JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Забони гушода чу омад падид, Шуд он бандҳоро саросар калид. Фирдавсӣ Ба масъалаи забони давлатӣ ҳамчун созмондиҳандаи андешаи миллӣ таваҷҷуҳ намуда, чанд нуктаи асосиро ироа медорем: 1.Забони форсии дарии тоҷикӣ дар таърихи фарҳанги иронитаборон ба сифати забони илму тамаддун шинохта шуда, дар бедоии фикрии ақвоми ирониасли қуруни мутамодӣ нақши муассир доштааст. Забони форсии тоҷикӣ дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авасто» китобат шудааст. «Авасто» китобест, ки беш ва пеш аз ҳама, ба самти огоҳӣ ва созмони андешаи миллӣ нигаронида шудааст (Сайид Аҳмадӣ. Фарҳанги форсӣ дар…
Мафҳуми «жанрҳои нутқ» дар низоми таълим, аслан чизи нав нест. Дар таълими забони модарӣ ва махсусан, дар таълими маҳорати суханварӣ (риторика) кайҳост, ки ин мафҳумро истифода мебаранд. Мо бо мафҳуми «жанр» дар илми адабиётшиносӣ шинос ҳастем ва шояд барои баъзеҳо истифодаи ин калима дар дарси забон ва боз дар шакли «жанрҳои нутқ» нофаҳмо бошад.
Аз нигоҳи илми фарҳангшиносӣ, соҳаи таълиму тарбия ё ба истилоҳ, маориф дар низоми фарҳангии ҳар ҷомеа нақши муҳимеро иҷро мекунад. Аз ин ҷост, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои зеринро амалӣ мекунад» [1,5]. Зеро дар моҳияти хеш, аз як нигоҳ, ҷараёни таълим ин худ раванди робитаи иҷтимоӣ- фарҳангист ва аз дигар ҷиҳат, метавон маорифро ҳамчун ниҳоди ҷудогонаи иҷтимоӣ – фарҳангие, ки раванди мазкурро таъмин мекунад, арзёбӣ намуд. Аз ин…
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:13

Қуввати мағриб аз илму фан аст

Муаллиф:
 Дар 107 соли охир аз миллати яҳуд 184 нафар соҳиби ҷоизаи Нобелӣ шудаанд. Имрӯз аз мусулмонон, ки зиёда аз 1,45 миллиард нафаранд, танҳо чор нафар соҳиби ин ҷоиза гардидаанду халос. Инсоният бо такя намудан ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаҳои мутобиқи низоми мантиқӣ дар таҳияи манзараи олам тавонист амиқтару бештар табиатро дарк намуда, барои пешбурди тамоми соҳаҳои фаъолияти хеш ин донишҳоро истифода барад, ки яке аз ҳадафҳои асосии илм низ ҳамин аст. Бар асари фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ ва ба ҳошия рафтани донишҳои динӣ гузариш ба сатҳҳои нави иқтисодиёт ва технология муяссар гардид. Ҷавҳари асосӣ…