JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 17 Майи 2017 06:47

Жанрҳои нутқ дар таълими забони модарӣ

Муаллиф:

  Мафҳуми «жанрҳои нутқ» дар низоми таълим, аслан чизи нав нест. Дар таълими забони модарӣ ва махсусан, дар таълими маҳорати суханварӣ (риторика) кайҳост, ки ин мафҳумро истифода мебаранд. Мо бо мафҳуми «жанр» дар илми адабиётшиносӣ шинос ҳастем ва шояд барои баъзеҳо истифодаи ин калима дар дарси забон ва боз дар шакли «жанрҳои нутқ» нофаҳмо бошад.

 Олимони забоншинос кӯшиш намуда истодаанд, ки матнҳоро ба навъҳои мухталиф ҷудо намуда «аломатҳои жанрофар»-и онҳоро нишон диҳанд. Ин вазифаи мушкил аст, зеро нутқ тағйироти муҳити атрофи моро инъикос мекунад. Дар пеши чашмамон жанрҳои нав ба вуҷуд меоянд. Масалан, корнома (резюме) барои ба кор қабул шудан айни замон дар муносибатҳои корӣ зиёд истифода мешавад. Жанрҳои кӯҳна таҷдид мешаванд ва таҳқиқи онҳо бештар шуда истодаст. Таркиби онҳо (масалан, хабар бо унсурҳои гузориш, очерк бо лаҳзаҳои мусоҳиба) тағйир меёбад.

 Чунонки маълум аст бори аввал донишманди Шӯравӣ М.М.Бахтин жанрҳои адабиёти бадеиро аз жанрҳои дар ҳаёт истифодашаванда ҷудо намуд. Махсусан, ӯ ба он таваҷҷуҳ намуд, ки «ҳатто дар суҳбати озод ва ғайриқолабӣ мо нутқамонро дар шакли муайяни қолабҳои жанрӣ ҷой медиҳем».

Ба жанрҳои нутқ мо бояд ҳам луқмаҳои муколамаи маишӣ, ҳикояҳои маишӣ, ҳам амри кӯтоҳи стандартии ҳарбӣ, ҳам фармони муфассал, ҳам қолаби хуҷҷатҳои корӣ ва баромадҳои мухталифи публисистиро дохил намоем. Лозим аст, ки ба ин гурӯҳ шаклҳои мухталифи баромадҳои илмиро низ ворид созем.

М.М. Бахтин, инчунин жанрҳои нутқро ба навъҳои «нисбатан устувор, мавзӯӣ, таркибӣ ва услубии баён» ҷудо мекунад. Ба ибораи дигар, жанри нутқӣ ин шаклҳои гуногуни матнҳои шифоҳӣ ва хаттӣ мебошад, ки дар соҳаҳои мухталифи муошират вуҷуд доранд, аз ҷониби гӯяндагон ва нависандагон тавассути воситаҳои забонии онҳо шинохта мешаванд.

Назарияи маъмули қабулгардидае вуҷуд дорад, ки жанрҳои нутқи бавуҷудоянда бевосита бо ҳодисаҳои мушаххас, ҳолатҳое, ки дар зиндагии мо вомехӯранд, алоқаманданд. Масалан, дар гурӯҳи ношинос жанри «шиносоӣ»-ро татбиқ менамоем; барои он бо асбоби нав кор карданро омӯзем- «дастурамал» лозим аст. Албатта, шиносоӣ вобаста ба ҳолатҳо гуногун шуда метавонад. Шабоҳатан, дастурамал барои шахси калонсол ва кӯдак, шунавандаи омодакардашуда ва омодашуда якхела садо намедиҳад ва монанди ин.

 Аз мисолҳои овардашуда маълум мешавад, ки интихоб ва татбиқи мушаххаси ҳолати ба он мувофиқи жанри нутқ натанҳо вазифаҳои комунникативиро инчунин «образи муаллиф» ва «образи адресат»-ро (ба истилоҳи Т.В.Шмелев) муайян менамояд.

Барои муносибати муваффақ чунин унсурҳои ҳолати нутқ, аз қабили: иртибот дар куҷо ба вуқуъ меояд, кай (аз ҷумла он чи қадар метавонад идома ёбад?) ва он чигуна ба вуқуъ меояд? Муҳим аст. Масалан, оҳанги омирона хоси жанрҳои фармон ва талабот буда, жанри ариза бо оҳанги хоҳиш доштанаш фарқ мекунад. Мисоли овардашуда маънои ҳамон унсурро ҳамчун воситаи забонии ба сифати муайянкунандаи жанри аломат баромадкунанда, нишон медиҳад.

Вақти муомила низ ба жанри аз ҷониби муаллиф овардашаванда таъсир мерасонад. Масалан, вақте ки ба баромадкунанда дар конференсия 5 дақиқа ҷудо карда мешавад мо яқинан жанри иттилоотии хабариро мешунавем. Агар барои суханронӣ 15 ё 20 дақиқа ҷудо шуда бошад дар ин ҳолат жанри маърӯзаро мешунавем. Вақте ки иштирокчиёни конференсия дар суҳбатҳои ғайрирасмӣ табодули иттилоот мекунанд, ин иртибот дар жанри суҳбати илмӣ, дар шакли муколама ҷараён мегирад. Ҳамин тариқ ба инобат гирифтани ҳамаи унсурҳои ҳолатҳои нутқ барои интихоб ва татбиқи воқеии жанрҳои нутқ кӯмак мерасонад ва муносибатро бамаврид ва бобарор месозад. Барои равшантар шудани матлаб овардани маълумот дар хусуси баъзе жанрҳоро муҳим ва зарурӣ меҳисобем.

ХАБАР. Муҳаққиқони соҳаи журналистика онро яке аз жанрҳои хеле маъмули публитсистӣ арзёбӣ мекунанд. Муҳимтарин хусусияти он ҷавоб гуфтан ба саволҳои чӣ ҳодиса рӯй дод? Кай рӯй дод? Дар куҷо рӯйдод (гоҳо чӣ натиҷа дод?). Хабар ҳамчун жанри публитсистӣ аз воқеаҳои рӯзмарра, характери иҷтимоидошта иборат аст. Аммо хабаре, ки барои хонандаи синфи панҷум пешниҳод мешавад, аз хабари журналист таҳиякарда чӣ фарқ ва бо он чӣ умумият дорад?

Хабаре, ки ба синфи панҷум пешниҳод карда мешавад, жанри шифоҳӣ аст.

ТАБРИКНОМА. Забоншиносии муосир бо дар маркази диққат қарор додани «инсони сухангӯ», забони ӯ, тафаккур, фарҳанг, коммуникатсияи нутқи дарбаргирандаи рафтори суханварӣ ва ғайра ба таври назаррас доираи тадқиқотиашро васеъ намуд.

 Ба вазъи суханронӣ дар жанри табрикнома ва таманниёт чунин ҳолатҳое, ки хислати ҷавобӣ ба ҳодисаҳои ҳаёти воқеӣ (ид фаро расид, комёбиҳо ба даст омаданд) мебошанд, яъне маълумотҳои амалиёти нутқӣ ҳодисаҳои гузаштаро инъикос мекунанд ва ҳамзамон онҳо ба комёбиҳо дар зиндагии оянда равона гардидаанд. Дар матни табрикнома самимият ба назар мерасад. Ҳамсуҳбатро табрик намудан ин маънои ба ӯ таваҷҷуҳ доштан ва кайфияти ӯро баланд бардоштан аст.

Табрикнома бештар хислати навишторӣ дорад ва нисбат ба калимаи таманниёт мутантан аст. Одатан дар забони тоҷикӣ таманниёт пас аз табрикот зикр карда мешавад: Шуморо бо фарорасии соли нави таҳсил табрик менамоям! Дар таҳсил ба Шумо комёбиҳо таманно дорам!

Таманниёт стандартӣ, умумӣ ва инфиродӣ мешаванд. Таманниёти умумӣ дар ифодаҳои: Хушбахтӣ (барори кор, саломатӣ, комёбӣ) мехоҳам! Ҳамаи хушиҳо (ҳамаи некиҳо, бартириҳо)-ро таманно дорам!

Таманниёти инфиродӣ бо кӯмаки ишорати мушаххас ба таманиёти хосташаванда амалӣ карда мешавад: Таманно дорам, ки имтиҳонро супорӣ (нағз истироҳат намоӣ, зудтар шифо ёбед, иштиҳои таом, роҳи сафед)!

ЭЪЛОН. Эълон ҳуҷҷатест, ки дар бораи рӯйдоде ё иқдомоте пешакӣ хабар медиҳад. Ин ҳуҷҷат аз ҷузъҳои зерин иборат аст:

1.Номи ҳуҷҷат

2.Маҳалли баргузории чорабинӣ

3.Санаи рӯз ва вақти баргузории чорабинӣ

4.Мазмуни чорабинӣ

5.Созмондиҳандаи чорабинӣ

 ЭЪЛОНҲОИ КӮЧАГӢ. Яке аз навъҳои маъмули эълонҳо мебошад. Матни эълонҳои кӯчагӣ дарбаргирандаи нутқи воқеии ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон, «ҳудуд», ҳолатҳои ҳодисавии инъикосгари «афроди алоҳида» ва равандҳои бавуқӯъ пайвастаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошанд. Эълонҳои кӯчагӣ як навъи «нутқи лаҳзавӣ» дар ҳодисаи мушаххас мебошанд. Ин навъи эълонҳо робитаи иҷтимоии шаҳрвандонро тафсеа дода муносиботи байнифардиро инъикос мекунанд. Аз махсусиятҳои эълони кӯчагӣ шакли иҷроиш, муҳтаво, ҷойи густаришашонро зикр намудан зарар аст.

Эълонҳои кӯчагӣ қисмати муҳими коммуникатсияи шаҳр мебошанд. Муаллифи эълони кӯчагӣ ҳам шахси алоҳида ва ҳам ташкилот, корхона ва муассиса шуда метавонад. Вобаста ба ин аломат (хислати эълондиҳанда) дар миёни эълонҳои зиёд ду гурӯҳро ҷудо кардан мумкин аст:

1) эълонҳои кӯчагии хислати фардидошта («маҳрамона»;

2) эълонҳои кӯчагии хислати иттилоотӣ-таблиғотӣ дошта (оммавӣ)

Адресанти эълонҳои гурӯҳи якум- ашхоси мушаххас ба шаҳрвандон бо хоҳиши кӯмак ё пешниҳоди хизматрасониҳои худ муроҷиат мекунад. Масалан: аз шахси ҳамёни дар дохилаш ҳуҷҷатҳо доштаро пайдо намуда, ҳоҳиш карда мешавад, ки бо телефонии +992904464544 ба ивази тӯҳфа занг занад.

Эълонҳои кӯчагии гурӯҳи дуюм тавасути матни таблиғотиашон мардумро ҷалб мекунанд. Чун қоида муаллифи ин гуна эълонҳо корхонаҳои хусусӣ, созмон ё ширкат буда хизматрасониҳои худро пешниҳод мекунанд, дар хусуси вооридоти моли нав хабар медиҳанд, фаъолияти мағозаи навро эълон менамоянд.

 

Таснифоти мавзӯии эълонҳои кӯчагӣ ба тарзи зерин аст:

1.Маҳсулоти хӯрокворӣ:

 а) гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ (гӯшт, рони мурғ, ҳасиб, навъҳои мурғ); баққолӣ (чой, қанд, орд, маҳсулоти макаронӣ, ярма, асал; в) нӯшокиҳо (пиво, арақ, май, оби маъданӣ, афшурда, обҳои газнок); г) маҳсулоти ширӣ (шир, яхмос).

2.Қисмҳои эҳтиётии автомобил (рӯйкаши курсиҳо, обкаши трактор, шишаи пеш барои мотосикл).

3.Техникаи маишӣ, воситаҳои иртибот (компютерҳо, пейҷерҳо, телефонҳои мобилӣ, мошинаҳои ҷомашӯӣ ва дарздӯзӣ, мавҷгирҳо, телевизорҳо, яхдонҳо).

4.Ҳайвонот ва растанӣ (аквариумҳо, калламушҳо, мири мушон, гурба, сагҳо).

5.Асбобҳои беҳдоштӣ, косметика, тиб (кремҳо, атриёт).

6.Мебел (гардероб, гарнитур, рахти хоб, мизи компютерӣ, мизҳои корӣ).

7.Либос (палто, куртка, кулоҳҳо, пойафзол).

8.Амволи ғайриманқул (хона, утоқ, қитъаи замон, сарой).

9.Сантехника (қубурҳо, шлангҳо).

10.Мусиқӣ (гитара, синтезатор).

11.Боғ ва полиз (замин, пору).

12.Кор (машғулият, меҳнат, тиҷорат).

13.Маблағҳо (пул, даромад, фоизҳо, қарз, маош).

14.Раванд, номгӯи амалҳо-хизматрасонӣ (фолбинӣ, иваз намудан, фурӯш, таъмир, рангубор, боркашонӣ).

15.Касбу кор (номгӯи ихтисосҳо аз рӯй машғулият) (дуредгар, табиб, муаллим, электрик).

16.Ҳодисаҳои зиндагии иҷтимоӣ (гирдиҳамоӣ, ҷамъомад, шанбегӣ, вохӯрӣ).

17.Таъмир ва сохтмон (вагон, плинтус, мех).

18.Техникаи маишӣ, воситаҳои алоқа (телефонии мобилӣ, мошинаи ҷомашӯӣ, принтер, мавҷгири телевизионӣ).

Ҳар гурӯҳи молҳои зикршуда махсусияти худро соҳиб аст. Масалан, эълони кӯчагӣ дар хусуси фурӯш, аз ҷумла хона ҳатман дар хусуси макони истиқомат, мавқеи ҷойгиршавӣ, шароит телефон, пешайвон ва дигар маълумотҳоро фарогир аст.

ЛАТИФА. Латифа жанри ҳаҷвие мебошад, ки аз қадим миёни мардуми тоҷик мавқеъ дорад. Дар асри миёна ҳам дар байни халқ ба таври шифоҳӣ ва дар адабиёт ба таври хаттӣ эҷод карда шудааст. Намунаи барҷастаи он «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ- ул-ривоёт» - Муҳаммад Авфӣ (асри XIII) ва «Латоиф-ут-тавоиф»-и Мавлона Фахриддин Алии Сафӣ (асри XIV) мебошад.

Хусусияти жанрии латифа дар он аст, ки нақли воқеии асосӣ зуд сар шуда, зуд ба қулла мерасад ва дар он раванди ба қулла расидан ханда ба вуҷуд меояд ва ҳамин ки воқеа авҷ гирифта ба қулла расид, таркиш (хандаи баланд) рӯй медиҳад. Мақсад ҳосил мешавад ва бо ҳамин латифа ҳам ба итмом мерасад. Ҳамаи ин раванд бо суръат рӯй медиҳад.

Ин ҳама дар нақли кӯтоҳ ифода шуда, хусусияти жанрии латифаро ҳамчун ҳаҷви халқӣ баён менамояд. Аз ҳамин ҷиҳат латифа бо ҳикоят шабоҳат мекунад, яъне латифа ба муъҷазнокии худ, сохтори хосаш, тезу суръатнок инкишоф ёфтани мазмуну мундариҷаи худ ҳамчун жанри хурди фолклор дар байни мардум серистеъмол, паҳнгашта ва дӯстдошта мебошад. Ҳам дар замони гузашта, ҳам дар замони ҳозира зуд-зуд аз даҳон ба даҳон гузаранда ва нав-нав эҷодшаванда мебошад

Латифа ҳамон жанре аст, ки бо сабаби хусусияти барҷастаи ҳаҷвӣ доштанаш ҳамеша дар ҳар ҷо аз забони мардум шунидан мумкин аст. Бинобар ин вайро жанри «фаъол» меҳисобанд. «Фаъолӣ»-и ин жанр боз дар он аст, ки бо роҳи хаттӣ ва даҳонӣ ба вуҷуд меояд ва латифаҳои эҷод кардаи мардумро рӯзномаю маҷаллаҳо нашр мекунад.

Муддате мегузарад, ҳамаи онҳо моли халқ мешаванд. Нашр намудани онҳо беҳтар аст нисбат ба он, ки нашр нашуда несту нобуд гарданд.

Латифа кайҳост, ки дар фарҳанги муносибот ҷойгоҳи худро пайдо намудааст. Айни замон на ягон рӯзнома, на ягон маҷалла, на ягон сайти интернетӣ бе ҷойгир намудани латифа дар саҳифаи хуб ба табъ намерасанд. Латифаҳоро ҳамчун иқтибос, барои нишон додани проблемаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд ва дар ниҳоят ба хотири хурсанд намудани ҳамсуҳбат, тағйир додани ҳолат, барқарор намудани муносибот бо шахси дигар, нақл мекунанд. Нақл намудани латифа аз дигар жанрҳои нутқ бо он фарқ дорад, ки шахси нақлкунанда (субъекти жанри нутқ) ҳеҷ вақт барои муаллифи матн шудан кӯшиш намекунад. Вақте инсон ҳазл мекунад, чунин ба назар мерасад, ки вай худаш ин ҳазлро фикр карда баровард. Нақл кардани ҳазли дигар кас офарида маънои онро надорад, ки худат ҳазл мекунӣ.

 Дар забоншиносӣ латифа асосан аз нуқтаи назари жанр, навъ, таркиби забонӣ омӯхта мешавад. Аммо ҷанбаи коммуникатии он хеле кам таҳқиқ шудааст.

Латифа дар раванди коммуникатсияи инфиродӣ, яъне зимни муоширати ду ё якчанд инсонҳо дар маросими ғайрирасмӣ татбиқ карда мешавад. Асоси коммуникатсияи инфиродиро усулҳои мухталиф, ҳадафҳо ва вазифаи иштирокдорони он ташкил медиҳад. Ба сифати таҳрикдиҳандаи ин коммуникатсия метавонанд интиқол ва гирифтани иттилооти водорсозандаи шунаванда ба амал, нияти тағйири назари ӯ баромад кунанд.

Латифа ин фазои озодӣ ва кайфият аст ва ҳамзамон муайянкунанда ва таблиғсозандаи олам мебошад. Латифа яке аз падидаҳои дурахшони фарҳанги оммавӣ аст ва яке аз воситаҳои коммуникатсияи байнифардӣ мебошад. Он касе ки дар ҷойи зарурӣ маҳорати нақл намудани ҳадди ақал як латифаро надорад унс гирифтанаш бо одамон дар гурӯҳ мушкил аст. Латифаро нақл карда тавонистан ин маънои робита барқарор карда тавонистан бо ҳамсуҳбат мебошад. Вай инъикоси худи муносиботи мо, хоҳиш ва норасоиҳои зиндагии рӯзмарра ва гуногунрангии он мебошад.

НОМА. Дар робитаи миёни муассисаҳо, созмонҳо ва мақомоти гуногун номаҳои расмӣ нақши хеле муҳим доранд.

Номаҳои расмӣ аз лиҳози мазмун ва вазифа чанд навъ мешаванд: номаҳои ташаббусӣ, номаҳои ҷавобӣ, пайвастнома, бахшнома ва ҳоказо

Ҷузъҳои асосии номаҳои расмӣ:

1.Номи вазорат ё кумита

2.Номи муассиса (созмон)

3.Номи бахш ё шуъбаи муассиса (созмон)

4.Нишонӣ

5.Таърих

6.Шумора

7.Номи гирандаи санад

8.Матн

9.Ному насаби муаллифи нома

10.Имзо

НОМАИ КОРӢ- ин ҳуҷҷатест барои иртибот кардан, интиқоли иттилоот ба масофаи муайян миёни номанависон, ки метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бошанд.

Номаи корӣ алоқаи дуҷониба (reverse) миёни ирсолкунанда ва қабулкунандаро дар назар дорад, зеро беиртиботи тарафайн ягон санад муомилоти корӣ вуҷуд дошта наметавонад. Иртиботи корӣ дар шароитҳои муайяни иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки мақоми муомилакунандаҳор дар иҷтимоъ ва тиҷорат муайян мекунал, ба амал меояд. Дар навбати худ навъи номаи корӣ аз ин ҳолат вобаста мебошад.

Номаи корӣ масъулияти фардӣ дошта наметавонад, аммо барои ҷонибҳо бояд мушаххас ва фаҳмо бошад. Номаи корӣ ин воситаи таъсир расонидан ба адресате аст, ки натиҷаи ин таъсирро пешгӯӣ мекунад. Таснифоти муайяни номаҳои корӣ мавҷуд нест. Муҳаққиқ Стеблетсова ба сифати асоси таснифоти номаи корӣ меъёри «коммуникативӣ-прагматикӣ (зоҳирӣ)-и вазифаҳои нома» пешниҳод намуда ҳамаи номаҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо менамояд:

1.Нома, ки ҳадафи умумии коммуникативиаш хабар додан оид ба вазъи кор дар ҳолати воқеӣ мебошад. Ба ин гурӯҳ номаҳое вориданд, ки вазифаи коммуникативӣ-прагматикиашон хабаррасонӣ (номаи иттилоотӣ, номаи тасдиқӣ, номаи шаҳодатӣ, номаи ҳамроҳшаванда) мебошанд;

2.Нома, ки ҳадафи умумии коммуникативиаш хабар дар воқеъ тағйир додани ба вазъи кор мебошад. Ба ин гурӯҳ номаҳое вориданд, ки вазифаи коммуникативӣ-прагматикиашон водоркунӣ (номаи пурсиш, номаи дархост, номаи фармоиш) мебошанд;

3.Номаи дарбаргирандаи вазифаҳои коммуникативӣ-прагматикии иттилоотрасонӣ ва водоркунӣ (номаи огоҳӣ, номаи дархост, номаи тарғибӣ, номаи пешниҳот, номаи тавонгирӣ, номаи шикоят, нома бо дархости қабул ба кор);

4.Нома, ки ҳадафи умумии коммуникативиаш барқарор намудани мувофиқат миёни хабар ва вазъи кор дар ҳолати воқеӣ мебошад. Ба ин гурӯҳ номаҳое вориданд, ки вазифаи коммуникативӣ-прагматикиашон баён (нома дар хусуси таъин ба вазифа, нома дар хусуси ба нафақа баромадан, номаи аз кор озод шудан) мебошанд;

5.Нома, ки ҳадафи умумии коммуникативиаш ифодаи ҳолати эҳсосӣ-равонии муаллиф ба вазъи воқеӣ мебошад. Ба ин гурӯҳ номаҳое вориданд, ки вазифаи коммуникативӣ-прагматикиашон баёни оташини нутқ (номаи узрхоҳӣ, номаи сипосгузорӣ, номаи тасаллият) мебошанд;

6.Нома, ки ҳадафи умумии коммуникативиаш ифодаи муносибати муаллиф ба таъсири расида мебошад. Ба ин гурӯҳ номаҳое вориданд, ки вазифаи коммуникативӣ-прагматикиашон эътино кардан (номаи ризоият, номаи инкор) мебошанд;

П.В. Веселов инчунин таснифи гуногунҷанбаи номаҳои кориро меорад. Тибқи ин таснифот ҳамаи номаҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

1. Муқарраркунанда (номаи огоҳкунӣ, номаи тасдиқкунӣ, номаи огоҳӣ, хабарнома), ки ҷавобро талаб наменамоянд, аммо мақоми ҳуқуқӣ доранд.

2. Ҳамроҳ фиристодашаванда, ки маводи арзиши моддӣ дошта ё дигар ҳуҷҷатҳоро ҳамроҳӣ мекунанд, нақши ярлиқ ва баргчаспҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои фиристодашаванда часпонида мешаванд ва далели фиристоданро сабт мекунанд.

Аз рӯйи аломати вазифавӣ номаҳо ба ҷавобталабкунанда ва ҷавоб талабнакунанда ҷудо мешавад. Аз рӯи ҷанбаи мундариҷавӣ онҳо метавонанд якҷанбавӣ (бо як ҳадаф, масалан, огоҳкунӣ, кафолатӣ) ва бисёрҷанба шаванд.

 Аз рӯйи сохтор нома метавонад стандартӣ, яъне аз рӯйи қолаби муайян ва ғайристандартӣ, яъне ифодакунандаи бевоситаи ғайриодӣ будани ҳамон лаҳзаи истеҳсолӣ.

Ба назардошти махсусияти услуби номанигорӣ зимни омодасозии нома тавсия карда мешавад:

1.Моҳияти корро бо ҷумлаҳои содаи кӯтоҳ ифода намудан, кӯшиши истифода накардани ибораҳои сифати феълӣ ва феъли ҳол, аз истифодаи беохири «инчунин» даст кашидан, тартиби калимаро дар ҷумла риоя намудан;

2.Ибораҳои устувор нутқи хаттиро устифода намудан;

3.Истилоҳоти махсусро бо маънои умумиқабулгардидаашон истеъмол намудан ва танҳо дар ҳолате ки корбурди ин истилоҳ комилан зарур аст, калимаҳои куҳнашударо сарфи назар намудан, воҳидҳои нави коргузориро истифода кардан;

4.Моҳияти масъаларо бо оҳанги муътадил ифода кардан. Ба гирандаи нома ишора кардани он ки ӯ номаро бо диққат хонад даркор нест.

5.Лозим нест маҷбур кардани гирандаи мактуб барои ҳалли масъала бо истифодаи калимаҳои «фавран», «бетаъхир», «дар муддати кӯтоҳ» дар матни нома.

НОМАҲОИ КУШОДА. Ин навъ номаҳо аз давраҳои хеле қадим маъмуланд. Номаи Тансар намунаи қадимтарини ин навъи номаҳо аст ва аслан, қисмати талаб дар қасидаҳои мадҳӣ низ хусусияти номаи кушодаро дошт. Баъдан бо пайдо шудани матбуоти даврӣ номаҳои кушода боз ҳам маъмултар гардида, шакл ва мазмуни нав гирифтанд. Дар номаҳои кушода асосан ду навъи проблема – проблемаи аҳли ҷомеа ва проблемаи шахси ҷудогона ҳамчун намояндаи гуруҳи махсуси иҷтимоӣ ба миён гузошта мешавад. Номаи кушода садриддин Айнӣ ба Пӯлод Толис, ба забоншинос Додоҷон Тоҷиев, мактуби кушода А. Сатторзода ба шоир М. Қаноат хусусияти иҷтимоӣ – проблемаи аҳли ҷомеаро доранд. Силсилаи номаҳои кушодаи модари Ё. Салимов, номаҳои дӯстони ӯ ба президенти Тоҷикистон хусусияти номаҳои гуруҳҳои махсуси иҷтимоиро доранд.

НОМАҲОИ ДӮСТОНА. Мактубҳои дӯстон ба ҳамдигар то солҳои 2000-ум тавассути почта фиристода мешуданд, дар онҳо ҳолу аҳволи ҳамдигар пурсида мешуд, онҳо характери хусусӣ дошта, барои дигарон маълум нест.

ПАЁМАК (SMS)-ҲО – ин навъи номаҳои кӯтоҳ бо пайдо шудани телефонҳои мобилӣ маъмул гаштанд. Онҳо аз навъҳои дигари нома бо кӯтоҳи худ фарқ мекунанд, фиристонандаи онҳо фурсати сухани зиёд гуфтан надорад. Ҷумлаҳо кӯтоҳакак, калимаҳо дар шакли мухтасар ифода карда мешаванд. Дар ин навъи номаҳо аз аломатҳо низ истифода мекунанд. Имрӯз навъҳои хеле гуногуни робитаи интернетӣ маъмул мегардад. Паёмакҳоро махсусан тавассути онҳо мефиристанд. Барнома-замимаҳои интернетии viber, Wots-app, imo, chi gap махсус барои ҳамин гуна иртибот пешниҳод шудаанд.

Ҳамин тариқ, номаи корӣ вазифаҳои бисёри муҳимеро иҷро мекунад. Вазифаи асосии нома ин иттилотрасонӣ аст.

ЖАНРИ ТАСВИР

Жанри тасвирро ба услуби публисистӣ ворид намудан мумкин аст. Аз рӯйи тарзи иншо ва истифодаи калимаҳо жанрҳои тасвир гуногунанд. Масалан, тасвири инсон метаванад сифатҳои зоҳирӣ ва ботиниро дар бар гирад. Чунин намуди тасвир бештар дар адабиёти бадеӣ ба назар мерасад. Хислати қаҳрамонҳо яклухтии портретро фарогир аст. Баъзе муаллифон барои нишон додани дунёи ботинии қаҳрамон тавассути тасвири зоҳирӣ ва баръакс ба воситаи амалҳои қаҳрамон хислати берунаи онро тасаввур мекунем усулҳои махсус истифода мекунанд. Аммо тасвири инсон метавонад на танҳо дар адабиёти бадеӣ инчунин дар ахбори милитсия низ бошад. Ин тасвир нисбат ба тасвири адабӣ дигар хел аст. Барои ин гуна тасвир чорчӯбаи муайян аз қабили қаду қомати инсон, синну соли вай, ранги чашм ва муйи сар, нишонаҳои махсус муайян карда шудааст.

Тасвири ашё аз инсон фарқ дорад. Ин тасвир хусусиятҳои сифатӣ, андозавӣ, ранг, ҷойгиршавӣ дар фазоро соҳиб аст.

Дар адабиёти бадеӣ ашёҳо метавонанд хислати амиқ дошта бошанд. Агар тасвири ашё дар ҳуҷҷатҳо бошад дар ин ҳолат вай дар жанри расмӣ-коргузорӣ омода карда мешавад.

 Зери мафҳуми пейзаж тасвири табиат, муҳити атроф фаҳмида мешавад. Мафҳуми «интерер»-ро дар доираи ҳуҷҷат бо истиқотгоҳро тасвир кардан, дарк намудан осонтар аст. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ тасвири пейзаж ин ҳисобот аст, масалан дар хусуси ҳаҷми замин, шумораи дарахтон.

Муаррифии маҳсулот одатан ин қисми маъракаи таблиғотӣ аст, замоне ки дар бозор моли нав пайдо мешавад ва истеҳсолкунандагону паҳнкунандагони он кӯшиш мекунанд харидоронро ошно намоянд. Чунин муаррифӣ тамоми маълумотро дар хусуси мол, сифат ва моҳияти он дар бар мегирад. Муаррифии мол хислати мусбӣ дошта барои харидории маҳсулот харидорро водор мекунад.

Мирзоёров Фирдавс    

номзади илмҳои филология

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа" №1 (5), 2017

 Адабиёт:

  1. Бахтин М. М. Проблема речевых жанров// Эстетика словесного творчества. – М.: Искусство, 1979. С. 238.
  2. Бахтин М. М. Ҳамон асар. С. 241-242.
  3. Богин Г.  И. Речевой жанр как средство индивидуации// Жанры речи.  – Саратов, 1997. С. 18.
  4. Ейгер Г. В., Юхт В. Л.К построению текстов// Лингвистика текста. – М.,1974. Қ. 1.
  5. Холодович А. А.Типология речи//Историкотипологические исследования.
  6. Шмелева Т.В. Модель речевого жанра//Жанры речи.  –  Саратов, 1997. С. 91–92.
  7. Цицерон М.Т. Речи. – М.: Наука, 1993. Т. 1. С. 380. – М., 1977.

 

Хондан 4789 маротиба