. Шаробаш ҳам тозаи тоза, ба фикрам, навбаромад, баъди чанде мефаҳмӣ, ки обаш андак зиёдтар шудааст- ба гӯш расид аз мизи наздиктарини дукаса. Сӯҳбатро марди бурутғафси биникалони лунҷҳояш даму каллааш калон ва китфпаҳн оғоз кард.

– Сад намудашро нӯшидаам, дар ин кор собиқаи зиёд дорам. Ин ҳам тозаи тоза нест, одами тоза ёфт намешаваду арақи тозаро аз куҷо меёбӣ? – илова кард ҳамтабақаш, ки пуштнокӣ нишаста буд ва чеҳрааш наметофт.

– Шуд, шуд, даҳонамро мепӯшам.Як гап гуфта, дар бало мондам. Аввал бигир, нагирифта чи баҳо медиҳӣ?

– Агар хомӯш бимонам, бовар дорам, ки ту бодирингу помидорро ҳам бедору мегӯӣ, ҳол он ки имрӯз бе дору ҷонро дар ҷисм нигоҳ доштан душвор аст.

 Гирди дигар мизҳои дуртар низ танпарварон ҳукмдори инони иштиҳо буданду пайи ҳам луқмаҳоро ба даҳон мебурданд, мехӯрданду мехӯрданд. Шояд дар ин лаҳзаҳо аз дил ҳам мегузаронданд: -Худоё, ё ҷонамонро бигир ё шикамамонро бузургтар бикун. Ростӣ,дар ин лаҳзаҳо садои газидани себу бодиринг, қулт кардани шароб ва хоидани устухон садоҳои нафаскаширо мавҳ мекард.

 Овози пасти барандаи радиои бари девор, гоҳо ба шунидани ин садоҳо, ки дар маҷмӯъ садои иштиҳо ном мегирифт, халал мерасонд. Агар атрофро ғайри садои ҷунбиши лабону дандонҳо садои дигаре иҳота намекард, оҳанге ширинтару пурмаънотар аз симфонияи хӯрдан, ки ба фаҳми бисёриҳо оҳанги аслии зиндагист, ба гӯш намерасид.

 Хусусан ҳамтабақҳои ҳамон мизи аз ҳама наздик менӯшиданду мехӯрданд ва дам ба дам суръати хӯрданро тезтар карда, сағалҳоро бегӯшт ва анору себу нокро ба пучоқ табдил медоданд. Чандин соғари пур аз шаробро ҳам холӣ карданд. Дар ин пойга аз онҳо гузашта, ба марра расидану ғолиб омадан ниҳоят душвор буд. Вақти расидан ба шишаи навбатӣ майли нӯшбодгӯӣ пайдо карданд. Баъд аз ин на танҳо дар корзори хӯрдан, балки дар минбари сухан ҳам ғолиб шудан мехостанд. Дастак задану овоз баланд кардан аз тан надодан ва сар задани ҷанҷолу хархаша гувоҳӣ медод. Вале зуд-зуд омадану рафтани пешхизматон, ки ҷилваҳояшон ҷилваи нарми мавҷи обро мемонд, оташи хашму ғазабашонро то андозае фурӯ менишонд. Пешхизматҳо бо либоси кӯтоҳу чокдори аврупоӣ, ки аз он пеши қафаси синаву бари ронашон метофт, диққати мизоҷонро ҷалб карда, ҳар гуна баҳсу хархашаро барҳам зада метавонистанд. Онҳо бо мӯи кӯтоҳу рӯи пардоздода ғофилонро мафтун карда, дар дили эшон умеди ба даргоҳи васл роҳ ёфтанро мепарвариданд. Баробари пайдо шуданашон чашмҳо дар панҷаи пилкҳо тоб хӯрда, пешвозашон мегирифтанду гуселашон мекарданд...

 Дуртар аз он тоифа дар паси мизе, ки дар рӯяш фақат як чойники чою ду пиёла метофт ва ба қисми чойхонаи бино мансуб буд, ду каси дигар менишастанд. Аз тарзи сухангӯию чеҳраи кордида ва қифҳои пурборашон маълум буд, ки зиёиянд. Онҳо ба суханҳои берабти танпарварон аҳамият надода, гапи худро мезаданд. Вале баъзе вожаҳое, ки баландтар садо медоданд, хоҳу нохоҳ ба гӯшашон расида, риштаи хаёлашонро ба сӯи овоз мекашиданд. Пешхизматҳо дидори онҳоро, ки мизро банд карда, суръати бозори даромадро паст мекарданд, хуш надоштананд. Онҳо низ ба танпарварон, ки сабабгори дар паси пардаи хоб мондани пардаҳои умеду омол мешуданд ва ғайри фикри даромади ҳамонрӯзаи худ дар сар андешаи дигар надоштанд, бо дидаи нафрат менигаристанд. Сари ин миз ҳам сӯҳбат идома дошт, ду зиёӣ табодули назар менамуданд.

– Хомӯшии аз ҳад зиёд ҳам хуб нест. Хомӯшӣ пешаи мурдагон аст, зинда бояд гап занад, фикру ақидаашро иброз намояд, пешниҳодеро тасдиқ ё инкор кунад. Гоҳ-гоҳ забон баровардан ҳам бадӣ надорад…

–  Рост. Ман ҳам дар умри нимасраам садҳо китоб хонда, шабҳоро ба бедорию андешаҳои зиёд рӯз карда бошам ҳам,вале маънии зиндагиро ба қадри зарурӣ нафаҳмидаам. Ҳамин қадар фаҳмидаам, ки маънии фалсафаи зиндагӣ якеро фиреб додани дигаре будааст. Масалан ҳунарманд наът мехонад:-

 Луқмони Ҳаким хонааш хору хас аст,

 Меҳмони равандаро ҳамин кулба бас аст.

 Ё худ:

 Дунёра ба худ вафо надидем, гузашт,

 Ангушти пушаймонӣ газидем, гузашт.

Таъкид мекунад, ки молу зар душман аст, ба дунёи фонӣ дил набандед, вале чашмони худаш ба ҷайби маъракадор аст. Мехоҳад, ки пул ҷамъ карда, ҳарчи зудтар сохтмони хонаашро ба охир расонад, мошини тамғаи хориҷӣ бихарад, истироҳатҷояшро ободтар намояд. Вале барои сайқал додани ҳунар ва афзудани теъдоди сурудҳояш кӯшиш намекунад. Ҳамон панҷ-даҳ суруди дар ҷавонӣ азхудкардаашро маърака ба маърака хонда, пул кор мекунад. Аксари муллоҳо низ роҳи осони зиндагиро пеш гирифта, тан ба заҳмат намедиҳанд. Ба ҷуз азёд кардани чанд ояту ҳадис дигар китобҳои ирфониро варақ намезананд ва аз усулҳои нави қироат ғофил мемонанд. Фақат бо роҳи ҷустани ҳаводори кундзеҳну танидани тори фиреб соҳиби амвол мешаванд. Шароити зисти худро беҳтар мекунанду ҳамсари нав мегиранд.

 Ҷавоне ҳам барои ба даст овардани дили нозанине худро ошиқи шайдо хонда, «Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро», «Бе ту як лаҳза зистан марг аст.» -мегӯяд, вале боз мебинӣ,ки зинда аст. Гуфтам- ку, маънии фалсафаи зиндагӣ ҷуз фиреб додани яке дигареро чизи дигаре нест.

–  Ман ба гуфтаи шумо сад андар сад розиям. Саҳнаи зиндагӣ аслан аз маводи макру фиреб сохта шудааст. Савдогар аз тарозу ва бофанда аз тору пуд мезанад.

– Бовар бикун, гоҳо аз ноумедӣ ба ҷон расида, «аз донистан надонистан беҳтар» мегӯям. Доно ки шудӣ, ҳама макру фиребро пай мебарӣ, хиёнаткору ҷосусро аз тарзи нигоҳаш мешиносӣ, сар задани фитнаву ошӯбҳоро пешакӣ эҳсос мекунӣ, неку бадро аз ҳамдигар фарқ менамоӣ ва дар ботлоқи андеша афтода, ба марг рӯ ба рӯ мешавӣ ва дилат аз зиндагӣ мемонад.

–  Чӣ илоҷ! Сари роҳи макру фиреб ва дурӯғро гирифтан кори осон нест. Ҳама кору кирдори бад эҷоду офаридаи худи инсон аст. Худованд зидди хислатҳои бад аст, мехоҳад, ки бандагонаш фақат ба роҳи ростию покӣ қадам гузоранд, ба додаҳояш-ақли расо, чашми бинову гӯши шунаво, пои равону дасти гиро шукр карда, дар маҷмӯъ ба қадри тани солим бирасанд. Вале ношукрон баъди даст ба ҳаққи мардум задан ва аз ҳисоби ришва гирифтану андак доро шудан худписанд мегарданд, фукро ба осмони ҳафтум бардошта, заминро намебинанд ва кӯҳ дар назарашон тали коҳ метобад. Дар маъракаҳо шиносону қадрдонҳои деринаро нодида мегузаранд, ҳатто решапайвандони худро суроғ намекунанд.

– Халқ рамаро мемонад, ба ҳар тарафе ,ки гӯянд, рафтан мегирад. Асосгузори ҳама рафторҳои номатлуб худи ҳокимонанд. Чиркиниҳо аз онҳо рӯ зада, ҷомеаро иҳота мекунанд. Ба гуфти Саъдии бузург: «Агар ҳоким аз дарахте мевае барканад, раъият шохаву навдаҳоро меканад» . Сиёсати сарвар дар амалаш таҷассум меёбад. Агар гуфтору кирдораш ба ҳам мувофиқ бошад, нуран ало нур мешавад. Мардум ӯро дӯст медоранд, ба қадраш мерасанд.

– Ҳақ ҷониби туст. Инсон дар кадом муҳите, ки умр ба сар мебарад, ҳамон муҳитро медонад ва то дер дар доираву таъсири он мемонад. Ба ҷараёни зиндагиву сиёсати ҳамон давр ва ба шунидаву дидаҳояш баҳо дода метавонад. Аз байни даҳҳо сарваре, ки дар аҳди мо ба сари қудрат омаданду рафтаанд, фақат номи чанде аз онҳо ба лавҳаи хотирам мондааст. Ман, ки аз ту солортарам ва парвардаи даврони Иттиҳоди шӯравиам, аз рӯи шунидаҳову хондаҳо Сталинро ҳамчун сиёсатмадори бузург ва доҳии ҳақиқӣ эътироф мекунам. Ба гуфтаи Черчил, Сталин Россияро бо ассо қабул карда, бо бомбаи атомӣ боқӣ гузошт. Солҳои дароз як мамлакати бузургро идора карда, дар ҷанги даҳшатбор марзу буми қаламравашро ҳимоя ва ғалабаи артишро таъмин карда тавонист. Вале дар рӯзи марг аз бисоташ попӯши нав пайдо накарданд. Ҷонсахттарин сарвар ва ба номаш мувофиқ будааст Сталин.

–  Андропов ҳам, рӯҳаш шод бод, сарвари андак набуд, дар муддати кӯтоҳи ҳокимӣ табаддулот кард, вале дарёдаркашон ба сиёсаташ тоб наоварда, риштаи умрашро бармаҳал барканданд. Бечора, орзуҳояшро ба хок бурд.

– Косигин ҳам одами хуб ва иқтисодчии бузург буд, низоми нархро дар меъёраш нигоҳ дошта метавонист.

–  Таърих фаромӯш намешавад. Заминларзаи Арманистону ашкрезии Николай Рижков ҳаргиз аз ёдам намеравад. Дар он рӯзҳои талх, гӯё ҳеҷ ҳодиса рух надода бошад, Михаил Горбачёв парво надошт.

–  Медонӣ, сурати шерозаи сиёҳдоштаи собиқ сарвазир Виктор Чернамирдинро дида, барои аз дунё гузаштани як марди оқилу хирадманд ашки ҳасрат рехтам. Владимир Путинро ҳам барои аз вартаи бесарусомонӣ раҳонидани Россия дӯст медорам.

 Шояд баъзеҳо бигӯянд, ки агар Иттиҳоди Шӯравӣ абарқудрат мебуд, магар барҳам мехурд? Дигар аз ин ҳаводорию таассуф чӣ фоида? Сад ҷон биканӣ ҳам, оби рехтаро ҷамъ карда нашавад?! Мо худамон соҳибдавлатем, дигар вобастаи он Иттиҳод набошем. Ин нуқтаи назар хатост. Ватандору миллатдӯсти ҳақиқӣ боз башардӯст ҳам мешавад, бузургони кишварҳои бегонаро ҳам эътироф карда, меҳрашонро дар дили худ ҷой медиҳад. Мисли он ки сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи «Об барои ҳаёт» -ро ба оламиён пешниҳод кард. Ҳол он ки худи мо аз ҷиҳати таъмини об ягон ташвиш надорем. «Бани одам аъзои якдигаранд» гуфтан ҳамин маъниро дорад.

– Ҳайфи Саддом Ҳусейн, ки қурбонии фитнаи Ҷорҷ Буш шуд. Диктатураи кӯҳнаи он кас аз демократияи навини Буш садҳо маротиба хубтар буд. Бо сари баланд ба зери дор рафту сар нафуровард. Баъди марги ӯ Ироқ ба харобазору мотамхона табдил ёфт. Ҳар лаҳза таркиш, ҳар қадам таҳдиди марг. Ҳар рӯз риштаи умри даҳҳо нафари бегуноҳ канда мешавад. Агар нишони гирифтаи ҳамон хабарнигори ҷасур ба ҳадаф мерасид ва аз кафши партофтааш ба сари Буш доғе мемонд, доғи сиёсат муаррифӣ мешуд, ки маънои давоми муборизаҳои ҷабрдидагонро дошт. Партофтанаш ҳам партофтани маводи таркандаро мемонд ва дар худ бедор шудани хуфтагонро таҷассум мекард. Буштинатон метавонанд донишмандони бузургро ҳам ба гирдоби гуноҳи кардаи худ бикашанд. Китоби «Ҳаёт, марг ва бемаргӣ», ки аз қисмати Алберт Эйнштейн ҳикоят мекунад, бозгӯи фитнаҳои ин тоифаи манфур аст. Ихтирои ба хотири таъмини осудагӣ кардаи олимро барои пиёда кардани сиёсати ҷангҷӯёнаи худ дар Херосима ва Нагасаки озмуда, ҳаётро дар он мавзеъҳо ба марг табдил доданд. Баъд аз шунидани ин даҳшат олими бузург гирифтори авзои девонагӣ шуда, оқибат гуноҳкорона оламро падруд гуфт.

– Хонаи фитнакорон бисӯзад. Қариб буд,ки кишвари моро ҳам аз харитаи ҷаҳон нест кунанд. Хушбахтона, Худованд ба сари қудрат сарвари ғамхору дурандеш овард.

– Сарварӣ ҳам кори ҳар кас нест. Бояд сарвар баробари доноӣ ва дасту дили пок доштан боз нотарсу далер бошад, аз мушкилот наҳаросад. Гаправ набошад, дар симои дӯст душманро набинад. Зеро дарбор ҷоест, ки ҳар дарборӣ барои мустаҳкам шудани мавқеи худ муборизаи ошкору ниҳон мебарад, дар дили худ нисбат ба оқилону хирадмандон ҳисси бадбинию кина мепаварад, барои аз дарбор дур шудани онҳо роҳ меҷӯяд. Манфиатҷӯён маърифатҷӯёнро сиёҳ мекунанд. Аксари сарварон бехабар аз ғаразҳо ба тоифаи бадкор бовар карда, бегуноҳонро гирифтори азоби алим мегардонанд. Ҳатто Анушервон ба хабаркашон эътимод баста, вазири донояш Бузургмеҳрро аввал зиндонӣ, баъди узр напурсидан чоҳнишин кард. Ва боз барои узр хостани вазир надимро назди ӯ фиристод. Вазири хирадманд чунин посух дод:

– Ба шоҳ бигӯй, ки ин чоҳи торик аз даргоҳи шоҳ пурнуртар аст. Баъди ин ҷавоб бо фармони шоҳ Бузургмеҳрро дар танури оҳанини мехдор, ки мехҳо бар баданаш мехалиданд, ҷой карданд. Вақте ки фурсати дуруст будани пешгӯиҳои вазири доно расид, шоҳ аз карда пушаймон шуда, барои раҳидан аз вартаи мушкилот боз ба Бузургмеҳри рангаш хазону чашмонаш камнур рӯ овард. Бо маслиҳати вазири доно бо қайсари Рум сулҳ баста, на танҳо кишварашро аз ҳуҷуми лашкари турк эмин нигоҳ дошт, балки қаламравашро дар шарқ то марзи Ҳинду Чин, дар ғарб то кишвари Яман васеътар кард. Як қисми замини ниёгонро аз ихтиёри давлати Рум гирифт. Бо ин ҳама бузургӣ пеши рӯ овардани хатоҳои дар ҳаққи Бузургмеҳр содиркардааш, куштани ду писару ду бародар ва дигар хунрезиҳо осудагиашро барҳам мезаданд.

– Рост, сарварӣ кори ниҳоят сангин аст. Ҳоким хоҳу нохоҳ ба фитнаҳои атрофиёни хушомадгӯ ва тамаъҷӯ бовар мекунад. Кайфияту лаззати давлатдориро ҳам дар ҳамин заҳри ширин мебинад. Оё мумкин нест, ки баъди омӯзишу санҷишҳо фақат инсонҳои дурандешу худшинос ба дарбор даъват карда шаванд?

– Ин ҷиҳатҳоро танҳо рӯҳшиносони ҳақҷӯ муайян карда метавонанд. Вале сад афсӯс, ки ҳанӯз дар кишвари мо рӯҳшиносон мавқеъ надоранд. Шояд дар ояндаҳои дур ба ин масъала эътибор дода шавад. Масалан, ба шунидам, ростӣ бо чашмони худ нахондаам, дар кишвари Ҷопон ҳам сарварон ва ҳам коргарони оддии ба коргоҳ воридшаванда аввал аз муоинаи рӯҳшиносон мегузаранд. Агар авзои коргаре нохуб маънидод шавад, дастгоҳи он коргарро ба ихтиёри коргари авзояш хуб медиҳанд. Он кас ҳарду дастгоҳро назорат карда, музди иловагӣ мегирад. Ба коргаре, ки аз санҷиш нагузашт, низ имтиёз дода мешавад. Сабаби торафт баланд шудани сифати маҳсулот ва дар бозори ҷаҳон мавқеи мустаҳкам пайдо кардани кишвари Ҷопон низ дар ҳамин аст.

– Инаш бахайр. Дар он ҷо барои сохтани асбобе ё дастгоҳе ба ихтирокорон имтиёзи дарозмуддат дода, барояшон ҳамаи шароитҳои зиндагиро муҳайё мекунанд. Онҳо даҳ-бист сол фақат сари ҳалли масъалаи ихтирои худ андеша карда, оқибат гиреҳи мушкилотро мекушоянд. Дар фурӯши аввал ҳама хароҷотро барзиёд ҷуброн карда, даҳҳо маротиба фоидаи соф мегиранд. Касони аз ин ҷиҳатҳо бехабар дар маъракаҳо беҳуда ҷор зада, сабаби пеш нарафтанро дар суханофарӣ мебинанд ва ба сари шоиру нависанда борони таънаву маломат мерезанд.

–  Бо роҳи қалам то куҷо меравем? Бо сухан шикам сер нашавад. Аз ҳазор шеъру суруд як дучарха баровардан беҳтар. Даҳони яке аз ҳамон фитнаҷӯёни танпарварро бастам. Гуфтам, ки шеърашро ман навиштам, чаро ту ба ҷои маърака ба маърака шикам чаронда гаштан домани ягон шуғли дигарро немодорӣ?

–  Нагуфтӣ, ки «Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст»? Ва боз ворисони киҳо буданатро ба ёдаш наовардӣ? Таъкид накардӣ, ки таърихро як бори дигар варақ бизанад . Аз ҷаҳонро бе ҷангу бе хун гирифтани ниёгон бохабар шавад. Бидонад, ки ҷавшанашон дафтару ханҷарашон қалам буд. Сарбози зафарёрашон сухани пуралам буд. Тақвими Хайёму муодилаҳои Ал-Хоразмӣ ва фармудаҳои Сино, ки донишмандони ҳамаи давру замонҳо аз онҳо баҳра мебаранд, магар бузургтарин эҷоду ихтироъ нестанд? Баъзе қонунҳои Нютонро ҳам ба Хайём нисбат медиҳанд, ки ба ҳақиқат наздик аст. Оё «Сиёсатнома»-и Низомулмулк пурарзиштарин китоб барои сиёсатмадорон нест? Ҳаст, вале бовар дорам, ки баъзе амирону вазирон вуҷуд доштани чунин китобро намедонанд. Барои исботи бузургии ин миллат боз садҳо мисол овардан мумкин аст. Масалан, дар ҳазор соли бедавлатӣ забону ҳастии худро нигоҳ доштан ва муборизаи қаҳрамононаш барои қисмати фардои миллат магар нишонаҳои бузургӣ нестанд?

 Ҳоло дар мамлакатҳои бузург «Маснавии Маънавӣ»-ро мехонанд.Агар ба маъниҳои офаридаи Бедил сарфаҳм мерафтанд, шояд дигар китобро варақ намезаданд.

–  Ба кӣ мегӯӣ, гӯши суханшунав куҷо, дидаи эътибор ку? Замони танпарварон расида бошад ҳам, медонам, ки дар роҳу растае, дар гӯшаву манзиле, дар дурии дуре ва ё дар хилватгоҳе дидаҳои назоратгари равшандилоне вуҷуд доранд. Онҳо метавонанд, ки бо неруи дасти фаҳми баландашон занҷири ин лангари дарозафкандаро кашида, дар лаҳзае муҳитро дигар бикунанд. Вале ба рафти ин ҷараён, ки ҳубоб дами мавҷашро гирифта наметавонад, халал расондан намехоҳанд. Медонанд, ки ин дарё рӯзе маҷрои худро меёбад. Ба хотири озодию соҳибистиқлолӣ ва давлатдорӣ, ки орзуи ҳазорсолаи ин қавм буд ва акнун насабашон гаштааст, сабрро пеша карда, интизори рӯзҳои нек мешаванд. Шукр мегӯянд, ки ватан доранд, ҷони осуда дар бадан доранд. Роҳу пул сохта, даргоҳи умед бунёд мекунанд, вайронаҳоро обод мегардонанд, худро аз бастаҳои боқимонда озод месозанд. Ин ҳама барои ихтирову дастовардҳои нав заминаанд, барои расидан ба қуллаи мақсад зинаанд…

 Торафт баландтар шудани овозҳои мизи ҳамсоя риштаи сӯҳбати ду зиёиро барканд. Ба теғи чашм ба он сӯ нигаристанд. Гуфтугӯҳо торафт тезу тунд ва ҳолатҳои сархушӣ мураккабтар гашта, ҷаҳишҳову афтишҳо пайдо менамуданд. Хомӯшӣ мақомашро ба фарёд медод. Боқимондаи шишаи дуввумро ҳам ба соғар рехтанд.

– Инашро ҳам мегирем. Вале пеш аз нӯшидан сухани кӯтоҳи туро шунидан мехоҳам.

–  Ростӣ, чӣ гуфтанамро намедонам. Фақат як сухани Авиценаро, ки ба фикрам фалсафаи чуқур дорад, ёд овардан ба маврид аст. «Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст» гуфтанаш беҳуда набудагист.

– Исто! Магас гуфта, маро дар назар дорӣ? Худат магас. Таъкид мекунам, ки бо ман шӯхӣ макун, хоки ман аз теппаи баланд аст, вориси одамони бузургам. Маҷбурам, ки аз кадом шаҷара буданамро бигӯям. Не, ҳоло намегӯям.

– Нагӯӣ ҳам, фаҳмидам, ман ҳам аз ҳамон шаҷараам.

–  Ҳаминро барвақтар мегуфтӣ, намешуд? Ҳар ду аз як реша будаему ифтихор карданд онҳо ва хостанд, ки аз ҷо бархоста, ҳамдигарро оғӯш бигиранд, натавонистанд. Дар пояшон мадор намонда буд, фақат даҳон доштанду халос.

 Тали пучоқу устухон ва шишаҳои холишуда аз эҷоду ихтирояшон ҳикоят мекард… 

Муҳаммад Ғоиб. Ифтихор (шеърҳо ва ҳикояҳо, нашри II.) – Душанбе, «Адиб», 2011, 224 саҳ.

Хондан 2436 маротиба