JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 02 Августи 2017 14:54

Муносибати салоҳиятнокӣ дар таълими фанни забони тоҷикӣ

Муаллиф:

   Чунонки маълум аст, низоми анъанавии таълим аз назарияи таълимии Я.А. Коменский, сарчашма мегирад. Ин низоми аз ҷиҳати ташкили ҷараёни таълим синфӣ-дарсӣ буда, мазмуну мундариҷа тавассути методологияи шарҳӣ-аёнӣ пешниҳод карда мешавад. Назарияи мазкур ҳанӯз дар асри XVII дар асоси принсипҳои дидактика ташаккул ёфтааст. Хусусиятҳои хоси низоми мазкур инҳоянд:

 – синф аз хонандагони синну сол ва омодагии якхеладошта ташкил шуда, дар ҷараёни таҳсилоти мактабӣ дар ҳамин ҳайат боқӣ  мемонанд;

– ба ҳайати синф дар асоси як нақшаи солона ва барномаи таълим мувофиқи ҷадвали дарсҳо таълим дода мешавад. Хонандагон бояд дар як вақти муайян, фасли муайян ба мактаб ҳозир шаванд;

– дарс воҳиди асосии таълим ба шумор меравад;

– дарс ба як фан, мавзӯъ бахшидашуда, ҳамаи хонандагон аз рӯйи як мавод кор мекунанд;

– фаъолияти хонандагонро дар раванди дарс омӯзгор идора мекунад.

–омӯзгор натиҷаҳои таълими фанни худро арзёбӣ карда, дараҷаи азхудкунии ҳар як хонандаро дар алоҳидагӣ  санҷида, дар охири соли таҳсил дар хусуси ба синфи оянда гузаронидан ё нагузаронидани хонанда қарор қабул мекунад;

– китобҳои дарсӣ асосан барои вазифаи хонагӣ истифода мешаванд;

– соли таҳсил, рӯзи дарсӣ , ҷадвали дарсҳо, таътил, танаффуси байни дарсҳо нишондиҳандаҳои низоми синфӣ-дарсӣ  мебошанд (22).

Чунонки дар боло қайд шуд, дар низоми синфӣ-дарсӣ асосан методологияи шарҳӣ-аёнӣ истифода мешавад. Чунин тарзи таълим имконият медиҳад, ки дар вақти кӯтоҳ миқдори зиёди ахбор интиқол дода шавад.

Омӯзгор дар таълими шарҳӣ-аёнӣ дониш (маълумот)-ро дар шакли коркардшуда (тайёр) пешниҳод карда, хонандагон онро қабул ва бозгӯйӣ  мекунанд. Мундариҷаи таълим дар ин навъи таълим ботартиб ва алоқаманд пешниҳод карда мешавад. Фаъолияти омӯзгор асосан ба таври шифоҳӣ  фаҳмонда додани мавзӯъ ва истифода бурдани аёниятҳо равона мегардад. Ин навъи таълим ба анъана ва одат табдил ёфтааст, зеро диққати асосӣ  ба хотира равона шуда, хусусияти тазаккурӣ дорад. Яъне, хонанда пас аз шунидани (ё хондани) маълумот онро бояд дар хотир гирад, дертар ба хотир орад ва бозгӯйӣ  карда тавонад.  Раванд ва натиҷаи таълим ба андозаи донише, ки хонанда аз суханони омӯзгор ё китоби дарсиву дигар маводи таълим дар хотир гирифтааст, маҳдуд мегардад. Хонандагон дониши азхудкардаашонро ба таври гуногун пешниҳод мекунанд: нақл, бозгӯйӣ , нақли хаттӣ , иншо, корҳои санҷишӣ  ва монанди он.Барномаҳои таълим дар низоми мазкур маводи таълимро бо тартиби мушаххас, пайиҳам пешниҳод карда, барои аз худ кардани мавзӯъҳо миқдори муайяни вақтро пешбинӣ  менамояд. Барои ҳар як фан барномаи таълимии алоҳида таҳия карда мешавад ва онро дар муҳлати аз 4 то 10 сол истифода мебаранд. Дар асоси барномаҳои таълим китоби дарсӣ  таҳия карда мешавад. Омӯзгор дар асоси барнома ва китоби дарсӣ  нақшаи тақвимӣ -мавзӯӣ  таҳия карда, дар асоси он раванди таълими фанро ба роҳ мемонад.

 

Диққати асосӣ  дар низоми мазкур ба фаъолияти омӯзгор дода мешавад. Ҳангоми арзёбии фаъолияти омӯзгорон, санҷишгарон ба саволҳои зерин посух менависанд:

– Чӣ тавр омӯзгор дарсро ташкил намуд?

– Ҳангоми пурсиши вазифаи хонагӣ  чӣ  қадар вақт сарф кард?

– Чанд хонандаро пурсид?

– Мавзӯи навро чӣ тавр баён кард?

    – Мустаҳкамкуниро гузаронд ё не?

–  Бо кадом роҳҳо дониши нав мустаҳкам гашт?

– Баҳоро эълон кард ё не?

Инчунин ҳангоми санҷишҳо мувофиқати нақшаи тақвимӣ бо дафтар (журнал)-и синф, мавзӯи китоби дарсӣ  ва нақшаи дарс назорат карда мешавад. Барномаро аз худ накардани хонанда мавзӯъҳои пешниҳодшударо надонистани ӯро ифода мекунад. Дарсҳо дар таълими шарҳӣ -аёнӣ  мувофиқи қолабҳои мушаххас банақша гирифта мешаванд. Дарс марҳалаҳои гуногунро фаро гирифта, фаъолияти омӯзгору хонандагон дар он дарҷ мешаванд.

Вазифаҳои асосии таълими анъанавӣ аз он иборат аст, ки ҷараёни таълимиву маърифатӣ дар хонандагон хусусияти тазаккурӣ доштани таълимро ташаккул медиҳад. Яъне, хонандагон шунидан, хондан ва бозгӯйӣ , ё дар асоси намунаҳо, қоидаҳо иҷро кардани мисолу масъаларо ҳамчун фаъолияти асосии маърифатӣ ҳисоб мекунанд.Натиҷаҳои омӯзиш чунин мешавад:

– моҳияти таълими анъанавиро шарҳ медиҳад;

– дар бораи бартарӣ ва норасоии таълими анъанавӣ  мулоҳизаҳояшро мегӯяд;

– омилиҳои устуворкунандаи низоми таълими анъанавиро номбар мекунад.

 Муносибати сохторӣ ва функсионалӣ дар таълими забони тоҷикӣ

 Дар таълими забони тоҷикӣ такя кардан ба таълими назарияи забон бо умеди тавассути омӯзонидани назария ёд додани забон муносибати сохториро мефаҳмонад. Яъне, мо дар таълим асосан ба хонандагон қоидаҳоро таълим медиҳем, то ки ба онҳо такя карда хонандагон воҳидҳои забониро дуруст истифода баранд. Китобҳои дарсии мо маъмулан аз рӯйи ҳамин усул навишта мешаванд. Қоида оварда мешавад, сипас, силсилаи машқҳо аз рӯйи мавзӯъ пешниҳод мешаванд. Омӯзгор мавзӯи навро оғоз мекунад. Қоидаро ба хонандагон мегӯяд, онро шарҳ медиҳад, сипас, аз онҳо талаб мекунад, ки силсилаи машқҳоеро, ки дар китоби дарсӣ  оварда шудаанд, иҷро намоянд.

Албатта, одилона нест, агар бигӯем, ки таълими сохторӣ, танҳо ба назария такя кардан дар таълим аст. Омӯзгорон қоидаро гуфта, онро бо мисолҳо мустаҳкам мекунанд ва шарҳ медиҳанд, ба хонандагон имконият медиҳанд, ки ба тариқи аналогия машқҳои нав созанд. Ин хуб аст, аммо гап сари он меравад, ки ҳама фаъолияти хонанда аз қоидаи пешакӣ овардашуда ба роҳ монда мешавад, ё дар атрофи қоидаҳое ташкил карда мешавад, ки аллакай тайёранд.

Таълими функсионалӣ  бошад, ба таҷрибаи хонанда такя мекунад. Омӯзгор фаъолияти хонандаро дар такя ба мисолҳои ҳаётӣ, ки хонандагон аллакай дар он таҷриба доранд, оғоз менамояд. Ҳамчунин дар таърихи назарияҳои педагогӣ омӯзиши проблемавӣ  низ мавқеи махсус дорад. Дар омӯзиши проблемавӣ, ки таълими салоҳиятнокӣ  низ ба он такя мекунад, мавзӯъ аз проблема оғоз карда мешавад. Хонандагон бо вазъияти проблемавӣ  рӯ ба рӯ карда мешаванд. Ин ҳолат онҳоро барои мақсаднок гардидани омӯзиш водор менамояд. Хонанда роҳҳои гуногуни ҳалли проблемаро ҷустуҷӯ мекунад. Омӯзиши проблемавӣ  ба хонанда имкон медиҳад, ки зарурати омӯзиши мавзӯи пешниҳодшударо дарк кунад ва барои омӯзиш дар наздаш мақсад пайдо шавад.Натиҷаҳои омӯзиш чунин мешавад:

– муносибати сохторӣ ва функсионалиро дар таълими забони тоҷикӣ  фарқ мекунад;

– моҳияти таълими функсионалиро шарҳ медиҳад;

– ба таълими функсионалӣ  мисол меорад.

 

 Мафҳумҳои асосӣ. Таснифоти муносибати салоҳиятнокӣ ба таълим

 Мафҳумҳои “салоҳият” ва “босалоҳият”-ро мутахассисон барои ифодаи мафҳумҳои “компетенция” ва “компетентность”, ки аз забони лотинӣ (competens, competentis) ба забони русӣ  иқтибос шудаанд, истифода мебаранд. Дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ” –мафҳуми салоҳият лоиқ будан, сазовор будан; шоистагӣ, сазоворӣ  шарҳ дода шудааст.Чун дар ин мақола мафҳумҳои “салоҳият” ва “босалоҳият” ба мақсади ифодаи истилоҳи соҳаи маориф истифода мешавад, тасмим гирифтем, танҳо маъно ва тафсири ба ҳамин соҳа дахлдори ин мафҳумҳоро баррасӣ  кунем.  Аз ин лиҳоз, тафсири мафҳумҳои мазкурро аз якчанд сарчашмаҳои илмӣ меорем.Дар Луғати истилоҳоти Хазинаи аврупоии таҳсилот  мафҳуми салоҳият (компетенсия) чунин шарҳ дода шудааст:

1.Қобилияти ягон кор (амал)-ро хуб ва самаранок иҷро кардан.

2.Ба талаботи вазифавӣ  (касбӣ ) мутобиқ будан.

3.Қобилияти иҷрои вазифаҳои махсуси меҳнатӣ. Дар стандарти фаннии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ  мафҳуми “салоҳият” чунин тафсир шудааст:

Салоҳият – маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ  (иҷтимоӣ , иқтисодӣ , сиёсӣ ), маърифатӣ  ва касбӣ  равона карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар баъзе адабиёти илмӣ мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат муштарак истифода мешаванд. Дар такя ба тафсири мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки шахси босалоҳият амалеро хуб, қобилиятнок ва боэътимодона иҷро карда метавонад. Диққати асосӣ дар таълими босалоҳият ба ташаккули малакаҳои амалӣ  (ҳаётӣ, воқеӣ, функсионалӣ) равона мешавад. Таълими босалоҳият ба саволҳои: “Хонанда чӣ  кор карда метавонад?”, “Хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?” ҷавоб медиҳад. Донистан ё дониш дар таълими босалоҳият ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, бо намуна муқоиса кардан ва ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад. Салоҳиятро таълим намедиҳанд, балки  салоҳият дар натиҷаи азхуд кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад”. Босалоҳиятӣ  натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.

Салоҳиятҳои фаннӣ  ва болоифаннӣ дар таълим

> Вазифаи аслии мактаб тарбия ва таълим аст ва аз ин рӯ дар таърихи инкишофи педагогика тарбияро дар ҷойи аввал гузоштаанд, зеро хонандаро мебояд ба зиндагии мустақилона омода намоем. Гоҳо намояндагони ақидаҳои ба ном демократӣ  чунин андеша баён мекунанд, ки мо ба сари омӯзгор масъулиятҳои зиёдеро бор мекунем, ӯ ба ҷойи таълим бо корҳои дигар машғул мешавад. Дар ин маврид ҳаминро бояд таъкид намуд, ки ҷавҳари таълими салоҳиятнокиро тарбия ташкил медиҳад. Мактаб ва омӯзгор бояд инсони ташаккулёфтаро аз дари мактаб ба зиндагӣ  равона созанд. Дар ҷаласаи ЮНЕСКО соли 1996  Жак Делор ба чор ҷанбаи салоҳиятҳои хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, аз ҷумла таъкид кард, ки мактаб бояд ба хонанда маърифат кардан, иҷро кардан, якҷоя зиста тавонистан, зиста тавонистанро омӯзад.Моҳи марти соли1996 дар Шӯрои Аврупо масъалаи ислоҳоти маориф баррасӣ гардида, ба салоҳиятҳои калидӣ  (асосӣ ) таваҷҷуҳ карда шуд. Бо назардошти ҳамин талабот яке аз муҳаққиқони асосии таълими салоҳиятнокӣ  Г. Халаж (G. Halasz) махсусияти демократӣ, бисёрзабонӣ, бисёрфарҳангӣ, талаботи бозори меҳнат, дигаргуниҳои иқтисодии кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро ба назар гирифта, силсилаи салоҳиятҳоро пешниҳод намуда буд. Дар асоси ҳамин гуна пешниҳодҳо Шӯрои Аврупо барои аврупоиёни ҷавон доштани салоҳиятҳои асосии зеринро муҳим шумор буд:

– «салоҳиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ба мисли қобилияти қабул кардани масъулият дар қабули якҷояи қарорҳо, ҳалли муноқишаҳо бе истифодаи зӯроварӣ, иштирок дар инкишофи институтҳои демократӣ;

– салоҳиятҳои бо зиндагӣ ва ҷомеаи бисёрфарҳангӣ  алоқаманд. Дар шароите, ки таҳаммулнопазирӣ, расизм, ксенофобия авҷ мегирад, маориф бояд “наврасону ҷавононро бо салоҳиятҳои байнифарҳангӣ, ба мисли эҳтироми тарзи зисти дигарон, қобилияти ҳамзистӣбо намояндагони фарҳангҳо, забонҳо, динҳои дигар” мусаллаҳ гардонад;

– салоҳияти бо муоширати хаттӣ  ва шифоҳӣ алоқаманд буда, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ  хеле муҳиманд. Дар ин гуна маврид тарбияи ҳар чӣ  бештар забонҳои дунё талаб карда мешавад;

– салоҳиятҳое, ки бо афзоиши пуриттилоъгардии ҷомеа алоқамандӣ  доранд. Маҳорати истифодаи дуруст аз технология, аз иттилоот, рекламаҳои тариқи ВАО паҳншаванда, муҳокимаи интиқодии онҳо;

– қобилиятҳои идома додани омӯзиш дар давоми зиндагӣ дар заминаи ҳаёти шахсӣ  ва касбӣ (тахассусӣ)».Моҳияти салоҳиятҳои асосиро иҷтимоишавии шахс ташкил медиҳад. Инҳо маҷмӯи қобилиятҳое мебошанд, дар тамоми фанҳо ташаккул дода мешаванд ва нақши тарбиятгарии омӯзгор дар ин маврид муҳим аст, агар омӯзгор салоҳиятнок набошад, ҳоҷати сухан дар бораи ташаккули салоҳиятҳои асосӣ  нест!

Омӯзгор фаъолияти дар шаклҳои гуногун – инфиродӣ, дунафарӣ  ё гурӯҳӣ ташкил намуда, фазои ягонагӣ ва иҷтимоишавии хонандагонро ба вуҷуд меорад, қобилияти эҳтироми фикри ҳамдигар, дар доираи мавзӯъ сухан гуфтанро ташаккул медиҳад, ба онҳо шароит фароҳам меорад, ки андешаҳои худро баён кунанд, мавқеи худ, нуқтаи назари худро дар мавриди зарурӣ  иброз кунанд. Аз муносибати худкомагӣ  омӯзгор даст мекашад.Ин гуна муносибатро дар хонандагон низ ташаккул медиҳад. Омӯзгори имрӯзаро зарур аст, ки хонандагонро ба зиндагӣ дар кураи Замин омода намояд.На танҳо ба шароити Тоҷикистони имрӯзаву оянда, зеро дар асри ХХI кӯчиши одамон хеле доман паҳн кардааст. Шароити аз як кишвар ба кишвари дигар барои таҳсил, кор рафтани ҷавонон, шахсони баркамол авҷ гирифтааст. Ин боиси омезиш ва ба ҳам наздикшавии фарҳангҳо мегардад. Дар чунин шароит танҳо шахси салоҳиятнок метавонад муваффақ гардад. Вазъияти баамаломада на танҳо дигаргуниро дар барнома, инчунин дар китоби дарсӣ  ва пеш аз ҳама дар муносибати омӯзгор талаб мекунад. Матнҳо ва маводе, ки хонанда бо онҳо кор мекунад, бояд инъикоскунандаи ҳаёти берун аз мактаб бошад.

Фирдавс МИРЗОЁРОВ, 

номзади илмҳои филология

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа" №2 (6), 2017

 Адабиёт

  1. Арзёбӣ дар низоми таълими салоҳиятнокӣ  (Дастур барои омӯзгор). Модули 1. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н.,  Иргашева М., Зиёев Қ. -Душанбе, 2016.-65с.
  2. Байденко А. Компетенции в профессиональном образовании // Высшее образование в России. – 2004. – № 11. – С. 3-13.
  3. Банақшагирии дарс дар асоси стандартҳо, китоби дарсӣ  ва замимаҳо (Дастур барои омӯзгор). Модули 2. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н.,  Иргашева М., Зиёев Қ.- Душанбе, 2016.-73с.
  4. Болотов В.А., Сериков В.В. Компетентностная модель: от идеи к образовательной программе // Педагогика. – 2003. – № 10. – С. 8-14.
  5. Делор Ж. Образование: сокрытое сокровище. UNESCO,1996.
  6. Зимняя И.А. Ключевые компетентности как результативно-целевая основа компетентностного подхода в образовании. Авторская версия.-М.:Исследовательский центр проблем качества подготовки специалистов, 2004
  7. Лутфулоев М. Педагогикаи милии халқи тоҷик(осори педагогӣ , ҷилди 6).–Душанбе. –2015, 704 саҳ.
  8. Мединцева И. П. Компетентностный подход в образовании / И. П. Мединцева // Педагогическое мастерство: материалы II междунар. науч. конф. (г. Москва, декабрь 2012 г.).  — М.: Буки-Веди, 2012.
  9. Методика дар низоми таълими салоҳиятнокӣ  (Дастур барои омӯзгор). Модули 3. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н.,  Иргашева м., Зиёев Қ.- Душанбе, 2016.-141с.
  10. Мирсеитова С. Обучение как поиск и поиск для обучения: формы и методы развития критического мышления обучающихся. -КазАЧ, 2011
  11. Низоми таълими салоҳиятнокӣ  (Дастур барои омӯзгор). Модули 1. Мураттибон: Ниёзов Ф., Алиев А., Нусратов Б., Ҷонмирзоев Э., Қодиров Н.,  Иргашева М., Зиёев Қ.- Душанбе, 2016.-36с.
  12. Петровская Л.А. Компетентность в общении.- М., 1989.
  13. Равен Дж. Компетентность в современном обществе.Выявление, развитие и реализация. -М., 2002. (англ. 1984).
  14. Сафин Д., Мусина Р., Мухторӣ  Қ., Қурбонов С. ва диг. Усулҳои таълим ва омӯзиши ҳамфаъол. Дастури таълимӣ . -Душанбе, 2007.- 376 с.
  15. Стратегия модернизации содержания общего образования. Материалы для разработки документов по обновлению общего образования. -М., 2001.
  16. Троянская С.Л. Основы компетентностного подхода  в высшем образовании, Учебное пособие для студентов магистратуры психолого-педагогических направлений подготовки.Издательский центр «Удмуртский университет». – 2016, 176 с.
  17. Хуторской А. В. Современная дидактика: учеб.пособие.– М.: Высшая школа, 2007
  18. Хуторской А.В. Технология проектирования ключевых и предметных компетенций // Интернет-журнал "Эйдос". - 2005. - 12 декабря. http://www.eidos.ru/journal/2005/1212.htm.
  19. Чернилова Н.Г. Система проектного обучения как инструмент развития самостоятельности старшеклассников. -Саратов, 1997.
  20. Шербоев С. Методикаи таълими забони тоҷикӣ.(барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олии Тоҷикистон). Нашри 2, бо таҳрир ва иловаҳо.–Душанбе: Сабрина,–2012, 458 с.
  21. Шогунбек Б,  Имомназаров Б. Усули муосири таълим ва истифодаи он дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик.–Душанбе. –2017, 111 с.
  22. http://www.ido.rudn.ru/psychology/pedagogical_psychology/8.html. Педагогическая психология. Тема 8. Психологические основы типов обучения. 8.1. Традиционное обучение: сущность, достоинство и недостатки
Хондан 27159 маротиба