JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 24 Майи 2021 11:37

«Луғати яғнобӣ-русӣ» – сарчашмаи муҳими лексикографӣ дар шинохти забони суғдии нав

Муаллиф: Рамазонӣ Самадов

  Забони яғнобӣ ба гурӯҳи шарқии забонҳои нави эронӣ мансуб аст. Баъзе муҳаққиқон яғнобиёнро аз халқиятҳои Помир пиндошта, забонашонро ба забони ҳиндӣ нисбат медоданд. Дигарон тахмин мекарданд, ки забони яғнобӣ боқимондаи яке аз шеваҳои қабилаҳои сакоӣ аз водии дарёи Сорбо ва Ромит аст. Баъди дар ибтидои асри XX дар Туркистони Шарқӣ ёфт шудани осори забони суғдӣ маълум шуд, ки забони яғнобӣ идомаи бевоситаи яке аз шеваҳои забони дар ҳозира матруки суғдӣ будааст. Аз ин рӯ, забони яғнобиро забони «суғдии нав» ҳам меноманд (15, 37). Ин забон аз ду шева – ғарбӣ ва шарқӣ таркиб ёфтааст. Забони яғнобӣ фақат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (то даҳаи ҳафтуми асри ХХ асосан дар мавзеи Яғноби водии Зарафшон) паҳн шудааст. Як қисми яғнобиён ҳанӯз дар асри XVIII ба дараи Варзоб омадаанд. Солҳои 50-уми асри XX муҳоҷирати яғнобиён ба водии Ҳисору шаҳри Душанбе авҷ гирифт, минбаъд баҳори соли 1970 ҳамаи яғнобиёнро ба ноҳияи Зафаробод кӯчониданд. Охири солҳои 80-уми асри XX аз нав гурӯҳи муайяни яғнобиҳо барои обод кардани дараи Яғноб камар бубастанд ва ҳоло миқдори муайяни аҳолии яғнобизабон дар ин ҷо умр ба сар мебаранд. Дар шароити кунунӣ яғнобизабонон дар дараи Яғноб, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ноҳияҳои Варзоб, Ёвон, Зафаробод ва дар бархе аз ноҳияҳои тобеи марказ зиндагонӣ мекунанд.

  Аввалин маълумоти илмӣ доир ба яғнобиёну забони яғнобӣ соли 1870 аз ҷониби Александ Людвигович Кун дода шудааст. Баъд аз он таваҷҷуҳи муҳаққиқон ба забон, таърих ва фарҳанги яғнобиён зиёд шуд. Минбаъд Карл Германович Залеман, Иван Иванович Зарубин, Михаил Степанович Андреев, Елена Михаиловна Пешерева, Алберт Леонидович Хромов, Сергей Иванович Климчитский, Михаил Николаевич Боголюбов, Антонино Константиновна Писарчик ба омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни забон ва мардумшиносии сокинони дараи Яғноб пардохтанд. Онҳо ҳангоми сафар аз забони мардум афсона, ривоят, шеър, луғатҳоро навишта, баъдтар маводи ҷамъовардашударо дар шакли китоб ба чоп расонида, онҳоро ба забонҳои дигар тарҷума карданд. Маҳз тарҷума кардани матнҳои забони яғнобӣ заминае фароҳам овард, то ки луғатномаҳои тарҷумавӣ, бахусус, луғати яғнобӣ-русӣ ба миён ояд.

  Яке аз чунин луғатҳо «Ягнобские тексты» («Матнҳои яғнобӣ») мебошад, ки соли 1957 ба чоп расидааст. Луғатнома аз ду бахш: матнҳо ва луғот иборат буда, ҳарду бахш дорои муқаддимаи алоҳида мебошад. Муаллифони ҳар ду муқаддима шарқшиносон Владимир Аронович Лившитс ва А. К.Писарчик мебошанд. Ин ду донишманд дар таҳияи ҳар ду бахши асари илмии мазкур заҳмат кашидаанд.

  Бахши аввал – «Матнҳо»  аз саҳифаи аввал то саҳифаи 215 идома меёбад, ки он аз афсона, суруд, ривоят, воқеаю саргузаштҳои ҷолиби ҳаёти яғнобиён иборат аст. Маводи мазкурро М.С.Андреев ва Е.М.Пешерева аз забони аҳолии дараи Яғноб солҳои 1924-1927 зимни сафарҳои илмияшон шунидаву навишта гирифтаанд.

  Бахши дуюм «Словарь» («Луғат») номгузорӣ шудааст, ки бахши лексикографии асари мавриди назар ба ҳисоб меравад.  Ин бахш аз саҳифаи 216 оғоз гардида то охири асар – саҳифаи 395 давом мекунад.  Луғати мазкурро А.В.Лившитс ва А.К.Писарчик мураттаб намудаанд. Муҳаққиқ М.С. Андреев картотекаҳои зиёдеро ҷамъоварӣ намуда буд, ки онҳоро минбаъд мураттибони асар ба луғат ҳамроҳ кардаанд.  Аз ин рӯ, дар таҳияи луғат М.С.Андреев, А.К. Писарчик ва В.А.Лившитс ҳамсаҳманд. Луғат дорои арзиши лексикографӣ буда, дар он илмӣ фаровон истифода шудааст.

  Луғат аз рӯи тартиби алифбои лотинӣ таҳия шуда, шарҳи калимаҳо ва тарҷумаи ҷумлаҳои шоҳид ба забони русӣ мебошанд.

 Сарчашмаҳои фарҳанг. Сарчашмаи асосии луғат худи «Матнҳои Яғнобӣ» мебошад. Мураттибони луғат зимни шарҳи вожаҳо аз ягон фарҳангнома суд наҷустаанд. Ҳангоми таҳлили моддаҳои луғавӣ барои исботи мавҷудияти ин ё он калима дар забонҳои дигар ва муқоисаи шаклу маънои онҳо зиёда аз 30 асару мақолаҳои муҳаққиқон С.И.Климчитский, К.Г.Залеман, М.Н. Боголюбов, Василий Иванович Абаев, Александр Арнолдович Фрейман, Валтер Бруно Ҳеннинг, Владимир Карлович Мюллер истифода бурдаанд, феҳристи онҳо дар аввали луғатнома овардаанд (2, 221-222).

 Лексикаи луғатнома аз ном ва сифати предметҳо, ҳаракат ва аломати ҳаракат ва ғайраро иборат мебошад. Мувофиқи шумори мо, «Луғати яғнобӣ-русӣ» дорои 3221 калима ва ибораҳои дар забони яғнобӣ мавҷударо фаро мегирад.

 Истилоҳоти соҳаи чорводорӣ ва баъзе калимаю ибораҳои ба ин соҳа иртибот доранд, бештар дар луғат ба мушоҳида мерасад, ки албатта бесабаб нест. Чунки шуғли асосии мардуми дараи Яғноб аз гузашта то имрӯз чорводорӣ мебошад. Калима ва ибораҳои соҳаи чорводорӣ дар забони яғнобӣ хело фаровон истеъмол мешаванд. Дар  луғати мавриди тадқиқ тедоди ин гуна вожаҳо зиёд ба чашм мерасад. Намуна: дубуза – двухлетний телок (гӯсолаи дусола) (2, 249), рун // рон – ягненок (барра) (2, 315), қушқор // қучқор – баран производитель (гӯсфанди нарина) (2, 280), санча – козленок (бузғола) (2, 318), сумб – копыто (сум) (2, 324), сурук – гурт баранов, стадо скота (галаи гӯсфандон) (2, 324), солуқ, солуғ – овца (гӯсфанд) (мураттибони луғат онро вожаи ӯзбекӣ донистаанд) (2, 323), зоча ғов – корова (гов), дойная корова (гови дӯшоӣ) (2, c. 368), ҷауҷӣ – удила (оҳани лаҷоми асп) (2, 266). Феъли ҷавидан дар «Фарҳанги форсии Амид» ба маънои «хурд кардани чизе дар зери даҳон, хоидан» омадааст (3, 416). Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки феъли ҷавидан дар забони яғнобӣ ба исми ҷауҷӣ // ҷавҷӣ мубаддал гаштааст.

  Бархе аз вожаҳои зикргардида, аз қабили зоча ғов, солуғ ва ҷавҷӣ дар «Фарҳанги яғнобӣ ба тоҷикӣ (истилоҳоти чорводорӣ)»-и Неъматов Гулмурод ба назар намерасанд (7). Аз муқаддимаи фарҳанги мазкур маълум мешавад, ки онро мураттиб бар асоси истилоҳоти чорводории аз сокинони маҳаллаҳои яғнобнишини ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ ва Ҳисор бадастовардааш тартиб додааст (7, 4). Аз ин ҷо бармеояд, бархе аз вожаҳо марбут ба соҳаи чорводорӣ дар яғнобзабонони атрофи пойтахт аз байн рафтаанд.

 Соматизимҳо. Дар луғатнома калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои узви бадани инсон мавҷуд аст, ки теъдоди онҳо аз 80 зиёд мебошанд: ситак – кость  (устухон) (2, 322), вахин – кровь (хун) (2, 351), чилик –мизинец (ангушт) (2, 239), диндак – зуб (дандон) (2, 247), ғурда – глаз (чашм): Ғурдай такивекш ғоракаш аст – Ба зери чашмонаш нигоҳ карда истодааст (2, 259).

 Феъл. Ҳиссаи муайяни лексикаи забони яғнобиро феъл ташкил медиҳад. Тибқи назари забоншинос А.Л. Хромов «бештари калимаҳои хоси забони яғнобӣ ҷонишин ва феъланд» (13, 48).  Дар луғати мавриди назар 400 моддаи луғавии марбут ба феъл дарҷ шудааст. Яке аз вижагиҳои шарҳи феълҳо дар он аст, ки мураттибони фарҳанг чанд шакли як феълро оварда, фақат шакли масдариашро шарҳ додаанд. Масалан, дар феъли киррак (хоридан) аввал асоси замони ҳозираи феъл баъдан сифати феълӣ ва шакли масдарии он меояд: кир (хор), киррта (хорида), кирна (хоранда), киррак – чесать (хоридан) (2, 273). Ё феълҳои зеринро низ метавон мисол овард: тухой (куш), тухаста (кушта), тухойна (кушанда), тухояк – убивать (куштан), (2, 339); осир (хунук хӯр), осирта (хунук хӯрда), осирна (хунук хӯранда), осирак – мерзнуть (хунук хӯрдан) (2, 299).

 Ҷонишин. Дар луғати мавриди таҳил ҷонишинҳои саволӣ нисбат ба дигар хели ҷонишинҳо бештар ба чашм мерасанд: чоф – сколько? несколько (чанд, чӣ қадар) (2, 240), чо – что? (чӣ) (2, 239), чо кара – что, за каким образом? каков? (чӣ хел, чӣ гуна?) (2, 239), ках – кӣ (2, 268), ком // кум – который? какой? (кадом) (2, 273), чу – почему? зачем? (барои чӣ?) (2, 241), чуке – бари чӣ? (2, 241). Ҷонишинҳои чу ва чуке бо ҳам муродиф буда, чу дар гӯиши ғарбии забони яғнобӣ ва чуке дар гӯиши шарқӣ маҳфуз аст.

  Дар радифи ҷонишинҳои саволӣ инчунин бархе аз ҷонишинҳоро низ метавон овард: иш – ин (2, 264), шумох – шумо (2, 328), тав –  ту (2, 333), наҳват – именно там (ҳамон ҷо) (2, 292), ниҳеш – этот самый (ҳамин) (2, 290).

 Шумора ва воҳидҳои ченак. Шумора ва воҳидҳои ченакҳо дар луғат зиёд шарҳ ёфтаанд, ки онҳоро чунин дастабандӣ намудан мумкин аст:

а) якрешагӣ: ду – два (2, 249), и – один (як) (2, 261), чил – сорок(2, 223), нав – девять (нуҳ) (2, 292).

б) шумораҳое, ки гунаи тоҷикашон низ шарҳ дода шудаанд (мураттибон ҳангоми шарҳи шумораҳои яғнобӣ шакли суғдии онҳоро низ овардаанд) ухш  – шесть (шаш), суғдӣ: wɣwšw (uxušu) (2, 342); панч – пять (панҷ), суғдӣ: pnč (2, 302). Ҳамчунин ҳангоми шарҳи шумораҳои тоҷикӣ дар радифи онҳо гунаи яғнобиашро зикр гардидааст: панҷ пять (панч) (2, 302); шаш шесть (ухш) (2, 325). Яке аз хусусиятҳои луғат дар он зоҳир мешавад, ки дар овардани шумораҳо гунанокии онҳоро низ ба инобат гирифтаанд: панҷоҳ // панҷо-пятьдесят (2, 302); панҷсад // пансадпятьсот (2, 302); сад // сат – сто (2, 317).

  Воҳидҳои ченак: ман мера веса (ченаки вазн) (в Ягнобе имел хождение гиссарский ман, около 9 пудов) (дар Яғноб мани Ҳисор, ки ба 9 пуд баробар аст, роиҷ буд) (2, 284). Вожаи ман  дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин тавзеҳ ёфтааст: ман – миқёси вазн, ки дар ҷойҳои мухталиф гуногун будааст, масалан: мани Самарқанд- 8 пуд, мани Табрез – қариб 3 кг аст ва дар истилоҳи шариат як ман (мани шаръӣ) 180 мисқол (846 г) аст (11, 630).

  Истифодаи шумора дар «буҷулбозӣ», ки дар бештари аз манитоқи Тоҷикистон, ба хусус дар кӯҳистон яке аз бозиҳои маъмулӣ ба ҳисоб меравад, ба назар мерасад. Буҷулшуморӣ дар забони яғнобӣ бо вожаи шак ифода мешавад. Масалан «и (як) шакки» (се буҷул), «ду шакки» (шаш буҷул), тирай // сарай (се) шакки (нуҳ буҷул). Аз ин ҷо шумораҳои и (як), ду (ду), тирай // сарай (се) маълум буда, вожаи шак каме таҳлил мехоҳад. Мураттибони луғат шак-ро «3 астрагал – счет при игре в кости» (3 буҷул – шумориш дар буҷулбозӣ) шарҳ дода, сарчашмаи вожаи зикршударо аз ϑraya (срая)-и  порсии қадим дониста, инчунин гунаҳои онро дар забони суғдӣ šē «се», хоразмӣ šīk «сегона» нишон додаанд (2, 325). Ба гуфти суғдшинос Бадруззамони Қариб дар матнҳои динии марбути забони суғдӣ гунаҳои дигари вожаи šē ба чашм мерасад. Масалан, дар матнҳои буддоӣ: šy //šē «се» (4, 379), масеҳӣ: štyk – «севвум» δry// ϑrē (дар бештари мутун) (4, 377). Аз ин бармеояд, ки шакк-и буҷулшуморӣ аз шумораи «се» гирифта шудааст.

  Шумораҳои хоси лаҳҷа. Баъзе шумораҳо дар гӯиш фарқ доранд. Шумораи тирай // сарай (три) се (2, 336) дар гӯиши ғарбии забони яғнобӣ сарай ва тирай талаффуз шавад, дар гӯиши шарқӣ ба гунаи тирай маҳфуз аст. Шумораи туфор // тафорчетыре (чор) (2, 344) – туфор дар лаҳҷаи шарқӣ ва тафор дар лаҳҷаи шарқӣ талаффуз мешавад.

  Вожа ва ибораҳои маъноҳояшон маҳдудгашта. Дар  луғат бархе аз вожаҳоеро мебинем, ки имрӯз дар забони яғнобӣ маъноҳояшон маҳдуд гаштаанд. Чунончи профессор А.Ҳасанзода таъкид менамояд, «...таҳти таъсири омилҳои мухталиф гурӯҳе аз вожаҳо аз сермаъноӣ ба маҳдудмаъноӣ, силсилаи дигар, баръакс, аз маҳдудмаъноӣ ба сермаъноӣ майл мекунанд» (14, 130). Вожаи sęōūtwr (stōr) дар забони суғдӣ маънои «чаҳорпо»-ро дошта (4, 363), дар забонҳои куҳан ва нави эронӣ шаклҳо ва маъноҳои гуногунро ифода мекунад: авастоӣ – staora (чаҳорпои бузург), парфиянӣ – stwr (асп), осетинӣ – stor (гов, наргов, барзагов), язғуломӣ – stor, ster, шуғнонӣ, рӯшонӣ ва мунҷонӣ – sętū (чорвои калони шохдор) (2, 324). Вожаи мавриди таҳлил дар адабиёти классикии тоҷик фаровон ба чашм мерасад. Хусусан, дар «Шоҳнома» ба маънои «асп» истифода шудани ин вожа бештар мушоҳида мешавад:

Зи сумми сутурон дар он паҳндашт

Замин шаш шуду осмон гашт ҳашт (12, 279).

 Дар «Луғати яғнобӣ-русӣ» вожаи sŭtūr ба маънои «гусфанд» шарҳ дода шудааст (2, 324). Ин вожа айнан бо ҳамин маъно имрӯз ҳам дар забони яғнобӣ истеъмол мешавад.

 Дар луғати мавриди тадқиқ пешванди пӯ- (дар-) ба қайд гирифта шуда (2, 309), дар радифи он вожаи пунайс // пунес  – безносый (бебинӣ) (2, 310), мавриди шарҳ қарор гирифтааст. Мутаассифона, вазифаи пешванди пӯ-ро имрӯз дар забони яғнобӣ пешванди бе- гирифтааст ва пешванди пӯ- танҳо дар таркиби калимаҳои пӯдуша (беостин) ва пӯфанна (бефаҳм) боқӣ мондааст. Гунаи суғдии ин пешванд – «рw-» дар «Фарҳанги суғдӣ» ба ду маъно шарҳ ёфтааст: pw 1. бидуни, бе (дар бештари мутун). 2. бештар боилова (4, 227). Доктор Б. Қариб бархе аз вожаҳоеро, ки бо ин пешванд сохта шудаанд, овардааст: pw patmōk (беандоза) ва pw patšmor (бешумор) (4, 330).

 Принсипҳои лексикографии «Луғати яғнобӣ-русӣ». Дар луғат микртопонимҳо шарҳу тавзеҳи луғавӣ дода нашудаанд. Масалан, Кирёнте (2, 273), Каше//Каш (2, 271), Марғтимайн (2, 284), Муштиф (2, 288), Питип//Петип (2, 307) барин микротопонимҳо ба қайд гирифтаанд шудаанд, ки муаллифон дар шарҳи онҳо бо овардани тафсирии умумии «название селения» (номи деҳа) қаноат карданад. Дар баъзе маврид кӯшиш кардаанд, ки маънои баъзе  микротопонимҳоро муайян созанд. Масалан, «Ғармейн»-ро аввал «название селения» (номи деҳа) гуфта шарҳ дода, баъдан дар қавсайн чунин овардаанд: (ғар - мейн – «горное селение»?) (2, 257). Мураттибон маънои луғатро мушаххас карда бошанд ҳам, дар охири тавзеҳашон аломати савол «?» низ гузоштаанд, ки далели тардиду нобоварияшон ба тавзеҳ мебошад. Ба ҳамин минвол микротопоними «Ғарзой» (ғар - зойт «горная земля») тавзеҳ дода шудааст (2, 257).

  Дар шарҳи «Дарғ» (2, 244), «Ғанчон» (2, 256) ва «Ғузн» (2, 260) барин микротопонимҳо бо овардани «название перевала» (номи ағба) иктифо намудаанд.

 Истифодаи шоҳид дар луғат. Шоҳидҳои луғат асосан аз дохили «Матнҳои яғнобӣ» ва ибораву ҷумлаҳо, ки аз забони мардуми дараи Яғноб ҷамъоварӣ шудаанд, оварда шудааст: инкир – «очаг» (танӯр): инкири рит (пеши танӯр), инкири сар (болои танӯр) (2, 264); мурчакмуравей (мӯрча):  мурчаки ғотк –муравейник (хонаи мӯрча) (2, 288); киррак  –чесать (хоридан): хапиш кирракш аст  (худашро хорида истодааст) (2, 273);  мортӣ – мужичина, человек (мард):  шаҳи мортит авоwор пошшоҳи рит  (Мардони аз ҷониби домод буда, ба назди шоҳ омаданд) (2, 287); фирон – запах (бӯй): Фиронш нағз вутах (Бӯяш хуб будааст) (2, 252).

  Баъзе моддаҳои луғавӣ, ки бештари онҳо калимаҳои иқтибосианд, дар луғат бидуни шоҳид омадаанд: 

а) тоҷикӣ: коса – большая чашка (2, 274), гадо – нищий (2, 253), фиребгар – обманщик (2, 252);

б) ӯзбекӣ: бала – дитя (бача, фарзанд) (2, 229), қарокук – журавль (турна) (2, 279);

б) арабӣ: аҷал – смертный час (вақти мурдан) (2, 223), никоҳ  – брак, женитьба (никоҳ) (2, 293), сағира – сирота (ятим) (2, c. 317).

  Шарҳи калимаҳои таърихӣ. Агар ба замони гирдоварӣ ва сабти вожаҳо назар афканем, ба солҳои 1924-1927 рост меояд. Дар ҳамон замон теъдоди муайяни калимаҳо аллакай ба ҳукми архаистӣ даромада буданд, ки онҳоро луғатсозон ба унвони «қадима лавз» (лафзи қадим) ё «қадима зивок»(забони қадимӣ) аз забони мардуми дари Яғноб навишта, гунаи муосири онро низ дар луғат зикр кардаанд. Масалан, вожаи питахшак – покрывать (пӯшидан) (2, 307) дар сабти соли 1927 аз забони Мулло Ниёз сокин деҳаи Марғтумайни Яғноб, ки ҳамонзамон 80-сола буд, навишта шудааст. Ба андешаи мураттибони луғат вожаи мазкур дар ҳамон давра ба ҳукми архаистӣ даромада, ба ҷои он вожаи бидаппак (пӯшидан) дар гардиш қарор доштааст. Вожаи ғатча // ғалча – раб (ғулом) низ бо унвони «қадима зивок» (забони куҳна) зикр шудааст ва ба ҷои он калимаи «ғулом» мустаъмал мебошад (2, 257).

 Қайдҳо ва таҳлилҳои этимологӣ дар луғат сайри таърихии вожаҳоро нишон додаанд, ки арзиши лингвистии онро афзудаанд. Масалан, ғар  – гора, перевал (кӯҳ, ағба) (суғдӣ ɣr; сокӣ-хутанӣ: ggari; афғонӣ: ɣаr авестоӣ: gairi.: Анзобе ғар (Ағбаи анзоб), Гуйбозе ғар (ағбаи Гуйбоз) (2, 256); хаш // хашта // хашна // хашак – тащить (кашидан), тянуть (дароз кардан), натягивать, снимать (одежду, обув), дар суғдӣ: ɣrš // ɣnš; осетинӣ: xoessen; авестоӣ: karš (2, 357). Ба ҳамин минвол қайдҳои зиёди этимологӣ мавҷуданд, ки барои муайян кардани инкишофи калимаҳо дар ягон давраи забон  кӯмак менамоянд.

  Таҳлилу баррасиҳои мазкур собит менамояд, ки дар ҳақиқат «Луғати яғнобӣ-русӣ»-и М.С. Андреев, В.А.Лившитс ва А.К. Писарчик ҳамчун сарчашмаи нодир дар шинохти забони яғнобӣ  – cуғдии нав буда, бо баробари нигоҳ доштани чандин унсурҳои куҳани луғавӣ ҳамчун маъхаз барои таҳияи луғатномаҳои минбаъда намуна ва асос қарор  гирифтааст.

Рамазонӣ Самадов

муаллими МТД-и «Коллељи омўзгории ноњияи Зафаробод»

                                        Рӯйхати адабиёт:

1.Алавӣ Б., Мирзозода С. Дастури забони яғнобӣ(бо равиши корбурдӣ).–Душанбе: Деваштич, 2008. – 254 с.

2.Андреев М. С., Пещерева Е. М. Ягнобские тексты. С приложение ягнобско-русского словаря, составленного М.С. Андреевым, В.А.Ливщицем и А.К. Писарчик. –М.; Л., 1957. –392 с.

3.Амид Ҳ. Фарҳанги форсии Амид. Таҳияи А.Ализода. –Теҳрон 1389. -1088 с

4.Қариб Б. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ-форсӣ-инглисӣ). –Теҳрон, 1995. –567 с.

5.Қосимӣ М., Мирзозода С. Фарҳанги забони яғнобӣ. –Душанбе: Пайванд, 1995. – 104 с.

6.Насриддинов А. Куллиёти осор. Ҷилди 5. -Хуҷанд: Хуросон, 2013. -586 с.

7. Неъматов Г. Фарҳанги яғнобӣ ба тоҷикӣ (истилоҳоти чорводорӣ). –Душанбе, 2013. – 45 с.

8. Русско-таджикский словарь. Луғати русӣ-тоҷикӣ (зери таҳрири М.С.Осимӣ). –М.: Русский язык, 1985. – 1280 с.

9. Самадов Р. А.Л.Хромов муҳаққиқи беназири забони яғнобӣ // Омӯзгор №22 (12246). 2020. – 28 май. –С. 14

10. Самадов  Р. Як усули бостонии ташаккули замони гузаштаи феъл дар забони яғнобӣ // Ахбори ДДҲБСТ (Силсилаи илмҳои гуманитарӣ).– №4 (77).– Хуҷанд: 2018.–С. 139-143

11. Фаpҳанги забони тоҷикӣ. Ибоpат аз 2 ҷилд / Ҷилди 1./ Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. – Москва: «Советская энциклопедия», 1969. – 952 с.

12. Фарҳанги забони тоҷикӣ . Ибоpат аз 2 ҷилд/ Ҷилди 2 (дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А.Маъсумӣ). -М.: Советская энциклопедия, 1969.-949с.

13. Хромов А. Л. Ягнобский язык. –М: Наука, 1972. – 210 с.

14. Ҳасанзода А. Зуҳури маъноҳои нави вожаҳо дар забони тоҷикони Мовароуннаҳр аз назари Айнӣ // Ахбори ДДҲБС (Силсилаи илмҳои гуманитарӣ).– №4 (77).– 2019. 2019. – С. 129-138.

15. Ҳомидов Д. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин (диссертатсияи докторӣ). –Душанбе, 2018.– 470 с.

 

Хондан 2064 маротиба