JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 09 Июни 2017 05:26

Забони давлатӣ ва дурнамои сохтмони андешаи миллӣ

Муаллиф:

                             Забони гушода чу омад падид,

                             Шуд он бандҳоро  саросар калид.

                                         Фирдавсӣ

    Ба масъалаи забони давлатӣ ҳамчун созмондиҳандаи  андешаи миллӣ таваҷҷуҳ намуда, чанд нуктаи асосиро ироа медорем:

  1.Забони форсии дарии тоҷикӣ дар таърихи фарҳанги иронитаборон ба сифати забони илму тамаддун шинохта шуда, дар бедоии фикрии ақвоми ирониасли қуруни мутамодӣ нақши муассир доштааст. Забони форсии тоҷикӣ дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авасто» китобат шудааст. «Авасто» китобест, ки беш ва пеш аз ҳама, ба самти огоҳӣ ва созмони андешаи миллӣ нигаронида шудааст (Сайид Аҳмадӣ. Фарҳанги форсӣ дар қуруни вусто. Теҳрон, 1375. –С. 38).

 

  2. Дар тӯли таърихи инсонӣ на ҳама забонҳо тавони созмон додани фикр ва андешаи миллиро доштаанд, вале аз оғоз забони форсӣ - тоҷикӣ ба ин ҳадафи калидӣ мутамоил буд. «Авасто» ҳамчун хирадномаи миллӣ дар созмонёбии андешаи миллӣ нақши асосӣ доштааст. Дар Ясна, ҳоти 31, бандҳои 17 ва 19 вазифаи марди доно ва гушодазабон дар бедорӣ ва огоҳӣ бахшидани ҷомеа муайян ва мушаххас шудааст (Авесто. Гузориш ва пажӯҳиши Ҷалили Дӯстхоҳ. Душанбе, 2001. –С. 71- 75). Муаллифи

« Готҳо» - и «Авасто» Зардушт нақши забонро дар созмони андеша сахт саҳим донистааст( Ясна, ҳоти 34, банди 10).

  3. Ҷавҳари фарҳанги бостонии моро аслҳое чун гушодазабонӣ, андешамандӣ, нуктапардозӣ ташкил додаанд, ки дар маҷмӯъ, ба сохтмони андешаи миллӣ иртибот доранд. Инсон дар фарҳанги мо сухан ва забонро, пеш аз ҳама, ба як ҳадафи асосӣ – огаҳӣ бахшидан ва бедор намудани ҷомеа корбаст кардааст. Ин нуктаро донишманди шаҳири урупоӣ Вилли Дуронт дар китоби бисёрҷилдааш  « Таърихи тамаддун»  таъкид доштааст (Дуронт В. Таърихи тамаддун, бахши аввал. Теҳрон, 1343. –С.553). Суннати андешамандӣ ва нуктапардозӣ минбаъд ба туфайли сиёсати хашини аҷнабиёни худкома ва мустабидони дохилӣ тадриҷан барҳам дода шуд ва ин сиёсат фазои илмию фарҳангиро заҳролуд карда, барои ба вуҷуд овардани падидаҳое чун кутаҳназарӣ, таассубофарӣ, хурофотпарастӣ ва заъфандешӣ шароити мусоид фароҳам овардааст (Ровандӣ М. Таърихи иҷтимоии Ирон, ҷилди аввал. Теҳрон, 1354.  -С. 479- 498).

  4. Муссалам аст, ки забон яке аз нишонаҳои асосии миллат маҳсуб шуда, ба василаи он сарнавишти таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллӣ тайи таърихи зиндагӣ навишта мешавад. Давраи нави ташаккулу таҳаввули забони миллӣ ба замони давлатдории Сомониён иртибот мегирад. Замони салтанати Сомониён забони миллӣ таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад-ин тариқа, дар ташаккули забон ва андешаи миллӣ дар давраи дигари таърихӣ саҳми бориз гирифтанд (Сайид Аҳмадӣ. Фарҳанги форсӣ дар қуруни вусто. Теҳрон, 1375. –С. 102). Дар он давра доираи нуфузи забони арабӣ, ки ба сифати забони дину сиёсат ва илму фарҳанг мутадовил буд, ҳадафмандона маҳдуд гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нӯҳи Сомонӣ ( 961- 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони порсӣ тарҷума гардид (Малоирӣ М. Таърих ва фарҳанги Ирон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ, ҷилди аввал. Теҳрон, 1372. -С. 138).  Фақеҳони миллатпарасти замони Сомониён бо дастури амри Сомонӣ ва бар мабнои ривоёти шаръӣ собит намуданд, ки «забони биҳиштиён форсӣ аст… ва забонест, ки барои нахустин бор бо он забон  бо Парвардигор сухан гуфта шудааст» (Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. -Теҳрон, 1383. –С.  252- 253). Ин ҷуръат ва ҷасорати арзанда дар рушди забони миллӣ дар асри Х хеле муассир буда, раванди таҳаввули андешаи миллиро таҳким бахшидааст. Шоирону адибони барҷастаи давра устод  Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва Фирдавсӣ бо андешаи миллӣ ба майдони адабу фарҳанг ворид гардида, забони порсӣ-тоҷикиро дар баробари забони арабӣ устувор намуданд. Дар раъси раванди созмондиҳии андешаи миллӣ Ҳаким Фирдавсӣ қарор дошт ва ҳақиқати амр ин аст, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамзабон то имрӯз мақоми Фирдавсӣ дар ташаккули андеша ва бедории миллӣ  ҳамчунон побарҷост. Вақте ки ӯ нидои «Забони гушода чу омад падид,  Шуд он бандҳоро саросар калид»  дардод, мардуми ҳавзаи форсизабононро мухотаб қарор дода, аз ҳамватанон тавассути забони буррою  гиро ҳал намудани мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фикрии ҷомеаро хостор буд. Воқеан, забони миллӣ дар замони Сомониён гушода (бурою гиро) буд ва боиси ба вуҷуд омадани мероси гаронмояи илмӣ ва фарҳангӣ гардид.

  5. Баъди аз сари султа берун кардани Сомониён ҷараёни бедории иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ сусту заиф шуда, дар соҳати Хуросону Мовароуннаҳр як навъ халои фарҳангӣ ҳукмфармо мегардад. Ин хало боиси ба вуҷуд омадани хурофоту таассуб гардида, нақши забони миллиро дар таҳкиму густариши андешаи миллӣ камранг сохт. Ҳарчанд талошҳои Носири Хусрав барин абармардон ва фидоиёни роҳи дониш як дараҷа вазъро беҳтар намуда буд, вале куллан вазъи бедории фикрию иҷтимоӣ хеле нигароникунанда буд.

  Дар асри 19 ва ибтидои асри 20 рисолати забонсозӣ ва андешапардозии миллӣ тавассути забони гирою буррои тоҷикӣ (форсӣ) бар уҳдаи Аҳмади Дониш ва Айнӣ вогузор гардид. Айнӣ, ки аз охири асри 19 шурӯъ карда, то охири умр дар ҷодаи танвири фикрӣ ва бедории иҷтимоӣ қадамҳои устувор ниҳод, дар покизагии забони миллӣ саҳми назаррас гузошт. Ӯ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» заъфи динӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аморатро ҷиддӣ баррасӣ намуда, роҳи наҷоти ҷомеаро аз ин вартаи муҳлик ва ҷаҳолати маргбор дар танвири фикрӣ медид(Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. Теҳрон, 1381. –С. 55). 

  6. Баҳсҳои тезутунде, ки дар солҳои бистуму сиюми садаи бистум байни фарҳангиёну сиёсатмадорони  минтақа дар масоили доираи истеъмол ва тавсеа, масири рушд, имконоти иҷтимоию сиёсӣ ва дар маҷмӯъ, мушаххасоти забони миллӣ сурат гирифт (Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. Душанбе: Ирфон, 2007. –С.  9-38), баёнгари таваҷҷуҳи саросарии ниҳодҳои сиёсию фарҳангӣ ба масъалаи забон буд. Ҷараёни баҳсу мунозираҳои илмӣ ва сиёсӣ атрофи забони миллӣ дар замони Шӯравӣ низ камокон идома ёфт ва нимаи дуюми солҳои ҳафтод ва имтидоди ҳаштодум раванди бедории иҷтимоию фикрӣ бар мабнои забони миллӣ тавассути аҳли илму адаб – Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Акбар Турсон, Тоҳири Абдуҷҷабор ва дигарон таҳкиму тақвият ёфт.

  7. Забони миллӣ механизми зинда аст, он бояд доимо дар ҷараёни зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва  фарҳангӣ фаъол бошад. Фаъолнокии забон дар ҷараёни муоширати саросарӣ ба иттиҳоди миллии қишру ниҳодҳои иҷтимоӣ ва бавижа, фарҳангӣ сахт бастагӣ дорад. Дар сурати камфаъол будани неруҳои зеҳнӣ ва ниҳодҳои иҷтимоию фарҳангӣ (ин вазъ дар Тоҷикистони кунунӣ боиси нигаронист), рушд, таҳаввул ва тавсеаи андешаи миллӣ ва бедории фикрӣ дар гумон аст. Дар замоне  ки  боди даҳшатноки хурофоту таассуб ва афкори ғаразноки аҷнабӣ тавассути сиёсати тамаддунӣ ва глобалӣ фазои моро печонидааст, зарурати баҳамоӣ ва иттиҳоди неруҳои аклонию фарҳангӣ пеш омадааст.

  8. Раванди ҷаҳонишавӣ, дар баробари манфиат, зарари ҷиддӣ низ ба бор меорад. Он фарҳангҳои камзарфиятро, ки дар асоси забони миллӣ тайи асрҳои тӯлонӣ сохта шудаанд, тадриҷан аз байн мебарад ва империяи фарҳанги нерумандро иҷборан таҳмил менамояд. «Зулми фарҳангӣ» (таъбири Франс Фанон) -и қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ногузир аст, бинобар ин илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд дарёфт, то минбаъд дер нашавад.  Илоҷи воқеа, ба назари мо, иттиҳоди неруҳои зеҳнӣ ва ақшори фарҳангӣ-маърифатӣ мебошад (неруҳои зеҳнӣ ва маърифатии мо, ба сабаби ҷур наомадани манофеъ ва мафкураву ақоид бо ҳам созгор нестанд, дар ҳоле ки ниҳодҳои илмии мамолики пешрафта манофеи миллиро на дар ақидаю нуқтаи назар (позитсия), балки дар иттиҳоди забонӣ ва муҳимтар аз ин, дар маърифати миллӣ-мардумӣ мебинанд, ки ин таҷриба барои мо сахт омӯхтанист), ки нигахдорандаи забони миллӣ дар маҳдудаи мушаххаси забонию маконӣ маҳсуб меёбанд.

  9. Ҷаҳони имрӯз ҷаҳони иттилооти беҳудуд ва фановарию нерумандии техникист. Дар ин фазою муҳити иртибототӣ забон ва миллиятҳое устувору побарҷо мемонанд, ки дар масири иттилоту фоноварии муосир қарор дошта бошанд, аз пешравию тараққиёти илмҳои  иҷтимоӣ – инсоншиносӣ ва умуман, улуми  мутадовил  басароҳат  огоҳ бошанд, комёбию муваффақиятҳои улумро дар ҳамаи сатҳҳои иҷтимоӣ ба забони миллӣ ва давлатӣ тавсеа, густариш ва интишор диҳанд ва ба сатҳи огоҳии иҷтимоӣ расонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Ҳукумат ва тамоми ниҳодҳои фарҳангӣ ва маърифатии ҷомеаи моро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд ва забони миллиро ба сатҳи забони сиёсат, илм, ахлоқ ва билохира фарҳанги миллӣ бардоранд.

  10. Таҷрибаи талхи таърихро дар робита бо шикасту ноҷуриҳои миллӣ аз ёд набояд баровард. Забони миллӣ дар тӯли таърих таҷриботи зиёд андӯхта, феълан имкони мутаваққиф кардани таҳоҷуми идеологӣ ва фарҳангии бегонаро дорад. Дар ин замина, рӯшанфикрону зиёиёни муосир бо истифода аз имконоти зеҳнӣ, забони муқаввои миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ, метавонанд ҷараёни бедории фикрии ҷомеаи тоҷикиро дар шароити ҷаҳонишавӣ таҳким бахшида, ба ин восита забон ва миллатро аз газанди рӯзгор ва таҳмилоти фарҳанги ғаразноки берунӣ эмин доранд.

Нозим Нурзода

Хондан 2830 маротиба