JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 16 Июни 2021 05:22

Ҷомеаи илммеҳвар қавӣ ва пешрафта аст

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Дар мавриди маърифати имрӯзи аз равандҳои гуногуни табииву иҷтимоӣ инсон мутаҳайир мегардад, ки башар тавонистааст, дар  муддати панҷсад соли ахир аз асрори ҷаҳон ва қонунмандии ҳаводис огоҳии илмӣ дарёфт намояд ва бадин васила даҳҳо фанновариҳоро ба миён оварад. Зиндагии хешро саҳлу содда намояд ва аз он маҷмуи гирифториҳое, ки қаблан дошт раҳоӣ ёбаду сатҳу сифати зиндагонии хешро ба маротиб тағйир диҳад. Имрӯз маърифати илмии олам ва неруи зеҳнӣ ба ҳайси сармояи асосии иқтисодӣ ва миллии кишварҳои мутамадини ҷаҳон гардида садҳо ниҳодҳо ва бунёдҳову сохторҳои илмие таъсис ёфтаанд, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба тарзи ҳамешагӣ машғули пажуҳишу иктишофи илмианд. Ин кишварҳо ҷиҳати боз ҳам истеҳком намудани иқтисоду сиёсати хеш пайваста сармояҳои зиёдеро ба самти илм тахсис медиҳанд то тавонанд фанновариҳои навтару беҳтареро офаранд ва аз ин лиҳоз дар баробари рақобатҳои шадидиди иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир истодагарӣ карда тавонанд. Воқеан, имрӯз илм ва донишҳои илмӣ ба меҳвари пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ табдил ёфтаанд. Баръакс кишварҳое, ки дар онҳо илм чандон рушд накарда, онҳо  дастнигар, вобаста ва пур аз мушкиланд. Аксар бошандагони ин кишварҳо мушкили зиёди иҷтимоиву сиёсӣ доранд ва дар фақр, нодорӣ, дармондагӣ, хурофазадагӣ ва таассубияту дастнигарӣ ба сар мебаранд. Мафкураву ҷаҳонбиниашон ҳануз пур аз осори афсонаҳои Асри Миёна аст. Ҳама корашон бе барнома буда, аксаран таваккулӣ мебошанд. Онон то ҳанӯз натавонистаанд, аз имкони инсонии хеш истифода намоянд ва дар пешрафти ҷомеа ва ҳалли мушкилоти он саҳим бошанд. 

  Мусаллам аст, ки дарки ҳаводиси ҷаҳон дар зеҳни башар ба як бор ҳосил нагардида, балки он натиҷаи таҷриботи дурру дароз ва мушоҳидаҳои пай дар пайи инсонӣ аст. Қобили қайд аст, ки дар ин раванд шинохти ҷаҳон барои инсон печидаву мураккаб буд ва дар ҳар марҳилаи аз шинохт, вобаста аз дастовардҳои илмии инсоният бархӯрд ба ҳаводис тариқаҳои гуогуни сурат гирифтааст. Як муддати зиёде инсоният аз роҳи бовармандӣ ба хаёлоти хеш ба вазъу воқеияти ҷаҳон назар афканда онро ба гунаҳои хеш таҳлилу таъвил намудааст. Ин таҳлилҳо аксаран хусусияти субективӣ дошта баргирифта аз худи ҳолатҳои руҳонию равонии инсон ва муносибати умумии инсон ба ҷаҳон маншаъ гирифтаанд. Ҳамин аст, ки дар як мароҳили муайян инсонҳо ба ҳаводис аз диди хаёлот бархурд намуда, ба ҳаводиси олами ҳастӣ тасвирҳои хаёлии хешро бор намудаанд. Ҳамин аст, ки даҳҳо навъи бофтаҳо, афсонаҳо ва асотирҳо дар баробари воқеияти ҷаҳон шакл гирифта сурати хешро то ҳанӯз ҳифз намудаанд. Ҳарчанд башарият имрӯз дар як тамаддуни илммеҳвар ба сар мебарад, вале то ҳанӯз кишварҳое ва табақоти иҷтимоие мавҷуданд, ки асотири бовармандӣ ва ба тарзи тахаюлии таҷассум намудани олам дар зеҳни гурӯҳҳои зиёди инсонҳо ва динҳои гуногун ҷойгоҳи амиқ дорад, мавқуданду ба сар мебаранд. Ин ҳам пеш аз ҳама ба вазъи дарёфти огоҳӣ аз дастовардҳои илмии башар аст. Мусаллам аст, ки имрӯз  барои ҳалли мушкилоти гуногуни зистӣ иҷтимоию иқтисодӣ ва маърифати олам ҳазорон соҳаҳои алоҳидаи илм тахсис ёфтаанд ва дар ин самтҳои илмӣ миллионҳо нафар аз насли одамӣ машғули пажӯҳишу таҳқиқотанд. Вале азбаски илм ниҳоятан ҷузъӣ гардида, доироти баррасии масоили умдаи илмӣ дастовардҳои он, шинохт, бештар дар доираи маҳдуд боқӣ мемонад ҳамин сабаб мегардад, ки аксаран аз дидгоҳҳои илмӣ бехабар мемонанд ва ахбори саҳеҳи илмиро дар бобати падидаю предметҳои олам дарку фаҳм надоранд, ё ба тарзи дигар як таззоде ки дар ҷомеаи муосир ба назар мерасад, ин аст, ки 90 дар 100 мардум аз дастовардҳои илмӣ ва махсусан фанновариҳое, ки ба дасти инсоният бо назардошти маърифати илмии олам сохта шудаанд, истифода менамоянд, вале мутаассифона аз ноогоҳии маърифати илмӣ ҳанӯз онҳо ба тарзи асримиёнагӣ ва дидгоҳҳои тахаюлию бовармандии ҳазорон сол пеш машғули амалкардҳоянд. Ин вазъ пеш аз ҳама аз он бармеояд, ки доираҳои зиёди гурӯҳҳои иҷтимоӣ аз маърифати илмӣ бебаҳра мемонанд ва онҳо наметавонанд тасаввурот ва инъикоси илмиеро, ки дар бобати ҳодисаҳо, қонунмандии онҳо аз тарафи пажуҳишгарону олимон ба даст оварда шудааст донанд ва дарк намоянд. Қобили қайд аст, ки ҷиҳати рафъи ин мушкил бояд оммавӣ гардонии илм ба роҳ монда шавад, то афрод тавонанд дар шакли содда аз натиҷаҳои пажуҳишҳои ба даст омадаи илмӣ баҳра бардоранд ва тасаввури хешро дар бобати ҳодисаю равандҳо тағйир бигиранд. Дар ин замина бояд ҳарчи бештар расонаҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо, сомонаҳои интернетӣ таъсис дода шаванд, то онҳо тавониста бошанд, ҷиҳати оммавӣ гардонии илм кумак намоянд. Яъне ин ба маънии он аст, ки ҳар қадар фазои иттилоотӣ пур аз огоҳӣ, иттилоъ ва ахбори мувассақи илмӣ бошад, ҷаҳонбинии мардум ҳамон қадар доироташ тавсеа меёбад ва ҳамон қадар ди дгоҳи онҳо илмитар мешавад. Баръакс ҳар қадар ахбори илмӣ дар боари падидаю ҳодисаҳо дар фазо камтар бошад, ҳамон қадар осебпазирии иҷтимоӣ зиёдтар мешавад ва ҳамон қадар мардум думболаи афкори боварманду хурофӣ руй меоваранд. Мусаллам аст, ки афкори таассубзадаю хурофотӣ асли мушкилии ҷомеаҳои  шарқӣ бахусус ҷомеаҳои мусалмонӣ, аз ҳамин омил сахт вобаста аст. Бояд қайд кард, ки тарвиҷи ҷаҳонбинии илмиро зарур аст, ки аз сатҳи боғча, пасон мактаби ибтидоӣ ва баъдан дар сатҳи макотиби олӣ ба роҳ монд то як насле ба воя расад, ки дидгоҳи илммеҳвар ва назари ақлонию мантиқӣ ба равандҳои табиию иҷтимоӣ дошта бошанд. Он замон хатарпазирии иҷтимоӣ камтар гардида сабаби ба таассубу хурофот дучор шудани фишурҳои муаяни иҷтимоӣ камтар мегардад.

  Агар вазъи солҳои 90-уми қарни гузаштаро таҳлил кунем аксар аз адабиёти экстремистию терростӣ аз берун, яъне аз хориҷи Тоҷикистон вориди фазо гардиданд ва таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ низ бо сармоягузории дастгирӣ ва мағзшӯии беруниён доир гардида, сабаби аслие ки ин раванд ба шикаст мувоҷеҳ шуд, он буд ки мардуми кишвар чун аз маорифи даврони шӯравӣ огоҳӣ доштанд ба тарзи дастаҷамъӣ думболаи таассубзадагону хурофотиён нарафтанд ва баръакс мардум ба он монеа шуданд ва натавонист он дар тамоми кишвар ҳамовозии хешро пайдо намояд. Бартарияти низоми маорифи Шӯравиро ҳануз дар замони мавҷудияти он солҳои 60 уму 70 уми қарни гузашта кишварҳои мухолифаш низ эътироф карда буданд.

  Он замон сабаби асосии шикасти гурӯҳҳои хурофазадаи ифротӣ дар боло будани сатҳу сифати дониши аҳли ҷомеа буд, ки ҳарчанд бо таъсиргузории омилҳои берунӣ ва сармоягузориҳои бардавоми онҳо гурӯҳҳои таассубӣ имкони зиёдеро фарогир шудаанд, аммо дар маҷмӯъ онҳо ба шикаст мувоҷеҳ гардиданд, ки азбаски огоҳии илмӣ мактабу маориф ва расонаҳои вақт таблиғоти зиёди илмиро дар замони шуравӣ ба роҳ монда буданд, ин имкон дод, ки афкори ифротӣ ба як раванди ҳамагири иҷтимоӣ дар он замон табдил наёбад. Мутассифона, ин ҷанги шаҳрвандӣ, ки пояҳои иқтисодро хароб кард, он низ таъсири хешро ба сатҳи мактабу маориф ва илму таҳқиқот гузошт ва ҳамчунин шикаста шудани фазои илмии ҷомеа, фирори мағзҳо, беэътибор эълон кардани донишҳои илмӣ аз сӯи гурӯҳҳои рӯҳонӣ, ривоҷи пайвастаи таблиғоти зидди илмӣ, ҷомеаро ниҳоятан осебпазир гардонид ва мардумон ба шиддат думболаи афкори боварманд ва тасаввуротҳои хурофию таассубии Асри Миёна руй оварданд ва шумораи табақаҳои хурофазада дар ҷомеа боло рафт.

  Бояд қайд кард, ки яке аз роҳҳои асосии бурунрафт аз ин вазъро боз ҳам боло бурдани сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмӣ ва дар авлавият қарор додани илму маориф ташкил медиҳад. Зеро собит шудааст, ки ҷомеаи огоҳу мутамадинро афроди огоҳ ба вуҷуд меоваранд. Онҳоанд, ки пайваста бо мутолиеоти густурда шуғл варзида, аз роҳи хираду тафаккур шинохти воқеии ҳар мушкилро ба роҳ мемонанд онро пажӯҳиш мекунанд ва дар асоси дастовардҳояшон роҳҳалҳои бурунрафт аз ин мушкилиро пешниҳод мегардонанд. Баръакс, ҳар қадар дар ҷомеа сафи нодонӣ ва ноогоҳӣ бештар гардад, осебпазирии иҷтимоӣ ҳамон қадар боло меравад. Нодонию ноогоҳӣ фардро ба сад мушкили дигар мувоҷеҳ месозад ва он наметавонад аз лиҳози ақлу мантиқ тасмими дурусте бигирад ва барои дурнамои фаъолияти хеш барномаи оқилона таҳия созад. Яъне ба тарзи дигар ҳар қадар сафи афроди нодон ва ноогоҳ дар ҷомеа боло гирад, мушкили ин ҷомеа ҳамон қадар бештар хоҳад буд. Ҷомеаи нодон ҳамвора аз нодонии афродаш бархуд ба мушкилоте аз қабили нодорӣ, фақр, ҷаҳолат, ифротгарӣ, ҷиноятпешагӣ, вобастагӣ, ноумедӣ, худкушӣ, таассубияти баланд, таҳаммул карда натавонистани андешаҳои дигар бунёди онро ташкил медиҳад. Табиӣ аст, ки ин навъи ҷомеа барои рақибонаш мавриди ҳамешагии суиистифода қарор мегирад. Он ба ҳайси таҷрибагоҳе барои рақибонаш хоҳад буд. Зеро дар ҷомеаи камдониш ва камогоҳӣ бисёр ба тарзи осон ҳар гуна тавтеа ба роҳ монда мешавад. Бархурдҳои сунъӣ дар онҳо бисёр ба осонӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ҷониби дигар афроди нодону ноогоҳро тез мағзшӯӣ мекунанд ва аз онҳо шахсиятҳои беҳувият ба вуҷуд меоваранд, ки дар дасти гурӯҳҳои манфиатдор ба ҳайси бозича аз онҳо истифода мешавад. Пас роҳи ҳалли асосии мушкил дониш ривоҷ додани донишу маърифати илмӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар аст. Имрӯз тамоми низоми омӯзишу парвариш аз сатҳи кудакистонҳо то сатҳи мактаби миёна омӯзишгоҳҳои касбӣ ва донишкадаву донишгоҳҳо вазифадоранд дар самти боз ҳам боло бурдани сатҳи ҷаҳонбинии илмӣ саҳми хешро гузоранд ва тадбирҳои амалӣ дар ин самт биандешанд, то ҷомеаи мо низ ба мисли ҷомеаи кишварҳои пешрафта як ҷомеаи илммеҳвари дунявӣ бо сатҳу сифати баланди зиндагии шоистаи инсонӣ гардад.

 

Исомиддин Шарифзода

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 1063 маротиба