JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Маорифапварӣ ва ҳаракатҳои зеҳнию маънавӣ дар охири асри 17 ва аввали асри 19 дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ба вуҷуд омаданд. Ин ҳаракатҳо идомаи гуманизм (исондўстӣ)-и замони Эҳё ва ибтидои ратсионализми муосир буда, ба пешрафти илми замона пояҳои таълимии фалсафӣ гузоштанд: рад кардани ҷаҳонбинии динӣ ва бозгашт ба хирад ҳамчун маҳаки ягонаи дониши инсон ва ҷомеа. Мафҳуми «равшанфикр» пас аз нашри мақолаи асосгузори фалсафаи классикии Олмон, И. Кант (1724-1804) таҳти унвони «Ҷавоб ба саволи: Равшанфикрӣ чист?» соли 1784 мустаҳкам гардид. Решаи истилоҳи «равшанӣ», ки аз вожаи «маърифат» (англ. Enlightenment; фарн. Les Lumières; олм. Aufklärung; итал.…
Саҳифа аз 13 то 13