JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 08 Июни 2021 05:40

Нақши илм дар арсаи ҷаҳонӣ ва инкишофи ҷамъияти муосир

Муаллиф: Ф. Холмуродов

“Илм ин кори тафаккури монданашавандаи асрҳост: ба воситаи система ҷамъ овардани тамоми падидаҳои маърифатии ҷаҳони мо”.

Алберт Эйнштейн

  Илм дар ҷамъияти муосир дар бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният нақши муҳим дорад. Сатҳи рушди илм яке аз нишондиҳандаҳои асосии инкишофи ҷамъият ба ҳисоб рафта, инчунин ин нишондиҳандаи инкишофи давлати муосирро низ таҷассум менамояд. Он муҳите, ки инсонро иҳота менамояд – ин ҳама дастовардҳои илм мебошад.

  Илми муосир дорои икониятҳои беназир мебошад. Ҳанӯз дар соли 1904 Никола Тесла пешгӯйӣ намуда буд, ки замоне меояд инсон метавонад идроки худро ба масофаҳои дур фиристода тавонад. Бо гузашти як аср ин пешгӯйӣ имконпазир гашт. Иттилоотикунонии ҷаъият то ба сатҳи баланде расид, ки имрӯзҳо амалан дилхоҳ маълумотро инсон дар шабакаи интернет дастрас намуданаш мумкин аст. Дар ҳар як хона ва утоқи корӣ ҳоло  компютер ва интернет вуҷуд дорад.  Онҳо то дараҷае рӯзмарра шудаанд, ки инсон аз хатарҳои таҳдидкунандаи истифодабарии онҳо бехабар мондааст. Компютер – манбаи якчанд намудҳои афканишот ва майдонҳо ба ҳисоб меравад. Найчаи электронӣ-нурии монитори компютерҳои статсионарӣ ва ноутбукҳо афканиши ионизатсиякуандаро ба вуҷуд меоранд. Ба мисли дилхоҳ таҷҳизотҳои электрикии мавҷуда, компютер манбаи афканиши электромагнитӣ мебошад. Ҳамаи таҷҳизотҳо ва асбобҳои ёрирасони электрикии ба компютер шомил майдони электромагнитии мураккабро ҳосил мекунанд. Аксар таҳқиқотҳои муосири вобаста ба таъсири афканиши электромагнитӣ, оид ба зарари он ба саломатии инсон равона карда шудааст.

  Бо вуҷуди ин илм дар марҳалаи муосир кӯшиш менамояд, соҳаҳои навро дар дохили сохторҳои ҷамъиятҳои илмӣ ташкил намуда, дигар муаммоҳоро низ ҳал намояд. Ин муаммоҳоро илми эргономика – илм дар бораи омӯзиши амали мутақобилаи инсон бо компютер ва дигар техникаҳо, таҳқиқ менамояд. Эргономика бо омӯзиши маҷмӯавии фаъолияти меҳнатии инсон машғул буда, бинобар ин бисёр самтҳои илмиро ба мисли физиология, гигиенаи меҳнат, руҳшиносӣ ва дигарҳоро муттаҳид менамояд. Олимони ин соҳаҳо кӯшиш менамоянд роҳҳои пасткунии сарбориро ба узвҳои инсон, ки бо кор дар компютер алоқаманд мебошад, муқаррар намоянд ва дар ихтирои техникаи мукаммал ва бехатар иштирок мекунанд.

 Физика ва химия, ки қонунҳои асосии табиатро мемӯзанд, низ доимо рушд меёбанд. Ин илмҳо дар ду самт инкишоф меёбанд – ҳамчун илмҳои бунёдӣ дар офариниш ва омӯзиши асосҳои донишҳои физикию кимиёвӣ ва ҳамчун илмҳои таҷрибавӣ дар ҳалли масъалаҳои амалии истифодабарӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти одамон.

 Дар қарни XXI инсоният қариб ҳамаи фазои курраи заминро банд намуд. Мо дар кишварҳои гуногун, арзҳои гуногун, маконҳои гуногун зиндагӣ ва амал дорем ва бинобар ин ҳар як кишвар дорои хусусиятҳои хоси шароити табиӣ ва боду ҳаво мебошад. Бисёр мамлакатҳо доимо дар таҳти таҳдиди хатари офатҳои табиӣ қарор доранд. Мутаассифона, маҳдудиятнокии захираҳои табиӣ ҳарчӣ бисёртар худро маълум менамояд.

 Бинобар ин дар ин васила илмҳои география, геология, энергетика ва заминшиносӣ мавқеи хосаеро ишғол мекунанд. Ин илмҳои соҳаҳои гуногуни дониш дар талоши онанд, ки ҷамъиятро аз офатҳои табиӣ пешгирӣ намоянд, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва канданиҳои фоиданокро, ки инсоният ҳамарӯза ба он ниёзманд мебошад, дарёфт кунанд.

 Дар замони имрӯза некӯаҳволии кишвар бевосита аз ҳолати соҳаҳои илми он зич алоқаманд мебошад. Ба ақидаи ман, танҳо он мамлакатҳое, ки ба тадқиқотҳои илмӣ бо назари ҷиддӣ нигоҳ мекунанд, бомуваффақият технологияҳои навини назаррасро аз худ менамоянд, барои ба ин мақсад ноил шудан воситаҳои молии тавоно, иттилоотӣ, истеҳсолотӣ, зеҳниро ҷудо мекунанд, пешоҳанги мусаллаҳшавии сиёсиву иқтисодии муосир мебошанд, дар саҳнаи ҷаҳонӣ мавқеи авангардро ишғол менамоянд.

 Ҷамъияти муосирро бе илм идора намудан имконнопазир мебошад. Дар марҳаллаи нави рушд илм сохтори иҷтимоии ҷамъиятро тағйир медиҳад. Дар миқёси ҷаҳон тамоюли баландравии шумораи бо меҳнати зеҳнӣ машғул ва пастравии шумораи бо меҳнати ҷисмонии ғайритахассусӣ банд мушоҳида мешавад.

 Илм ба инсон бевосита ба воситаи фарҳанг ва идрок таъсир мерасонад. Омӯзиши асарҳои илмӣ ва ноилшавӣ ба инкишофи кӯдакон, ташаккулёбии онҳо ҳамчун шахси бафарҳанг мусоидат менамояд. Дар асоси раванди таълими муосир тасвири илмии ҷаҳонӣ ва соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба усулҳои илмии тавсиядиҳанда такя мекунад.

 Илм ба раванди таълим ва тағйирдиҳии сохтори таълим таъсири бевосита расонида, ба ҳамаи самтҳои он: мақсад, вазифа, принсипҳо, шакл ва усулҳо, воситаҳо, натиҷаҳо паҳн мешавад.

 Ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ маҳз тавассути системаи таълим баргузор мегардад, ки дар тарбия ва мукаммалсозии шахсият нақши муҳимеро бозӣ мекунад. Сиёсати имрӯзаи соҳаи таълим ва илм ба он равона карда шудааст, то ки иқтидори бузурги мутахассисон ва бакалаврҳои маълумоти олӣ дошта тайёр ва истифода карда шаванд. Дар ин хусус он ҳақиқат шаҳодат медиҳад, ки миқдори фаъолияти илмӣ, баландравии итиллоти илмӣ, ихтироот, шумораи кормандони илм, аспирантҳо, дотсентҳо ба ҳисоби миёна дар ҳар 5-10 сол ду маротиба меафзояд, ки ин барои ҷумҳуриамон боиси ифтихор мебошад.

 Дар замони имрӯза як тамоили манфӣ ба чашм назаррас шуда истодааст. Омӯзгорон ва донишмандон кӯшиш карда истодаанд, ки илмҳои пешқадамтаринро ба толибилмон тавассути шабакаи интернет пешкаш намоянд, ки ин ҳол ба нестшавии алоқаи зиндаи толибилм ва омӯзгор меорад. Афзалият ба «коллеҷҳои ноаён», омӯзиш дар масофа, институтҳои виртуалӣ дода мешаванд. Дар ин сурат нақши омӯзгор паст мешавад, тарбияи насли наврас бо мисолҳои зинда низ нест мешавад. Албатта ин барои насли оянда ба оқибати манфӣ оварда мерасонад.

 Асри XX дар соҳаи рушди техникӣ бобарортарин аср ба ҳисоб меравад. Бо боварии том қайд намудан ҷоиз аст, ки дар сад соли сипарӣ миқдори ихтироотҳои ба қайд гирифта, на камтар аз шумораи ихтироотҳо дар таърихи аз ин пешинатари инсоният мебошад. Саҳме, ки илм дар қарни бист дар рушди башарият гузоштааст, ниҳоят бузург аст. Аммо маблағеро, ки инсоният дар тӯли таърихи худ барои таҳқиқоти илми бунёдӣ сарф кардааст, ҷамъ кунем, ин миқдор бо ягон буҷаи дилхоҳ кишвари пешрафта қиёснопазир хоҳад буд. Иёлотҳо миқдори зиёди маблағҳоро аз даст медиҳанд, ҳол он ки метавонистанд барои мубориза бо гуруснагӣ ва беморӣ ва дигар мушкилоте, ки сарони давлатҳо доранд, сарф карда шаванд.

 Навигариҳои охирини илмӣ, илова бар манфиатҳои бешубҳа, хатари эҳтимолӣ низ доранд. Истеҳсолкунандагони миқдори азими энергия, нерӯгоҳҳои барқӣ-ҳароратӣ ба атмосфера миллионҳо тонна хокистар ва газҳо партофта, муҳити атрофро ифлос мекунанд ва қабати озонии сайёраро хароб мекунанд. Садамаҳо дар нерӯгоҳҳои атомӣ ва корхонаҳое, ки маводи радиоактивиро истифода мебаранд, ба оқибатҳои фалокатовар оварда мерасонанд. Яке аз чунин мисолҳо фалокат дар нерӯгоҳи барқӣ-ҳастаии Чернобил мебошад.

 Хӯрокҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, ки дар рафҳои мағозаҳо торафт бештар фурӯхта мешаванд, метавонанд барои одамон хатарнок бошанд. Ҳамҷоя кардани техника ва дастовардҳои илмӣ ба равандҳои табиӣ яке аз вазифаҳои таъхирнопазири олимони асри нав мебошад. Танҳо бо роҳи ҳалли ин масъалаи ҷудо ҳам душвор, на танҳо зинда мондан, балки зиндагии шоистаи наслҳои ояндаро таъмин кардан мумкин аст.

 Илмро одатан ҳамчун як фаъолияти баландихтисостарин дар истеҳсоли дониши объективӣ дар бораи ҷаҳон меҳисобанд, ки аз ҷумла худи инсон низ ба ин ҷо шомил аст. Аммо оё гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, бигзор бениҳоят ҷолиб ҳам бошад, ки натиҷаи он барои инсон хатарнок аст, аз рӯи одоби илмӣ ва башарӣ аст?

 Албатта, илм яке аз шаклҳои муҳими фарҳанги ҷомеа буда, рушди он омили муҳимтарини навсозии тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон мебошад. Илми муосир ҷаҳонбинии инсонро ташаккул медиҳад, бо пешрафти техникӣ алоқамандии зич дорад, ба эҷоди пешгӯиҳои рушди ҷомеа ва таҳияи барномаҳо, ҳалли масъалаҳои дар назди инсоният қарордошта кумак мекунад. Аммо оё илм ҳамеша барои инсоният бехатар аст? Бовар дорам, ки ин масъала то абад ҳалношуда боқӣ хоҳад монд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар дар санаи 18 марти 2020 қайд карданд, ки "халқи тоҷик асрҳои аср, ба илм, таълим ва тарбия таваҷҷӯҳи зиёде дошт ва дар тамоми таърихи инсоният шахсиятҳои маъруферо ба оламиён муаррифӣ намуд, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ саҳми бузурге гузоштанд. Хусусан дар давраи давлатдории Сомониён, дар баробари адабиёт ва ҳунарҳо табиатшиносӣ низ рӯ ба рушд намуд, мероси олимони барҷастаи тоҷик бошад дар қарнҳои минбаъда ҳам шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд".

 Дарвоқеъ, дар ҷомеае, ки шумораи зиёди ашхоси оқил, босавод ва ҳамаҷониба рушдёфта мебошанд, кор, зиндагӣ ва мавҷудияти одамон намуди муносиби иҷтимоӣ ва ҷаззоб мегирад. Бешубҳа, одамони бофарҳанг ва бомаърифат шоёни иззату эҳтиром буда, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб мекунанд.

 Бояд гуфт, ки тоҷикон қадимтарин халқи ҷаҳон ҳастанд, онҳо бо таърихи бой ва мероси адабии худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар тӯли таърих садҳо намояндагони халқи тоҷик дар рушди илм, маърифат, фарҳанг ва маорифи ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузошта, ба наслҳои худ мероси бойи дониш ва илмро боқӣ гузоштанд.

 Пеш аз пошхӯрии ИҶШС, бӯҳрони иҷтимоию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар робита бо рӯйдодҳои аввали солҳои 90-ум ба вуҷуд омадааст, илм дар Тоҷикистон дар сатҳи нисбатан баланд қарор дошт. Дар институтҳои Академияи илмҳо, дигар муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ заминаи пурқуввати моддию техникӣ ба вуҷуд оварда шуд, кадрҳои илмӣ дар бисёр соҳаҳои илм тарбия ёфта, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ташаккул ёфтанд. Тадқиқот дар ҳамкорӣ бо институтҳои Академияи илмҳои ИҶШС ва дигар марказҳои илмӣ гузаронида шуд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои ҳифз ва дастгирии нерӯи илмӣ, ислоҳоти илм ва равона кардани илм ба ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзмарраи ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расиданд.

 

Ф. Холмуродов

Муовини директори

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хондан 2609 маротиба